(Давомаш)
Садоқат аз дасти Иқбол гирифта, аз автобус фаромад. Намедонист ба куҷо равад, ба хонаи худашон ва ё ба хонаи модари Муртазо. Як ҳафта пеш телефон карда ба модараш ва хушдоманаш гуфта буд, ки шояд рӯзҳои наздик ҳамроҳи шавҳараш ба шаҳр биёянд. Инак, ӯ дар шаҳр, аммо танҳо бо Иқбол, Муртазо ҳамроҳашон нест. Аслан набуданаш беҳтар аст.
Садоқат дигар шавҳарашро ба ёд овардан намехост, аммо боз ҳам номи ӯ дар сараш чарх мезаду чарх мезад..."Ин чӣ кори кардаат буд, Муртазо, хонаи бахтамонро сӯхтӣ. Ман ҳаргиз чунин шавҳарро орзу накарда будам. Мехостам шавҳарам марде бошад ба ману фарзандонам содиқу меҳрубон. Аз аввал чунин набудӣ, аммо аз куҷое ин бало пайдо шуду ҳамаро тагу рӯ кард. Худозада ҳусн ҳам дораду маккора ҳам ҳаст, агар чунин намешуд, ҳеҷ гоҳ Муртазоро ба домаш афканда наметавонист. Шарм накарда як духтари нав ба камол расида бо муаллимаш чунон бӯсобусӣ мекунад, ки гӯё сад соли умрашро дар зери кӯрпаи ин мард гузаронида бошад..."
Садоқат дар сари чорроҳа ҳайрон монд. Хушдоманаш ӯро дӯст медорад, чунон муносибат мекунад, ки гӯё Садоқат келин нею духтараш бошад. Духтар, ки надорад, аз рӯзи аввал Садоқатро мисли духтари худаш қабул кард ин зани биҳиштӣ. Дар тӯли се соле, ки дар як ҳавлӣ зиндагии якҷоя доштанд, боре ҳам келину хушдоман ба ҳам гапи сахт нагуфта буданд. Ҳар кореро, ки модари Муртазо мефармуд, Садоқат иҷро мекард. Хушдоманаш ӯро ҳамеша "келинҷон" гӯён садо мекард ва ин меҳрубонии модаршӯяш барои Садоқат гӯшнавоз буд. «Холаҷон» гӯён, вай ҳам дар гирди хушдоманаш парвонавор чарх мезад ва намегузошт, ки ба куртаи кампир гарде бишинад. Ҳамсояҳо ба онҳо ҳасад мебурданд, зеро Садоқату модаршӯяш аз келину хушдоман дида ба ду дугонаи ҷонӣ бештар монанд буданд. Дар ҳама кор аз ҳамдигар маслиҳат мепурсиданд. Дар як ҳавлии танги қариб панҷоҳ сол пеш сохташуда зиндагӣ мекарданд, ки ҳамагӣ се дар хона дошт, аммо хушбахт буданд, ягон камию костиро ҳис намекарданд. Вақте ки Муртазо азми ба деҳа рафта муаллимӣ карданашро гуфт, модар норозӣ шуд. "Бачаҷон, дар ҳамин ҷо ҳам кор ҳаст, чаро зану кӯдакатро саргардон карда ба ҷойҳои нобоб мебарӣ? Биё мон, аз ин фикрат гард. Шукри Худо, барҳаво набошад ҳам, хонаю дар дорӣ-ку! Ман офтоби сари куҳ, вақте, ки мурдам, ҳамаи ин ба ту мемонад. Раҳматии падарат, ки ҳамин ҳавличаро панҷоҳ сол пеш харида маро ба ин ҷо овард, гуфта буд, ки дар он ҳоло фарзандони ман бо фарзандонашон зиндагӣ хоҳанд кард, аммо танҳо ту дар ин дунё мондӣ, апаю додарҳоят дар кӯдакӣ вафот карданд. Падарат ҳам ҷавон аз дунё рафт, лекин ғами туро мехӯрд, ки