Sebiston new 2024 october
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 28)
14.02.2020
А. ҲОҶӢ
3706

(Давомаш)

-Субҳ муаллим вориди мактаб шуд. Баногоҳ садои марғуладор ба гӯшаш расид, ки мегуфт пеш аз ба дарс даромадан як ба кабинети ман дароед,-баъд аз саломи хушк ба Муртазо нигариста гуфт директори мактаб Ҳодизода ва зуд ба сӯи ҳуҷраи кориаш равон шуд.

Муртазо, ки гиребони ғиҷимшудаи куртаашро аз болои галстукаш ҳамвор мекард, аз саломи бе ҳазлу шӯхии директор ҳайрон шуд, зеро ҳар гоҳ рӯ ба рӯ зананд, Ҳодизода бо ягон ҳазли намакин ба ӯ даст дароз мекард. Дили Муртазо таҳ кашида рафт ва журнали синфро, ки аз рафи журналҳо дар хонаи муаллимон ба даст гирифта буд, дубора ба ҷояш гузошт. Вай бо сари хам ба саломи ҳамкоронаш базӯр ҷавоб гуфта ба паси дари ҳуҷраи директор омад ва лаҳзае дудила шуд, ки дарро боз кунад ё не. Ҳодизода гӯё аз паси дар ҳам ӯро дида истода бошад, аз дарун садои омирона баровард:

-Дароед!

-Салом муаллим, ягон хизмат буд?

-Марҳамат шинед. Муҳтарам Самадов, ман аз шумо як хоҳиш дорам. Ба саволҳоям ҷавоби дуруст медиҳед ва ҳеҷ чизро пинҳон намедоред, фаҳмидед?

Аз чунин муомилаи директор Муртазо дар ҳайрат афтод. Вай дар тӯли қариб ҳафт моҳи кориаш бо Ҳодизода бори аввал чунин муомилаи дурушти ӯро бо худ медид.

-Кӯшиш мекунам, рафиқ директор,-нимғурма ҷавоб дод Муртазо, ки дилаш аз кадом ҳодисаи шум дарак медод.

-Ин тавр бошад, сар кардем. Ду моҳ мешавад, ки шумо бе зану фарзандатон танҳо зиндагӣ мекунед. Онҳо бе шумо ба шаҳр рафтанду барнагаштанд. Чаро?

Муртазо сарашро бештар ба пеш хам карда гуфт:

-Ҳавои деҳа ба зану бачаам нафоридааст, барои ҳамин барнагаштанд...

-Муаллим, беҳуда худатонро азоб надиҳед, шумо дурӯғ гуфта наметавонед. Ин хислататонро ман кайҳо омӯхтам. Мо сарамонро дар осиё сафед накардаем, каму беш одамро мешиносем. Байни шумо кадом ҳодисае шуд, ки онҳо аз шумо ранҷиданд. Аммо чӣ ҳодиса? Ана инаш барои ман муаммо аст. Гумон накунед, ки ман ба ҳаёти шахсии шумо дахолат карда истодаам. Ин вазифаи ман аст. Тақдири 21 нафар хатмкунандаи мактабро ба дасти шумо супорида ман бояд донам, ки ба онҳо чӣ касе роҳбарӣ мекунад. Мефаҳмед?

-Бале устод. Шумо хавотир нашавед, бачаҳо ба имтиҳонҳои хатмкунӣ тайёрӣ дида истодаанд, ҳар рӯз дарси иловагӣ мегиранд,-забон хоида риштаи суҳбатро ба дигар тараф кашиданӣ шуд Муртазо.

-Инро ман бе шумо ҳам медонам,-Ҳодизода як муддат хомӯш истоду баъд аз ҷояш хеста ба Муртазо наздик омад ва дар курсии паҳлӯи ӯ нишасту дасташро ба китфи муаллими ҷавон гузошта, ин дафъа бо оҳанги хеле мулоим ва падарона ба суханаш идома дод:- Писарам, шояд байни тую оилаат ягон моҷарои оилавӣ шуда бошад. Ин хел ҳодисаҳо дар зиндагӣ бисёр рух медиҳанд, зану шавҳари ҷавон бо як баҳонаи ночиз бо ҳам ҷангӣ мешаванд ва баъд боз пушаймон шуда оштӣ мекунанд. Шояд байни шумо ҳам чунин ҳодиса шуд бошад. Беҳтараш сари вақт аз занат узр пурсу ӯро баргардон. Бо узр пурсидан одам кам намешавад. Бе зан зиндагӣ кардан бисёр душвор аст, чанд вақт боз мушоҳида мекунам, ки либосҳоят он қадар тоза не, рӯйи дарзмолро надидаанд. Ришат ҳам расидагӣ. Ҳоло ман ҳақ дорам, ки туро бо ин аҳвол ба дарс намонам, вале медонам, ки одами гапфаҳмӣ   ва бо як ишора мефаҳмӣ, ки ин корат нодуруст аст. Имсол ту обрӯи мактаби моро дар ноҳия бо ғолиб омадан дар озмуни санъаткорони ҷавон боло бурдӣ. Чунин кадрҳоро мо бояд дастгирӣ кунем, бинобар ин, хостам бо ту як суҳбат карда хатоятро фаҳмонам, шояд ягон хулоса барорӣ. Ҳа, гуфтагӣ барин, шогирдони санъаткорат ҳоло ба чӣ кор машғуланд? Ҳамон духтараки суруд хондагӣ, ҳа духтари кампири Ҳасратмоҳ имсол ба Донишкадаи санъат меравад?

Дили Муртазо бо шунидани суханони охирини Ҳодизода сахт ба тапидан даромад.

-Ё отаю очааш иҷозат намедиҳанд? Ман худам бо онҳо гапзанон мекунам. Ин духтар истеъдоди баланд дорад ва бояд санъаткор шавад. Мудири маориф ваъда кард, ки барояш квота ҷудо мекунад.

-Н-намедонам. Напурсидаам.

-Ин хел намешавад, муаллим бояд орзуву нияти шогирдашро донад. Муаллим падари маънавии шогирд аст. Бо ӯ як суҳбат карда бин...

Муртазо танҳо бо сарҷунбонӣ суханони директорро тасдиқ мекарду ёрои сар боло кардан надошт.

"Марги ман барин "падари маънавӣ" бод, ки ба шогирди худ дастдарозӣ кардааст. Ҳарчанд дар назди виҷдонам худро гунаҳгор намеҳисобам, аммо бояд садди роҳи ин кор мешудам. Шукр, ки ҳоло касе хабар надорад. Аммо то кай? Рӯзе ин сир кушода мешавад, он гоҳ чӣ хел дар байни мардум сар боло мекунам? Эй Худои меҳрубон, оё аз ин варта ягон роҳи халосӣ ҳаст?" …Директор боз ким чиҳои дигар гуфта, Муртазоро насиҳат мекард, аммо суханони ӯ дигар ба гӯши муаллими ҷавон намедаромаданд. Танҳо вақти аз дар баромадан шунид, ки Ҳодизода аз пасаш мегуфт:

-Ҳатман аз занат узр пурсида ӯро биёр. Бубин баҳори мо чӣ хел зебост. Янга чунин боду ҳаворо дигар дар ягон ҷо ёфта наметавонад…

-Ҳа, муаллим, имрӯз барои либоси дарзмолнакардаю риши расидаат гап шунидӣ?-Овози Шафоат аз даҳлези хона баланд шуда Муртазоро ба худ овард ва ӯ сар аз китоби нависандаи амрикоӣ Эрнест Хеменгуэй "Мӯйсафед ва баҳр" боло карда, саҳифаи китобро дар он ҷое, ки таваққуф карда буд, қат карду онро пӯшонд. Шафоат мисли духтарчаҳои эркаи падар дар бари ӯ дар болои кӯрпача нишаста сарашро ба зонуи Муртазо гузошт.

-Ҳа, ту аз куҷо фаҳмидӣ?

-Фаҳмидам-дия! Вақте ки мӯйсафед туро ҷанг мекард, ман дар паси дар гӯш мекардам. Айби худат, чаро куртаю шиматро намедиҳӣ, ки ман хона бурда шӯяму дарзмол кунам?

-Ба модарат чӣ мегӯӣ? Мегӯӣ, ки ин аз они ошиқи ман аст?

-Не, модарам худаш мегӯяд, ки либосҳои муаллиматро биёр, мешӯем. Занаш дар ин ҷо нест, савоб мешавад.

-Чӣ, ту мегӯӣ, ки ҳар замон ба назди ман меоӣ?

-Э не-е... Натарс. Худаш баъзан мефармояд, ки омада хонаи туро рӯбам, аммо ман дурӯғ мегӯям, ки ба ин ҷо омадан намехоҳам, духтари қадрасам, мабодо муаллим... Ҳа, ҳа, ҳа... Кампир бошад, ба ту чунон боварӣ дорад, ки ба фарзанди худаш чунин бовар намекунад. Мегӯяд, ки ӯ ин хел одам нест. Бечора, аз куҷо донад, ки ин муаллими хубак кайҳо духтари ӯро ...

-Андак шарм кун, Шафоат. Ҳама корро худат сар кардию акнун гуноҳро ба сари ман бор мекунӣ? Мани беақл ҳам шефтаи ту шуда, худамро ба даст гирифта натавонистам...

-Ту ҳоло ҳам шефтаи ман ҳастӣ, муаллимҷонакам. Ману ту бо як банд баста ҳастем. Мӯйсафеди Ҳодизода номаъқул кардааст, аз занат на узр мепурсию на даъваташ мекунӣ. Телефон карда талоқашро деҳ!-Дастонашро ба гардани Муртазо ҳалқа карда гуфт Шафоат.

-Ту чиҳо мегӯӣ? Магар ин кори осон аст.

-Албатта осон, "алло, рав, ман туро се талоқ кардам" тамом вассалом...

-Шафоат, занамро ман ҳаргиз талоқ доданӣ нестам ва... ва...

-Пас, инро ба куҷо мебарем?-бо даст ба шикамаш ишора кард Шафоат,-Аллакай меҷунбад...

Чашмони Муртазо сиёҳӣ заданд. Ранги рӯяш бадал шуд ва сар ба болои китоби Хеменгуэй гузошт...



(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД