(Давомаш)
Мулло Тоҳир боз даст ба риши дарози тунукаш бурда онро сила кард ва гуфт:
-Албатта никоҳ мекунам. Намегузорам, ки дигар он хешдухтари беандешаи ман ва ту, мардаки беақл зино кунед, аммо ин кор бе шоҳид намешавад. Ёфтани ду марде, ки даҳонашон баста бошад, осон нест, ғайр аз ин, модарашро ҳам бояд огоҳ кард.
-Чӣ хел? Эй мулло, мехоҳӣ, ки холаи Ҳасратмоҳ қабри маро зинда ба зинда канад?
-Дигар илоҷ нест, худат гуфта истодаӣ, ки Шафоат дуҷон шудааст, пагоҳ бачааш калон шуда, шикамаш намоён гардад, ба модараш чӣ мегӯяд? Ин тарафи масъаларо фикр кардӣ? Ана ҳамин хел бародар, як қадами ноҷои ту сад мушкилот ба бор овард. Боз ман ба ин моҷаро ҳамроҳ шуда истодаам. Ё ту ягон пешниҳоди дигар дорӣ?
Муртазо дарк кард, ки ба ботлоқ ғӯтидаасту роҳи наҷоте нест, пушти сарашро хорида гуфт:
-Мулло Тоҳир, чӣ коре мекунӣ намекунӣ, моро никоҳ кун, ман дигар намехоҳам гунаҳгори ин дунёю охират бошам... Биё, аввал ба Ҳасратмоҳ чизе нагуфта ин корро мекунем, ана баъд, ки шиками Шафоат калон шуд, ягон илоҷ меёбем.
-Агар хуни ноҳақ карда, тифлро куштанӣ бошӣ, ин хаёлро аз сарат дур кун. Ман намехоҳам, ки ба болои гуноҳҳоям боз як гуноҳи дигар илова шавад. Ин одамкушӣ мешавад ва агар гӯшаашро ҳукумат фаҳмад ва боз фаҳмад, ки ман ҳам дар ин гуноҳ шарикам, рӯзам сиёҳ мешавад. Мефаҳмӣ?
-Ман инро дар назар надоштам, маънии гапам ин буд, ки илоҷи фаҳмондани муносибати ману Шафоатро бо модараш баъдтар меёбем,-хастаҳолона ҷавоб дод Муртазо.
-Майлаш, пагоҳ шаб ман ду шогирди дилпурамро ба ин ҷо даъват мекунам ва ту ҳам Шафоатро ин ҷо мебиёрӣ, никоҳ мекунем, вале дар ин бора набояд касе донад...
-Албатта, ин ба манфиати ман ҳам нест. Мулло, он шогирдонат дилпуранд?-Бо хавотирӣ пурсид Муртазо
-Дар ин замона ҳатто ба худат бовар карда наметавонӣ, аммо дигар илоҷ нест. Онҳо дар забон дӯстону шогирдони мананд, таваккал кардан даркору забонашонро гиреҳ бастан лозим...
-Ин тавр бошад, пагоҳ бегоҳӣ соати 8, ман Шафоатро ба ин ҷо меорам. Ин корро ҳарчи зудтар кардан лозим...
На мулло ва на Муртазо намедонистанд, ки дар хонаи ҳампаҳлӯи "ҳуҷраи қабул"-и Тоҳир зани ӯ, холадухтари Ҳасратмоҳ суҳбати муаллим ва шавҳарашро аз аввал то ба охир аз даричаи боз гӯш мекард ва ҳоло оҳиста аз дари дигар берун баромада, гӯё ҳеҷ гап нашуда бошад, ҷорӯбро аз рӯйи ҳавлӣ гирифту ба рӯфтани болои кати зери тут шуруъ кард...
***
Садоқат ба Иқбол, ки дар болои кати бибиаш бо хирси латтагин "гӯштӣ" мегирифт, бо оҳанги фармон супориш дод:
-Зуд ба хонаи дигар гузар, хӯрок мехӯрем...
-Дадаам ҳам меояд?
-Чӣ гуфтӣ? Охир дадаат дар қишлоқ монд- ку... Ҳамроҳи мо наомад.
-Оча, худат дадаамро наовардӣ- ку, -бо лаҳни кӯдакона, лабашро каҷ карда гуфт Иқбол.
-Эҳ, ту кӯдаки нодон бошӣ бачаҷон, надонӣ, ки дадаат чӣ коре кард. Биё, хӯрокат хунук мешавад, дигар "дадаам" нагӯй...
-Ин хел бошад, дилам сер, ман ҳеҷ чиз намехӯрам, ба ҷои "шикамам" калимаи "дилам"-ро истифода бурд Иқбол. Аз ин гапи писарчааш хандаи Садоқат омада бошад ҳам, сир бой надода бо оҳанги ҷиддӣ гуфт:
-Бибиат моро нигоҳ дорад, биё Иқбол!
-Хирсамро ҳам барам, оча? Вай ҳам гушна будагист...
-Майлаш, биёру аммо дастони равғанолудатро баъд ба танааш молиш надеҳ, ки чиркин мешавад...
Иқбол хурсандона хирси калонро аз болои кат кашола карда, ба оғӯш гирифт ва онҳо ба хонаи дигар гузаштанд.
-Биё ҷони бибӣ, ман бароят самбӯса пухтам. Шояд тую очаат дар он қишлоқатон самбӯсаҳои маро ёд карда бошед...
-Эҳ, чунон ёд кардем, ки ҳар рӯз мегуфтем, ки кай ба шаҳр равему самбӯсаи бибиро хурем. Ҳамин хел не, Иқболҷон?
-Не, инро дадаам мегуфт...
Аз сухани тифлонаи Иқбол кампири Холбибӣ завқ карда хандиду баъд ба Садоқат нигариста гуфт:
-Ана дидӣ, "сухани ҳақро аз бача шунав" мегӯянд. Иқболҷон гуфт, ки самбӯсаҳои маро дадааш ёд карда будааст, на очааш... Пас, чаро наомад, ки ин самбӯсаҳоро ҳамроҳи мо хурад?-ба болои миз ишора намуд кампир, ки аз он ҷо аз самбӯсаҳои навпухта ҳавр мебаромад, - Агар ҳоло ҳамроҳи шумо мешуд, якҷо кайф карда мехӯрдед. Хайр майлаш, агар биёяд, ба дадаҷонат ҳам пухта медиҳам...
-Дадаҷонам мебиёяд! Ана дидӣ оча, бибиам гуфт, дадаам меояд...
-Аз афташ дар ин се-чор рӯз бачаат аллакай дадаашро ёд кардааст. Садоқат, шавҳарат чӣ гуфт? Кай меояд?
-Намедонам, оча. Кай омаданашро нагуфт,-базӯр худро аз гиря нигоҳ дошт Садоқат ва риштаи суҳбатро ҷониби дигар кашида гуфт:
-Иқбол, ана ин самбӯсаи пора кардаи маро гир, хунук шудагӣ, вагарна даҳонатро месӯзонӣ...
Ин дам садои телефон аз хонаи дигар баланд шуд ва Холбибӣ аз ҷояш бархост. Дили Садоқат аз сар задани ким чӣ хел як нохушӣ дарак медод. Пас аз фурсате гӯшии телефон дар даст кампири Холбибӣ намудор гашту гуфт:
-Духтарам, гӯширо гир, шавҳарат. Овозаш ким чӣ хел, бо ман ҳатто ҳолпурсӣ накард...
Садоқат бо дили нохоҳам аз дасти модараш телефонро гирифт. Иқбол "дадаҷонакам" гӯён, пораи самбӯсаро баргашта ба рӯйи дастурхон гузошт ва ба тарафи модараш давид. Аз он тараф садои нафаскашии берабти Муртазо ба гӯши Садоқат мисли он, ки рӯ ба рӯ бошанд, мерасид.
-Садоқат, маро мебахшӣ, аммо дигар илоҷ надорам. Маҷбурам, ки ин суханро ба забон орам...
(Давом дорад)