(Давомаш)
Автобус аз роҳи нимвайрони куҳӣ базӯр ҳаракат мекард ва аз ҳар лаҳза ба ин тарафу он тараф такон хӯрданаш мусофирон парво надоштанд. Мардуми куҳистон кайҳо ба чунин роҳҳо одат карда буданд ва бемалол суҳбати худро идома медоданд.
-Зебиҷон, -ба зани миёнсол рӯй овард ҳамсуҳбати нисбатан калонтараш,-Дар ин вақти сол дар мактаб чӣ ҷамъомад будааст, ки ба он ҷо саросемаӣ?
-Ҳеҷ гап не, имрӯз аз район комиссия меомадааст ва ба иштирокчиёни озмуне, ки ба наздикӣ дар маркази ноҳия шуда буд, мукофот медодаанд. Духтари ман ҳам иштирок карда буд. Онҳо ҷои аввалро гирифта буданд. Магар хабар надорӣ?
-Э, ҳа акнун ба ёдам омад! Ҳамон консерте, ки муаллими нав ташкил кард?
-Бале, бори аввал ташкил карду ҷои аввалро гирифт. Акнун ба ҳамон хонандагоне, ки дар он пешқадам буданд, мукофот медодаанд.
-Чӣ, магар мошин мукофот медиҳанд?! Ягон галстуки пионерӣ медиҳанду бо ҳамин халос. Барои ин саросема шудан даркор нест...
-Намедонам чӣ медиҳанд, аммо духтарам хоҳиш кард, ки дер намонам...
Зани калонсол рӯймоли сарашро андаке дуруст карда гуфт:
-Мегӯянд, ки ҳамон муаллими нав бачаи хуб аст. Ҳа, номаш чӣ буд... Муртазо. Набераи ман ҳам шогирдаш аст. Дарси биология медодааст. Ҳар вақт ба экскурсия бурда, гулу гиёҳҳоро нишон медодааст. Дар давраи ҷавонии мо ҳам муаллимамон ҳамин хел мекард, расо босавод шудем-да. ...Ҳоло ман биологияро аз инсутар талаба хубтар медонам,-кампир бо ифтихор гӯшаи рӯймолашро ба қафо партофт.
Кампири Ҷамила ва Холбибӣ, ки то ин дам хомӯшона ба суҳбати ин ду зани сафеддоракӣ гӯш мекарданд, баъд аз гирифтани номи Муртазо ба ҳамдигар нигоҳ карда монданд.
Автобус мисли хари марди куҳистонӣ, ки дар пушташ ҳезуми зиёдеро бор кардаанд, бо суръати ниҳоят паст ҳаракат мекард. Садои мотори мошин аз вазнинии бораш ба чирроси кӯдаке мемонд, ки модараш маҷбуран оббозӣ медоронад. Кампири Ҷамила аз тирезаи мошин ба берун, ба теппаҳои ҷомаи сабз ба бар карда нигариста лаззат мебурд. Модар ин лаҳза гӯё моҷарои Муртазо ва мақсади сафарашро фаромӯш карда буд. Ба ин манзараҳои зебо нигариста ба ёд овард, ки чӣ тавр боре ҳамроҳи шавҳараш ба тӯйи як хешашон ба дараи Алмосии водии Ҳисор рафта буданд. Он деҳа айнан ҳамин хел сабзпӯш буд. Он вақт хеле ҷавон буданд ва аз хонадоршавиашон ҳамагӣ як сол гузашта буд. Дар бозгашт шавҳараш гуфт, ки биё пои пиёда аз деҳа то роҳи калони водӣ меравему аз ҳавои баҳор нафас мекашем. Ҷамила розӣ шуд ва онҳо роҳро миёнбур карда, ба тарафи ҷангал равон шуданд. Пас аз як муддат роҳ гаштан дар зери як дарахти арча, дар лаби чашмаи мусаффое дам гирифтанду дастурхони аз тӯй ба онҳо додаро боз намуданд. Дар атроф танҳо овози паррандагони хушхон танинандоз буд ва ба машом бӯи муаттари гулҳои баҳорӣ мерасид. Манзараи зебои атроф ҷаннатро ба ёди кас меовард. Зану шавҳари ҷавон худро дар биҳишт эҳсос карда, нӯшу неъмати дастурхонро бо камоли майл тановул намуданд. Баъди хӯрдани гӯшти пухтае, ки соҳиби тӯй ба дастурхони онҳо баста буд ва нӯшидани оби мусаффои чашма шавҳараш Ҷамиларо ба оғӯш кашид ва...ва ...
Вақте ки ба худ омаданд, рӯз бегоҳ шуда буд ва абрҳои баҳорӣ сарҷамъ шуда, борон сим-сим меборид. Борон якбора чунон шиддат гирифт, ки сар то по тар шуданд. Дигар на шохи арча ва на зирку мушша онҳоро аз ин борон паноҳ карда наметавонист. Саросема чизу чораашонро ғун карданду рӯ ба водӣ оварданд. Дар зери борон шип-шилта шуда хеле роҳ гаштанд, аммо ҳеҷ не, ки ба роҳи калон бароянд. Куҳ торафт нишебтар мешуду борон сахттар. Торикӣ фаро расид. Зану шавҳар ҳис карданд, ки роҳгум задаанд.
-Биё, ба зери ягон шах ё харсанг паноҳ бурда, шабро рӯз мекунем. Дар ин торикӣ роҳро ёфтанамон ба гумон аст,-пешниҳод кард шавҳараш.
-Ихтиёратон, аммо ман дигар мадори роҳравӣ надорам,-хастаҳолона мӯйҳои тарашро ҷамъ карда гуфт Ҷамила.
Онҳо дар нимторикӣ харсанги калонеро интихоб намуда, зери он паноҳ бурданд. Он ҷо ҳарчанд намнок буд, аммо борон намерасид. Ҷамила тани ларзонашро ба ҳамсараш ҷафс намуд. Онҳо аз гармии бадани ҳамдигар роҳат карда, нафаҳмида монданд, ки чӣ тавр хобашон бурд...
Садои саги чупонӣ ҳардуро баробар аз хоб бедор кард. Зану шавҳар дар рӯ ба рӯйи худ ҷонвареро диданд, ки аз ҳайбаташ ба бадани кас рашъа медамид. Ҷамилаю мардакаш бо дидани ин барзангӣ ба ҳамдигар боз ҳам ҷафстар шуда, ёрои аз ҷой бархостан надоштанд.
(Давом дорад)