Formula novemver 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 21)
06.02.2020
А. ҲОҶӢ
3080

(Идомааш)
...Вақте, ки Муртазо сар аз ҷойгаҳ бардошт, офтоб аллакай ба миёни осмон расида буд. Хост мисли ҳаррӯза хеста дастурӯйшӯӣ равад ва баъд омада сари дастурхон нишинаду бо Иқбол андаке суҳбат кунад, вале ба ёдаш расид, ки дигар дар ин хона на Иқбол ҳасту на Садоқат.

 

Кӯшиши аз ҷой хестан кард, аммо пойҳояш ба вай итоат намекарданд. Сари ҷойгаҳ нишаста ҳодисаҳои дирӯзаро як-як ба хотир овардан гирифт. Дар нимторикии хона даст- даст карда, аз паҳлуи ҷойгоҳаш мактуби кӯтоҳи Садоқатро ёфт ва шояд бори садум онро мутолиа намуд. “...ман намехоҳам, ки писарам дар тарбияи чунин як марди дурӯяю ҳаром калон шавад…» «Охир ман чӣ ҳаромӣ кардам? Шафоатро танҳо аз рӯи сустиродагӣ ва бо ташаббуси худи вай як бор бӯсидам. Магар ин ҳаромӣ аст? Эҳ Садоқат, чаро як бор напурсидӣ, ки барои чӣ чунин шуд? Ҳаёти чандсолаамонро барои дупула гап барбод додан мехоҳӣ? Ихтиёрат, вале дониста бош, ки ман ҳам қарздор намемонам ва ҳатман ба ин рафтори ту ҷавоб медиҳам…»
Муртазо бо азми қатъӣ хестанӣ шуд, аммо садои тақ-тақи дар ӯро дубора ба ҷояш шинонд. Наход зану фарзандаш бар гашта бошанд? Шояд Садоқат аз карда пушаймон шуда омадааст? Агар чунин бошад, ҳоло бо ӯ суҳбат карда, барои сустии яклаҳзаинааш узр мепурсад…
Аз берун садои дигар ба гӯш расида орзуҳои ҷавонмардро барбод дод:
-Муаллим, ту ҳамин ҷо? Ин ман-Ҳасратмоҳ. Бемор-ку нашудаӣ?
Муртазо як қад парид. Чаро Ҳасратмоҳ ба назди ӯ омадааст, шояд духтараш ягон гап гуфта бошад? Не, Шафоат чӣ ҳам гуфта метавонад? Магар духтар ба модараш муаллим маро бӯсид мегӯяд?! Ягон духтар чунин сирро ба модараш намегӯяд! Пас, кампир барои чӣ омадааст? Муртазо «ҳозир» гӯён аз ҷояш хеста, либосҳояшро андаке ба тартиб даровард ва саросема ҷойхобашро ҷамъ карда тарафи дар равон шуд. Аввал дари хонаи хоб ва баъд даҳлезро кушода, дар рӯ ба рӯи худ модари Шафоатро дид, ки дар даст як коса шир меистод.
-Биёед, хола. Афсӯс, ки ман танҳоям ва ҳанӯз чой дам накардаам, ки шуморо ба сари дастурхон даъват кунам,-бо оҳанги сард гуфт Муртазо.
-Аввалаш ин, ки ман ин ҷо чойхӯрӣ наомадаам. Омадам, ки бинам, чаро занат наметобад? Гуфта буд, ки ҳамроҳ ба шаҳр меравед, аммо аз дирӯз боз мебинам, ки чароғат равшану лекин даро баро нест. Гумон кардам, ки шояд хомӯш карданашро фаромӯш карда рафта бошед. Шафоат гуфт, ки зани муаллим дирӯз танҳо ба шаҳр рафту худи муаллим ин ҷо монд. Чаро ҳамроҳи онҳо нарафтӣ?
Муртазо бо дасти чапаш пушти сарашро хоридаистода гуфт:
-Ман ин ҷо камтар кор дорам, барои ҳамин нарафтам…
-Пас, чаро ба мактаб нарафтӣ?
«Ин хола аз прокурор ҳам бадтар будааст-ку…» бо асабоният аз дил гузаронд Муртазо ва каме баҳона ҷуста, сипас аввалин дурӯғи ба ёдаш расидаро ба забон овард:
-Ман андак нотоб шудам, духтур гуфт, ки як-ду рӯз аз хона набароям…
-Грипп шудагистӣ. Мардак дар андак касалӣ хоб намекунад. Пештара мардҳо дар тасф сӯзанд ҳам, аз кори саҳро намемонданд, ҳозираҳо нозук шудагӣ… Хайр, мана ин ширро гиру ҷӯшонда бо асал хӯр, зуд сиҳат мешавӣ…
-Раҳмат хола!
-Одам ин хел намешавад. Куҷое зану фарзанд бошад, бояд шавҳар ҳам дар ҳамон ҷо бошад. Бемор шавӣ, нигоҳубинат мекунанд, сиҳат бошӣ, нигоҳубинашон мекунӣ. Беҳуда Худованд зану мардро ҷуфт наофаридааст. Фаҳмидӣ муаллим? Агар вақти рухсатиат бошад, зуд ба назди онҳо рав ё онҳоро биёр. Худое накарда бемори сахт шавӣ, туро кӣ нигоҳубин мекунад?
-Хавотир нашавед хола, ман он қадар бемори сахт нестам, ки муҳтоҷи зан бошам. Худам худамро саришта карда метавонам…
-Саришта карда метавонӣ, ки то ҳол чоят дамнокарда-дия! Занат зани мулоимтабиат менамояд, агар ба дасти ман барин зан меафтидӣ, зуд одам мешудӣ…
-Шояд барои ҳамин шуморо шавҳаратон партофта ба Русия рафтааст, -шӯхӣ карданӣ шуд Муртазо.
-Не, шавҳарамро худам пулкоркунӣ фиристодам. Бачаҳо ҳар кадомаш ба сари худ, хӯрандаамон як Шафоат бошад ҳам, пул лозим-ку! Як сар ҳам бало сар гуфтаанд. Шавҳарам ин ҷо бошад, ман намемонам, ки дасташро болои даст гузорад, муаллим…
Ҳасратмоҳ дид, ки Муртазо коса дар даст чӣ кор карданашро намедонад, зуд ба ошхона даромада, дегро болои оташдон гузошт ва ба нею нестони соҳибхона нигоҳ накарда, мисли ҳамаи занҳои деҳот зуд дар зери он оташ гиронда шири овардаашро ба дег андохту ба Муртазо, ки ҳаракатҳои ӯро назорат мекард, гуфт:
-Муаллим, чӣ хода барин рост истодаӣ. Рав дасту рӯятро шуста дастурхонро андоз, шират, ки пухт, бурад медиҳам, мехӯрӣ…
Муртазо ҳайрон буд, ки ба ин рафтори модари Шафоат чӣ гуна баҳо диҳад. Ин зан аз рӯи дилсӯзӣ барои ӯ хизмат карда истодааст ё ягон мақсади дигар дорад? Ҳарчанд ба суханҳои Ҳасратмоҳ гӯш медод, дар онҳо ягон ишорае ба он, ки аз муносибати духтараш бо ӯ хабар дорад, нишонае намеёфт.
Ҳасратмоҳ баъд аз он, ки ширро пухт, онро ба косае бардошта ба хона, ба назди Муртазо овард ва ба болои дастурхон гузошта истода гуфт:
-Нонро ба шир реза карда хур, аз ҳамаи дорую давоҳои духтур беҳтар аст, зуд сиҳат мешавӣ…
Ҳасратмоҳ худаш даст дароз карда, аз рӯи дастурхон як нони ношикастаро гирифту дид, ки хеле сахт аст.
-Боз мегӯӣ, ки худам ба худам нигоҳ карда метавонам. Дар хонаат ақаллан нони мулоим надорӣ… Хайр, ин ҳам мешавад, онро шикаста ба шири гарм парто, зуд мулоим мешавад. Баъд мегӯям, Шафоат ду нони мулоим меораду косаю табақҳоятро мешӯяд…
Ин лаҳза гӯё Муртазоро барқи баландшиддат зад, ки қошуқ дар нимароҳ ба сӯи даҳонаш шах шуда монд…
(Давом дорад)
А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД