Sebiston new 2024 october
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 39)
24.02.2020
А. Ҳоҷӣ
3431

 (Давомаш)

Пас аз ин суханони Муртазо Ҳасратмоҳ андаке суст шуда дубора ба рӯйи кӯрпача нишаст. Шафоат дид, ки модараш аз аспи ҷаҳл фаромад, зуд тағйири шеваи рафтор намуд ва бо ду даст рӯяшро дошта, гуфт:

-Очаҷон, ман ҳеҷ вақт намехостам пинҳонӣ ба шавҳар бароям, аммо чӣ кунам, ки ин мардакро дӯст доштам...

-Э бас кун, ману падарат дар умрамон якдигарро дӯст надоштаем, вале бин бо обрӯ хонадор шуда, чандто таваллуд кардам. Ин гапҳои ҳавоиро мон, ҳоло дили ман фақат ба як духтари зиндагумкардаам месӯзад, ки ӯро ҳам падарат дӯст медошту ҳам ман, чунки баъди чанд сол ба дунё омада буд. Намедонам, ки духтарам зинда аст ё ким-кайҳо сӯхта хокистар шуд. Як масали халқӣ ҳаст: «Туро кӣ азиз кард? Мурдаҳо!» Туро ҳам мо маҳз ба хотири ҳамон духтараки гумшудаамон азиз карда, ҳарчи хостӣ бароят муҳайё мекардем. Ана акнун азобашро кашида истодаам. Бин, ба кадом рӯз омада расидем. Падарат орзу дошт, ки туро бо обрӯ, бо тӯйи дакаданг аз дарвоза фотеҳа дода гусел мекунад. Бечора мардакам мехост орзую ҳавасеро, ки дар духтараки гумгаштааш дида натавонист, дар ту шиканад, аммо ту тамоми ҳавасҳои ӯро барбод додӣ….

Баъди ин суханони пурҳасрати Ҳасратмоҳ хонаро як муддат хомӯшӣ фаро гирифт, баъд зан афсурдаҳолона ашки чашмонашро бо гӯшаи рӯймолаш пок карда, ба мулло Тоҳир нигаристу гуфт:

-Мулло, гир никоҳ кун. Ману Анора ба ҷои як шоҳид мешавем. Зудтар ин корро кун, агар касе аз ҳамдеҳагон фаҳмад, ҳам рӯзамон сиёҳ мешаваду ҳам шармандаи ин дунёю охират мешавем.

На Шафоат, на Файз ва на Муртазо дигар сухане ба забон наоварданд. Мулло Тоҳир ба занаш ишора намуд, ки косаи обаш нимакардаи Ҳасратмоҳро дубора пур карда биёяд ва ба хондани хутбаи никоҳ сар кард...

***

Садоқат ба дасти дар вақти бозӣ харошёфтаи Иқбол малҳам молида, писарчаашро ба ҷойгаҳаш дароварда хобонданӣ шуд ва сарзанишкунон гуфт:

-Бачаҷон, беэҳтиётӣ карда дастатро лат додӣ! Инро бин, хун баромадааст, агар сахттар харош меёфт, маҷбур ба духтур мебурдам. Дар он ҷо укол мекунанд, ана баъд гиря мекардӣ...

-Не, гиря намекардам. Дадаам мегӯяд, ки мардак набояд гиря кунад. Чӣ қадар дард ҳам набинад, бояд гиря накунад. Ман мардак-ку, оча!

-Бале ҷони оча, ту мардак, аммо худи дадаат мардак-мӣ? Магар мардак зану бачааи худашро ба ҳамин ҳол мерасонад?

-Дадаам ҳеҷ кор накардааст ! Гуфт, ки мебиёяд, ана баъд маро ба "Ҷуманҷӣ" мебарад. Худат гуфтӣ ку...

Садоқат ноаён аз писараш ашки чашмонашро бо гӯшаи кампале, ки онро мехост ба болои Иқбол пӯшонад, пок кард...

-Оча, бин, дасти ман хун баромаду гиря накардам. Дасти ту сиҳат аст, аммо гиря мекунӣ. Барои чӣ?

-Барои он, ки ту мардак ҳастӣ, аммо ман зан...Зан, агар ба ягон кор зӯраш нарасад, гиря мекунад. Ман ҳам ҳоло зӯрам нарасид, барои ҳамин гиря мекунам...

-Ба чӣ зӯрат нарасид, оча? Биё ман ёрдам мекунам, зӯри ҳардуямон мерасад. Ҳамон кӯрпаро бардоштан лозим?-Ба сӯи кӯрпачаи рӯйи хона ишора намуд Иқбол,-Ҳозир каме дарди дастам монад, ман худам онро гирифта ба ҷояш мемонам...Ту фақат гиря накун, хайр очаҷон?

Аз ин гуфтаҳои писараш Садоқат ба риққат омада, якбора инони гиряро сар дод ва писарашро ба оғӯш гирифта гуфт:

-Ҳазорон шукр, ки ту ҳастӣ, вагарна ман баъд аз ин кирдори падарат сарамро ба куҷо мезадам? Ба кӣ арзи дил мекардаму аз кӣ мадад мепурсидам? Аз ду кампири солдида, ки дигар зӯрашон ба фарзандашон намерасад? Худованд туро пешакӣ барои тасаллии дили ман халқ кардааст... Акнун хоб кун Иқболҷон, то пагоҳ дастчаҳоят сиҳат мешаванд ва боз ба рӯйи ҳавлӣ баромада бозӣ мекунӣ...

Иқбол, ки сабаби гиряи очаашро намефаҳмид, гумон дошт, ки модараш барои харош ёфтани дасти ӯ гиря мекунад. Писарак бо ақли кӯдаконааш дарёфт, ки ягона роҳи аз гиря нигоҳ доштани модараш ин худро мард гирифтан аст:

-Оча, ту гиря накун, дасти ман дигар дард намекунад. Ман дигар дастамро харош намедиҳам. Хоҳӣ, дигар ба рӯйи ҳавлӣ намебароям ва бо Содиқу Шарофат ҳам бозӣ намекунам. Фақат ту гиря накун...

-Не, Иқболҷон, ман барои дасти ту гиря накардаам. Боз ба рӯйи ҳавлӣ барою бо бачаҳои ҳамсоя бозӣ кун. Фақат эҳтиёт шав, ки наафтӣ...

-Набошад барои чӣ гиря мекунӣ? Агар барои хоб нарафтани ман бошад, ана кӯрпаро ба рӯям гирифтам, ҳозир хоб меравам. Майлаш оча?

-Майлаш бачаҷон, ту хоб кун, ман ба назди бибиат равам, ки хобаш набурда истодааст...

Инро гуфта, Садоқат кӯрпаи рӯйи Иқболро дуруст кард ва аз рухсораи писараш бӯсида, аз дар баромад. Иқбол зӯр зада хобашро баронданӣ буд, зеро медонист, ки дар хобаш падарашро мебинад...

***

“Наход ман бо ҳамин умед ин духтари аз кӯча овардаро калон карда бошам, ки ҳамин хел бадбахт шавад?” бори чандум буд, ки модари Садоқат ин саволро ба худ медод ва худаш ба саволи худ ҷавоб медод: “Не, ману мардак ин духтарро аз миёни обу оташ на барои он наҷот дода будем, ки бадбахт шавад. Ҳарчи хост, барояш муҳайё кардем, дар он солҳои сахтию қаҳтӣ ӯро беозор калон кардем, хонондем, баъд бо хоҳиши худаш ба шавҳар додем. Умедвор будем, ки акнун бахташро ёфту дигар фақат роҳаташро мебинем, аммо тавре, ки дар урфият мегӯянд: “ман дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл...” Хайрият, ки падари Садоқат аз ҷаҳон гузашт, вагарна ин ҳолро дида, чӣ мегуфт? Ин балои ногаҳонӣ аз куҷо хест? Муртазо ҷавонмарди орому ботамкин ва боақл менамуд-ку? Ба ӯ чӣ шуд?”

Риштаи хаёлоти модарро садои тақ-тақи дар барканд. «Аҷиб, дар ин бевақтӣ кӣ бошад?” худ ба худ пичиррос зад кампир ва бо овози баланд садо кард:

-Садоқат, дарро кушо, бин, ки дар ин бевақтӣ кист…

 

(Давом дорад)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД