Sebiston new 2024 october
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 15)
31.01.2020
А. ҲОҶӢ
2860

(Давомаш)

 


Ҷавон худро қафо кашид, Шафоат низ бо шунидани ин овоз ба худ омад. Духтар, ки аз пайдо шудани чунин як садди ногаҳонӣ норозӣ шуда буд, норозиёна ба ҷиянаш нигариста гуфт:
-Ту аз куҷо пайдо шудӣ? Рав ба бибиат гӯй, ки аммаам омада истодааст. Дугонаҳоямро бошад, ман даъват накардаам.
- Онҳо худашон омаданд. Гуфтанд, ки ту аз мактаб қаҳр карда омадаӣ, барои ҳамин… Майлаш, ман рафта мегӯям, ки Шафоат ҳамроҳи муаллими нав дар лаби ҷар гап зада истодааст…
- Не, ин хел нагӯй, муаллим ҳамту роҳгузар буданд. Маро дида ба ин ҷо омаданд, ки пурсанд чаро аз мактаб баромада омадам, -акнун маълум буд, ки Шафоат даступо хӯрдааст.
-Рафта гӯй, ки Шафоатро барои аз мактаб рафтанаш муаллимаш танбеҳ дода истодааст. Ҳозир меравад,-гӯё ҳеч гап нашуда бошад ба тарафи бача нигариста гуфт Муртазо ва баъд ба Шафоат рӯ оварда идома дод,-Ту бошӣ, зуд ба хонаатон раву тайёриатро бин, фардо ба ноҳия меравем…
Аз ин рафтори Муртазо, ки чанд лаҳза пеш тайёр буд Шафоатро ба оғӯш кашад, духтар сахт ба ҳайрат афтод ва ғайриихтиёр сарашро хам карда гуфт:
-Хуб шудааст!
Ӯ дигар ба тарафи Муртазо нигоҳ накарда, ба тарафи хонаашон равон шуд… Маълум набуд, ки Шафоат аз ин рафтори муаллим пас аз пайдо шудани ҷиянаш хурсанд аст ё хафа?
Ҳасратмоҳ ҳамсинфони духтарашро бо оши бурида зиёфат додаистода, як лаҳза ором нагирифта гап мезад. Ба қавле, тамоми дарди дилашро ба духтарон мегуфт. Вай табиатан зани чақ- чақӣ буд ва ҳама мехостанд суҳбаташро соатҳо гӯш кунанд. Дар деҳа мегуфтанд, саҳаре, ки Ҳасратмоҳ ба пода говашро худаш барад, занҳои деҳаро то бозгашти пода аз саҳро интизор шавед. Ҳоло низ ӯ ба нақли худ дар бораи духтари гумшудааш, апаи Шафоат идома медод:
-Ана, баъд духтарони ман, ки бошед, аз берун садои тиру доду вой омад. Касе на аз духтурон ва на аз беморон ҷуръат намекард, ки ақаллан аз тиреза ба берун нигоҳ кунад. Ман ду бор ба хоначае, ки духтарамро баъд аз таваллуд ба он ҷо бурда буданд, рафтам. Беташвиш хоб буд, парво надошт, ки дар дунё чӣ гапу чӣ кор гузашта истодааст. Вақте ки тарақо туруқу паррон-паррон андак кам шуд, дар таваллудхона ягон нафар духтуру ҳамшира намонд. Танҳо ману як русзанак мондем, ки ҳанӯз таваллуд накарда буд.
-Чаро шумо ҳам мисли дигарон духтаратонро гирифта аз он ҷо нарафед?
-Э духтараме, ман ягон ҷои шаҳрро намедонистам, ба куҷо мерафтам? Дар кӯча парон-парон, дар балниса духтур нест, шавҳарам наомад, худам дар тарсу ларз… Ин холаи шумо дар ҳамин ҷо боғайрат, агар аз қишлоқаш як қадам берун равад, мисли харгӯш дар паси буттаҳо пинҳон мешавад.
-Амакам, падари Шафоат дар куҷо буданд,-пурсид як духтари ҷингиламӯй, ки ҳама дар ғоибу ҳозираш барои чунин шакл доштани мӯйҳояш «баррача» мегуфтанд ва ӯ аз ин хафа намешуд.
-Гуфтам ку, падари Шафоат пас аз он, ки ман таваллуд кардам, ба хонаи хоҳараш баргашт ва ваъда кард, ки бегоҳ хӯрок гирифта меояд, аммо то бегоҳ дар кӯчаҳо қиёмат шуд ва омада натавонист. Он вақт мисли имрӯза телефони дастӣ набуд, ки аз ҳоли якдигар бохабар шавем. Қарибии бегоҳ отаи Шафоат аз куҷое рақами телефони таваллудхонаро ёфта, занг зада гуфт, ки аз сабаби баста будани роҳҳо ва дар кӯча набудани ягон мошин вай омада наметавонад, бехавотир то субҳ ҳамин ҷо бошам, пагоҳ омада ману духтарамро аз ин ҷо гирифта рост ба қишлоқ мебарад. Ҳамон шаб ду бор назди духтарчаам рафта ӯро сина додам. Чунон як духтари хушрӯ буд, ки…
-Баъд чӣ шуд?-Духтарон, ки дар даст косаҳои оши бурида доштанд ва угроҳои он аз лабу даҳони косаю худи духтарҳо кашол буд, бо шавқ пурсиданд аз Ҳасратмоҳ.
-Баъд… Баъд ҳодисае шуд, ки то имрӯз худро намебахшам ва то охири умрам ҳам нахоҳам бахшид…Духтарамро гум кардам...
-Чӣ хел?
-Субҳ падари Шафоат барои бурдани ман омад. Нав ба балниса расида буд, ки боз дар берун тиррпарронию ҳаёҳуй сар шуд. Вай маро саросема карда гуфт: "Дар берун саг соҳибашро намеёбад. Базӯр омада расидам..." Якҷоя либосҳои маро ҷамъ кардему барои гирифтани духтарчаамон ба палатае, ки навзодонро он ҷо нигоҳ медоштанд, рафтем, аммо кӯдак дар ҷояш набуд. Чор тарафро кофтем, нест. Ҳамшираи шафқатро ҷустуҷӯ кардем, аммо аз ӯ нишоне набуд. Баъд ба назди русзанаки ҳампалатаам омадем, аммо он бечора ҳам чизеро намедонист. Ба берун баромаданӣ шудем, дар он ҷо танҳо посбон буд, ки аз тарс дари хоначаашро қулф карда менишаст. Аз ӯ пурсидем, вай ҳам чизеро надидаю намедонист. Ҳайрон мондем, ки чӣ кор кунем. Ин дам аз кӯча боз садои тирпарронӣ ва таркиш баланд шуд. Аз шавҳари ҳаросонам пурсидам, ки акнун чӣ кор мекунем. Ӯ гуфт: "Маълум, ки духтарамонро ҳамон ҳамшираи шафқат ба куҷое бурдааст. Шояд кӯдакро аз ин ҷангҳо эҳтиёт карда бошад. Биё, кофтукови бенатиҷаро як сӯ гузорему ба деҳа баргардем, бин дар ин ҷо чӣ ҳодисаҳо шуда истодааст. Оромӣ, ки шуд, баъд омада духтарчаро ёфта мегирем..." Ман ба ҷуз итоат кардан дигар чора надоштам. Бо ду пистони лабрези шир ҳамроҳи падари Шафоат бо роҳҳои пинҳонӣ аз шаҳр баромадему ба деҳа омадем. Аз ҳамон вақт инҷониб духтаракамро надидаам.
-Магар дубора ба кофтан нарафтед?-Ҳайратомез пурсиданд духтарон.
-Албатта рафтем! Пас аз як ҳафтаи ин ҳодисаҳо падари Шафоат ҳамроҳи амакаш ба шаҳр рафтанд, аммо аллакай дар он балниса касе набуд, ҳатто посбонаш партофта ба куҷое рафтааст ва он ҷо идораи силоҳбадастон шудааст. Вақте ки дар бораи духтарчааш аз онҳо мепурсад, ҳама ба ҳолаш механданд, ки духтарчаи ту ҳам муҷоҳид шуд гуфта... Бо сари хор- хорон ва бо димоғи сӯхта баргашт бечора шавҳарам. Барои ҳамин вай Шафоатро ин қадар эрка кардагӣ...
“Номашро гиру гӯшашро каш” гуфтагӣ барин ин лаҳза аз дар Шафоат даромада омад ва ҳама ба тарафи ӯ нигаристанд. Ду рухсораи духтар мисли танӯри тафсон суп-сурх буд...
(Давом дорад)
А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД