Formula novemver 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 47)
03.03.2020
А. ҲОҶӢ
3028

(Идомааш)
-Оча...Ту...ту кай омадӣ? Чаро маро огоҳ накардӣ? Холаи Холбибӣ, шумо ҳам ин ҷо?

Кампирҳо ба ӯ менигаристанду чизе намегуфтанд. Аз чашмон, аз чеҳра ва аз сар то пои Муртазо аломати хастагӣ ва ким чӣ хел як ошуфтагии номуайяне падидор буд. Чеҳрааш хеле коҳида буд, аз ғояти харобӣ устухонҳои бари рӯяш метофт. "Бачаякам анча азоб кашидагӣ барин..." аз дил гузаронд Ҷамила. Ана оқибати сабукфикрию беандешагӣ..." гуфт дар дилаш Холбибӣ… Аввалин шуда Холбибӣ худро ба даст гирифт ва ба зарда гуфт:

-Шунидем, ки ту дар ин ҷо номи мактабатро баланд кардаӣ, барои ҳамин ба табрикат омадем!

-Ана дидӣ, модаронат ҳам бо ту фахр мекунанд,-Ба суҳбат ҳамроҳ шуд директор, ки ҳанӯз аз асли гап хабар надошт.-Шукр гӯй, ки ин модарон аз ҳамин қадар роҳи дароз туро хабаргирӣ омадаанд.

Муртазоро ёрои сухан гуфтан набуд, вай интизор буд, ки давоми ин моҷаро чӣ мешуда бошад. Директор бо ҳамон оҳанг суханашро идома дода гуфт:

-Бигзор як-ду рӯз меҳмон шуда, деҳаи моро тамошо кунанд. Онҳоро як ба хонаи мо ҳам биёр, кампирҳои ҷаҳондидаанд, аз ину он суҳбат карда мешинем...

Муртазо дар ҷавоб чизе нагуфт, кампирҳо ҳамбанди андешаҳои бесару нӯги худ сар намебардоштанд. Директор инро нишонаи мондашавии меҳмонҳо дониста ба Муртазо рӯ овард:

-Онҳо аз роҳи дур омада, хаста шудаанд. Ҳоло меҳмонҳоятро гирифта ба хонаат бар, андак дам гиранд. Ман мегӯям ба ҷои ту Саидов даромада дарс медиҳад...

-Не, лозим не, монед корашро кунад, мо худамон ба он ҷо меравем. Ба хотири мо Муртазоро аз кораш намононед муаллим,-даст афшонд Холбибӣ.

-Ҳар рӯз ба деҳаи мо чунин занҳои нуронӣ намеоянд, як рӯз ҳеҷ гап не,-истодагарӣ намуд директор, вале якбора чизе ба хотираш расиду аз роҳгардӣ дар саҳни кабинети васеъаш бозмонд,-Гуфтагӣ барин, имрӯз мо ба онҳое, ки дар озмуни ноҳиявӣ ғолиб омаданд, дар танаффуси калон мукофотҳояшонро месупорем. Барои ҳамин, то гузаштани ин чорабинӣ Муртазо ин ҷо лозим аст, чунки ӯ роҳбари ин даста буд...

Баъди ин суханон директор андаке андешамандона пушти сарашро хорид, вале баъд чизе ба ёдаш расиду чашмонаш барқ заданд ва хушҳолона гуфт:

-Роҳи ҳаллашро ёфтам, бигзор инҳоро ҳо толибаи пешқадам дорӣ ку... номаш чӣ буд… ҳа Шафоат, бигзор ҳамон духтарак меҳмонҳоро ба хонаи ту барад, худат пас аз итмоми мукофотсупорӣ ба хона меравӣ… Чӣ гуфтӣ Муртазо?

Муртазо баъд аз вохӯрӣ бо модару модарарӯсаш бори аввал даҳон во кард:

-Майлашу лекин ӯ ҳам мукофот мегирад-да...

-Э сабил монад ин фаромӯшхотирӣ! Вақти ба нафақа рафтан расидааст. аз ёдам рафтааст, охир Шафоат яке аз қаҳрамонони ин озмун буд-ку! Майлаш, аз синфи худат ягон нафарро интихоб карда модарҳоро ба хонаат фирист... Мебахшед, ки чунин шуд. Ягон як соат пас бачаатонро ба наздатон мефиристам, -ба меҳмонон рӯ овард директор ва баъд ба Муртазо нигариста ба суханаш идома дод,- ту рафта ягон хонандаро аз синфат биёр ва калиди хонаатро ба инҳо деҳ, баъдтар худат меравӣ..

Муртазо чизе нагуфта, аз дар баромад, директор низ аз паси ӯ берун шуд, Холбибию Ҷамила бошанд ҳамоно мисли пештара беҳаракат менишастанд...

***

Писарбачае, ки дар гардан галстук дошту куртаи сап-сафедаш бо шими сиёҳи мактабиаш "ҷанг мекард", пеш даромада, онҳоро аз саҳни ҳавлии мактаб ба кӯчаи марказии деҳа баровард. Пеш-пеши онҳо писараки 10-12- солаи дигаре харсавор мерафт. Дар болои хар алаф бор карда буданд. Писараке, ки занҳоро ҳамроҳӣ менамуд, ба харакӣ гуфт:

-Муаллим мекушад Ҷовид, чаро ба дарс нарафтӣ?

-Очаам дар хона алаф нест, ки гов хӯрад гӯён, саҳар кати маро алафдаравӣ фиристод. Гумон кардам, ки то саршавии дарсҳо меоям, аммо дер мондам,-бо садои ҳазин ҷавоб дод Ҷовид

-Имрӯз муаллими Саттор нест, дарси якум нашуд, зиқ нашав, -ӯро тасаллӣ дод писарак ва бо ифтихор идома дод,-Маро муаллим Сафаров бо инҳо ҳамроҳ карда ба хонааш равон кард. Инҳоро он ҷо бурда мемонаму меоям,-маълум буд, ки бача аз ин супориши муаллимаш фахр карда истодааст.

Ҷовид бо бари остинаш биниашро тоза карда истода, як ба кампирҳо нигоҳ карду гуфт:

-Шариф, ба инҳо гӯй борхалтаашонро диҳанд, то боло мебарам...

Кампирҳо, ки ба суҳбати бачаҳо гӯш медоданд, гуфтанд:

-Не, раҳмат. Дар борхалтаҳои мо чизе нест, як-ду нон аст, ки худамон мебарем. Бачаҷон, шумо дар синфи чандум мехонед?

-Мо ҳардуямон аллакай дар синфи шаш мехонем. Муаллими Сафаров ба мо аз биология дарс медиҳад. Он кас моро баҳор ба экскурсия бурда буданд. Муаллими нағз,-хулоса кард Шариф ва Ҷовид низ ӯро дастгирӣ намуд,-Одамро ҷанг намекунад, шумо мегӯяд... Мардаки каппа калон бачаҳоро "шумо" мегӯяд…    

Аз ин гапи писарбачаҳо завқи ҳарду кампирҳо маду хандиданд.

-Охир одамро шумо гуфтан лозим,-гуфт Ҷамила,-Муаллиматон ҳамаро шумо мегӯяд?

-Ҳа ҳамин тавр. Дар мо одами калонро ҳам ту мегӯянд. Ин Сафаров одами аҷиб,-хулоса кард писараки харсавор бо нӯги халачӯбаш сари харашро ба тарафи дарвозаи пастаке гардонида истода ва баъд ба Шариф нигаронида гуфт:

-Инҳоро ба хонаи муаллим бурда мону зад баргард, ҳамроҳ ба мактаб меравем...

Давоми роҳро ду кампиру як писарак бе сухан тай карданд…

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД