(Идомааш)
Муртазо аз шарм мехост ба қаъри замин дарояд, то Садоқат рӯйи ӯро набинад. ”Бас! Ин аввалин ва охирин сустии ман буд! Дигар ба Шафоат наздик намешавам!” қарор дод дар дил худ ба худ, вале...
Муртазо дид, ки хоби Садоқат бурдааст, барои бедор накардани ӯ ҷомаашро дар равшании хираи моҳ, ки аз тиреза медаромад, гирифта ба танаш пӯшид. Хоб аз сар парида буд, ҳарчанд кӯшиш кард, хобаш набурд, хост ба ҳавои кушод баромада, андаке сайр кунад. Оҳиста дарро кушода ба рӯйи ҳавлӣ баромад. "Тирамоҳ мегӯянд, аммо чаро имшаб моҳ тира нест? Ҳатто қуллаҳои аллакай барфпӯши кӯҳҳо метобанд" худ ба худ андешид ӯ ва дар болои кундаи дарахти тут, ки шояд соли гузашта бурида буданд, нишаст. Ҳодисаҳои дирӯза як-як ба хотираш омадан гирифтанд. Ба ӯ чӣ шуд? Чаро дирӯз дар паси саҳна худро нигоҳ дошта натавонист? Аҷаб, агар дар рӯ ба рӯяш Шафоатро набинад, он қадар ба ёдаш намерасад, вале ҳамин, ки дид... Дирӯз ҳам чунин шуд. Шояд ба ҷои ӯ марди дигар ҳам мешуд, ба муҳаббати ин духтари ҷавону зебо ҷавоб мегуфт? "Не, ҳаргиз! Ман бояд худро нигоҳ медоштам, охир бечора Садоқат барои ман шуда зиндагии бароҳати шаҳриро партофта ба ин гӯшаи дурдаст омад. Магар ин кори ман ба рӯйи ӯ туф кардан нест? Ба Иқбол чӣ мегӯям? Ба модари худи Шафоат чӣ мегӯям? Ба директору мардум чӣ мегӯям? Магар онҳо намегӯянд "ана бинед, муаллим, ки бояд ба ҷои падари хонандагон бошад, ба толибааш чашм ало кардааст..." Эҳ Худованди бузург, маро аз ин варта наҷот деҳ..." Муртазо чун мӯйи дар оташ афтода ба худ мепечид. Ба ҷои он, ки дар ҳавои кушод андешаҳои мағшушаш барҳам хуранду хобаш биёяд, баръакс фикрҳои парешон ӯро бештар азоб медоданд. Аз ҷояш хест, пойҳояш худ ба худ ӯро ба тарафи дарвоза кашиданд. Даричаи якқабатаи онро боз намуда оҳиста-оҳиста ба лаби ҷарӣ, ба ҳамон ҷое, ки бори аввал Шафоатро дар танҳоӣ вохӯрда буд, рафт. Сагҳои деҳа гӯё аз аккосзанӣ хаста шуда бошанд, дигар овоз намебароварданд. Ҳама ҷо сокит, дар ягон ҷо ба ҷуз равшании моҳи мунир дигар рӯшноие дида намешуд. Танҳо садои дарёчаи шӯх, ки дар умқи дара ҷорӣ буд, навои якнавохти худро идома медоду халос. Муртазо ба он ҷое, ки баъзан омада менишасту аз он ҷо як гӯшаи деҳа ва куҳҳои атрофи онро мушоҳида менамуд, расид. Дар болои тахтасанги калон нишаста бори дигар сар бардошта, ба киштии уқёнуси беканори осмон нигарист. Моҳ сайри худро идома медод. "Аҷиб, ин моҳе, ки ҳоло дар осмон саёҳат дорад, шояд миллионҳо сол боз ин корашро идома медиҳад, эҳ, агар одам ҳам мисли моҳ мебуд … Аммо инсон махлуқест, ки ба рӯйи замин як бор меояд. Ҳамин ҳаёти кӯтоҳ ҳам беадолатона аст, ба баъзеҳо хушбахтию пулу моли зиёд насиб мегардаду бархи дигарро як умр саргардон мекунад, саввумӣ мисли ман дар чорроҳаи тақдир ҳайрон мемонад, ки чӣ кор кунад. Магар ман ба ин ҷо бо мақсади гирифтор шудан ба доми ишқи касе омада будам? Албатта не, аммо… Ман дар ҳақиқат ошиқ шудаам ё духтари зебоеро дидаму гирифтори ишқи яклаҳзаинаи ӯ гаштам? Албатта дуюмӣ, ин як лаҳза сустии ман буд ва дигар ҳаргиз онро такрор намекунам!"-Бо қатъият аз дил гузаронд Муртазо ва худро ба ҷомааш дурусттар печонда, аз байни пардаи шаби аз нури моҳ андаке равшан ба поёни ҷарӣ, ба он ҷое, ки дарёчаи кӯҳӣ ҷорӣ буд, нигарист. Шаб равшан бошад ҳам, чашмаш мавҷҳои босуръати дарёро намедид. Якбора аз паси сараш садои нафаскаширо шунид ва баргашта дид, ки андаке аз ӯ дуртар саги холаи Ҳасратмоҳ -Шабгир забонашро аз даҳонаш бароварда, сари дупо нишаст. "Ин ҷонвар кай ба инҷо омад, ки ман бехабар мондам?"-ҳайрон шуд Муртазо. Саг ба ӯ наздик шуда дар паҳлӯяш нишаст. Муртазо даст дароз карда, сари сагро дастмол кардан гирифт. Шабгир гоҳ-гоҳ ба ҳавлии онҳо ҳам сар халонда, пасмондаҳои хӯрокро мехурд ва Муртазоро мешинохт.
-Дар ин нисфишабӣ дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?-овози Муртазо баробари дидани саги Шафоат андаке ларзид.
Саг худашро ба вай боз ҳам наздиктар кард. Ин дам ду дасти гарм аз паси сари Муртазо доштанд, баъд оҳиста ба пеш лағжида чашмонашро бастанд. Муртазо дастони нарми занонаро эҳсос кард ва як муддат дасташро болои ин дастон нигоҳ дошт. Вай соҳиби ин дастонро аллакай шинохта буд, аммо қасдан пурсид:
-Садоқат?
Дар ҷавоб хомӯшӣ. Баъди андаке дастони мулоим аз зери дасти Муртазо оҳиста лағжида, канор рафтанд ва садои маҳину форами Шафоат баланд шуд:
-Наход дар дунё фақат Садоқат бошад?
Муртазо, ки ҳанӯз ӯро дар вақти чашмашро бастан шинохта буд, пурсид:
-Ту дар ин нисфишабӣ дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Магар наметарсӣ?
-Метарсам, аммо намебинед, ки муҳофизи хуб дорам. Маро ҳам мисли шумо хоб набурд, барои он, ки хобам ояд, ба саёҳати шабона баромадаму бо шумо вохӯрдам...
Муртазо аз ҷояш хеста дар баробари Шафоат қарор гирифт. Шабгир, ки то ин дам сари дупо менишаст, инро дида аз ҷояш бархост.
-Шафоат, ман мехоҳам аз ту барои рафтори онрӯзаам узр пурсам.
-Барои кадом рафтор?
-Худро ба нодонӣ назан, барои он, ки худро дошта натавонистам ва... ва... туро бӯсидам.
-Хуб кардед муаллимҷони ман, ки маро бӯсидед. Матлуба мегӯяд, ки дар ягон кино ин хел бӯсаи дурудароз ва ширинро надидааст...
Баробари шунидани номи Матлуба Муртазо як қад парид:
-Чи? Инро ӯ ба ҳама гуфтааст?
-Хайр чӣ, шумо маро назадаед-ку, танҳо бӯсидед. Магар ин айб аст?
-Ин айб не, балки ҷиноят аст, мефаҳмӣ?
-Ҷиноят ҳам бошад, аҷаб ҷинояти ширине буд...
-Шафоат, ман бояд ба ту як чизро бори охирин гӯям...
-Ҳарду гӯшам ба шумо, муаллимҷони ман...
-Бори охир мегӯям, фикрҳои хомро аз сарат берун кун! Ману ту ҳаргиз бо ҳам буда наметавонем. Ту ҳанӯз кӯдакӣ, вақташ расад, ишқи ҳақиқиро вомехӯрӣ. Илтимос, маро ба ҳоли худам гузор!
-Магар ман шуморо ба ҳолатон нагузоштаам муаллим? Ман медонам, шумо маро дӯст медоред, вале аз мардум, аз занатон ва бисёр чизҳои дигар метарсед. Ман ҳам шуморо дӯст медорам ва интизори ягон ишқи дигар нестам. Шумо ишқи аввалин ва охирини ман ҳастед...
-Ту духтари босавод ҳастӣ, медонӣ Лоиқ чӣ гуфтааст?
-Медонам. “Ишқи аввал ғурраи сармозада” гуфта, Лоиқ ишқу ҳаваси давраи мактабии писарбачаҳоро дар назар дорад. Шумо муаллими биология ҳастед ва медонед, ки духтарон аз писарон дида ду-се сол пештар бисёр чизҳоро мефаҳмидагӣ мешаванд. Ишқи ман ғурраи сармозада нахоҳад шуд, зеро ин ишқи духтари баркамол аст, рафиқ муаллими биология...
Инро гуфта, якбора Шафоат худро ба оғӯши Муртазо андохт ва бо лабони гармаш ба лабони ӯ часпид. Шабгир бо дидани ин ҳодиса буд ва ё дидани сояи каси дигар, ки як бор аккас зад, вале дигар овоз набаровард. Муртазо, ки дар аввал мехост бо ду даст духтарро аз худ дур кунад, дигар тоқат карда натавониста, бо шавқи тамом аз лабони Шафоат бӯсид.
Чанд қадам дуртар аз онҳо Садоқат таги як куртаи тунук ин манзараро мушоҳида менамуд ва аз сардӣ буд ё аз ҳаяҷони сахт сар то по меларзид...
(Давом дорад)