(Идомааш)
...Муртазо пас аз суханони охирини Шафоат комилан дасту по гум карда буд ва маҷоли сухан гуфтан надошт. Ӯ бо дасташ сари Шафоатро аз рӯйи зонуяш боло карду бемадорона пурсид:
-Наход? Аллакай?
-Чӣ аллакай? Аллакай ману ту қариб ду моҳ аст, ки бо ҳам вомехӯрем. Дар ин муддат гурба дуҷон шуда мезоид... Аллакай будааст... Натарс, ҳанӯз намеҷунбаду лекин аломатҳояш маълум шуда истодааст...Чӣ аз бача шуданаш метарсӣ?
-Охир... охир... шарманда мешавем. Ту мефаҳмӣ?
-Не намефаҳмам, инро вақте фикр кардан лозим буд, ки духтари мардумро ба оғӯш мекашидӣ...
-Ман? Кадом духтари мардумро? Туро? Худат ба оғӯшам даромадию боз имрӯз маро гунаҳгор мекунӣ. Хоҳиш мекунам Шафоат, ҳама гапро гӯй майлаш, лекин дигар ҳеҷ гоҳ нагӯй, ки гӯё ман туро маҷбуран ба худ моил карда бошам. Андак аз Худо тарс...
Шафоат дид, ки аз ҳад гузаронида истодааст ва агар аз ин зиёд ба иззати нафси Муртазо расад, оқибаташ хуб намешавад, сари муаллимро дубора ба оғӯш гирифту меҳрубонона бо овози форамаш, ки онро Муртазо дӯст медошт, гуфт:
-Азизакам, шӯхӣ кардам. Муҳаббати мо дутарафа буд, ҳамин тавр не?
Ҳарчанд Муртазо ба дуҷониба будани муҳаббаташ шубҳа дошт, ба суханони ширини Шафоат тоб оварда натавониста гуфт:
-Рост мегӯӣ, муҳаббати мо дутарафа аст, аммо илоҷи он чизеро, ки дар шиками ту пайдо шудааст, ёфтан лозим...
Шафоат дубора сари Муртазоро аз оғӯшаш раҳо карду бо як изтироби ниҳонӣ гуфт:
-Чӣ, ту мехоҳӣ, ки тифли аввалинамро ман ба ҷаҳон наомада нест кунам? Хестӣ, ки хобат! Мегӯянд, ки агар тифли аввалро нест кунӣ, дигар ҳаргиз соҳиби фарзанд намешавӣ...
-Шафоат, ту ҳоло ҳатто ба балоғат нарасидаӣ, ин гапҳоро аз куҷо медонӣ?
-Ман ба балоғат нарасидаам? Шояд дар назди қонун ба балоғат нарасида бошам, аммо кайҳо ин гапҳоро ақлам мегирифт. Вақте ки бо ту бори аввал ҳамхоба шудам, ҳама чизро медонистам. Худат дидӣ ку...
Муртазо ба ин суханони Шафоат чӣ гуфтанашро надониста, боз ба андеша рафт, аммо Шафоат мисли бабр ӯро раҳо кардан нахоста гуфт:
-Акнун ҷавоби занатро медиҳӣ?
Муртазо лаб газида сар бардошту рост ба чашмони Шафоат нигариста гуфт:
-Мо ҳатто никоҳи мусулмонӣ надорем. Ин кӯдаки ту ҳаромӣ ҳисоб мешавад...
-Ҳаромӣ? Кӣ гуфт? Падараш дар паҳлуи ман нишастааст ва ман аз ӯ даст кашиданӣ нестам. Барои чӣ ҳаромӣ ҳисоб мешудааст?!
-Беникоҳ...
-Э муаллим бошӣ ҳам, ту аз бисёр чизҳо хабар надоштаӣ-да! Магар имрӯз ҳама никоҳ доранд? Ман дар деҳаю лекин мешунавам, ки дар шаҳр занҳо бе мард таваллуд мекунанд. Дар мо ҳам ҳастанд, шавҳараш дар муҳоҷирату зан кӯдак мезояд. Ин бачаҳо аз куҷо? Ё имрӯз ҳама мисли Бибӣ Марям бе мард ҳазрати Исо мезоянд? Ҳамаашон никоҳ доранд? Не! Касе аз касе хоҳад, бача таваллуд кардан мегирад... Албатта аз як ҷиҳат гапат рост аст, боникоҳ бошад, боз ҳам хубтар. Хайр, агар хоҳӣ, биё никоҳ мекунем...
-Рустӣ?
-Чаро рустӣ? Ман гуфтам- ку, ҷавоби занатро деҳ, ошкоро никоҳ мекунем...
Муртазо аз ин пешниҳоди рӯирости Шафоат андаке ҳайрон шуда бошад ҳам, аммо онро интизор буд.
-Эй духтар, ту ақл дорӣ? Охир аз рӯйи қонун ту ҳанӯз ба балоғат нарасида...
-Ҳамагӣ ду моҳи дигар,-сухани ӯро бурид Шафоат,-Ду моҳ пас ман ҳам номаи камол мегираму ҳам синнам ба никоҳ мерасад.
-То он вақт шикамат мисли тарбуз мешаваду ҳама ҳомиладориатро мефаҳманд.
-Кӯшиш мекунам, ки ҳеҷ кас нафаҳмад, аммо бо як шарт...
-Боз кадом шарт?
-Шарт ҳамин, ки дар давоми ҳамин ҳафта ҷавоби Садоқататро медиҳӣ...
Бо шунидани ин суханон Муртазо бо ду даст рӯяшро пӯшид ва баъди андаке сукут чеҳраи тирагаштаашро боз карду ба Шафоат нигарист. Зулфони парешони духтар ва чашмони шаҳлояш ин лаҳза ба назараш мисли сари мори афъӣ намуд, ки сарашро ба ҳар тараф алвонҷ дода, сайдашро афсун мекунад. Муртазо мисли афсуншуда ду чашмашро аз ин чашмони афсунгар намеканд. Мор афсуни худро бас карданӣ набуд ва чашмонашро ба зер намеандохт, баръакс, сония ба сония шуълаи ин чашмон афзун мегашт. Ин нигоҳ дар дили ҷавонмарде, ки бори аввал ба ӯ чунин интихоби сахтро пешниҳод карда буданд, тӯфоне барпо кард. Мавҷи ин тӯфон дар чеҳраи аз осмони тирамоҳ ҳам тиратар гаштаи ӯ асари худро гузошта буд. Ӯ сонияе чанд ба қаъри ин чашмони афсунгар нигаристу ду қатра ашк аз чашмаш ба рухсораи рангпаридааш ҷорӣ шуд ва бо овози базӯр шунаво гуфт:
-Дигар илоҷ надорам... Иҷро мекунам, вагарна шармандаи ҳарду олам мешавам.
-Чӣ, муаллим ту аз занат дил канда наметавонӣ? Хайр, як зан будааст дия... Вай ба ту чӣ ҳам дода метавонист?! Ман дар оянда туро одам мекунам, вагарна мисли ҳамон муаллими пири ҳамсояи мо бо чанд сомон ба нафақа мебароию ду чашм ба роҳи пули Русия мешавӣ, ки аз гуруснагӣ намурӣ, агар бачаҳоятро он ҷо фиристӣ. Муаллимҷони ман, каме тоқат кун, ҳоло ман аз ту чунон одаме созам, ки…
Муртазо бори аввал дар зери ниқоби симои зебои ин духтари париваш чеҳраи дигареро кашф кард, ки дар тасвираш оҷизӣ мекашид. Шафоат бо неши забонаш дар қалби ӯ захми сӯзоне зад ва ҷавон эҳсос намуд, ки ин захм то охири умраш шифо нахоҳад ёфт.
-Эй муаллим, бедор шав, чаро ғарқи андеша шудӣ? Занат дар пешат нишастааст, магар майли ӯ надорӣ?
-Майл? Ба кӣ?-Парешонхотирона пурсид Муртазо ва рӯ ба Шафоат оварда идома дод,-Ҳа. ба ту мӣ? Майл дорам, охир ба гуфти худат, ту зани нави ман ҳастӣ ку... Зани беникоҳ, зани рустӣ, зани фармонфармо, зани ҷавон ва ...
-Зани зебою дилхоҳ,-бо оҳанги Муртазо дандонҳои сап-сафеди ҷилодорашро намоиш додаистода гуфт Шафоат ва ду дасташро ба гардани Муртазоро ҳалқа кард, аммо ҷавонмард аз ҷониби худ ягон иқдоме накард ва ҳатто дастони ба ду тараф ҳамоилашро наҷунбонд. Шафоат ҳарчанд худро ба Муртазо ширин карданӣ шуд, вале аз санг садо буду аз муаллим не...Тамом шавқу завқи ӯ гӯё ин лаҳза ба куҷое парида рафта буд ва ҳоло ӯ ба кундаи пӯсидаи дарахте шабоҳат дошт, ки шохҳояшро кайҳо бурида партофтаанд. Шафоат дид, ки Муртазоро дигар ба қавли худаш "бедор" карда наметавонад, аз ҷояш хесту омирона гуфт:
-Ҳой мардаки хуб, муносибататро бо арӯсат дигар кун ва ҷавоби занатро то рӯзи душанбе деҳ, вагарна модарамро ба сарат меорам. Фаҳмидӣ?!
Инро гуфта ӯ аз дар баромад ва онро аз пасаш чунон сахт пӯшид, ки аз ларзиши деворҳои хона акси якҷояи дар рӯйи миз будаи Садоқату Иқбол ва Муртазо ба замин афтиду оинааш шикаст...
(Давом дорад)
А. ҲОҶӢ