ӯро кӣ мехононаду ба қатори одамон медарорад. Шукри Худо, калон шудӣ, хондӣ, соҳиби хонаю дар шудӣ ва ана фарзанд ҳам ёфтӣ. Ношукрӣ накун писарам, ба ҳеҷ куҷо нарав" Бале, хеле насиҳат карда буд хушдоманаш Муртазоро, аммо вай якравӣ карда ду пояшро дар як мӯза андохта "Очаҷон, охир ман барои ҳамешагӣ намеравам-ку! Як-ду сол кор мекунам, ана баъд баргашта аз паи зиндагӣ мешавам. Мо ҳам охир аз одаму олам хабардор шавем, то кай дар як гӯшаи шаҳр мағор баста мешинем. Мехоҳам як муддат дар деҳа зиндагӣ кунам, ҳамин шаҳр бо шӯру мағалаш ба дилам задааст",- гуфт. Модар дид, ки ба бачааш гапашро гузаронида наметавонад, Садоқатро ба кӯмак даъват кард: «Келинҷон, як кор кун, ки Муртазо аз раъяш гардаду ба қишлоқ наравад, охир ӯ ҳоло ҷавон аст, азоби деҳаро намедонад. Беҳуда ҳам шуморою ҳам худашро саргардон мекунад",- гуфта зорӣ кард, ки шавҳарашро аз роҳ гардонад, аммо аз дасти Садоқат ҳам ҳеҷ кор наомад. Муртазо бо сухан деҳаро чунон тасвир кард, ки Садоқат гумон кард шавҳараш ӯро ба биҳишти рӯйи замин бурданист ва тарафдори Муртазо шуд. Эҳ, агар ҳамон вақт сабукфирӣ карда тарафи шавҳарашро намегирифту ба рафтан ба деҳа розӣ намешуд, шояд имрӯз чунин танҳою зор намемонд. Келину хушдоман якгапа мешуданд, Муртазо илоҷи дигар наёфта дар шаҳр мемонд, вале… Садоқат ба гуфтаҳои Муртазо фирефта шуда ҳамроҳаш ба деҳа рафт ва чунин бадбахтӣ ба сараш омад, пас хушдоманаш ин ҷо чӣ гуноҳ дорад? Албатта ӯ бояд аввал ба хонаи худашон, яъне ба назди модари Муртазо равад, охир онҳо аз ҳамон ҷо ба деҳа рафта буданд-ку! Тамоми ҷиҳози Садоқат дар он ҷо буд ва ҳоло модар ҳам аз рафтори писари ягонааш огоҳ нест.
Садоқат аз дасти Иқболе, ки бо даҳони воз ба гаштугузори мошинҳо ва одамон менигарист, гирифт ва сумкаашро ба китфаш андохта ҷониби истгоҳе, ки маршруткаи №8 мерафт, равон шуд…
-Биё келинҷон, биё. Садқаи келину набераякам шавам. Ростӣ, имрӯз омадани шумоёнро интизор набудам, гумон кардам, ки рӯзи шанбе меоед,-инро гуфта модари Муртазо, холаи Рисолат аз дасти келинаш сумкаашро гирифта ба ӯ кӯмак расонд, ки Иқболро аз болои остонаи дарвоза ба дарун гирад, баъд сумкаро ба болои кати зери тути аллакай баргҳояш рехта гузошт ва аз рӯи келинаш бӯсиду Иқболро ба оғӯш гирифт.
-Садқаат шавам, Иқболҷони ман, бибиатро танҳо гузошта ба куҷо рафтӣ? Ҳар рӯз сад бор ёд мекунаму дуо мекунам, ки тану ҷонатон сиҳат бошад. Барои ман ҳаминаш кифоя. Шукри Худо, нафақаам ба худам мерасад. Ба ман чизу чораатон не, худатон лозим. Дар куҷое, ки набошед, зинда бошед! Келинҷон, Муртазо канӣ? Ба хона наомада ба куҷо рафт?
Холаи Рисолат нав ба чеҳраи келинаш назар дӯхта, дид, ки рангу рӯйи Садоқат коҳида ва табассумаш зӯракӣ аст.
-Келинҷон, ба ту чӣ шуд? Бемор шудӣ?
Садоқат, ки дар як гӯшаи кат амонат нишаста буд, сарашро хам кард ва беихтиёр аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. Ӯ дигар тоқат карда натавониста худро ба оғӯши модаршӯяш партофт ва ҳунгосзанон гирист. Холаи Рисолат аз ин рафтори келинаш бештар хавотир шуда таҳлукаомез пурсид:
-Магар бо Муртазо ягон воқеаи нохуш рӯй дод?
Садоқат сарашро аз синаи Рисолатхола набардошта, бо аломати "не" ҷунбонд ва ин андаке хавотирии хушдоманашро барҳам зад.
-Дадаам ҳамлоҳи мо наомад,-бо лафзи кӯдакона гуфт Иқбол.
-Чаро наомад? Хайр баъдтар меояд, барои ин гиря кардан чӣ лозим?-Хост келинашро тасаллӣ диҳад Рисолатхола.
-Агар ӯ ҳам меомад, мо аз ин ҷо мерафтем,-сарашро боло карда гиряолуд гуфт Садоқат.
-Чаро чунин мегӯӣ, духтарҷон?-Бори аввал ба ҷои "келинҷон" "духтарҷон" гуфт кампири Рисолат.
Садоқат каме худро ба даст гирифт ва сарашро аз синаи хушдоманаш бардошта дар паҳлӯи ӯ нишасту аз сумкааш рӯймолчаашро ёфта чашмонашро поккунон гуфт:
-Писаратон ба ману фарзандаш хиёнат кард...
Кампири Рисолат як қад парида, нобоварона ба келинаш нигарист.
-Бале, хиёнат кард. Вай бо як талабааш ишқварзӣ мекунад.
Садоқат ҳама чизеро, ки шаб бо чашмони худаш дида буд, ба модари Муртазо нақл кард.
-Ин хел шуданаш ҳеҷ мумкин нест! Бовар намекунам. Писари ман, агар дӯст дорад, як касро дӯст медорад ва ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунад. Раҳматӣ падараш ронанда ва як умр дар сафар буд, вале ҳеҷ гоҳ ба ман хиёнат накардааст. Марди ҳаромхиштак набуд. Муртазо писари ҳамон марди вафодор аст. Ба гапи ҳар кӣ бовар накун, Муртазо туро дӯст медорад, келинҷон...
-Дӯст медошт, ҳаргиз ин тавр намекард ва агар ман ҳам бо чашмони худ намедидам, бовар намекардам. Ман худам бо ана ҳамин ду чашмам дидам, ки чӣ тавр ӯ бо он духтар бӯсобӯсӣ дошт..
-Шояд ту дар торикӣ каси дигарро дида бошӣ,-умедворона гуфт Рисолатхола.
-Не, холаҷон, бӯсобӯсии Муртазоро бо он духтар ман бо чашми худам дидам ва ҳамон лаҳза Иқболро гирифтаму ба шаҳр омадам...
Кампири Рисолат бо сари хам каме ба сукут рафту баъд гуфт:
-Хайр, келинҷон, бар сари фарзанди одам ҳарчи ояд, бигзарад гуфтаанд. Ғам нахӯр, ҳамааш мегузарад. Аз роҳи дароз омада сахт гурусна шудагистед, беҳтараш хеста ягон хӯрок паз, дар ошхона ҳама чиз ҳаст. Ин ҷо ягон иштибоҳ шудагист. Канӣ ман як телефон карда бо Муртазо суҳбат кунам. Барои ин ба почта рафтанам лозим меояд. Канӣ ту то омадани ман сабр кун, бинем, ки гап дар куҷост. Собирон аз сабр ёфтаанд, гуфтаанд пирони қадим...
(Давом дорад)