arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 29)
14.02.2020
А. ҲОҶӢ
2864

(Давомаш)

 Холаи Ҷамила духтару набераашро дар дами дар бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта, ҳардуро бо меҳр бӯсида гила кард:

-Хайрият намурда ба дидори шумо расидам. Ақаллан як бор телефон ҳам намекунӣ Садоқат. Дар бораи зиндагии шумо танҳо аз Холбибӣ як чиз ним чиз мешунавам. Гузар духтарҷон, мани кампир бо лаққидан усто. Иқболҷони ман бачаи калон шудааст-ку!

Садоқат аз ду рухсори модараш бӯсида, хост дари даромадро пӯшад, аммо модараш бо як дасташ Иқболро доштаистода бо дасти дигараш монеъ шуд:

-Мон Муртазоҷон ҳам дарояд, магар ӯ дар паси дар нест?

-Не, дадаам нест,-бо оҳанги ба назари бибӣ андаке ғамолуд гуфт Иқбол

-Магар шумо танҳо омадед?

-Ҳа, кори Муртазо бисёр буд, худамон омадем,-гуфт бо сари хам Садоқат суханони хушдоманашро ба ёд оварда, ки гуфта буд: "Якбора ба модарат дар бораи гуноҳи Муртазо нагӯй, мон андаке вақт гузарад..."

-Хайр, канӣ ба хонаи калон гузаред, дар равшанӣ рӯятонро баҳузур бинам. Хуб пазмонатон шудам. Дирӯз акаат телефон карда буд, мумкин пагоҳ ҳамроҳи зану бачаҳояш биёяд. Имрӯз шумо дам гиред, аз роҳи дур омадед...

-Очаҷон мо дирӯз омада будем, дар хонаи худамон будем. Хуб дам гирифтем. Акнун ҳама корҳоро ба ихтиёри ман гузореду худатон дам гиред,-ин суханонро Садоқат гуфта ба утоқе, ки пештар, дар давраи духтариаш хонаи хоби худаш буд, даромада либосашро иваз кард.

-Э бачам, дар ин хона чӣ кор ҳам ҳаст? Ҳавлӣ набошад, ки ҳар субҳ аз рӯфту рӯби таги дарвоза сар кунӣ. Буду шудаш як сехонагӣ. Аз бекорӣ ҳар рӯз даҳ бор хонаҳоро мерӯбаму мешӯям. Акаат ҳамроҳи бачаҳояш дар хонаи худаш, ту ҳамроҳи шавҳару бачаат дар ким кадом қишлоқ, мани пир дар байни ин чор девор рӯзи дароз аз зиққӣ қариб мекафам. Мӯйсафедакам ақаллан даҳ солаки дигар зинда мемонд, бахти шумоёнро медиду аз ин дунё бе ҳасрат мерафт, аммо… Тақдиру насибамон ҳамин будааст… падарат бахти шумоёнро надида рафт... Эҳ ҷони оча, кадом як дарду алами диламро гӯям,-кампир оҳи сард кашида, набераашро ба хонаи калон даровард ва болои диван шинонда гуфт:

-Иқболҷон, ҳозир ман бозичаҳоро аз шкаф мегирам, ана баъд ҳардуямон бозӣ мекунем...

Иқбол, ки дар ҷои кушод одат карда буд, ба гапи бибиаш гӯш накарда, сӯйи дар давид. Писарчаи шӯх мехост ба кӯча барояд, аммо овози омиронаи модараш ӯро аз роҳ дошт:

-Ин ҷо барои ту қишлоқ ё ҳавлии бибии Холбибиат нест, ки бемалол бозӣ карда гардӣ. Хапакак шин!

Иқбол ноилоҷ баргашт ва ба бибиаш наздик шуда бо овози гиряолуд гуфт:

-Бибӣ, очаамро бин, маро ҷанг мекунад...

Одатан вай аз рӯйи модараш ба падараш шикоят мекард, аммо ҳоло, ки Мустафо дар бараш набуд, эҳсос намуд, ки дар ин ҷо бибиаш такягоҳаш гашта метавонад.

Кампири Ҷамила аз он, ки наберааш ба ӯ такя мекунад, хурсанд шуда, гӯё духтарашро ҷанг мекарда бошад, овоз баровард:

-Ҳой духтар, чаро ту Иқболи маро ғам медиҳӣ? Ҳозир рафта гӯшҳоятро мебурам...

Садоқат ба оҳанги гапзании модараш тақлид намуда бо "зорӣ" гуфт:

-Очаҷон, тавба кардам, дигар ҷанг намекунам! Гӯшҳоямро набуред...

Иқбол муштчаҳояшро аз ду бари рухсораи ашколудаш дур карда, ба гардани бибиаш ҳалқа намуд ва табассумкунон гуфт:

-Бибиҷон, ин дафъа гӯшҳои очаамро набуред, агар бори дигар ҷанг кунад, баъд буред, майлаш?

Кампир аз ин кори Иқбол ба ваҷд омада, ӯро сахт ба оғӯш гирифту гуфт:

-Майлаш, бачаҷони ширини ман, агар як бори дигар туро ҷанг кунад, ҳардуямон гӯши очаатро мебурем. Ҳоло биёед ба ошхона меравему якҷоя чой менӯшем.

-Садоқат, аз даруни яхдон як банка мураббои олугиро, ки барои Иқболҷонам руст карда монда будам, барор. Ба шумо мефиристам гуфта чанд банка маҳкам карда будам, ана худатон бо пои худ омадед, акнун якҷоя мехурем. Чӣ гуфтӣ бачаҷон?

-Фаҳмидӣ оча? Мурабборо биёр, ки набошад ба дадаам... не ба бибиам мегӯям, гӯшатро мебурад,-ангушташро таҳдидкунон нишон дод Иқбол ва дасти бибиашро дошта ба ошхона равон шуд…

Пас аз чойнӯшӣ хоби Иқбол дар болои курсии ошхона бурд ва Садоқат бо эҳтиёт ӯро бардошта, дар хонаи калон ба болои диван хобонду ба назди модараш баргашт.

-Духтарам, ба назарам ким чӣ хел нороҳат барин менамоӣ. Ягон гап шуд?

-Ҳеҷ гап нест, фақат хонаамонро ёд кардам, туро ёд кардам, падарамро ёд кардам, барои ҳамин ба назарат хаёлолуд намудагистам.

-Духтарҷон, илтимос, ба ман дурӯғ нагӯй, охир ман туро аз худат беҳтар мешиносам. Ҳис карда истодаам, ки дар дилат гапе дорӣ, вале аз гуфтан истиҳола мекунӣ. Ман ба ту бегона не, модарат ҳастам ва туро аз чоррӯзагиат... аз таваллудат калон кардаам. Дили модар ягон вақт фиреб намекунад, ту аз чизе нороҳатӣ... Модар барои он лозим аст, ки кас дарди дилашро ба вай гӯяд. Шукри Худо, туро бе шикасту рехт калон кардам, хонондам, бо обрӯ ба шавҳар додам. Чор сол боз соҳиби хонаю дари худ ҳастӣ, соҳиби писарчаи нозанин шудӣ, шавҳари хуб дорӣ, канӣ гӯй, ба ту боз чӣ намерасад?

-Не, очаҷон, ман аз чизе камӣ надорам. Зиқ нашав. Ман ҳамон Садоқатам ва шояд ба гуфти Иқбол андак гӯшҳоямро мисли давраи бачагӣ кашида монӣ, ба худ оям,-инро гуфта Садоқат сарашро ба рӯи зонуи модараш монд ва модар бо дастони нарми худ мӯйҳои зебои духтарашро чун дар овони мактабхонӣ сила кардан гирифт. Ин кори модараш ҳанӯз аз бачагӣ ба Садоқат мефорид. Чашмонашро нимпӯш карда аз навозиши модараш лаззат мебурд ҷавонзани аламзада. Кампири Ҷамила дигар чизе напурсида мӯйҳои Садоқатро сила кардан гирифт...

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД