Sebiston new 2024 october
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 61)
17.03.2020
А. ҲОҶӢ
2988

(Давомаш)

Шафоат мисли мастҳое, ки куҷо рафтану чӣ кор карданашонро намедонанд, роҳ мерафт. Гоҳ-гоҳ ба буттаҳои сари роҳ пешпо хӯрда, қариб меафтид, аммо боз қоматашро рост карда, ба пеш ҳаракат мекард. Офтоби тулуъкардаистода аз самти муқобил, аз сари кӯҳ намудор гашта чашмонашро мебурд. Духтар мижгонҳои дароз-дарози зебояшро ба ҳамдигар ҷафс карда, аз нури он пинҳон шудан мехост, вале нури тези офтоб аз паси ин панҷара гузашта, чашмонашро месӯзонд. “Ҳақиқат ҳам мисли ҳамин нури офтоб аст. Як рӯз не, як рӯз намоён мешавад ва он чӣ дар паси парда пинҳон буд, ошкор мекунад. Хайр, ман чӣ кори бад кардам? Як ҷавон маъқул шуду ба ӯ дил додам ва барои расидан ба висолаш ҳама корро кардам. Одам дар ин дунё барои худ зиндагӣ мекунад, на барои очаю ота ва ё хешу ақрабояш. Бояд барои расидан ба мақсади худ ҳама корро кард. Магар ман кори бад кардам? Хайр чӣ, ман ба муаллим маъқул шудам ва ӯ бо ман ҳар кореро, ки мехостаму мехост, кард...”,- роҳравон дар дил худро сафед карданӣ мешуд духтар. “Ман чӣ кори бад кардам мегӯӣ? Як мардаки зану бачадорро ба домат андохта аз оилааш ҷудо кардӣ ва ӯ шарманда шудан нахоста худро ба ҷарӣ андохт. Худо накарда мурад, занаш беваю кӯдакаш ятим мемонад...”,- ба ӯ муқобил мебаромад садои дигар аз як гӯшаи дилаш... “ Магар ман ҳам зани ӯ нестам, охир вай маро дар шоҳидии чанд нафар ба занӣ гирифт-ку?”,- исрор мекард садои аввал. “Ту ҳам зани ӯ, аммо зане, ки бо макру фиреб ин мардро ба никоҳ маҷбур намудааст. Магар ту дар батнат фарзанд дорӣ? Не охир, инро танҳо барои ба даст овардани Муртазо фикр карда баромадӣ ва бо ҳамин роҳ модаратро тарсондӣ. Бин, як дурӯғи ту чӣ қадар мусибату фоҷиа овард. Магар вақти он нарасидааст, ки ба ҳамааш иқрор шавию домони он мардро раҳо кунӣ, албатта агар вай бечора зинда монад...”,- мегуфт овози дуюм. “Не, ҳаргиз ин корро намекунам. Ман Муртазоро дӯст медорам ва мехоҳам ҳамроҳи ӯ бошам, агар зинда монад. Худо накарда мурад, ман ҳам худамро мекушам...” ,- Шафоат инро дар дил мегуфт, вале худаш ба гуфтаҳояш бовар надошт. “Модарам рост мегӯяд, ман худро аз ҳад зиёд дӯст медорам ва ҳаргиз ба мурдан розӣ намешавам... Эҳ Худои меҳрубон! Коре кун, ки Муртазо зинда монад. Ман ӯро дӯст медорам, вале барои вай шуда худро ҳаргиз намекушам...”

Шафоати хурдакак, замоне ки падараш ҳанӯз дар деҳа буд, эркаи падар буд. Ҳасратмоҳ шавҳарашро ҷанг мекард, ки духтарро ин қадар эрка накунад, аммо падари Шафоат гӯш намекард ва ҳар гоҳ ба мағоза ё бозор равад духтарашро ҳамроҳ гирифта чизҳои дилхоҳашро харида медод. Боре ҳам нашудааст, ки падараш хоҳиши ӯро иҷро накарда бошад. Зочаи аз ҳама калонтарин дар деҳа аз они Шафаот буд. Бори аввал мисли писарбачаҳо ӯ соҳиби велосипед шуд. Куртаҳои зебоеро, ки Шафоат мепӯшид, ҳамсолонаш ҳатто орзу карда наметавонистанд. Худо Шафоатро бар ивази духтари гумшудаам ба мо додааст гӯён, падараш намегузошт, ки ӯ аз чизе камӣ дошта бошад. Ҳоло дар Русия бошад ҳам, вай духтарашро фаромӯш накардааст ва мудом аз он ҷо барои Шафоат либосҳои беҳтаринро мефиристад ё бо худ меорад.   Падараш марди камгапу қавоқӣ аст, аммо барои Шафоат чизеро дареғ намедорад. Қиссаи чӣ тавр шавҳар кардани ӯ ба гӯши падараш расад, чӣ мегуфта бошад? Худо ин рӯзро нишон надиҳад, ки Шафоат пеш аз маргаш мемурад...

Ғарқи чунин андешаҳо Шафоат ба буттаи шибоғ пешпо хӯрда афтид. Дасташ сахт ба дард даромад ва духтар якпаҳлӯ гашта онро аз назар гузаронд. Дасташ дар санге харош ёфта аз ҷои захм хун мешорид. Шафоат ба оринҷи дигараш такя карда, аз ҷояш нимхез шуд, вале дубора ба болои сабзаи навдамида нишаст. Вай хам шуда чанд тора сабзаи навдамидаро канду ба ҷои захмишудаи дасташ монд. Захм каме сӯзиш кард, вале сабзаи хоколуд зуд таровиши хунро боздошт. “Агар захм хурд бошад, бо андак даво сиҳат мешавад, вале агар калон бошад, ба мисли захмҳои Муртазо ҷарроҳӣ мехоҳад. Барои он, ки захми хурд ҳарчи зудтар шифо ёбад, ҳозир ба назди Муртазо меравам ва ҳамаашро нақл мекунам. Мегӯям, ки ман аз ту ҳомила нашудаам. Хоҳӣ, бо ман бош, нахоҳӣ, метавонӣ ба назди зану кӯдакат баргардӣ... Ихтиёр ба дасти туст...”. Андеша дар бораи оқибати кораш ва фикри бозгашти падараш ӯро ба чунин тасмим водор намуда буд, ғайр аз ин, охир то ба кай вай таънаи модарашро мешунавад?

***

Хабари марги дугона ва қудояшро аз забони духтур шунида, Холбибӣ дар ҷояш шах шуда монд. Намедонист чӣ гӯяду чӣ кор кунад. Онҳо бо кӯмаки духтур ва хоҳари шафқат ҷасади аллакай хунукшудаистодаи Ҷамиларо аз рӯйи харак бардошта, ба як палатаи холӣ бурданд. Ҳамшира аз куҷое як порча суфи сафед ёфта овард. Дар бадани Ҷамила аллакай ҷон набуд, аммо Холбибӣ аз рӯйи диду шуниди худ калима гардонд ва аввал бо як пораи суф, ки онро духтур бурида дод, манаҳи Ҷамиларо баст, баъд аз пои дугонааш ҷӯробҳояшро кашида, гӯшаи дигари суфро бурид ва бо риштаи ҳосилшуда ду панҷаи калони пои маитро бо ҳамдигар баст. “Наход, ману ту бо ҳамин ният ба ин ҷо омада бошем-а Ҷамила? Чаро мани беақл, ки бемории дил доштани туро медонистам, ба ин сафар розӣ шудам? Аз куҷо медонистам, ки дар ин ҷо ин ҳодисаҳои мудҳиш рӯй медиҳанд ва фарзанди беақлат худро ба ҷарӣ меандозаду ту ин ҷаҳонро тарк мекунӣ? Агар ман инро медонистам, магар ба ин ҷо меомадам?” Ашки ҳасрат ба рӯйи пурожанги Холбибӣ таровида аз зери манаҳаш ба болои қарси сафеди Ҷамила, ки як гӯшаи рӯяшро мепӯшонд, афтид. Ин ҳолат ҳамшираро, ки ба ҳар як ҳаракати Холбибӣ назорат мекард, ба риққат овард ва аз чашмони ӯ низ ашк баромаду бо оҳанги ҳамдардӣ пурсид:

-Хоҳаратон мешаванд?

-Не, аз хоҳар ҳам наздиктар...

Духтур простини кати дигарро аз болои кӯрпа гирифта, болои маитро пӯшонд ва аз китфи Холбибӣ бардошта гуфт:

-Тақдирашон ҳамин будааст. Ягона касе, ки мурдаро соҳибӣ карда ба шаҳр барад ҳаст? Писарашон канӣ?

Холбибӣ чашмони пурашкашро ба рӯйи духтур дӯхта гуфт:

-Писараш дар рӯйи кати ҷарроҳии шумо, соҳиби ӯ ман ҳастам, ҳозир ба духтарам телефон карда маслиҳат мекунам, ки чӣ кор мекунем.

-Мо чӣ хизмат кунем?–пурсид доктор Салим.

-Хизмати шумо ҳамин, ки писарашро аз марг наҷот диҳед. Арвоҳаш шод мешавад. Ин зан дар ғами ҳамин писар мурд... Боқӣ, ташвиш накашед, ҳамсояҳои хуб, рафиқони хуби раҳматии шавҳараш ва дӯстони писараш ғами мурдаи ӯро мехӯранд. Фақат ҳамин, ки наберааш ҳанӯз хурд аст ва наметавонад модаркалонашро ба қабр гузорад. Як ҷиян дорад, агар ҳамон ояд, ин корро мекунад,-аллакай ғами гӯру чӯби Ҷамила, ки чандин сол боз бо Холбибӣ дугона буд, андешаҳои кампирро ба дигар тараф бурда буд ва ӯ бо нӯги остин чашмонашро пок кардаистода бо роҳнамоии ҳамшира ба сӯи ҳуҷрае, ки он ҷо телефон буд, равон шуд...

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

А. ҲОҶӢ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД