Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 20)
05.02.2020
А. ҲОҶӢ
3328

(Давомаш)

...Саги холаи Ҳасратмоҳ -Шабгир ба Садоқат наздик омада, бари домани куртаи шабпӯши ӯро бӯидан гирифт. Саг худро ба зан наздик карда, сарашро ба пои ӯ молиш медод, ҷонвар бо ин рафтораш гӯё гуфтан мехост:

 

"Ту зиқ нашав, инсонҳо, хусусан мардҳо ҳамин тавр бевафо мешаванд. Танҳо мо, сагҳо ба соҳибамон вафодор мемонем..."
Садоқат чизеро ҳис намекард, чашмонаш ба як нуқта, он ҷое, ки Муртазою Шафоат бо ҳам зич истода, аз лабони ҳамдигар мебӯсиданд, дӯхта шуда буданд. Ин лаҳза зан гӯё ба муҷассамаи ноумедӣ, муҷассамаи ҷабрдидаи хиёнат ва муҷассамаи нафрат нисбати мард табдил ёфта буд. Якбора гӯшаи чашми Шафоат ба пайкари зери шуои моҳи мунир равшани Садоқат афтод, ки дар паҳлуяш Шабгир истода, бо тумшуқаш худро ба пойҳои ӯ мемолид. Духтар якбора худро аз Муртазо дур кашида, бо ин рафтораш ҷавонмардро ба ҳайрат овард, аммо як лаҳза пас ӯ низ ба ҳамон ҷонибе, ки Шафоат менигарист, нигоҳ карда ҳамсараш Садоқатро дид. Диду мисли симчӯби сари роҳ, ки дар он ҳар роҳгузар хари худро баста метавонад ё ҳар саги дайду пояшро бардошта мешошад, шах шуда монд. Ин ҳолат чанд сония идома ёфт. Аввалин шуда Садоқат ба худ омад ва бо дасташ сари саги дар паҳлуяш бударо молишкунон ашки чашмонашро бо дасти дигараш, ки дар он рӯймоли сараш кашол буд, пок кард. Баъд оҳиста-оҳиста ба ду нафаре, ки ба ӯ хиёнат карда буданд, наздик шуд. Ӯ дар рӯ ба рӯйи Муртазо истода бо чашмони калон-калонаш, ки дар ин шаби маҳтобӣ ба назари Муртазо боз ҳам калонтар менамуданд, бо диққат ба қаъри чашмони шавҳараш нигарист, гӯё дар умқи ин чашмон нишоне аз муҳаббат меҷуст, аммо… Чашмони ҷавонмард чизеро ифода намекарданд. Дар онҳо гӯё дигар нуре намонда буд, чашмони Муртазо мисли чароғи хомӯшшудаистода, ки дар охирин лаҳзаҳо ягон-ягон милт-милт мекунад, аз зинда будани соҳибашон дарак медоданд. Садоқат бо чашмони ғарқи обаш рост ба ин дидаҳои беҷону беҳис нигариста дасти росташро боло кард ва.... торсакие ба рӯи шавҳараш зад. Ба назари Шафоат чунин намуд, ки садои ин торсакӣ то куҳҳои атрофи деҳа расида, акси садо дод, аммо Муртазо дарди рӯяшро ҳис накард. Вай мисли пештара ҳайкал барин рост истода буд ва чеҳрааш чизеро ифода намекард. Садоқат бо як лафзе, ки то имрӯз ба синни 26 даромада боре ҳам онро ба забон наоварда буд, гуфт:
-...ҳаром! Ман туро одам гумон мекардам, аммо ту аз як саги қанчиқи ҳарҷогард фарқ намекардаӣ. Ҳайфи панҷ соли умрам, ки бо ту барин бадзот гузарондам!
Шафоат, ки то имрӯз ҳатто овози баланди зани муаллими навро нашунида буд, бо дидани ин манзара сахт ба таҳлука афтод. Ин лаҳза Садоқат ба бабре монанд буд, ки барои туъмааш бо тамоми овоз меғуррад. Ваҷоҳаташ мисли чеҳраи модараш, ки ҳангоми муноқиша бо падараш тағйир меёфт, комилан дигар шуда буд. Ин лаҳза Шафоат боз чанд аломати ғазаби модарашро дар ин зан дарёфт. "Худоё, одамон дар вақти ғазаб ин хел ба ҳамдигар монанд мешудаанд-е"-аз дил гузаронд духтар, вале сахт тарсида бошам ҳам, ёрои аз он ҷо дур шуданро надошт. Шафоат гумон дошт, ки зани муаллим ҳозир шавҳарашро монда ба ӯ ҳуҷум мекунад, вале Садоқат пушт ба онҳо гардонда бо қадамҳои тез тарафи хонааш равон шуд. Муртазо андак ба худ омада, аз паси занаш равон шуд. Роҳравон вай илтиҷоомез садо мекард: «Садоқатҷон, ист, ту ҳамаашро нодуруст фаҳмидӣ... Ману ӯ ҳеҷ кори баде накардаем... Ман танҳо туро дӯст медорам... Ман Иқболамонро дӯст медорам. Ин як сустии чандлаҳзаина буд. Ту маро як бор гӯш кун, баъд чӣ коре хоҳӣ, кун...»
Муртазо ҳарчанд зорию тавалло кунад ҳам, Садоқат дигар он Садоқати пештара набуд ва нияти аз роҳаш баргаштан надошт. Зани хиёнатдида акнун барои худ Муртазои навро кашф карда буд, Муртазое, ки ба дӯстдоштаи ӯ монандӣ надорад...
Шабгир дар масофаи якхела байни Шафоат ва Садоқат сари ду по нишаста намедонист, ки ба кадом тараф равад. Ҷонвар дар муддати ду моҳ аз дасти Садоқат ҳам пасмондаҳои хӯрокро хурда ба ӯ ҳам унс гирифта буд ва ҳоло гоҳ ба тарафи Садоқату гоҳ ба Шафоат менигарист. Саг оқибат садои ҳазине бароварда, ба тарафи соҳибаш майл кард ва аз паси Шафоат равон шуд. Духтар зери лаб табассум карда аз дил мегузаронд: "Акнун аз ман шудӣ. Аз пасаш рафтан гир, аммо баъдтар аз паси ман мисли Шабгир медавӣ. Ин зан ҳаргиз гуноҳи туро намебахшад. Муаллимҷон, ту дигар илоҷ надорӣ, хоҳӣ-нахоҳӣ бо ман мемонӣ…» Шафоат мисли ҳашароти аз ҳама бадтарин-каждум, ки ҳатто ба модари худаш раҳм надорад ва даруни ӯро хӯрда ба дунё меояд, оҳиста- оҳиста ба зери бағали Муртазо ҷой мешуд...
**
Субҳ. Садоқат Иқболи хоболудро аз як дасташ кашолакунон ба тарафи баландие, ки истгоҳи мошинҳои мусофиркаши деҳа буд, равон шуд. Барвақт бошад ҳам, аллакай мардуми деҳа бедор буданд ва ҳар кадоме аз паи кори худ равон. Садоқат дар роҳ бо директори мактаб Баҳромзада вохӯрд. Директор бо дидани зани муаллим аз роҳравӣ бозистода, ба ӯ салом доду пурсид:
-Муаллим канӣ, ки танҳо рафта истодаӣ, келин? Ман ӯро серӯза ҷавоб додам, бояд ҳамроҳ мерафтед- ку?!
-Он кас дар ин ҷо боз андак кор доштаанд, шояд баъдтар раванд,-сарашро хам карда ҷавоб дод Садоқат.
-Аҷиб, дар деҳа чӣ кор доштанаш мумкин? Худаш гуфта буд, ки ҳамроҳи шумоён ба шаҳр меравад...
-Дар ин деҳа бисёр кор доштан мумкин будааст муаллим, ман нав фаҳмидам,-инро гуфта Садоқат аз дасти писараш Иқбол гирифту ба тарафи баландӣ, сӯи истгоҳ равона шуд. Директор аз гуфтаҳои зани Муртазо чизе нафаҳмид ва худ ба худ сар ҷунбонда, ба тарафи мактаб равон шуд...
***
Муртазо аз сардии субҳгоҳӣ, ки ба баданаш ларза андохта буд, ба худ омад ва оҳи сард кашида аз ҷояш бархост. Садои сагҳо ва маоси гову мол сар то сари деҳаро фаро гирифта буд. Бори аввал Муртазо аз он, ки ба Сафеддорон омад, пушаймон шуд. Бале, сахт пушаймон шуд, вале худкардаро даво нест. «Кори намешуданӣ шуд, акнун бо кадом роҳе, ки набошад, дили Садоқатро ёфтан лозим» аз дил гузаронд ҷавонмард. Муртазо тайёр буд, ки худи ҳамин рӯз аз баҳри ин деҳа гузашта ҳамроҳи занаш ба шаҳр равад. Зарур бошад, ба пеши пойи Садоқат афтида узр мепурсад, муҳимаш зиндагиашон вайрону писараш зиндаятим нашавад. Аздусар бе кор намемонад, дар мактабҳои шаҳр кор наёбад ҳам, дар атрофи шаҳр меёбад, охир муаллим дар ҳама ҷо даркор-ку!
хххххх
Аз дари хона даромада дар ҷояш шах шуда монд, ҳама чиз парешон, либосҳояш дар рӯйи хона бетартиб мехобидаанд, ҳатто ҷойгаҳи шабона партофтаи Садоқат мисли пештара дар рӯи хона истода буд, фақат зану писараш наменамуданд. Муртазо зери лаб пичиррос зад: «Рафтааст. Ақаллан як лаҳза маро гӯш накарда рафтааст..."
Ин лаҳза чашмаш ба пораи коғазе афтид, ки дар болои миз хобида буд. Муртазо варақро ба даст гирифта хати зебои ҳамсарашро шинохт: "Муртазо, дигар ҳаргиз ёди мо накун! Агар кардӣ, пушаймон мешавӣ! Ёди Иқбол ҳам накун, ман намехоҳам, ки писарам дар тарбияи ту барин марди дурӯяю ҳаром калон шавад. Ҳарчи буд, гузашт, ҳарчи мешавад, аз тақдир мебинам. Паноҳат ба Худо!"
Дастони Муртазо ларзиданд, пеши чашмонашро гӯё парда гирифта якбора сиёҳӣ заданд ва... муаллим варақ дар даст ба рӯйи гилем парӯ афтид...
(Давом дорад)
А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД