arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 37)
22.02.2020
А. Ҳоҷӣ
3302

(Давомаш)

Ҳасратмоҳ аз ин хабари шум, ки чун барфи ногаҳонӣ ба бадани гармаш расид, як қад парида бошад ҳам, ба сиҳат будани Анора шубҳа карда, рамузҷӯёна ба рӯяш нигарист. Намехост ба сухани шунидааш бовар кунад, аммо дилаш аз сар задани нохушии бузурге дарак доду дубора пурсид:

-Дурусттар фаҳмон, кадом мард? Чӣ хел никоҳ?

-Гапро дароз накарда зудтар ҳамроҳи ман биё, ҳамаашро бо чашми сарат, ки дидӣ, баъд бовар мекунӣ, ки ман ҳазёну дурӯғ намегӯям.

-Ҳамроҳӣ ту ба куҷо равам? Чиро ман бояд бо чашми сарам бубинам?-Холадухтарашро саволборон кард модари Шафоат.

-Дирӯз маслиҳати он мардро бо шавҳарам шунида, ман ҳам мисли ту ба гӯшҳоям бовар накарда будам, вале баъди оне, ки имрӯз дар вақти таъйиншуда ба хонаи мо омад ва Шафоат ҳам ба он ҷо рафт, боварӣ ҳосил кардам, ки онҳо дар ҳақиқат никоҳ карданиянд. Биё, ҳамроҳи ман равем, зуд бош, ки кор аз кор нагузарад...

Ҳасратмоҳ саросема рӯймоли кӯчабароиашро ба болои рӯймолчааш партофту бо қатъият гуфт:

-Рафтем, канӣ бинем, он ҷо чӣ гап аст ва ин афсонаҳои ту чӣ маънӣ доранд...

-Афсона ё ҳақиқат буданашро дар ҳамон ҷо мебинӣ! Биё зудтар равем, ки шавҳари ман дар никоҳкунӣ чаққон аст. Ҳамин, ки ду шоҳидро ёфт, даррав як касро ба каси дигар никоҳ кардан мегирад...

Ҳасратмоҳ аз саросемагӣ пӯшидани дарро ҳам фаромӯш карда аз паси холадухтараш осемасар ба роҳ даромад. Ду зан бошитоб ба сӯйи баландие, ки хонаи мулло Тоҳир он ҷо буд, мерафтанд.

***

Амаки Файз бо асочаи дастиаш дари хонаи мулло Тоҳирро кӯфта овоз баровард:

-Ҳой мулло, маро ба меҳмонӣ даъват мекунию худат дарро аз дарун баста мешинӣ? Баро, дарвозаро кушо...

Аввал садои боз шудани дари кадом хонае ба гӯш расиду сипас овози мулло Тоҳир баромад:

-Занак, ҳой занак, баромада дарвозаро кушо охир...

Аммо овози зан аз ягон гӯша шунида нашуд.

-Ин занҳо ҳамаашон як хеланд, аввал мисли фаришта метобанду баъд маълум мешавад, ки албастӣ будаанд. Дар ин бевақтӣ куҷо гум шуда бошад? Истед, ҳозир худам мекушоям...

Вақте ки Файз ва мулло Тоҳир дар дами дарвоза рӯ ба рӯ шуданд, мулло аз ташрифи бевақтии ҳамдеҳааш аввал ҳайрон шуда пурсид:

-Ҳа, амаки Файз, ягон касатон бемор шуду дуохонӣ зарур аст? Ё ягон гапи дигар доред?

-Э, магар ба ту муаллими нав чизе нагуфтааст? Охир ҳавай маро ба ин ҷо равон кард...

-Э, ҳа фаромӯш кардаам, марҳамат дароед, лекин ҳоло қариб як соати дигар вақт ҳаст… Хайр, биёед, чой нӯшида мешинем, меомадагист...

-Рости гап нафаҳмидам, ки чӣ гап аст. Шумо ба ман мефаҳмондагистед домулло,-гӯён Файз асои калтаашро дар даромадгоҳи ҳуҷраи дуохонии мулло гузошта вориди хона шуд.

***

Муртазо ба соати дасташ нигарист. Ақрабак ба ҳашт наздик шуда буд. "Амаки Файзро ку розӣ кардам, аммо боз як шоҳиди дигар лозим... Киро гӯям? Канӣ одами бовариноке, ки сирру асрорро нигоҳ дошта тавонад? Ақаллан ду моҳ, то ки Шафоат ба синни балоғат расад... Дар ин бегоҳӣ кӣ розӣ мешавад, ки ба як никоҳи ғайриқонунӣ шоҳид шавад? Хайр, канӣ равам, худи домулло ягон маслиҳат медодагист. Кӣ медонад, шояд як нафар ҳам бас бошад, охир худи домулло ҳам шоҳид аст-ку... Намедонам, ҳоло ба наздаш рафта ин масъаларо пурсидан лозим. Шафоат аллакай дар ҳамон ҷо будагист. Агар ҳамин дуҷон шуданаш намебуд, ҳаргиз ба ин никоҳ розӣ намешудам! Лозим бошад, худро аз Куҳи Сиёҳ ба поён меандохтам, вале зану фарзандамро партофта, бо ӯ никоҳ намекардам…. Хайр, дигар чӣ илоҷ, намехоҳам, ки духтари мардум бадном шавад ва фарзандашро ҳаромӣ гӯянд. Намедонам ин духтар ба ман чӣ дилбастагӣ дорад, ки мехоҳад ҳарчи зудтар ӯро ба никоҳи худ дарорам. Ин дунёро ҳеҷ нафаҳмидам...

Ӯ бори дигар ба соат нигарист ва аз қаъри дил оҳи сарде кашида аз ҷояш хесту тарафи хонаи мулло равон шуд. Ҳанӯз ба баландӣ баромада гардиши хонаи муллоро тоб нахӯрда буд, ки аз пешаш саги калоне баромад. Муртазо Алопар будани сагро фаҳмида, бо ҷонвари безабон ба гуфтугӯ даромад:

-Соҳибат канӣ, Алопар? Шояд аллакай дар хонаи мулло бошад, охир мо маслиҳат карда будем, ки соати ҳашти бегоҳ ба ин ҷо меоем...

-Соҳибаш дар ҳамин ҷо ва ман роҳи туро интизорам,-аз паси санги калони сари роҳ баромада хандид Шафоат, -Муаллим ту барои никоҳ шоҳид ёфтӣ? Мулло чӣ гуфт?

Муртазо, ки ба якбора пайдо шудани Шафоат одат карда буд ва ӯро дар дилаш "ҷинни сари хокистартӯда" мегуфт, оромона ҷавоб дод:

-Ба ту гуфта будам-ку, ин тарафашро ману Мулло Тоҳир ҳал мекунем. Ман ба амаки Файз гуфтам, хайрият, ки розӣ шуд, вале намедонад, ки арӯс ту ҳастӣ...

-Вай ман мурам, даҳони тамоми мардуми дунёро бастан мумкину даҳони вайро не. Ту киро шоҳид карданӣ, медонӣ?

-Ман дар ин қишлоқ ягон одами наздик надошта бошам, дигар киро даъват кунам?! Ғам нахӯр, ягон илоҷ карда пеши даҳонашро мебандем. Кори намешуданӣ шуд, биё зудтар ба хонам мулло дароем, ки боз касе ҳардуямонро дида намонад...

-Муаллим, ман медонам, ки ту мисли саги гарданбаста ба ин никоҳ рафта истодаӣ. Агар ҳамин тифли шикамам намешуд, ман ҳам ба ин никоҳ розӣ намешудам ва то болиғ шуданам ин корро намекардам, вале вақте, ки ин тавр шуд, дигар илоҷам намонд. Намехоҳам, ки вақти ба дунё омаданаш мардум «ҳаромӣ» гуфта аз фарзанди ман ҳазар кунанд. Агар мо ҳозир никоҳ кунем, он гоҳ чанд нафаре, ки дар ин ҷо ҳузур доранд, шаҳодат медиҳанд, ки дар вақташ никоҳ карда будем. Барои ҳамин зиқ нашав, муаллимҷони ман ва пеш даро, ки ба дарвозаи мулло расидем...

***

Ҳасратмоҳ ва Анора, ки роҳро миёнбур карда буданд, ҳарсосзанон то дарвоза расиданд. Анора, ки андаке аз духтари холааш қафотар меомад, дар даромадгоҳи дарвоза сагеро дида ба Ҳасратмоҳ ишора кард:

-Дидӣ, Алопар дар ҳамин ҷост, маълум, ки духтарат ҳам дар ҳавлии мост. Акнун бовар кардӣ?

Ҳасратмоҳ Алопари дар дами дарвозаи мулло ҳалқазадаро дида дигар чизе нагуфт, вай танҳо бо даст сари сагро сила карду ба Анора нигариста ба сӯи дарвоза ишоракунон "кушо" гуфт, аммо холадухтараш дарвозаро накушода, аз остини Ҳасратмоҳ кашид ва гӯё дар ин торикӣ ӯро касе мешунида бошад, даҳонашро ба гӯши ӯ наздиктар бурда гуфт:

-Не, мо аз ин дарвоза намедароем, аз даричаи паси ҳавлӣ ба хоначаи мо медароем ва аз ҳамон ҷо назорат мекунем, ки дар ин ҷо чӣ мегузарад.

-Ихтиёрат, ту бо афсонаи нисфишабиат маро ба ин ҷо овардӣ, акнун худат медонӣ,-беэътиноёна гуфт Ҳасратмоҳ.

-Ту ҳоло ҳам бовар надорӣ?-Ҳайратомез пурсид Анора, - Магар сагатро аллакай дар ҳамин ҷо надидӣ?

-Саг барои он саг аст, ки ба ҳар куҷо меравад,- гуфт Ҳасратмоҳ, вале дар асл дилашро гургон тала мекарданд…

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД