(Давомаш)
Муртазо бори аввал дар зери ниқоби симои зебои ин духтари париваш чеҳраи дигареро кашф кард, ки дар тасвираш оҷизӣ мекашид. Шафоат бо неши забонаш дар қалби ӯ захми сӯзоне зад ва ҷавон эҳсос намуд, ки ин захм то охири умраш шифо нахоҳад ёфт.
-Эй муаллим, бедор шав, чаро ғарқи андеша шудӣ? Занат дар пешат нишастааст, магар майли ӯ надорӣ?
-Майл? Ба кӣ?-Парешонхотирона пурсид Муртазо ва рӯ ба Шафоат оварда идома дод,-Ҳа, ба ту мӣ? Майл дорам, охир ба гуфти худат, ту зани нави ман ҳастӣ ку... Зани беникоҳ, зани рустӣ, зани фармонфармо, зани ҷавон ва ...
-Зани зебою дилхоҳ,-бо оҳанги Муртазо дандонҳои сап-сафеди ҷилодорашро намоиш додаистода гуфт Шафоат ва ду дасташро ба гардани Муртазоро ҳалқа кард, аммо ҷавонмард аз ҷониби худ ягон иқдоме накард ва ҳатто дастони ба ду тараф ҳамоилашро наҷунбонд. Шафоат ҳарчанд худро ба Муртазо ширин карданӣ шуд, вале аз санг садо буду аз муаллим не...Тамом шавқу завқи ӯ гӯё ин лаҳза ба куҷое парида рафта буд ва ҳоло ӯ ба кундаи пӯсидаи дарахте шабоҳат дошт, ки шохҳояшро кайҳо бурида партофтаанд. Шафоат дид, ки Муртазоро дигар ба қавли худаш "бедор" карда наметавонад, аз ҷояш хесту омирона гуфт:
-Ҳой мардаки хуб, муносибататро бо арӯсат дигар кун ва ҷавоби занатро то рӯзи душанбе деҳ, вагарна модарамро ба сарат меорам. Фаҳмидӣ?!
Инро гуфта ӯ аз дар баромад ва онро аз пасаш чунон сахт пӯшид, ки аз ларзиши деворҳои хона акси якҷояи дар рӯйи миз будаи Садоқату Иқбол ва Муртазо ба замин афтиду оинааш шикаст...
…
-Домулло, ҳой домулло, шумо дар куҷоед?
Дарвоза ғиҷирросзанон кушода шуд ва аз роғи он симои мулло, ки дар сараш тоқии сафеди гирдак гузошта буд, намоён гашт. Риши дароз, вале тунуки мулло ва рухсораҳои хароби андаке ба ду тараф кашолаш дар пайвастагӣ бо тоқии сафедаш манзараи аҷиберо эҷод намуда буданд. Каллаи мулло ба чойники хитоие монанд буд, ки дар вақти ҷӯшидани обаш ҳуштак мекашад. Бо дидани ин манзара хандаи Муртазо гирифт, вале худро ба даст гирифта, бо нимтабассум гуфт:
-Домулло, бо шумо як маслиҳат доштам...
-Маслиҳат? Бо ман? Охир ту муаллими мактабию ман муллои масҷид. Байни мо чӣ маслиҳат шуданаш мумкин? Ё духтарам дар мактаб бад мехонад?
-Нее, ман муаллими духтари шумо нестам. Тамоман бо кори дигар ба наздатон омадам.
-Хайр, ин тавр, ки бошад, ба хона даро,-инро гуфта мулло Шокир дарвозаро калонтар кушод.
-Не, агар илоҷаш бошад, дар ягон ҷои дигар суҳбат кунем. Гуфтугӯи моро набояд касе шунавад,- сарашро хам карда гуфт Муртазо
-Ҳа, сирри давлатӣ гӯед муаллим. Наход дар ҳамин деҳаи хурдакаки мо ҳам сир бошад? Ҳеҷ гап не, ман хонаи алоҳида дорам, дар он ҷо баъзе корафтодаҳоро қабул мекунам. Беибо даромадан гиред, муаллим...
Муртазо дигар дудила нашуда пой ба остонаи ҳавлӣ гузошт ва аз паси мулло Шокир вориди хоначаи хурде гашт, ки дар пештоқаш чанд китоб ва дар пештахтаи тиреза чароғи карасиние гузошта шуда буд.
-Марҳамат муаллим, ана ин кулбаи фақиронаи мо. Янгаю бачаҳо дар хонаҳои он гӯшаи ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд, ман касеро, ки бо ягон ниёз ба наздам меояд, дар ҳамин ҷо қабул мекунам...
-Қабулгоҳ гӯед,-ҳазл карданӣ шуд Муртазо.
-Не, қабулгоҳ аз калонҳо мешавад, аз они мо як меҳмонхонаи хурд барои корафтодагон,-мулло суханро дароз карданӣ набуд, вай ҳарчи тезтар сабаби омадани муаллимро фаҳмидан мехост.
-Хӯш, муаллим, чӣ хизмат кунем? Шумо аллакай дар байни мардуми мо одами худӣ шудед, беистиҳола гапатонро задан гиред. Пешакӣ огоҳ мекунам, ки ман ба гарму хунуккунӣ ва ба ин монанд корҳо машғул нестам. Медонед-ку, ин корҳо ҷавобгарӣ доранд...
Муртазо медонист, ки мулло Шокир гоҳ-гоҳ чунин корҳоро анҷом медиҳад, аммо худро ба нодонӣ зада гуфт:
-Домулло, ман хуб медонам, ки шумо як марди покдил ҳастед ва танҳо гоҳ-гоҳ барои шифои беморон азоимхонӣ мекунед...
-Кӣ гуфт?-Андаке хавотир шуда пурсид мулло.
-Ҳамту, баъзе талабаҳои ман мегӯянд...
-Мумкин ягон хешу таборро дуохонӣ карда бошам, аммо кори ман фақат имом шуда дар масҷид намози мардумро хонда додан асту халос...
-Домулло, хавотир нашавед, -ӯро ором кардан хост Муртазо,-Ман медонам, ки шумо марди солеҳ ҳастед ва аз қонун берун по намениҳед. Барои ҳамин наздатон омадам, ки ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам...
-Чӣ янга ё бачаро азоимхонӣ кардан лозим? Албатта каси дигар мешуд, не мегуфтам, аммо ба хотири шумо ин корро мекунам. Гӯед, пагоҳ биёянд.
-Домулло, коре, ки ман иҷрои онро аз шумо хоҳиш мекунам, аз ин дида ҷиддитар аст...
-Чӣ, ягон касро гарму хунук кардан лозим? Албатта душвор, вале боз ҳам ба хотири...
-Домулло, ин як сиррест, ки ба ҷуз ба шумо ба каси дигар гуфта наметавонам,-ин дафъа бо хотири парешон, хавотиромез ба берун нигоҳ карда гуфт Муртазо.
Мулло Шокирро ин гуфтаҳои Муртазо сахт ба шавқ овард ва гӯшу ҳуш шуд, ки ин ҷавонмард боз чӣ мегӯяд.
-Домулло, ман барои он ба назди шумо омадам, ки як нафарро никоҳ кунед...
-Э, ҳамин ҳам гап шуд. Коғази ЗАГС дорад? Худатон медонед, ки ҳоло бе ин ҳуҷҷат мо касеро ба касе никоҳ карда наметавонем, агар дошта бошад, кай, ки гӯед ба хизмат ҳозирем...
-Домулло, нозукии гап ҳам дар ҳамин, ки на ЗАГС дораду на ба балоғат расидааст...
Мулло як қад парида аз ҷояш хест:
-Муаллим, шумо меҳмони ман. Марҳамат як пиёла чой аз мо, вале ҳаргиз маро ба ин гуна корҳо қатӣ накунед. Монед, бебало гардем...
Муртазо, ки чунин ранг гирифтани корро ба назар ва ба ҳисоб нагирифта буд, мисли латтаи дар об афтода суст шуд.
-Шумо худатон коргари ҳукумат, муаллим, медонед, ки барои ин корҳо чӣ гуна ҷазо медиҳанд, аммо боз хеста ба пеши ман омадаед, ки кори берун аз қонунро кунам. Не, маро ба ин роҳ тела надиҳед!
Муртазо дид, ки намешавад, ба ҳуҷум гузашт:
-Домулло, гумон накунед, ки аз корҳои шумо ман бехабарам. Ҳамаи корро мекунед, ҳам гарму хунук, ҳам никоҳи пеш аз вақт ва ҳам боз корҳои дигар... Ман ба назди шумо барои кӯмак омадам, маслиҳат пурсидан хостам, шумо бошед...
Мулло андаке мулоим шуда, дубора чорзону зад ва оромона пурсид:
-Гап занед, чӣ кор кардан лозим?
-Домулло, маро бо як нафар бояд никоҳи мусулмонӣ кунед. Нафаре, ки ба балоғат нарасидааст...
Мулло Шокир мисли он ки барқ зада бошад, дубора парида аз ҷояш хест ва даҳонашро базӯр боз карда бо овози ларзон пурсид:
-Муаллим, девона-ку нашудаӣ, охир ту зану фарзанд дорӣ-ку?!
-Бале, дорам... Аниқтараш, доштам…
(Давом дорад)