Sebiston new 2024 october
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 14)
30.01.2020
А. ҲОҶӢ
3640

(Идомааш)

Вақте, ки Муртазо аз китфи Шафоат гирифта ба тарафи нишастгоҳи доимии ӯ, ба лаби ҷарӣ мебурд, бадани Шафот меларзид. Бори аввал ӯ чунин ҳиссиётро дар худ эҳсос мекард. Ба назараш чунин менамуд, ки ҷойи дасти Муртазо расида чун дар кӯраи оташ месӯзад. Аҷибаш он буд, ки ин сӯзиш кайфияти гуворое дошт, аз дасти Муртазо ба тани духтар ким чӣ хел як нерӯи ҷонбахше дохил шуда, баданашро ба рашъа медаровард. Дилаш мехост ин нерӯ бардавом бимонад, ҳеҷ гоҳ ба охир нарасад, аммо онҳо ба лаби ҷарӣ ҳам расиданд ва Муртазо дасти Шафоатро сар дода гуфт:

-Ба ҷои дӯстдоштаи ту ҳам расидем, ана акнун шину нақл кун, ки ту чаро қоидаҳои мактабро вайрон мекунию ҳар хел гапҳои беҳуда мезанӣ...
Шафоат аз он, ки ба ин зудӣ расиданд, андаке малул буд, вале бари домани куртаи гулдӯзиашро бардошта, ба болои санге, ки доим он ҷо менишаст, нишаст. Муртазо дар паҳлӯи ӯ нишаста бо аломати "ман интизори суханони ту" ба духтар нигарист.
-Муаллим, ман ҳаргиз ба шумо беҳурматӣ карданӣ набудам,-бо сари хам такрор кард Шафоат, -аммо ... аммо … бисёр мехостам, ки пеш аз ба ноҳия бурдани ҳамсинфонам як бор маро бо ин либос бинед. Шояд маъқулатон шаваму ба дигар духтарон нигоҳ накунед... Кӣ медонад, онҳо хеле зебоянд...
-Шафоат, ту ва ҳамаи ҳамсинфонат шогирдони ман ҳастед. Ман зану фарзанд дорам ва ба шумо танҳо бо чашмони устод нигариста метавонам. Ту беақлӣ карда истодаӣ!
-Муаллим, шумо ба ман бо кадом чашм нигоҳ мекунед, ин кори шумост, аммо ман дар симои шумо танҳо мардро мебинам,-Шафоат сарашро хам кард, -Дигар ҳоҷати пинҳон кардан нест, ман шуморо дӯст медорам...
Инро гуфта духтар бо ду даст рӯяшро пӯшид. Муртазо аз рӯирост изҳори муҳаббат кардани Шафоат аввал дасту по хӯрда, чанд лаҳза чӣ гуфтанашро надонист, баъд дид, ки духтар фиққосзанон ба гиря даромад, оҳиста гуфт:
-Гиряи беҳуда накун, медонӣ, ки ин кор ғайриимкон аст ва ман ҳаргиз туро дӯст дошта наметавонам. Ман зану фарзанд дорам ва занамро дӯст медорам...
Шафоат пас аз шунидани ибораи "занамро дӯст медорам" мисли он, ки аз хоб як қад парида хеста бошад, дастонашро аз рӯяш гирифт. Ба назари Муртазо чунон намуд, ки моҳи шаби чаҳордаҳ якбора аз паси абр баромад. Ин лаҳза симои духтар чунон ба назараш зебо намуд, ки қариб буд Шафоатро ба оғӯш гирад.
-Дурӯғ мегӯед муаллим, шумо ҳаргиз занатонро дӯст намедоред. Одаме, ки занашро дӯст медорад, ин хел намешавад..
-Чӣ хел мешавад?-Кунҷковона пурсид Муртазо.
-Ман намедонам чӣ хел мешавад, аммо мисли шумо намешавад. Шумо ҳоло муҳаббати ҳақиқиро надидаед, барои ҳамин гумон мекунед, ки занатонро дӯст медоред. Беҳуда худатонро фиреб накунед...
Аз ин суханони духтар Муртазо дар ҳайрат монд. "Аз куҷо ин қадар ғайрату аз куҷо ин қадар боварӣ?" аз дил гузаронд ӯ ва бори аввал дар бораи он, ки оё ӯ занашро дӯст медорад ё не, андеша намуд. Садоқатро дӯст дошта ҳамхона шуда буд, аммо чаро мисли дигарон рӯзи дароз дар бораи ӯ фикр намекунад. Аниқтараш танҳо баъд аз он, ки ба хона омада вайро дид, ба ёдаш мерасад, ки зан дорад. Шояд ин духтари аз муҳаббати аввал ақлгумкарда рост мегӯяд?
-Маро гӯш кун Шафоат, дар ҳаёти ҳар як инсон давраи гузариш мешавад, ҳоло ту дар ҳамин синну соли давраи гузариш қарор дорӣ. Беҳтараш аз паи дарсҳоят шуда мактабро хуб тамом кун. Ишқу муҳаббат гурехта намеравад, ягон рӯз ту ҳам ишқи ҳақиқиро меёбӣ ва хушбахт мешавӣ...
-Муаллим, шумо аз фанни биология дарс диҳед ҳам, ҳанӯз намедонед, ки синни гузариши ман ду-се сол пеш гузашта буд ва он чи ҳоло ман мегӯям, як дарди ҳавоӣ нест. Хуб медонед, ки хондан барои ман ягон душворӣ надорад. Шукри Худо ба ин кор ақлам мерасад. Аз рӯзе, ки шумо ба деҳаи мо омадед, ман дӯстатон доштам. Инро қабул мекунед ё не, кори шумост, аммо ман азоби ишқамро бо ҷону дил мекашам. Ман ҳам намехоҳам ба зиндагии касе халал ворид созам, намехоҳам барои ман шуда дигарон азоб кашанд, аммо илоҷ надорам, шуморо дӯст медорам, муаллим. Ман дар хона духтари ягонаам ва падару модарам ҳарчи хоҳам, бароям муҳайё мекунанд. Пас аз он, ки падару модарам духтари калониашонро гум карданд, аз ман чизеро дареғ намедоранд...
Муртазо бо сари хам хомӯш менишаст ва баъди андаке пурсид:
-Апаат вафот кард?
-Не, мо дар шаҳр як амма дорем. Хоҳари падарам. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ падару модарам барои аз аҳволи ӯ хабар гирифтан ба шаҳр мераванд. Он вақт апаам дар шиками модарам будааст. Вақте, ки ба он ҷо мераванд, ҷанг авҷ мегирад ва дигар аз шаҳр баромада наметавонанд. Ду моҳ он ҷо меистанд. Дар ҳамон ҷо модарамро дард мегирад. Бисёр азоб мекашад, маҷбур шуда ӯро ба зоишгоҳ мебаранд. Он вақт дар шаҳр нооромӣ будааст ва падарам бо азобе ӯро ба таваллудхона мебарад. Ҳамон шаб апаам таваллуд мешавад ва падарам то саҳар дар беруни беморхона интизор меистад. Субҳ хабар мерасад, ки як гурӯҳ силоҳбадастон ба шаҳр ҳуҷум кардаанд ва агар ҳозир аз шаҳр набароянд, дигар чунин имконият пайдо намешавад. Падарам мехоҳад модарам ва апаи нав таваллуд шудаамро ҳамроҳи худ гирифта ба деҳа баргардад. Вақте, ки ӯ вориди таваллудхона мешавад, садои тиру тӯп ба гӯш мерасад. Дар бемористон танҳо модарам ва ду зани рус будаанду халос. Ӯ аз дасти модарам гирифта ӯро аз ҷояш мехезонад ва ҳамроҳ духтарашонро мекобанд, ки ӯро ҳам бо худ баранд, аммо кӯдакро дар ҳеҷ куҷо пайдо намекунанд. Ҷанг дар берун авҷ мегираду падарам ба модарам мегӯяд:"Ин ҷо духтурон кӯдаконро нигоҳубин мекунанд, биё равем, як ду рӯз пас оромтар, ки шуд, омада духтарамонро мебарем". Модарам пофишорӣ мекунад, ки то духтарамро наёбам ба ҳеҷ куҷо намеравам, аммо падарам бо зӯрӣ ӯро аз таваллудхона мебарорад ва онҳо бо роҳҳои хилват ба деҳа бар мегарданд. Баъд аз як ҳафтаи ин ҳодиса вақте,ки дар шаҳр оромӣ мешавад, падарам ба ҷустуҷӯи духтараш меравад, вале ӯро дар таваллудхона пайдо намекунад. Бечора падарам як сол духтарашро кофта намеёбаду аз ҷустуҷӯ хаста шуда ба Русия меравад. Дар тӯли ҳамин қадар сол ҳамагӣ чор маротиба ба хонаамон омадаасту халос. Ана барои чӣ онҳо маро ин қадар эҳтиёт мекунанд... Шумо бошед...
Муртазо пас аз шунидани нақли Шафоат ба андеша рафт, вале чизе нагуфта аз ҷояш хест. Баъд як ба қаторкӯҳи рӯ ба рӯи деҳа нигоҳ карда андешамандона гуфт:
-Рӯз ҳам бегоҳ шуда истодааст, дугонаҳоят туро дар хонаатон интизор. Аз ҷоят хезу ба назди онҳо рав ва беақлиҳоятро ба як тараф парто. Тайёриатро бин, медонӣ- ку, рӯзи шанбе ба ноҳия меравем...
Шафоат аз болои санг бархоста ба Муртазо наздиктар шуд ва гуфт:
-Гуфтам-ку ба ноҳия намеравам! Ба очаам ҳам инро гуфтам.
-Чаро?
-Чӣ даркор бо одаме, ки туро нағз набинад, як ҷо равӣ. Беҳтараш ман ба гуфти худатон, дарсҳоямро хонам…
Ба Муртазо маълум буд, ки ин якравии Шафоат нози духтаронае беш нест, бинобар ин, гуфт:
-Аввалаш ин, ки ту барои обрӯи мактабамон бояд равӣ, на барои ман. Дигараш ин, ки гап як бор мешавад, биё мон, сари ин мавзуъ дигар барнагардем...
Шафоат ба ақиб гаштанӣ набуд, зеро аллакай таъсири худро ба ҷисму руҳи ин ҷавонмард бо як дарки хосаи духтарона фаҳмида буд, бинобар ин, боз як қадами дигар ба Муртазо наздик омада, рост ба чашмони ӯ нигариста бо як ҳиссиёти тасвирнашаванда гуфт:
-Ман туро дӯст медорам, муаллим!
Муртазо хост худро як қадам ақиб гирад, аммо мисли он, ки ӯро ҷоду карда бошанд, пойҳояшро аз ҷояш ҷунбонда наметавонист. Ӯ нафаси духтарро аллакай дар рӯяш ҳис мекард. "Худоё, ин чӣ рӯзест..." аз дил гузаронд ӯ ва ... ва... лабҳои худро ғайриихтиёр ба лабони тафсони Шафоат наздик бурд... Аммо қувваи ноаёне ӯро боз медошт, ки ба ин лабҳои бӯсаталаб лабонашро часпонад.
-Шафоат!-Ин садо гӯё раъде буд, ки аз осмон омад ва ҳарду ғайриихтиёр аз ҳамдигар дур шуданд.
-Шафоат!-Бори дигар овоз кард ҷияни ӯ ва идома дод,-Бибиам туро як соат боз мекобад. Дугонаҳоят ҳам дар хона. Биё, ки мекушадат,-бо як завқи бачагона мегуфт ӯ ва гӯё аз он, ки аз "куштани" аммаш лаззат мебурда бошад, чӯби дар дасташ бударо ба ҳаво мепартофту медошт...
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД