arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 30)
15.02.2020
А. ҲОҶӢ
3134

(Давомаш)

 

Ин кори модар ҳанӯз аз бачагӣ ба Садоқат мефорид ва ӯ чашмонашро нимпӯш карда, аз навозиши ӯ лаззат мебурд. Кампири Ҷамила, ки ин одати духтарашро медонист ва барои ҳамин дигар чизе напурсида, мӯйҳои Садоқатро тавре, ки ба ӯ мефорид, сила кардан гирифт...

-Эҳ духтарҷони азизи ман. Ту замоне ба дунё омадӣ, ки ҳанӯз дар шаҳрамон садои тиру туфанг ба гӯш мерасид. Он вақт падарат туро дар болопӯши таваллудхона печонда оварда буд...

-Шумо маро дар кадом таваллудхона таваллуд кардед?

Кампири Ҷамила якбора аз олами хотираҳо ба олами ҳастӣ баргашту худро ба даст гирифт . "Қариб ҳама корро расво карда будам. Охир чӣ хел гӯям, ки туро ман назоидаам, падарат ҷони худро дар хатар гузошта, туро аз таваллудхонаи ҳадафи тирборон қароргирифта бо сад азоб бароварда ба хона оварда буд. Барои ман ту аз ҷонам азизтар ҳастӣ, вале туро на ман, балки зани дигар ба дунё овардааст, духтарҷон?! Не, не, ҳаргиз ин сирро кушодан лозим нест, агар Садоқат фаҳмад, ки фарзанди ман нест, дилаш хунук мешавад. Ман духтари ширинамро аз даст додан намехоҳам. Вақте шавҳарам ин тифлаки лӯлакпечро овард, Худованд бо як назар меҳри ӯро дар дилам ҷо кард. Бо қудрати парвардигор аз меҳру муҳаббати зиёд ба ин кӯдак ҳатто дар синаам шир пайдо шуд. Садоқатро ман назоида бошам ҳам, духтари худам аст, чунки бо сад ранҷу азоб бо умед калонаш кардаам»,- дар дилаш бо худ мунозира мекард модар.

-Оча, шумо маро дар кадом таваллудхона зоида будед?-Саволашро дубора такрор кардани Садоқат ӯро ба худ овард.

-Духтарҷон, он вақт дар шаҳр ҷанг буд ва касе аз хонааш баромада наметавонист. Падарат маро... маро ба ҳамон таваллудхонае, ки ба хонаамон наздик ҳаст ку... Номаш чӣ буд? Ҳа...

-Таваллудхонаи №3?

-Ҳа, ба хаёлам ба ҳамон ҷо бурда буд...

-Оча, дар вақти таваллуди ман азоби зиёд кашидӣ?-Сарашро андаке бардошта пурсид Садоқат.

-Не, ту маро азоб надодаӣ...

"Шояд акнун азоб диҳам. Бубахш, ки дар пиронсолиат азобат медиҳам. Очаҷон, агар медонистӣ, ки ҳоло аз дили духтарат чиҳо мегузарад, яқин ҷигархун мешудӣ. Ту маро ба Муртазо дода сахт хато кардӣ! Аслан, айби ту нест, Муртазоро худи ман ёфтаму ту дили духтари ягонаатро шикастан нахоста ба падарам гуфтӣ, ки монед нағздидаи худашро гирад. Эҳ очаҷон, кошкӣ ҳамон вақт мисли дигар модарҳо ду шаппотӣ зада, маро ба ҷоям мешинондию маро ба домоди ёфтаи худат ба шавҳар медодӣ, шояд он гоҳ чунин рӯзи сахт ба сарам намеомад…»,- риштаи хаёлоти Садоқатро садои ҳуштаккашии чойник, ки аз ҷӯшидани об дарак медод, барканд. Вай оҳи сабук кашида сарашро аз зонуи модар бардошту барои дам кардани чой рафт.

-Хайрият омадӣ духтарам, чанд вақте, ки ин ҷо бошӣ, корамро сабук мекунӣ. Акнун ман ҳам ба ҳамсояҳоям гуфта метавонам, ки "ана бинед, духтарам меҳмонӣ омада дастамро гирифтааст..."

"Эҳ очаҷони ширини ман, Худо медонад, ки ин меҳмонии ман чӣ қадар давом мекунад",-чойникро аз болои газ гирифта истода андеша кард Садоқат.

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД