Formula september
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 26)
11.02.2020
А.ҲОҶӢ
3620

(Давомаш)

Чашмони сурхшудаи Садоқат ба назари Холбибӣ мисли ду оташак менамуданд, аммо дар қаъри ин чашмҳо кампир нисбат ба худ заррае ҳисси нафрат ва бадбиниро надид, баръакс ба назараш чунин намуд, ки ин дидаҳо аз вай узр мехоҳанд. Нигоҳи Садоқат гӯё мегуфт: “холаҷон, маро бахшед, ки хизмати шуморо карда натавонистам, аслан айби ман нест, айби шумо ҳам нест, ки фарзандатон чунин ноодам баромад..." Кампир келинашро ба оғӯш гирифта, гиря кард. Китфони хароби пиронаи хушдоманаш дар оғӯши Садоқат меларзиданд, аммо дар чашмони худи ӯ дигар ашк намонда буд. Ҷавонзан аз болои китфони кампири гиристаистода ба тарафи кати зери тут чашм дӯхта буд, ки он ҷо гурбаи аз оламу одам бехабар ҳамроҳи ду гурбачааш бозӣ мекард. Гоҳ -гоҳ Иқбол, ки дар болои кат буд, яке аз гурбачаҳоро ба даст мегирифту онро бӯсиданӣ мешуд, вале вақте ки модари гурбачаҳо ғуррос мезад, гурбачаро баргашта ба ҷояш мегузошт, зеро аллакай дар ин ду рӯзе, ки дар хонаи бибиаш буд, зарби нохунҳои модагурбаро чашида буд. Вақте ки Иқбол бори сеюм гурбачаро ба даст гирифтанӣ шуд, гурбаи калон тоқат накарда, пушти дасти ӯро ханҷол заду фиғони кӯдак баланд шуд. Кампир ва Садоқат зуд ҳамдигарро раҳо карда ба тарафи Иқбол давиданд.

 

-Ба ту чӣ шуд, ҷони бибӣ?-аввалин шуда ба назди Иқбол омад кампири Холбибӣ ва дасти ба тарафаш дарозкардаи набераашро рӯйи дасти худ гирифт,-Э ин лаънатии гурба дастатро хуншор кардааст-ку!

 

Ӯ дасти аз зарби панҷаи гурба харошёфтаи Иқболро бӯсида бо ҷорӯби дар замин буда гурбаро заданӣ шуд, аммо гурбаи таҷрибанок ҳанӯз кампир ҷорубро нагирифта худро аз боли кат ба замин андохту аз пасаш гурбачаҳои нав роҳгардиро омӯхтааш низ давиданд.

 

-Лаънатӣ, дасти бачаамро харошидӣ, ба дастам афтӣ, пӯстатро меканам,-дод зад кампир аз пушти гурбаи гурезон.

 

Иқбол аз ин тарафгирии модаркалонаш хушҳол шуда, зуд дарди дасташро, ки паи панҷаи гурба онро андаке харошида буд, барои бӯсидан ба тарафи модараш дароз кард. Садоқат низ дасти писарчаашро бӯсида гурбаро дашном дод ва келину хушдоман ба ҳамдигар нигариста, табассум карданд.

 

-Ана дидӣ, духтарҷон, ҳайвон ҳам барои бачааш ҷон меканад, аммо он ношуди ман ба хотири ким-кадом духтар шуда, шумоёнро хор кард. Не, ман ҳаргиз ӯро намебахшам! Майлаш, шумо агар хоҳед, равед, аммо ман ҳаргиз Муртазоро ба ин даргоҳ роҳ намедиҳам. Садоқатҷон, ман туро аз худат дида беҳтар мефаҳмам, писараки ман Иқболҷонро эҳтиёт кун. Ҳар вақт ба наздам биёр, ки ӯро бинам, вагарна дар байни ин чор девор аз ғам ягон рӯз торс кафида мемураму мурдаам бесоҳиб мемонад. Дар танҳоӣ хору зор мирам ҳам, дигар ҳеҷ гоҳ ба рӯйи Муртазо нигоҳ намекунам. Дар вақташ ман бо хоҳиши худаш туро бо ҳазор шодӣ ба ин ҳавлӣ келин карда овардам, вале дидӣ, ки бар ивазаш ин ношукрбанда чӣ кор кард? Гул барин келину сунбул барин набераамро партофта домони кадом як духтари бепадарро гирифт. Не, ман ҳаргиз ӯро намебахшам...

 

-Модарҷон, ман аз шумо ягон зарра хафа нестам. Дар ин чаҳор соли зиндагиам бо шумо ман аз шумо ба ҷуз некӣ, дигар чизе надидаам. Шумо ҳам аз ман хафа нашавед, зеро ману Иқбол дигар дар ин ҷо монда наметавонем. Худатон мефаҳмед... Аммо дари хонаи модари ман ба рӯйи шумо ҳамеша боз аст... Ҳар гоҳ, ки дилатон хоҳад, омада Иқболро дидан гиред...

 

-Ман бо кадом пӯсту рӯй ба назди модари ту меравам? Не, духтарам, ман ҳаргиз бо Ҷамила рӯ ба рӯ шудан намехоҳам. Худат бояд маро фаҳмӣ...

 

-Охир, ин ҷо шумо ягон гуноҳ надоред-ку...

 

-Гуноҳи ман ҳамин, ки чунин фарзанд ба дунё овардаам...

 

-Хайр, холаҷон, ба мо дер шуд, бояд равем. Намедонам ба модарам чӣ гӯям...

 

Кампири Холбибӣ бори охирин Иқболро аз болои кат гирифта ба синааш ҷафс карду гуфт:

 

-Келинҷон, чанд рӯзи аввал гӯё, ки меҳмон бошед, дар ин бора гап назан, баъд оҳиста-оҳиста ҳамаашро мефаҳмонӣ...

 

Сумка дар дасти Садоқат ва Иқбол дар дасти хушдоманаш ба дарвоза наздик шуданд. Кампири Холбибӣ даричаро боз намуд ва Иқболро ба дасти модараш дода истода гуфт:

 

-Агар ҳамроҳатон то истгоҳ равам, ҳамсояҳо пурсуҷӯ мекунанд. Намехоҳам бо онҳо рӯ ба рӯ шавам... Роҳи сафед духтарам!

 

Садоқат аз дарвоза берун шуда дар як даст сумкаи либос ва дар дасти дигараш Иқбол чанд қадам гузошт, аммо аз афташ бардоштани ин қадар бори вазнин барояш душворӣ кард, ки писарчаашро ба замин гузошта аз як дасташ гирифт. Иқбол бо умед ба пас нигариста пурсид:

 

-Бибиам ҳамроҳи мо намеравад?

 

-Не, он кас баъдтар меоянд...

 

-Не, ҳозир раванд, дадоям бибиамро бинанд, хурсанд мешаванд,-якравӣ мекард кӯдак.

 

-Ҳмм. Бибиат дадоятро дидан намехоҳад. Мо ҳоло ба назди дадаат не, ба назди бибии дигарат меравем...

 

Садоқат бори охирин ба тарафи дарвозае, ки чанд дақиқа пештар аз он ҷо берун шуда буд, нигарист. Хушдоманаш ҳанӯз аз паси онҳо менигарист. Нигоҳи пурмеҳр ва дар як вақт саршори андуҳи модаршӯяшро ҷавонзан то истгоҳ аз паси худ ҳис кард...

 

***

 

-Муаллим, хез, ки бегоҳ шудааст, ҳозир модарам ба кофтукови ман меояд. Марги чунин арӯсӣ, ки моҳи асалин бо тарсу ларз дар кулбаи иҷоравии як марди зандор гузарад, -мӯйҳои парешони худро ҷамъ кардаистода аз ҷояш хест Шафоат.

 

-Боз камтари дигар ист, “об аз сар гузарад, чӣ як ваҷабу чӣ сад ваҷаб” мегӯянд. Акнун ману ту бо як ресмон баста шудаем, модарат бинад набинад, фарқ надорад,-Гуфт Муртазо, ки ба болишт такя зада мӯйҷамъкунии Шафоатро тамошо мекард ва беихтиёр аз дил гузаронд: “чӣ хел мӯйҳои зебо дорад...”

 

-Об ку кайҳо аз сар гузаштагӣ, аммо ман намехоҳам, ки очаам ба ин зудӣ аз сирру асрори мо хабардор шавад. Муаллим, то омадани зани ту ягон илоҷ кардан лозим...

 

-Чӣ хел илоҷ? Зани ман баъд аз он, ки моро якҷоя дид, ба гумон аст, ки баргардад. Ман бо ин рафторам аниқ аз зану фарзандам ҷудо шудам ва дигар ҷои ақибгардӣ надорам.

 

-Пас, ту чӣ кор карданӣ?

 

-Ҳоло намедонам, вале бояд ягон кор кунем... Ё ту маъшуқаи ман шудан мехоҳӣ? Не, ман ин тавр зиндагӣ кардан намехоҳам...

 

-Ман туро дӯст медорам, вале магар устоду шогирд метавонанд зану шӯ шаванд, вақте ки духтар ҳанӯз толибаи мактаб ва ба балоғат нарасида аст?

 

-Шафоатҷон, ту баъд аз ду моҳ мактабро тамом мекунӣ ва пас аз як моҳ ба синни 18 мерасӣ. Ин ҷо ягон мушкилие нест, аммо мардум чӣ мегӯянд?

 

-Ҳарчи гӯянд, гуфтан гиранд, муҳимаш ин ки ман туро дӯст медорам, муаллимҷони ман,-Шафоат дубора худро ба оғӯши Муртазо андохтанӣ шуд, вале ин дам аз рӯйи ҳавлӣ садои ҷарангосии холаи Ҳасратмоҳ баланд шуд:

 

-Муаллим, ҳо муаллим. Ту дар куҷоӣ, боз дар танҳоӣ дар ин деҳаи куҳии мо туро гургон нахӯрда бошанд?

 

Бо шунидани ин садо ҳарду шах шуда монданд...

 

(Давом дорад)

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД