Sebiston new 2024 october
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 24)
09.02.2020
А. ҲОҶӢ
3024

(Давомаш)

-Очаҷон, ман дигар дар ин хона истода наметавонам. Коре, ки писаратон дар ҳаққи ману фарзандам кард, нобахшиданист. Аз Шумо гила надорам, монед ба хонаи модарам равам. Фақат барои он ба ин ҷо омадам, ки Иқбол бибиашро баъд аз чор моҳи ҷудоӣ як бор бинад ва худам ба шумо дар бораи хиёнати писаратон хабар диҳам,-Аз чашмони Садоқат селоби ашк мешорид.

Хушдоманаш бо гӯшаи қарси сафедаш ашки чашмони Садоқатро пок карда, сари ӯро ба синааш пахш намуд. Ҷавонзан эҳсос кард, ки қалби кампири Холбибӣ ҳам мисли дили худи ӯ хун гаштааст.

-Духтарам, камтар тоқат кун, аввал фаҳмидан лозим, ки чӣ шудааст. Ман як ба Муртазо телефон карда пурсам, ки вай чӣ беақлӣ кардааст. Ҳеҷ бовар надорам, ки писари ман ба чунин кор қодир бошад, охир шумо якдигарро дӯст дошта, хонадор шуда будед-ку! Ҳеҷ ба ақлам рост намеояд, ки баъди соҳиби чунин писари гул барин зебо гаштан, Муртазо туро партофта, домони ким-кадом духтари дигарро доштааст. Таги гапро фаҳмем, баъд чӣ коре, ки мекунӣ, ихтиёр дорӣ...

-Очаҷон, агар ман бо чашмони худам намедидам, ҳазор кас гӯяд ҳам, бовар намекардам. Худам дидам, ки чӣ тавр ӯ бо як талабааш шабона бӯсобӯсӣ мекард, дигар чӣ ҳоҷати пурсупос аст. Медонед, ки ман Муртазоро дӯст медоштам, аммо бинед ӯ чӣ кор кард? Магар ман баъд аз ин дар хонаи ӯ истода метавонам?-Садоқат аз гиря гулӯгир гашта буд.

-Аввалаш ин ки ин хона аз они Муртазо нест, ту дар хонаи ман ҳастӣ. Дуюмаш ин, ки ман туро ҳамчун духтари худам дӯст медорам ва ба ҳеҷ куҷо рафтан намемонам, ҳатто агар ин гап рост ҳам бошад. Худат фикр кун, пагоҳ ман ба рӯйи падару модарат чӣ хел нигоҳ мекунам? Бегона нестем-ку, ман падаратро ҳанӯз аз солҳои ҷанг мешиносам. Вақте ки ӯ туро аз бемористон ба як пора болопӯш печонда ба хонаатон овард, модарат,-кампир якбора ба худ омаду риштаи гапро ба дигар тараф бурд, -гуфтагӣ барин, дар мактаби қишлоқатон телефон ҳаст-ми?

-Ҳаст, аммо рақамашро намедонам. Очаҷон, худро беҳуда азоб надиҳед, аллакай аз вай дилам мондааст. Муртазо ба шумо чӣ ҳам гуфта метавонад? Монед, дар ҳамон ҷо гаштан гирад, ман ба ӯ дигар на коре дораму на даъвое...

-Хайр духтарҷон, ин гапҳоро мону ҳамроҳи писаракат дар ҳамин ҷо истодан гир. Ман як бор ба почта равам канӣ,-инро гуфта кампири Холбибӣ сари Иқболи аз ин кори калонсолон ба ҳайратафтодаро дастмол карду як гӯшаи қарсашро ба сари китфаш партофта, ҷониби дарвоза равон шуд.

….Қарибиҳои соати дувоздаҳ онҳо ба худ омаданд ва Шафоати то ин вақт ором ба ташвиш афтод:

-Мабодо очаам ба кофтукови ман наояд, агар моро дар ин ҳолат бинад, ҳардуямонро мекушад. Муаллим, хезед, ман бояд равам...

-Инҷо биё ҷонакам, ман ҳанӯз аз ту сер нашудаам. Магар вохӯрии аввали мо ҳамин хел мешавад?

-Не, ҳаргиз ин хел намешавад. Арӯсро домод аз зери чодар бароварда, ба болои рахти хоб мебарад, на ин ки дар болои ғарами кӯрпаҳои зани дигараш мехобонад. Ту акнун барои ман ҷавобгарӣ. Агар ҳозир рафта ба очаам гӯям, ки маро муаллим дар хонааш дошта дасти зӯр кард, медонӣ аҳволат чӣ мешавад?

Муртазо, ки чунин суханонро ҳаргиз аз Шафоат интизор набуд, рангу рӯяш канд. Духтар ин ҳолати ӯро ҳис карда, қаҳ-қаҳзанон хандид ва дубора худро болои ҷойгаҳи Муртазо андохта гуфт:

-Ту ин қадар тарсончак будаӣ. Хайр, чӣ мешавад? Мегӯӣ, ки ту маро дӯст медорӣ ва зан карда мегирӣ. Магар ҳамин тавр нест?

Забони Муртазо дар комаш ях баста, маҷоли ҷавоб гуфтан надошт. Худоё, ин чӣ кори кардааш буд? Акнун дар ҳама ҷо номашро бо нафрат ба забон гирифта мегӯянд, ки фалон муаллим ба номуси толибааш таҷовуз кардааст. Ана баъд делои ҷиноятӣ кушода, ӯро суд мекунанд. Оҳ, чӣ шармандагӣ!

-Натарс муаллим, ман инро ба ҳеҷ кас намегӯям. Намедонам ту маро дӯст медорӣ ё не, аммо ман туро бо тамоми вуҷудам дӯст медорам ва ин гапро ҳатто ба куртаи танам намегӯям, то вақте, ки ба балоғат нарасам. Ҳамагӣ чор моҳи дигар мондааст, ҳамин ки ман 18- сола шудам, ту, азизакам бо занат хайрбод гуфта маро ба занӣ мегирӣ. Барои бачаат зиқ нашав, худам ба ту чанд бача зоида медиҳам…

Пас аз ин суханони Шафоат дигар бо дидани пешобағали сафед ва ронҳои зебои ин духтари айёра дили Муртазо ба шавқ намеомад. Ба назараш чунин мерасид, ки ҳатто миҷгонҳои дарозу рухсораи зебои ин духтари аз парӣ ҳам хушрӯйтар, ки пештар ӯро қариб девона мекарданд, дигар оташи шавқро дар вуҷудаш аланга дода наметавонанд, вале ӯ ҷавон буду хунаш дар ҷӯш ва танҳо як ҳаракати духтар басанда буд, ки боз худро ба оғӯши ӯ партофта, сармасти ин бузургтарин неъмати дунё гардад.

Шафоат бо як карашмаи хеле зебандаи духтарона дубора худро ба болои Муртазо партофт ва ҷавонмард пас аз дақиқае чун мум об шуда ба бадани духтар часпид. Беш аз як соати дигар ишқварзӣ карда ҳарду чунон хаста шуданд, ки хобашон бурда монд.

Садои бачагонае аз рӯи ҳавлӣ "Муаллим, ҳо муаллим..." гӯён баланд гашта, онҳоро аз хоб бедор кард. Шафоат баробари шунидани ин овоз зуд аз ҷояш парида хест ва осемасар пичиррос зад:

-Дари берун маҳкам аст?

-Ҳа, занҷир карда будам. Ман ҳозир,-Муртазо зуд либосҳояшро ба тан кашида, азми ба берун баромадан кард ва пеш аз он ки дарро кушояд, рӯяшро ҷониби Шафоат гардонда гуфт:

-Ту дар ҳамин ҷо истодан гир, канӣ ман баромада бинам, ки чӣ гап аст...

Муртазо аз болои либосҳои хонапӯшиаш ҷомаашро ба китф гирифта, дарро кушоду ба рӯи ҳавлӣ баромад. Писараке, ки дар гардан галстук дошт, баробари дидани ӯ бо ҳаяҷон гуфт:

-Муаллим, маро директор фиристоданд, ки агар дар ҳамин ҷо бошед, зуд ба мактаб равед, модаратон дар телефон шуморо интизор будаанд...

Баробари шунидани номи модар дили Муртазо ба ларза даромад.

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Тавсия медиҳем:
САРНАВИШТ Каждум дар бағал
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми1)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми3)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми 4)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми 5)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 7)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 6)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 8)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 9)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 10)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 11)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 12)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 13)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 14)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 15)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 16)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 17)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 18)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 19)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 20)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 21)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 22)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 17)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 23)