Маҳсулоти лозима:
500 грамм кадуча (кабачок), 1 пиёз, 1 тухм, 3 қошуқ орд, намак, мурч, 3-4 қошуқ равғани растанӣ.
Тарзи таҳия:
Кадучаҳоро шуста, думчаашро бурида партоеду аз турбтароши сӯрохиҳояш васеъ гузаронед ва обашро ҷабида гиред. Пиёзро низ аз турбтарош гузаронида, бо кадуча аралаш кунед. Ба он тухм, намаку мурч ва ордро кам-кам илова кунед. Дар тоба равғанро тафсонида, аз қиммаи омодашуда бо қошуқ гирифта, чалпакҳоро дар равған аз ду тараф сурх кунед.