sebiston july new
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 36)
21.02.2020
А. ҲОҶӢ
3100

(Давомаш)

Муртазо пас аз он, ки гӯшии телефонро ба ҷояш гузошт, бо кафи дастонаш рӯяшро дошта беҳолу бемадор дар нармкурсии идораи муаллимон нишаста монд. "Тамом... " худ ба худ зери лаб ғурунгид ӯ. Сараш мисли он, ки дар дарунаш як хум об ҷӯшида истода бошад ба таркидан наздик буд. Ба майнааш чизе намедаромад, мисли ҳайкали саҳни ҳавлии мактаб бе ҳиссу бе ҳаракат буд.

-Ҳа муаллим, дар ин бевақтӣ ин ҷо нишастаӣ? Ҳама рафтанд-ку, ту ҳам ба хонаат равӣ намешавад? Ман дарҳоро маҳкам мекунам,-садои посбони мактаб, амаки Файз ӯро ба худ овард. Муртазо сарашро боло карда бо нигоҳи бефарқ ба посбон нигарист. Файз, ки марди тақрибан 55-60 -сола буд, ба чеҳраи гирифтаи Муртазо нигариста дар он андуҳи беохирро пай бурд ва ташвишомез пурсид:

-Ба ту чӣ шуд, муаллим? Касал пасал-ку нашудаӣ?

Муртазо ба ҷои он, ки ҷавоб диҳад, аз ҷояш хеста ба тарафи дар рафт, аммо чизе ба хотираш омаду баргашта гуфт:

-Амаки Файз, ман дар ин деҳа касе надорам...

-Ба ту кас чӣ лозим? Худат марди калон, зану фарзанд дорӣ. Акнун худат бояд ба касе кас шавӣ...

-Не, шумо нафаҳмидед, одаме надорам, ки дарди дил кунам. Ба ман як маслиҳат диҳед...

Файз ҳайрон шуд, ки чаро ин муаллими нав, ки қариб як сол боз дар ин ҷост, имрӯз муҳтоҷи маслиҳати вай шудааст. Вай андаке фикр карда гуфт:

-Агар тавонам, албатта маслиҳат медиҳам. Канӣ, биё, ба "идораи" ман равем...,-ӯ қаровулхонаи худро ҳамин тавр меномид.

Онҳо пасу пеш аз дари калони мактаб баромада, ба тарафи хоначаи посбонии Файз равон шуданд. Охири моҳи март дар ин ҷо ҳанӯз ҳаво хунук буд ва аз дудбарои хоначаи Файз дуд мебаромад. Офтоби Сафеддорон дар паси Кӯҳи Сиёҳ ғуруб мекард ва қалби порашудаи Муртазо низ паёпаи ӯ ба гумонаш, ки аз кор мемонд. Баъд аз он, ки   аввал Файз ва баъд Муртазо вориди хонача шуданд, посбон аз чои гарми болои бухорӣ як пиёла гардонда ба Муртазо дароз карду гуфт:

-Канӣ гап зан, чӣ дард дорӣ, шояд маслиҳати ман ба ту ба кор меояд...

-Амак, ман қиссаро дароз намекунам, фақат ҳамин қадарашро мегӯям, ки барои никоҳ кардани як зан ба ман шоҳид лозим аст, аммо ба касе дар ин ҷо бовар намекунам.

-Зан? Магар ту зан надорӣ? Занатро дида будам-ку, як ҷавонзани олиҷаноб. Ё нияти дузана шудан дорӣ?

-Не, дигар ман зан надорам, чанд дақиқа пеш аз даромадани шумо ӯро талоқ додам...

Файз аз шунидани ин хабари ногаҳонӣ ба ҳайрат афтида чӣ гуфтанашро намедонист.

-Чӣ хел талоқ додӣ, охир дар он ҷо ғайр аз худат дигар касе набуд- ку?-Ҳайратомез пурсид посбон.

-Ба воситаи телефон. Ҳоло занам дар шаҳр аст. Акнун ба "занам" гуфтан ҳам забонам намегардад...

-Ҳа, масъала маълум, яъне занатро талоқ додию акнун пушаймон шудаӣ ва аз ман маслиҳат мепурсӣ, ки ин корро чӣ хел ислоҳ кунӣ? Не, бародар, ин кори ту ислоҳнашаванда аст. Сеталоқа як роҳ дорад, ки онро худат ҳам медонӣ... Маро гунаҳгор накун. Ман мулло нестам, ки ба ту ягон фатво диҳам...

Муртазо ғайриихтиёр зери лаб табассум карда гуфт:

-Не, амаки Файз, ман танҳо мехоҳам, ки шумо дар вақти никоҳ ҳамчун шоҳид ҳузур дошта бошед...

-Чӣ, ним соат аз талоқ додани занат нагузашта ту боз зан гирифтаниӣ? Ин моҷароро ҳеҷ нафаҳмидам...

-Агар вақтатон бошад, ин бегоҳ соати 8 ба хонаи Мулло Тоҳир биёед, ҳамонҷо мефаҳмед. Фақат як хоҳиш, ин кор пинҳон монад...

-Ҳа, акнун сарфаҳм рафта истодаам, яъне ту ба кадом зане ошиқ шудию барои ҳамин занатро талоқ додӣ ва акнун мехоҳӣ, ки маъшуқаатро ба никоҳи худ дарорӣ. Ҳамин тавр?

-Қариб ҳамин тавр. Аслан, ин никоҳу ин талоқ ғайри хоҳиши ман аст. Илтимос, ҳатман биёед, охир ман дар ин ҷо дигар касе надорам...

-Магар директор одами наздикат нест? Охир ҳамон кас туро аз шаҳр гирифта оварда буд-ку?

-Не, амак, директор набояд аз ин никоҳу талоқ огоҳ бошад. Барои ҳамин ба шумо дарди дил кардам.

-Ҳмм, хайр майлаш, лекин ягон кори ғайришаръӣ набошад-дия. Дар ин дунё ман аввал аз Худо ва баъд аз ҳамин директорамон метарсам...

***

Зани Мулло Тоҳир чароғаки дастиро аз зери остин бароварда, роҳи ноҳамворро як бор аз назар гузаронду онро дубора зери остин кард ва аз баландӣ фаромада, ба сӯи хонаи Ҳасратмоҳ, ки духтархолааш буд, равон шуд. Метарсид, ки равшании чароғакаш диққати касеро ҷалб насозад. Вақте, ки ба дарвозаи Ҳасратмоҳ наздик шуд, дид, ки аз он касе баромада ба самти дигари кӯча равон шуд. Дар равшании тираи моҳ аз рӯи ҷуссааш тахмин кард, ки ин Шафоат аст. "Ҳа духтари худозада, ба пеши ошиқаш рафта истодааст. Гумон мекунад, ки касе аз рафтори ӯ хабар надорад. Ҳоло ҳамаашро ба очааш мегӯям, канӣ бинем, чӣ хел ба он муаллими сатанг мерасад. Паяшро Ҳасратмоҳ мерӯбад..."

Ӯ андаке гашташро суст кард, ки мабодо боз касе аз дарвоза набарояд. Хато накарда буд, пас аз фурсате саги Ҳасратмоҳ-Алопар, ки ҳам мулло ва ҳам занашро бад медиду дидан баробар меғуррид, коҳилона аз дарвоза баромада аз паси Шафоат равон шуд. "Хайрият, ки ин шумшук ҳам рафт. Акнун бе тарсу ҳарос ба ҳавлӣ даромадан мумкин",- аз дил гузаронд зани мулло ва қадаммониашро тезтар кард. Ӯ аз даричаи майда вориди ҳавлӣ шуда, дид, ки чароғи барқии рӯйи айвон гирон аст. Аз ҳамон ҷо овоз баровард:

-Духтари хола, ҳо духтари хола...

Касе ҷавоб надод. Ин дафъа ӯ болои айвон баромад ва аз тиреза дид, ки Ҳасратмоҳ рӯ ба қибла намоз хонда истодааст. Андаке дудила шуд, вале як лаҳза пас ба қарори қатъӣ омада дари даромадро боз карду вориди хона шуд ва бе сухан дар болои кӯрпача нишаста, интизори хатми намози Ҳасратмоҳ шуд. Пас аз чанд лаҳза Ҳасратмоҳ ба ду тараф салом дода аз намоз фориғ гашт ва ҷойнамозашро ғун карда, рӯ ба зани мулло овард:

-Ҳа, ба хайр аст, Анора? Дар ин торикӣ аз куҷо омадӣ? Магар бо Тоҳир ягон ҳодиса шуд?

-Не, ҳамту як шумоёнро хабар гирам гуфтам.

-Ману ту ҳамин саҳар вохӯрда будем-ку? Ту беҳуда намеоӣ...Хайр, дастурхонро кушо, якпиёлагӣ чой нӯшем, баъд нақл мекунӣ, ки барои чӣ дар торикӣ аз Алопар натарсида омадӣ. Ту аз вай мисли аҷал метарсидӣ-ку?

-Алопар дар хона нест, барои ҳамин натарсида даромадам...

-Шафоат, ҳой Шафоат, як чои гарм дам карда биёр, холаат омадагӣ, Анора...

Аммо аз берун садое шунида нашуд.

-Эҳ духтарои инзамона...   Сад бор ҷеғ мезанӣ, баъд як бор "ҳа" мегӯянд-е...

Анора дигар тоқат накарда гуфт:

-Шафоат ҳам нест...

-Ту чиҳо мегӯӣ? Магар аз ягон гап хабар дорӣ, ки набудани сагу духтарро дарак дода истодаӣ?

-Не, ман гуфтанӣ, ки ҳардуи онҳо андаке пештар аз ман аз дарвоза баромада рафтанд...

-Ба куҷо?

-Алопарро намедонам, аммо аниқ медонам, ки Шафоат барои ба шавҳар баромадан рафт.

Чашмони Ҳасратмоҳ мисли чашми гурбае, ки ба муши дар тангномонда менигаранд, ба тарафи Анора дӯхта шуданд ва бо як хандаи аҷибе аз ӯ пурсид:

-Чӣ гуфтӣ? Шафоат дар ин торикӣ ҳамроҳи сагаш баромад, ки ба шавҳар барояд? Мабодо девона нашудаӣ? Биё, як табатро санҷам,-инро гуфта Ҳасратмоҳ ба Анора наздик шуд, аммо Анора бо дасташ дасти холадухтарашро ба як тараф тела дода, ҷиддӣ гуфт:

-Биё мон, Ҳасратмоҳ. Духтарат Шафоат ҳоло барои никоҳи мусулмонӣ кардан бо як мард ба хонаи мо, ба назди шавҳари ман рафт...

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД