(Давомаш)
-Садоқат, маро мебахшӣ, аммо маҷбурам, ки ин суханро ба забон биёрам...
-Ман мефаҳмам, ту узр пурсиданӣ ҳастӣ. Майлаш ба хотири Иқбол ин дафъа аз гуноҳат мегузарам... Аммо...
Дар он тарафи телефон андаке хомӯшӣ ба миён омад, вале Садоқат баръало садои вазнин-вазнин нафас кашидани Муртазоро мешунид. Пас аз андаке овози Муртазо дубора шунида шуд:
-Не, ту маро нафаҳмидӣ... Ман мехоҳам... Ман дигар чиз гуфтан мехостам. Ман... Ман... талоқи туро медиҳам...
Чашмони Садоқат сиёҳӣ заданд, гӯшаш якбора ба ғуввос даромаду сараш чарх зад. Вай қувваи охирини худро ҷамъ карда, бо як нолаи ҷонсӯз пурсид:
-Чаро? Ман чӣ гуноҳ кардам? Магар туро бо зани дигар дида, қаҳр карданам гуноҳ аст, ки маро сар медиҳӣ? Иқбол чӣ гуноҳ дорад, Муртазо?
Муртазо чӣ гуфтанашро намедонист. Гумон карда буд, ки Садоқат шӯру мағал мебардорад, доду вой мекунад, вале ин нолаи ҷонсӯзи Садоқат аз ҳазорон шӯру мағал бадтар буд. Вай ҳеҷ гумон надошт, ки Садоқати қавиирода то ин дараҷа заиф аст ва овози ҳазину пурнолаи дилрешкунандааш мағзи ҷигари ӯро мерезад.
-Садоқат, ин ҷо ту не, ман гунаҳгорам, ки ба сари худ ва оилаам ин моҷароро овардам. Ман дар панҷаи каждум асир афтодаам Садоқат ва акнун ягона роҳи халосӣ -ин ҷудо шудан аз туст. Илтиҷо мекунам, маро бубахш, дигар илоҷ надорам...
Майнаи Садоқат дигар қобилияти дарки ягон сухани Муртазоро надошт ва танҳо аз ким-куҷое овозаш ба гӯши худаш расид, ки мегуфт:
-Туро Худо бахшад...
Муртазо тасаввур кард, ки дар он тарафи телефон чӣ тавр Садоқат дар миёни хона гӯшӣ дар даст шах шуда мондааст. Ӯ дарк кард, ки агар ҳамин лаҳза ин суханони даҳшатнокро ба забон наорад, дигар ҳеҷ гоҳ гуфта наметавонад. Вай тамоми қувваташро ҷамъ карда гуфт:
-Садоқат, ман дигар бо ту зиндагӣ карда наметавонам. Рав, се талоқат кардам...
Инро гуфта Муртазо телефонро хомӯш кард ва гӯширо ба ҷояш гузошта бо шаст ба берун баромад...
……
Садоқат баъди шунидани он каломи тақдирсӯз як лаҳза дар байни хона мисли ҳайкал рост истод, баъд мисли дарахти бурида гурсосзанон ба болои гилеми нақшини хона афтидани ӯро модараш аз хонаи дигар шунида осемасар сӯяш давида, сари Садоқатро болои дасташ гирифт. Ин дам Иқбол низ тозон ба назди модараш омад ва бо лаҳни ширини кӯдакона пурсид:
-Очаҷон, дадаам кай меомадааст?
Садоқат сарашро андаке боло бардошта бо овози гиряолуд гуфт:
-Иқболҷон, дигар дада нагӯй, падарат мурдааст...
Модар бо шунидани ин суханон ба Садоқат дарафтод:
-Духтарам, чаро бачаро метарсонӣ? Ман ҳозиракак бо ӯ гап задам-ку! Бо хоҳиши вай туро ба назди телефон даъват кардам... Аз даҳонат шамол барад. Наход одам шавҳарашро ҳамин хел гӯяд...
-Барои ману Иқбол Муртазо акнун мурдааст. Дигар на Иқбол падар дораду на ман шавҳар. Муртазо маро ҳамин ҳоло се талоқ кард...
Аз ин хабар аҳволи модар якбора бад шуд. Кампир дар паҳлӯи духтараш нишаста, сарашро дошту худ ба худ пичирросзанон гуфт:
-Эҳ, духтари сиёҳбахтаме, на аз падару модар дидию на аз шавҳар...
Суханони охирини модар барои Садоқат нофаҳмо буданд, аммо ҳоло ӯ на маҷол ва на ҳавсала дошт, ки бипурсад чаро модараш "на аз падару модар дидию на аз шавҳар" гуфт. Иқбол дар байни ин ду зани афсурдаю азияткашида ин тарафу он тараф давида, чӣ кор карданашро намедонист. Ниҳоят кӯдак аз хомӯшию ғамзадагии онҳо хаста шуда ба сӯйи дар давид ва дар баромадгоҳ ба модараш нигариста гуфт:
-Дадаам намурдааст, ҳозир худам рафта ӯро меорам...
(Давом дорад)