new banner new years
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 18)
03.02.2020
А. ҲОҶӢ
3453

(Давомаш)

-Садқаи қаду бастат шавад очат! Ман гумон накарда будам, ки овозаи овозат аз худат пеш меояд. Як соат пештар амаки Раҷаб аз ноҳия омада гуфт, ки духтарат Шафоат дар озмуни хонандагон ҷои аввалро гирифтааст. Хайрият, ки барои рафтан иҷозат додам, вагарна ҷои аввалро ким кӣ мегирифту духтараки ман бенасиб мемонд,-Ҳасратмоҳ духтарашро, ки дар бағал як дунё гул дошт, ба оғӯш кашид. Ин зан гӯё он модаре набуд, ки чанд рӯз пеш ду пояшро ба як мӯза андохта, садди роҳи рафтани духтараш ба маркази ноҳия буд...

Шафоат чунон хушбахт буд, ки аз чеҳрааш нур меборид. Ҳасратмоҳ гумон мекард, ки духтараш сармасти бодаи ғалаба аст, вале дар асл хурсандии Шафоат сабаби дигар дошт. Имрӯз ӯ ба муроди дилаш расид, ниҳоят марди орзуҳояш ӯро ба оғӯш гирифт. Ҳалқаи дастони Мустафоро хаёлан бори дигар тасаввур намуда, ин духтараки ошиқ ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин ҳалқа метавонад барояш ҳалқаи дор гардад.

-Раҳмат очаҷон,-ба меҳрубониҳои модараш нимғурма ҷавоб дод Шафоат, аммо ҳушаш дар ҷои дигар буд.

...Вақте, ки Муртазо ӯро ба оғӯш гирифт, духтар лабонашро ба бӯсагоҳи ӯ наздик бурд ва ҷавонмард ҳам беистиҳола ӯро бӯсид. Шафоат то ин дам бо Муртазо танҳо “бозӣ” мекард, вале баъди он бӯса эҳсос намуд, ки дигар садди роҳи баҳри пурталотуми муҳаббат гашта наметавонад. Акнун ӯ дар миёни амвоҷи пуртуғёни ин баҳр ғарқ мешавад ё нимзинда дар соҳил танҳо мемонад. Дар давоми ду соли охир вай китобҳои зиёди ошиқонаро хонда, нисбати дугонаҳояш дар бораи муносибатҳои марду зан тасаввуроти бештар дошт. Аз синфи ҳаштум сар карда Шафоат китобҳои ишқии нависандагони аврупоиро мехонд ва роҳҳои гарм кардани дили мардро хуб медонист, аммо ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки рӯзе ба марди зандор ошиқи зор хоҳад гашт. «Бӯсаи имрӯза нисфи ғалаба аст, барои ғалабаи пурра ман бояд боз хеле кӯшиш намоям» аз дил гузаронд духтар ва табассум дар лабонаш гул кард…

***

Муртазо сарашро миёни дастонаш гирифта, дар нишастгоҳи назди зинапояи даромадгоҳи мактаб менишаст. Пояш намекашид, ки ба хонааш равад. “Ман чӣ кор кардам? Худро дошта натавониста Шафоатро бӯсидам. Сабил монад, инро ҳамсинфи Шафоат дида монд. Ӯ албатта ба ҳамсинфони дигараш ҳамаашро мегӯяд. Шармандагӣ! Садоқат фаҳмад, дигар ҳатто як дақиқа ҳам наистода меравад. Акнун чи кор кунам? Шафат мисли оҳанрабо аз рӯзи ба ин деҳа қадам гузоштанам маро ҷониби худ мекашад. Гумон доштам, ки ишқи аввалину охиринам Садоқат аст, аммо ин тавр набудааст. Ишқи ҳақиқӣ нав дари дили маро кӯфт. Шафоат духтар не, олиҳа аст. Ҳамин ки ӯро дидам, дигар на зану фарзандам ба ёдам мерасад, на модар ва на обрӯю эътибори дар ҷамъият доштаам, ҳамаро аз сари роҳаш мисли селоб шуста мебарад ишқи ин паричеҳра. Ман то имрӯз бо як азоб худро нигоҳ медоштам, вале акнун, баъди он бӯсаи ширин… Худоё, магар одам метавонад аз чунин неъмати худодод рӯй тобад?! Шояд вохӯрӣ бо Шафоат неъмат нею як навъ ҷазои Парвардигор аст? Намефаҳмам, сарам аз фикру хаёли бисёр мекафад, чӣ кор кунам?” Ин дам садои директори мактаб баланд шуда андешаҳои мағшуши Муртазоро барҳам зад:

-Офарин муаллим! Ана ин гапи дигар! Чанд сол дар озмунҳо иштирок накарда якбора соҳиби ҷои аввал шудан кори осон нест. Офарин! Пагоҳ ҳамаи хонандагони иштирокчии ин озмунро ҷамъ карда, аз номи маъмурияти мактаб раҳматнома эълон мекунем, баъд ман ваъдаи додаамро иҷро мекунам. Аз рӯзи душанбе метавонед се рӯз ба дарс набиёед. Дарсҳоятонро Саъдуллоев медиҳад.

-Раҳмат муаллим...Ҷои якумро гирифтанамон хизмати ман не, аз они хонандагон...

-Онҳоро шумо тайёр кардед-ку! Афсӯс, ки ман худам дар озмун иштирок карда натавонистам. Мегӯянд, ки ҳамон духтараки овозхон… ...номаш чӣ буд?.

-Шафоат...

-Бале, Шафоат, ҳамаро қоил кард. Шунидам, ки вақти сароидани ӯ толор аз кафкӯбии мухлисон қариб ба кафидан расидааст. Мудири маориф занг зада, маро махсусан барои ҳамин духтарак табрик кард. Ваъда дод, ки барои ба Донишкадаи санъат дохил шуданаш квота ҷудо мекунанд. Бори дигар ташаккур, муаллим,-инро гуфта директор дасти Муртазоро сахт фишурд, аммо Муртазо бо сари хам, мисли талабае, ки гуноҳе содир кардааст, базӯр “раҳмат” гуфт.

-Чаро табъатон хира муаллим? Ман ба ҷои шумо бошам, ҳоло аз хурсандӣ мерақсидам...

-Рақсидем муаллим, аммо бори дигар бароятон мегӯям, ки ин танҳо хизмати ман нест...

-Хоксорӣ накунед, то шумо ҳам муаллимон буданд, вале ягонтоашон мактаби моро чунин машҳур карда натавониста буданд. Офарин! Акнун метавонед рафта дар хона дам гиред, бо оилаатон маслиҳат карда барои сафар ба шаҳр тайёрӣ бинед.

Муртазо бо директор хайрухуш карда, ҷузъдон дар даст ҷониби хонааш равон шуд. Сараш хам буд. Дар роҳ ду-се нафар салом доданд, аммо саломи онҳо ҳам ба гӯшаш намедаромад. Бачаҳо ҳайрон шуданд, чаро муаллиме, ки ҳамеша хушмуомила буд, имрӯз ҳатто ба саломи онҳо ҷавоб намедиҳад....

***

Садоқат Иқболро оббозӣ доронда, либосҳои гармтарашро пӯшонду ба рӯи ҳавлӣ баровард:

-Ҳозир дадаат меояд, ҳамроҳ кадушӯрбо мехӯрем, баъд ба шаҳр назди бибиҳоят меравем...

-Дадаам кай меояд?

-Талабаҳояш омаданд, ҳозир худаш ҳам расида меояд. Дадот имрӯз хонандагонашро ба ноҳия, ба озмун бурда буд. Талабаҳо гуфтанд, ки ҷои якумро гирифтаанд. Акнун ба падарат ҷавоб медиҳанд. Моро ба шаҳр мебарад...

-Оча, мо бо мошин меравем?

-Албатта бо мошин ҷонакам, пиёда ба шаҳр рафта намешавад-ку!

Ин дам аз дарича Муртазо даромада омад ва Иқбол хурсандона “дадаҷонакам” гӯён ба тарафи ӯ давид. Муртазо ҷузъдонро ба болои танӯр гузошта, оғӯшашро боз намуд ва писарашро аз замин бардошт. Баробари аз рухсораҳои ӯ бӯсидан саҳнаи бӯсидани Шафоат ба ёдаш расид ва дилаш ким-чи хел таҳ кашида рафт. “Ман чӣ кор кардам? Магар нисбати ин тифл хиёнат накардам? Ин гулписарро бароям Садоқат таваллуд кардааст-ку! ” аз дил гузаронд Мустафо. Иқбол боз рухсораашро, ки дар он доначаҳои шакари навхӯрдааш часпида буданд, ба рӯи падараш молида, кӯшиши бӯсидани ӯро мекард. Ширинии шакар ба забони Муртазо расид ва ӯ мисли гове, ки гӯсолаи навзодашро мелесад, ҳарисона аз рухсораҳои писараш бӯсидан гирифт. Садоқат, ки ин манзараро мушоҳида менамуд, бо табассум ҷониби шавҳару писарчааш омад ва аз бари рӯйи Мустафо бӯсида пичиррос зад:

-Муборак бошад!

Муртазо аз шарм мехост ба қаъри замин дарояд, то Садоқат рӯйи ӯро набинад. ”Бас! Ин аввалин ва охирин сустии ман буд! Дигар ба Шафоат наздик намешавам!” қарор дод дар дил худ ба худ, вале...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД