Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 25)
10.02.2020
А. ҲОҶӢ
3185

(Идомааш)

-Салом, писарҷон, чӣ хелӣ? -овози модараш ба назари Муртазо хеле гирифтаю хаста намуд.
-Салом очаҷон, ман хуб, худат чӣ хел? Чаро телефон кардӣ?
-Чаро телефон накунам, ки диламро гургон канда истодаанд? Чаро Садоқату Иқболҷонро танҳо ба шаҳр фиристодӣ?
Дили Муртазо таҳ кашида рафт. Маълум шуд, ки Садоқат Иқболро гирифта на ба хонаи модари худаш, балки ба хонаи модари Муртазо рафтааст. "Хайрияте, ман гумон доштам, ки рост ба хонаи очааш рафтааст...",- аз дил гузаронд Муртазо ва гулӯ афшонда гуфт:
-Очаҷон, барои як гапи беҳуда келинатон қаҳр карда рафт. Ман худам онҳоро бурданӣ будам...
-Барои гапи беҳуда? Вай ҳамаашро ба ман гуфт, базӯр дар хона нигоҳ дошта гуфтам, ки каме сабр кун, ман аввал таги гапро фаҳмам. Канӣ гап зан, ту дар он ҷойҳо чӣ номаъқулиҳо карда гаштаӣ?
Ин дафъа Муртазо забон хоида монд:
-Ҳеҷ гап нашудааст... Як хонандаам маро аз рӯйи меҳри шогирдона бӯсид ва инро келинатон дид...
-Шабона духтари қадрас марди бегонаро мебӯсидаасту ин аз рӯйи "меҳри шогирдона" будааст? Ман бо сад орзую ҳавас туро калон карда, ҳеҷ умедвор набудам, ки як булҳавасро ба воя расонидаам... Андешаи зану бачаатро накардӣ?
-Очаҷон, охир ҳеҷ гап нашудааст... Ман... Садоқатро дӯст медорам...
-Дурӯғ нагӯй Муртазо, агар ту занатро дӯст медоштӣ, ҳамон замон аз паи ӯ мешудӣ ва намегузоштӣ, ки ба шаҳр ояд. Хатое аз ту гузашта бошад, мефаҳмондӣ, зарур ояд, дар пеши пояш афтида, аз вай узр мепурсидӣ, аммо ту ин тавр накардӣ. Зану бачаатро дар миёнароҳ гузоштӣ...
-Оча, маро фаҳм, охир келинат нархи сабзию пиёзро напурсида қаҳр карда рафт,-гӯшаки телефон дар дасти Муртазо арақ кард.
-Боз дурӯғ мегӯйӣ бачаҷон, Садоқат аз ҷумлаи он занҳои бефаросате нест, ки беҳуда қаҳру ароз мекунанд. Вай туро дӯст медошт, ту ҳам ӯро дӯст медоштӣ, ман танҳо ба хотири ишқу муҳаббататон ин духтараки модари ҳақиқиаш номаълумро ба ту гирифта дода будам, аммо келини хуб баромад. Ман аз Худованд ҳазорон бор розӣ будам, ки ба ман чунин келинро раво дидааст, аммо ту...
-Магар Садоқат оча надорад? Очааш ҳаст- ку, хушдомани ман холаи Саида…
Кампири Холбибӣ дид, ки аз ҳад гузаронд ва гапе, ки то имрӯз ба Муртазо нагуфта буд, баногоҳ аз даҳонаш баромад, риштаи суханро дарҳол ҷониби дигар гардонда пурсид:
-Росташро гӯй, ту бо он духтар ягон алоқа дорӣ?
Дар ҷавоб Муртазо хомӯш монд. Вай чӣ ҷавоб доданашро намедонист, зеро аз хурдӣ ба ростгӯйӣ одат карда буд ва кушанд ҳам, дурӯғ гуфта наметавонист. Не гӯяд, ҳозир аз оғӯши Шафоат баромада омад ва хоҳ- нохоҳ рӯзе вақти интихобаш фаро мерасаду дурӯғаш фош мешавад. Ягона шахсе, ки Муртазо дар наздаш лол мемонд модараш буд ва ҳоло ҳам вай ба модар чӣ гуфтанашро надониста, гӯшаки телефон дар даст пушти сарашро мехорид. Ҳайрон буд, ки чӣ гӯяд.
-Чаро хомӯшӣ? Аз сукутат маълум, ки Садоқат дурӯғ нагуфтааст. Ҳой бача, ақлатро ба сарат гир, раҳматӣ падарат бисёр одами ҳалол буд, ман гумон мекардам, ки ту ҳам мисли ӯ мешавӣ, афсӯс, хато кардам. Дониста бош, агар ин гапҳо рост бошанд, ман аз баҳри ту барин писар мегузарам. Дигар ҳаргиз ёди ман накун!
Садои мондани гӯшак аз он тараф гӯё зарбае буд, ки бо путки гарон ба сари Муртазо зад....
***
-Ҳа муаллим, чаро ин қадар ба худ гирифторӣ?-Овози директори мактаб Муртазоро дар баромадгоҳи дарвозаи мактаб ба худ овард.
-Не, ҳамту...
-Ман ба ту ҷавоб дода будам- ку, чаро ҳамроҳи зану бачаат ба шаҳр нарафтӣ?
Дар майнаи Муртазо ягон дурӯғе пайдо нашуд, ки ба директор гӯяд.
-Онҳо худашон рафтанд. Ман гуфтам, ки дар давраи каникул меравам, ҳоло синфи тамомкунанда дорам, бояд аз паи онҳо шавам.
-Боракалло, муаллими ҳақиқӣ ана ҳамин хел мешавад. Хуб кардӣ, ки нарафтӣ. Пагоҳ як маҷлис карда, масъалаи тайёрии хатмкунандаҳоро ба имтиҳонҳои хатмкунӣ дар шӯрои педагогӣ муҳокима мекунем.
Вақте ки онҳо аз ҳам ҷудо шуданд, ба сари Муртазо андешае омад, ки акнун ӯ дурӯғро пайдарҳам гуфта истодааст. Зиндагии ӯ аллакай пур аз дурӯғ шудааст. Ишқи дурӯғин, зиндагии дурӯғин, гапи дурӯғ ва ҳатто андешаҳои дурӯғ. Чаро чунин шуд? Магар то ин дам зиндагии бад дошт? Зани дӯстдошта, кори дӯстдошта , фарзанду модари дӯстдошта дошт. Магар барои инсон ҳамаи ин кам аст? Пас чӣ шуд, ки ӯ ба ин пайроҳаи лағжонак қадам ниҳод? Сабаб кист ё чист?
ххххх
Вақте ки ӯ пас аз даъвати директор саросема аз хона мебаромад, Шафоат ҳанӯз он ҷо буд ва либосҳояшро мепӯшид. Ҳоло ҳам дар ҳамин ҷо бошад? Муртазо дарро тела дода, ба хона даромад. Чашмонашро офтоб бурда буд ва то ба торикӣ одат кардан чизеро надид, баъд тарҳи мизу курсии дарстайёркуниаш ба назараш намоён гашт, сипас ҳама ҷиҳози хонаро медидагӣ шуд. Ҳайрон монд: ҳамаи кӯрпаю кӯрпачаҳо бо тартиб дар раф чида шудаанд, либосҳо дар мех овезон ва дар рӯйи хона дастурхон густурда шудаасту дар болои он як коса шири навпухта ва якто нони ношикаста. Муртазо ҳайрон ба рӯйи кӯрпача нишаст. Чашмаш ба варақи аз дафтар кандашудае афтод, ҳайраташ дучанд гашта онро аз замин бардошт. Хати Шафоатро дарҳол шинохт. "Муаллимҷони азизи ман, ҳама чизро ҷой ба ҷой кардам, вале туро интизор нашудам. Мабодо модарам хавотир шуда наояд гуфта тарсидам. Ту акнун шоҳи манӣ, ту акнун амири манӣ, ту акнун пайванди манӣ. Беақлӣ накун, ки шармандаат мекунам. Барои мани ошиқ заррае фарқ надорад, ки ту устоди ман ҳастӣ ва зану фарзанд дорӣ. Шафоати ту."
Бо хондани ин сатрҳо Муртазо бори дигар боварӣ ҳосил кард, ки дигар роҳи наҷот барояш баста аст. Вай ба ботлоқе ғӯтидааст, ки аз он ягон умеди наҷот нест. "Хайр чӣ, маълум, ки аз Шафоат зани бад намебарояд... Аммо Садоқат чӣ? Магар аз ӯ дил канда метавонад? Муртазо кадомашонро бештар дӯст медорад? Ин саволе буд, ки дар умқи майнааш ҳар лаҳза садо медоду мард ба он ҷавоб ёфта наметавонист...
***
Садоқат баробари аз дарвоза даромадани хушдоманаш хост ба тарафи ӯ давида, дар телефон чӣ гуфтани Муртазоро пурсад, аммо худро нигоҳ дошт ва дар рӯйи кат мунтазири наздик омадани ӯ шуд. Иқбол, ки дар паҳлӯяш менишасту мошинчаеро бозӣ дошт, баробари дидани бибиаш бо ёрии модараш худро аз кат поён андохта ба сӯи ӯ давид. Чеҳраи кампири Холбибӣ гирифта менамуд. Вақте ки Иқбол бо бибиаш баробар шуд, кампир хам шуда, ӯро ба оғӯш гирифт ва беихтиёр аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуда, ба рухсори пурожангаш шорид. Ин ҳолати хушдоманашро дида Садоқат ба ташвиш афтид ва шитобон ба наздаш рафта кампирро ба оғӯш гирифт. Ду зани муштипар бе сухан гиря мекарданд. Онҳо қурбонӣ буданд, қурбонии як найранг, қурбонии каждуми зери бурё, қурбонии ҳарисии мард ба зебоӣ, қурбонии беиродагии марде, ки ҳарду ӯро саробони худ медонистанд...
Иқболи хурдакак ҳайрон буд, ки чаро китфони бибию очааш меларзанд.
-Майлаш духтарам, бачаатро гиру ба хонаи модарат рав. Ман дигар Муртазо ном писар надорам. Акнун ман танҳо як писар дорам ва номаш Иқбол аст.
-Муртазо чӣ гуфт?-Нимовоз пурсид Садоқат.
-Вай чӣ ҳам мегуфт, худашро сафед кард, вале ман модар ҳастам ва бе сухан ҳам асли гапро мефаҳмам. Ҳис кардам, ки гапи ту дуруст аст. Духтарам, ману ту қурбони ким-кадом каждум гаштаем. Каждуме, ки ба зери бағали Муртазо ҷой шудааст ва ягон рӯз ҳатман ӯро заҳр зада мекушад. Ман дигар дар бораи Муртазо чизеро шунидан намехоҳам, вале туро аз ҳаётам хат намезанам. Аз ин пас ту келини ман не, духтарам ҳастӣ, Иқбол бошад, набераам. Инро фаромӯш накун! Духтарҷонам, асалам, аз зиндагӣ дилхунук нашав, ку бубинем, ин чархи каҷрафтор ба сари ману ту боз чи рӯзҳоро меоварда бошад...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Тавсия медиҳем:
САРНАВИШТ Каждум дар бағал
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми1)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми3)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми 4)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми 5)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 6)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 7)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 8)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 9)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 10)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 11)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 12)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 13)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 14)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 15)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 16)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 17)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 18)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 19)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 20)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 21)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 22)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 23)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 24)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 6)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 7)