Ман Кабир ном дорам ва 44-сола ҳастам. Бо ҳамсарам 4 фарзанд дорем. Вақташ буд, ки ба тиҷорат машғул будам, пули зиёд доштам. Зану фарзандам дар атрофам парвона буданд. Тиҷоратам барор нагирифту ҳоло дар вазъияти душвори молиявӣ қарор дорам. Акнун занам аз ман дурӣ меҷӯяд. Муносибаташ бо ман сард аст, ба ҳар баҳона ҷангҷолу ошӯб мебардорад, ҳатто мегӯяд, ки ҳозир аст аз ман ҷудо шавад. Фарзандонам ҳам муҳаббати пешинро ба ман надоранд. Муносибаташон сард шудааст. Чӣ кор кунам, намедонам. Магар хушбахтӣ фақат дар пулу сарват аст?
Марҳабо РАСУЛОВА, тоҷир:
- Бародари азиз, шояд айб дар пул нест. Шумо вақти ба тиҷорат машғул буданатон ба ғайр аз пул додан чанд соат бо фарзандонатон вақт мегузаронидед? Ё фақат пул медодеду харид мекардеду бо ҳамин аз пайи корҳоятон мешудед? Оилаи мо қариб 50 сол аст, ки ба тиҷорат машғул аст. Вале шукр барои мо пеш аз пулу мол тарбияи фарзанд меистад. Мо барои фарзандонамон беҳтарин шароитҳо муҳайё кардаем, вале аввал дар қалби онҳо меҳру муҳаббат ба ҳамдигарро ҷой додаем. Шумо бояд бештар ба фарзандонатон машғул мешудед. Ҳоло ки бекор ҳастед ва муносибататон бо зану фарзандатон тағйир ёфтааст, барои онҳо ҳам душвор аст. Шумо оҳиста оҳиста ба қалби онҳо роҳ ёбед. Бовар дорам, ҳамааш хуб мешавад.
Саидолим САИДОВ, ронанда:
- Одам агар бепул шавад, дар назди зану фарзандаш ҳам беқадр мешудааст. Ман инро аз таҷрибаи ҳаёт медонам. Чӣ кунем, ки табиати инсон, махсусан табибати занҳо ҳамин аст. Агар дасти холӣ бегоҳ аз дар дароед занатон қошу қавоқ мекунад, мисли он ки фоҷеае омада бошад. Вале агар сумкаро пур карда оед дар гирдатон парвона мешавад. Бародари азиз, зиқ нашав, зиндагӣ ҳамин аст. Ту ҳоло ҷавон будаӣ. Беҳтараш аз пайи барқарор кардани тиҷоратат ва пешрафт шав. Зану фарзандат як рӯз не як рӯз худашон пушаймон мешаванд.
Ҷасур РАҲМОНЗОД, корманди бонк:
- Дар ҳар оила муносибат ҳар хел аст. Магар одамони камбағалро фарзандонашон эҳтиром намекунанд? Мекунанд! Бинобар ин, ин ҷо гап на дар маблағ, балки дар муносибатҳои оилавӣ аст. Фазои оиларо падару модар месозад. Агар шумо бо ҳамсаратон фазои орому осуда насохта бошед, фарзандонатон табиист, ки ба шумо сард мешаванд. Беҳтар аст, бо ҳамсаратон аввал проблемаи худатонро ҳал кунед. Фарзандонатон рафтору кирдори шуморо дида, ислоҳ мешаванд.
Судоба САМАДОВА, хонашин:
- Ҳамсаратонро фаҳмидан мумкин. Шумо агар як замон доро будеду дар зиндагӣ камбудӣ надоштед, ҳоло зиндагиатон тағйир ёфта бошад, ҳамсаратон нигарон мешавад. Занҳо чунин одат доранд, ки бештар дар фикри оянда ҳастанд. Ҳамсаратон ҳам фикр мекунад, ки оянда зиндагӣ чӣ мешавад? Аз куҷо рӯзгорро таъмин мекунед? Фарзандон чӣ тавр ба воя мерасанд? Бо кадом пул онҳоро мехононед? Занҳо инро фикр мекунанд. Барои ҳамин асаби ҳасаратон шояд хароб бошад.
Ҳомид УМАРЗОДА, корманди бонк:
- Тағйироти куллӣ дар рӯзгори шумо, яъне номуваффақ шудани тиҷорататон ба зиндагии шумо бетаъсир буда наметавонад ва фазои хонаводаатонро ноором мекунад. Беҳтар аст, шумо худатонро бой надиҳед. Шумо мард ҳастед. Бояд зимоми зиндагиро аз даст надиҳед, балки онро мустаҳкамтар ба даст гиред. Шумо аввал аз пайи кор шавед, зеро идораи зиндагӣ таъмини зану фарзандон ба дӯши шумо аст. Шумо тоҷир бошед аз нав тиҷорат кунед, ё ба ҷойи дигаре машғули кор шавед. Вақте ҳамсару фарзандонатон мебинанд, ки шумо талош доред, онҳо шуморо дастгирӣ мекунанд. шояд сабаби муносибати сарди онҳо ба шумо он бошад, ки шумо нисбати зиндагии ихеш бетафовут шудаед. Онҳоро ин ғамгин ва дар навбати худ асабонӣ мекунад. Шумо кор кунед, худро ба муносибати онҳо бетафовут нишон диҳед, гӯё ҳама чиз хуб пеш меравад, ана мебинед, ки мушкили зиндагиатон бартараф шудааст.
Саида МАҲМУДӢ, равоншинос:
- Дар қазияи зиндагии Шумо асос пул нест. Яъне бепул шудани шумо сабаби муносибати сарди хонавода бо шумо нест. Решаҳои амиқтар дорад, ки онро бояд ҷуст. Шумо қаблан бо ҳамсаратон чӣ хел меносибат доштед? Оё ҳамеша меҳрбуон будед? Ба ҳамсару фарзандонатон чӣ қадар вақт ҷудо мекардед? Муносибататон бо онҳо чӣ тавр буд? Бо онҳо чӣ қадар наздик ҳастед? Фарзандонатонро то чӣ андоза медонед? Бисёри мо инсонҳо саргарми кор шуда оилаву фарзандонро фаромӯш мекунем, вақте фурсат меёбему ба онҳо наздик шудан мехоҳем, мебинем, ки онҳо аз мо дур шудаанд. Дар рӯзгори онҳо аллакай барои мо ҷой нест. Ин айби худи мо аст. Мо бояд ҳамеша оилаву фарзандонро дар ҷойи аввал гузорем, баъд корро. Шумо ҳоло 44 сола будаед. Ҷавон ҳастед. Вақт ҳаст, барои холигоҳро пур кардан. Бо ҳамсаратон меҳурбон бошед. Занҳо аз мард меҳрубонӣ мехоҳанду таваҷҷуҳ. Ба фарзандонатон ҳам аввал меҳурбон шавед, бо онҳо дӯст шавед, наздик шавед, баъдан оҳиста-оҳиста сахт гиред ва назорат кунед. Дар синну соли шумо ноумед шудан хуб нест, ҳоло зиндагии шумо дар пеш аст. Ба равоншинос муроҷиат кунед.