Formula novemver 2024
Каждум дар бағал (қисми 33)
18.02.2020
А. ҲОҶӢ
3496

(Давомаш)


-Биё, ошкоро гап занем. Муаллим, шояд худат бо ягон роҳ духтари кадом бечораро ба домат андохтаиву акнун мехоҳӣ маро ба гап дароварда, ин коратро қонунӣ кунӣ?
-Домулло, ман касеро ба доми худ наандохтаам, баръакс, як духтар маро ба доми фиребаш гирифтор кард. Акнун маҷбурам, ки ӯро никоҳ карда гирам,-ҳамчун шогирди гунаҳкор сарашро хам карда, базӯр садо баровард Муртазо.
-Хайр, агар маъқулат набошад, нагир- дия?-Даст афшонд мулло.
-Нагирифта наметавонам, чунки ӯ... аллакай дуҷон шудааст...
-Чӣ, ту беникоҳ ба вай наздикӣ кардӣ? Хез, аз наздам дур шав, марди зинокор! Ҳеҷ гумон надоштам, ки дар деҳаи мо ҳам чунин шахсон бошанд...
-Домулло, ман кӯдак не, ки рустшаваконбозӣ кунед. Ман аввалин ва охирин ҳам нестам. Худатон мегӯед-ку, агар шайтон ба гарданатон савор шавад, на Худоро мешиносиву на бандаро. Ман тавба кардам ва боз ҳам тавба мекунам. Ин кор чӣ хел шуд, худам ҳам нафаҳмида мондам. Барои ҳамин ҳам ба назди шумо омадам, ки садди роҳи гуноҳҳои навбатӣ гардед. Ман ҳарчанд муаллим ва ба гуфти шумоён аз дину диёнат бехабар бошам ҳам, аз Худо сахт метарсам. Аслан, дар ин дунё ягон одами бегуноҳ нест, масалан худи шумо магар гуноҳ надоред? Магар ба занҳои бефарзанд ба ҷои дуою ташноб чизҳои дигарро пешниҳод намекунед? Мегӯянд, ки ҳатто баъзе фарзандони шуморо мардум аз рӯйи қиёфаашон шинохтаанд. Магар ин гуноҳи азим нест? Наход шумо як бандаи муъминро, ки дар наздатон дилашро кушода роҳи халосӣ аз гуноҳҳои ояндаро меҷӯяд, аз даргоҳатон навмед ронед? Шумо оқибати ин корро аз ман беҳтар мефаҳмед ва боварӣ дорам, ки ҳаргиз ба ин роҳ намедиҳед.

Мулло андаке суст шуду аз дил гузаронд: “бо ин муаллим шӯхӣ карда намешавад” ва бо оҳанги нармтар гуфт:
-Дар ин ҷаҳон ба ҷуз худи парвардигор ҳама ягон гуноҳ доранд, аммо гуноҳи ту муаллим, вазнинтар аст. Барои ҳамин ман ягон маслиҳат дода наметавонам. Ту бояд ошкоро дар ин бора гап занӣ ва аз Худо афви гуноҳҳоятро пурсӣ. Албатта ин гуноҳат беҷазо намемонад...
Муртазо бо овози хеле ҳазин ва қариб гиряолуд, ки онро мулло интизор набуд, гуфт:
-Аллакай ҷазо гирифтам, зану фарзанди ҳалолиамро аз даст додам...
-Чӣ хел? Мардум бо ду-се зан ва ҳатто аз ин ҳам зиёдтар зиндагӣ мекунанд...?
-Зани ман аз қабили он занҳое нест, ки дузанагиро қабул мекунанд, ҳанӯз ягон кор нашуда, вай аз баҳри ман барин шавҳар гузашт. Ҳарчанд рӯ ба рӯ чизе нагуфтааст, аммо бачаашро гирифту рафт... ва... ва... гумон аст, ки дигар ба рӯйи ман назар кунад.
-Ман нафаҳмидам… Муаллим ту рӯирост гӯй, ин зане, ки ман бояд ба ту никоҳ кунам, духтари кист ва чаро бояд никоҳи пинҳонӣ кунам?
-Гуфтам ку, ман муаллим, духтар ноболиғ, ғайр аз ин, ба таври расмӣ зан дорам. Дидед, чӣ қадар сабабҳои ҷиддӣ ҳастанд, ки мо бояд никоҳи пинҳонӣ кунем! Духтар бошад, духтари Сафару Ҳасратмоҳ...
-Воҳ!-Аз ҷояш парида хест, Мулло Тоҳир, ки бо шунидани ин номҳо чашмонаш аз косахонаи сараш давида баромада буд,-Шафоат?!
Муртазо аз ваҷоҳати мулло тарсида гуфт:
-Ба шумо чӣ шуд, домулло?
Мулло риши тунуки дарозашро бо панҷаҳояш зуд- зуд шона кардан гирифт, ки ин аломати ҳаяҷони сахти ӯ буд ва пас аз сукути чандлаҳзаина гуфт:
-Ту медонӣ, бо кӣ сару кор гирифтаӣ? Язнаи ман саратро аз танат ҷудо мекунад. Сафар язнаи ман аст, Ҳасратмоҳ бошад, духтари холаам аст. Чӣ хел чашмонат ин духтарро дид?
Муртазо аз он, ки асрори худро ба мулло ошкор намуд, сахт пушаймон шуд, вале дигар илоҷ надошт. Ӯ бояд ба ҳисоб мегирифт, ки дар ин деҳаи хурд қариб ҳама хешу таборанд.
-Домулло Тоҳир, ман намедонистам, ки ин духтар хеши шумо аст, вале бори чандум аст, ки таъкид мекунам: ман ӯро не, балки вай маро ба доми худ андохт... Хешатон, ки бошад, пас нагузоред, ки кор бо шармандагӣ анҷом ёбад...
-Албатта, мо ҳам орият дорем, вале дониста бош, агар падари духтар аз кирдори шумоён огоҳ шавад, кор бе хунрезӣ анҷом намеёбад.
Муртазо, ки аз хунрезӣ не, балки аз шармандагӣ метарсид, бо нигоҳи илтиҷоомез ба мулло нигарист. Нигоҳи пур аз таваллои ӯ ба мулло Тоҳир асар кард ва дилаш ба ин ҷавонмард сӯхта гуфт:
-Чандин роҳи раҳоӣ аз ин варта ҳаст. Аввалаш ин, ки Шафоатро маҷбуран ба духтур бару аз тифли батнаш халос шав, чунки он кӯдак бе никоҳ пайдо шудааст ва ҳаромӣ ҳисоб мешавад.
-Вай дар ду дунё ба ин кор розӣ намешавад. Ягона воситае, ки Шафоат маро бе ресмон баста мемонад, ҳамин тифли батнаш аст...
-Рост мегӯӣ, Шафоат духтари ҳушёру зирак аст, аммо дар симои ту чӣ ёфтааст, ман ҳайрон. Беҳуда нагуфтаанд, ки ишқ аз саргини хар мехезад... Роҳи дигараш ҳам ҳаст...
-Чӣ хел?-бо умед ба мулло нигарист Муртазо.
-Бо ӯ ҳамчун бо маъшуқа муносибат мекунӣ ва хоҳиш мекунӣ, ки ба ин розӣ шавад...
Муртазо ноумедона гуфт:
-Не, Шафоат ба ин розӣ намешавад, вай аллакай дар назди ман шарт гузошт, ки "ё ман ё занат" ! Ана барои чӣ ман ин ҷо омадам, ки илоҷи корро ёбам...
Мулло Тоҳир кӯрпачаи зери пояшро дуруст карда истода, ба андеша рафт ва муддате хомӯш монд. Муртазо бо нӯги ангушт дар рӯйи гилеми нақшин хатҳои хаёлӣ кашидаистода, интизор буд, ки мулло чӣ мегӯяд.
-Муртазо, -бори аввал номи муаллимро гирифт мулло Тоҳир,-Ин суханоне, ки ту ҳоло гуфтӣ, ду сар дорад. Яке он, ки ман метавонам худи ҳозир ба ҳукумат хабар дода, туро барои чандин сол равонаи зиндон кунам. Худат хуб медонӣ, ки чанд ҷои қонунро вайрон кардӣ. Сари дигараш ин, ки Шафоат хеши наздик, аз аҳли авлоди ман аст, ғайр аз ин ман намехоҳам, ки мардуми Сафеддорон дар байни сокинони дигар деҳаҳо ангуштнамо шаванд ва онҳо ба ҳар ҳамдеҳаи мо ишора карда гӯянд: "Ана бинед, як шаҳрӣ омада, духтари зеботарини инҳоро ба болои занаш гирифтааст. Йигитҳои сафеддоракӣ куҷоянд?" Дар худи деҳа бошад, авлоди мо беобрӯй мешавад. Эҳ духтари беақле, моро шарманда кардӣ-ку...
-Хайр, акнун ман чӣ кор кунам? Никоҳ мекунӣ ё не?
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД