Formula novemver 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 23)
08.02.2020
А.ҲОҶӢ
3233

(Идомааш)
...Муртазо баъд аз он, ки холаи Ҳасратмоҳ дарро пӯшид, дигар ҳавсалаи ширхӯрӣ накарда, сарашро байни ду дасташ гирифту ба болои курсии ғиҷҷиросие, ки дар як гӯшаи хона, дар паҳлуи мизи аз мактаб овардааш меистод, нишаст. Гуфтаҳои Ҳасратмоҳ "Ҳозир рафта Шафоатро мефиристам, ду нони мулоим оварда, косаю табақҳоятро мешӯяд" аз майнааш дур намешуд. "Ин занро бин, на аз духтараш ва на аз ман ягон гумони бад намебарад. Бо дили соф мехоҳад ба муаллиме, ки занаш бо кадом коре ба шаҳр рафтааст, кӯмак расонад. Ё аз ҳама чиз бохабар асту ин корро қасдан мекунад? Не, агар ин тавр мешуд, вай ҳаргиз зани Муртазоро таъриф намекард. Акнун чӣ кор кунад? Интизор шавад, ки кай Шафоат нони мулоим меораду косаю табақашро мешӯяд? Садоқат Иқболро гирифта ба куҷо рафт? Ба хонаи модараш ё ба хонаи модари Муртазо, ба он ҳавлие, ки он ҷо чор сол бо ҳам зистанд? Ӯ рафта ба модари худашу модари вай чӣ гуфта бошад?" Ин саволҳо мисли парма майнаи Муртазоро ғалбер мекарданд, вале ба ягонтои онҳо ҷавоб ёфта наметавонист. Аслан, вай ягон кори бад накардааст, Садоқат танҳо бӯсобӯсии ӯро бо духтар диду халос. Ягон кори бад кардан дар гӯшаи хаёли Муртазо набуд, ҳамааш якбора сар зад. Эҳ кош ҳамин озмун намешуду Шафоатро ба оғӯш намегирифт! Оё ӯ нисбати ин духтар ягон ҳиссиёт дорад? Худаш ҳам намедонад... Кадом мард ба духтари зебо бо чашми ҳавас нигоҳ намекунад? Аммо ин маънои онро надорад, ки вай нисбати он духтар ягон андешаи ботил дошта бошад. Чаро Садоқат сабр накарду як лаҳза ӯро нашунид?

Чашми Муртазо ба хирсаки Иқбол афтид, ки дар як гӯшаи хона мисли кӯдакони бесаробонмонда якпаҳлӯ афтода мехобид. Хам шуда онро аз замин бардошту дурудароз ба чашмони шишагинаш нигарист. Наход Иқбол бепадар монад? Не, ҳаргиз ӯ ба ин роҳ намедиҳад! Мераваду ҳамаашро рӯ ба рӯйи Садоқат истода мегӯяд. Мегӯяд, ки танҳо ӯро дӯст медорад, ин сабукии яклаҳзаинаи ӯро бубахшад. Муртазо бо як сабукӣ аз ҷои худ бархост ва болопӯшашро аз мехи назди дар гирифта ба пӯшидан сар кард. Ба чор тарафи хона нигоҳ карда, сумкаи сафариашро кофт, то либосҳояшро ба он андозад, аммо ҳеҷ наёфт. "Шояд Садоқат онро ба зери кӯрпаҳо гузошта бошад" аз дил гузаронд Муртазо ва ғарами кӯрпаҳоро дар рӯйи хона чаппа кард. Аз зери он ҷомадони калоне, ки вақти ба ин ҷо омадан либосҳояшонро оварда буданд, намоён шуд. Муртазо сари дузону нишаста қулфи ҷомадонро боз намуд. Чашмаш ба як даста сурат афтод, дар бехи кӯрпаҳои чаппа кардааш якпаҳлӯ нишаста ба тамошои аксҳо сар кард: "Ана дар ин ҷо ману Садоқат пеш аз тӯямон дар боғи Ленин, ана ин ҷо дар назди ҳайкали Фирдавсӣ, инаш дар назди фаввораи Театри опера. Ин ҷо Садоқат дар либоси арӯсӣ... чӣ хел зебо... Ана ин дар назди таваллудхона, Иқболи серӯза дар оғӯши ман..."

Дар як лаҳза аз тариқи суратҳо зиндагии чорсолаи заношавҳарии худашу Садоқатро Муртазо чун дар кино дид. Суратҳоро ҷамъ карда дубора дар ҷояш монд ва танҳо як суратеро, ки ӯ бо Садоқату Иқбол дар вақти дусолагии писараш гирифта буданд, ҷудо карда, ба ҷайбаш монд. Дигар ба кӯрпаҳои парешони рӯйи хона ҳам нигоҳ накарда хост аз дар барояд, аммо ин дам садои "муаллим" гуфтани касе аз рӯйи ҳавлӣ баланд шуда, ӯро як қад паронд. "Муаллим!" дубора овоз дод меҳмони нохонда. Муртазо овози Шафоатро шинохта дар ҷояш шах шуда монд. Наход модараш ӯро ба назди Муртазо фиристода бошад?

Ҳанӯз Муртазо ба худ наомада ғиҷирроси дар баланд шуда пайкари Шафоат намоён гашт. Аз афташ вай дар нимторикии хона Муртазои рост истодаро надид, ки боз садо кард:

-Муаллим, шумо дар ҳамин ҷо?

Ҳанӯз Муртазо фурсати ҷавоб гуфтан накарда, чашмони ба нимторикӣ одаткардаи Шафоат ӯро диданд ва духтар бо ишва ба сари синааш гӯё "туф" карда гуфт:

-Талхакаф кардед- ку муаллим... Ба куҷое рафта истодаед?

-Ҳмм, туро модарат фиристод?

-Ҳа, гуфт, ки омада хонаи шуморо рӯбаму дегу табақатонро шӯям. Боз ана ин ду нонро фиристоданд...

-Не, раҳмат. Ман рафта истодаам,-бо сари хам ҷавоб дод Муртазо.

Шафоат бо назари андаке ҳайрон ба ӯ нигариста гуфт:

-Ба куҷо? Як дамакак истед, бо нони гарм ширатонро хуред, ман косаю табақҳоятонро мешӯям, ин ҷойгаҳи парешонро аз рӯйи хона мебардорам, ана баъд даратонро қулф карда, ба куҷое, ки меравед, рафтан гиред...

Аз ҷониби Шафоат насими аз берун вазидаистода ба машом бӯи атри форамеро меовард. Муртазо хомӯш буд, Шафоат дид, ки аз ӯ садое намебарояд, гуфт:

-Муаллим, чаро аз ман хафа шудед? Магар ман ягон гуноҳ кардам?

-Нее, лекин медонӣ чӣ, Шафоат...

-Медонам, шумо марди тарсончаке ҳастед ва мехоҳед аз ман гурехта ба назди занатон равед, аммо...

-Аммо чӣ?-Якбора сари хамашро боло кард Муртазо.

-Аммо ман... ман... медонед ку… шуморо дӯст медорам, муаллим...,-инро гуфта духтар якбора худро ба оғӯши Муртазо андохт. Муртазо, ки сару калобаашро аз пештара бештар гум карда буд, бо расидани нафаси гарми духтар ба рӯяш ва шамидани атри гесӯвони хушбӯи ӯ қариб аз ҳуш рафта буд. Хост Шафоатро аз худ дур кунад, аммо кадом як қувваи ноаёне намегузошт, ки ин корро кунад. Баръакс, мехост ҳарчи бештар ин ҷисми ҳаётбахшро ба худ ҷафс кунад. Як лаҳза байни ишқи оламсӯз ва ақли оламсоз мубориза идома дошт, аммо танҳо як лаҳза ва оқибат ақл тобеи ишқ гашту ҷавонмард бо тамоми ҳастӣ духтарро ба оғӯш гирифт. Касе аз онҳо сухане намегуфт, ҳарду ғарқи ҳамдигар буданд. Духтар ба қафо қадам гузошт ва гӯё пешпо хӯрда, ба болои ғарами кӯрпаҳо афтиду аз болояш Муртазо. Ба ҷои он, ки аз ҷояш бархезад, вай мардро ба тарафи худ кашид. Чашмони Муртазоро сиёҳӣ пахш кард, гӯё майнааш дигар буду танаш дигар, аммо дигар тан ба майна итоат намекард. Базӯр пичиррос зад:

-Биё, Шафоат хезем, мабодо...

-Дигар ман аз баҳри ҳама чиз гузаштам, биё муаллимҷони ман, ман туро дӯст медорам, ҳарчи бо ман мекунӣ, кун...

Тани Муртазо гӯё интизори ҳамин ишора буд, ӯ духтарро сахт ба оғӯш гирифта, ба кашидани либосаш сар кард...

Ин лаҳзае буд, ки ҳарду ғарқи гуноҳ мешуданд, гуноҳи ширин, гуноҳе, ки бисёр мардон аз беиродагӣ онро содир мекунанд ва баъд як умр азоб мекашанд. Гуноҳе, ки онро на ҳамаи занҳо мебахшанд ва гуноҳе, ки аксаран бо айби занҳо рух медиҳад. Гуноҳе, ки оқибаташ ҳаргиз хушбахтӣ нест... Хонаи ориятии Муртазо ғарқи гуноҳ мешуд.

Садоқат Иқболро назди бибиаш гузошту бори аввал дар давоми чор моҳ вориди ошхона шуд. Аз тозагию ҷо ба ҷо будани ҳамаи чизҳои ошхона дар ҳайрат афтида худ ба худ гуфт: "Хуб занаки бо дасту пою озода аст модари Мутразо, ҳатто дар набудани ягон ёрдамчӣ ҳам ҳама чизашон шустагию ҷо ба ҷо. Ана барои чӣ Муртазо ин қадар тозагиро дӯст медорад ва ҳатто танҳо бошад ҳам, худаш чизу чораашро ба ҷои даркорӣ мемонаду ҳаргиз намегузорад, ки онҳо паҳну парешон бошанд. Эҳ, боз дар бораи ӯ фикр мекунам-ку... Ҳоло чӣ кор карда истода бошад? Айби худаш, мон азобашро кашад..."

Садоқат картошкаю пиёзро аз ҷои даркорӣ гирифту бо як табақчаю корд ба назди хушдоманаш баргашт...

(Давом дорад)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Тавсия медиҳем:
САРНАВИШТ Каждум дар бағал
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми1)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми3)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми 4)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми 5)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 6)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 7)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 7)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 8)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 9)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 10)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 11)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 12)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 13)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 14)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 15)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 16)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 17)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 18)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 18)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 19)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 19)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 20)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 21)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 22)