arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 38)
24.02.2020
А. ҲОҶӢ
6251

 (Давомаш)

Мулло Тоҳир ба нишастагон аз зери чашм дурудароз нигоҳ карду баъд ба Муртазо нигариста пурсид:

-Канӣ духтаре, ки ту бояд ба ақди никоҳи худ дарорӣ?

-Дар паси дар фармони шуморо интизор...

-Гӯй дарояд...

Муртазо аз чояш нимхез шуда дасташро дароз карду дарро ба берун тела дод ва ба роҳрав нигариста овоз баровард:

-Даро. Мо туро интизорем...

Аз дар духтаре, ки ба сар рӯймоли калон партофта, чеҳраи худро дар зери он пинҳон карда буд, даромада омад. Мулло бо ишораи даст ба кунҷи хона, ки он ҷо кӯрпачаи тунуке партофта шуда буд, ишора карда гуфт:

-Канӣ духтарам, ба ин ҷо гузар... Азбаски ҳамаи мо дар як хона қарор дорем, ин ҷо гувоҳи ваколат шарт нест. Розигии никоҳшавандаҳоро мо бевосита аз худи онҳо мешунавем. Фақат шоҳидон бояд саволу ҷавоби моро шунаванд. Мулло Муртазо, канӣ шоҳиди дуюм?

-Мана, бобои Файзро овардам-ку?

-Бобои Файз шоҳиди якум, канӣ дуюмаш? Мо худамон шоҳид шуда наметавонем, зеро яктоямон никоҳгар ва дигарамон никоҳшаванда. Ин хел намешавад, рав боз ақаллан як шоҳиди дигар ёфта биёр...

-Чаро барвақттар нагуфтед, домулло, акнун дар ин нисфишабӣ ман шоҳидро аз куҷо меёбам? Худатон ягон илоҷ кунед,-илтиҷо кард Муртазо,-Зан панатонро даъват кунед, ҳаққи шоҳидиашро медиҳем...

-Ҳой мардаки хуб, ту гуфтӣ, ки ҳама чиз тайёр, вале маълум шуд, ки ҳатто шоҳидат нест. Мехоҳӣ ба ин моҷаро оилаи маро ҳам тела диҳӣ? Бахудо ман танҳо ба он хотир ба никоҳ кардани шумоён розӣ шудам, ки хешам шарманда нашавад, вагарна қонунро вайрон намекардам. Барои он, ки дар оянда Ҳасратмоҳу шавҳараш дар байни мардум сархам нашаванд, ба ин кор розӣ шудам. Ин духтарашон коре кардааст, ки ба ягон қутии аттор намеғунҷад. Домулло, танҳо бо як зани ман кори шумо буд намешавад. Дар шариати ислом шоҳидии ду зан баробари як мард аст, барои ҳамин хезу боз ягон одами дилпурро ёб, фарқ надорад, хоҳ талабаат бошад, хоҳ ҷӯраат мешавад, забонаш қулф задагӣ бошад, кифоят аст.

-Даҳонаш қулф задагӣ мо дия,-дари хоначаро боз намуда, якбора ҳамчун тӯфони ногаҳонӣ Ҳасратмоҳ ва аз паси ӯ зани мулло Тоҳир-Анора зада даромаданд,-Аз даҳони мо дида бастатарашро дигар дар ин қишлоқ намеёбед, мулло Тоҳир!

Бо дидани Ҳасратмоҳ мулло Тоҳир ва Муртазою Шафоат аз ҷояшон як қад парида, ҷаста хестанд. Амаки Файз, ки то ин дам дар як гӯшаи хона нишаста, бетафовут ба ин ҳама сару савдо менигарист, танҳо баъди дидани Ҳасратмоҳ ба рӯйи арӯсшаванда зеҳн монда нигаристу Шафоатро шинохт. «"Ваҳ, Худо зад, ин Муртазо толибаашро ба никоҳи худ дароварданӣ будааст-ку! Барои дар ин никоҳ ширкат кардан одамро турма карданашон мумкин аст. Биё, ҳанӯз, ки ягон кор нашудааст, аз ин ҷо гурезам"-аз дил гузаронд мӯйсафед ва хост аз парешонии ҳозирин истифода бурда, оҳиста баромада равад, аммо имкон наёфт. Аввалин шуда аз лаби ҷомаи нимдошти ӯ кампири Ҳасратмоҳ маҳкам қапида бо чашмони оташбор гуфт:

-Не, акнун ту ба ҳеҷ куҷо намеравӣ! Бо кадом мақсаде, ки омада бошӣ. аввал ҳамон корро мекунӣ, ана баъд…

-Ман ин ҷо омаданӣ набудам, вале Муртазо ба ҷону ҳолам намонда тавалло кард, ки дар ким- кадом кор шоҳид шавам. Ба Худо қасам, намедонистам, ки арӯсшаванда кист. Мебинам, ки кор ранги дигар гирифта истодааст, барои ҳамин, илтиҷо мекунам, маро ҷавоб диҳед...

-Туро?-Сиёсат кард Ҳасратмоҳ,- Туро акнун ё прокурор ҷавоб медиҳад ё баъди ягон бист сол аз турма ҷавоб мешавӣ! Ҳоло ин ҷо нишаста ист,-инро гуфта, Ҳасратмоҳ ӯро ба он кунҷе, ки пештар менишаст, шинонд ва ба ҳозирон нигоҳ карда пурсид:

-Ба ман бигӯед, ки ин ҷо чӣ гап аст? Кӣ зани кӣ мешавад ва чаро ин қадар пинҳонӣ, ки ҳатто на модари арӯс ва на зани домод, чизе намедонанд? Шафоат, муаллим, канӣ гап занед, чизе, ки ин ҷо мебинаму мешунавам, дуруст аст?

Шафоат ва Муртазо чунин ранг гирифтани корро интизор набуданду як лаҳза гаранг шуда монданд. Мулло Тоҳир аз онҳо дида бештар ҳайрон буд ва ало-ало ба занаш нигариста, дандон мехоид, аммо чизе гуфта наметавонист. Ҳасратмоҳ ваҷоҳати хандаовари муллои хешашро дида, ба ӯ боз як қадам наздиктар омад ва мушташро шоф карда гуфт:

-Туро бошад, барои никоҳи пинҳонӣ то охири умр ҳабс мекунанд! Худо гӯй, ки якбора парронанд, он вақт холадухтари ман аз ту халос шуда, нафаси осуда мекашад..

-Ин хел нагӯй Ҳасратмоҳ, агар ӯро парронанд, бачаҳояшро ба куҷо мебарам?! -Маъюс шуд зани мулло-Анора,-Ман на барои он туро аз никоҳи инҳо хабардор кардам, ки шӯи маро парронӣ...

-Хайр, зинда бошам, мебинем, ки кӣ чӣ ҷазо мегирад. Ҳоло ту, Шафоат ба ман фаҳмон, ки дар ин ҷо чӣ ҳодиса шуда истодааст.

-Ҳеҷ чиз нашудааст очаҷон,-Шафоат худро ба шаттоҳӣ зада ба ҳуҷум гузашт,-духтари эркаю азизи туро ба ин ҷавони ҳозиру нозир, ки дӯсташ медорад, никоҳ карда истодаанд. Коре, ки ҳамаи мардуми мусулмон барои ба ҳамдигар пайвастани риштаи тақдири зану марди ба ҳамдигар муҳаббатдошта мекунанд….

-Вале ин корро на дар хоначаи танги мулло Тоҳир аз ҳама пинҳонӣ, балки дар ҳузури мардуми деҳа, ошкор мекунанд,-гапи духтарашро бурид Ҳасратмоҳ...

-Канӣ гап зан, муаллим,-ба Муртазо рӯй овард Ҳасратмоҳ,-ман ба ту доим раҳмхӯрӣ мекардам, ки "муаллими бечора аз шаҳр ҳамроҳи зани шаҳриаш омадаасту ба вай кӯмак кардан лозим" ва ҳамеша аз зиндагиат бохабар шуда меистодам, аммо маълум мешавад, ки ту мисли каждуми зери бурё ноаён ба ман заҳр заданӣ будаӣ-ҳа?! Духтари бо ҳазор орзуву ҳавас калон мекардаи маро аз роҳ зада ба никоҳат даровардан мехостӣ-а?! Мани аҳмақ бошам ба ту бовар карда, ӯро ба ту супорида будам, ки ба шаҳр бурда биёрӣ. Аслан ҳамааш айби худам, аз ҳоли муаллими мусофиру занаш хабар гирифта исто гӯён, духтарамро ба хонаи ту мефиристодам. Ана оқибаташро имрӯз бо чашми худам дидам! Ту аз ҷавонию нодонии Шафоат истифода бурда, ӯро гумроҳ кардӣ. Магар ин номардӣ нест? Ана барои чӣ занат туро партофта рафта будааст... Акнун ту дар назди ҳукумат барои ин корат ҷавоб медиҳӣ, вале ман духтарамро пас аз ин ба куҷо мебарам? Ҳой Шафоат, ин муаллим бо ту ягон кор кард?

Шафоат, ки то ин дам дар як гӯшаи хона мисли мусичаи аз гурба рамида худро ғун карда менишаст, якбора аз ҷояш ҷаста хесту ба гап даромад:

-Оча, муаллим бо ман ягон кор кард ё накард, ин кори ману вай. Дуюмаш ин, ки дар ин ҷо ин мардак,-бо дасташ ба тарафи Муртазо ишора намуд ӯ,-ягон гуноҳ надорад, ту беҳуда ба Муртазо мечаспӣ...

-Оҳо, аллакай ту номи муаллимро гирифта гап мезанӣ? Шояд кор аз кор кайҳо гузаштааст?-Ҳасратмоҳ беҳолона ба гӯшаи кӯрпача нишаста сарашро бо кафи дастонаш дошту оҳи сарде кашида таъкид кард,-Ҳой духтар, дониста мон, агар ягон бало карда бошӣ, аз падарат пеш худам каллаатро мегирам!

Аз ин таҳдиди Ҳасратмоҳ ба тани Муртазо ҳам рашъа дамид, аммо Шафоат, ки дар ҷаҳлу дар гарданшахӣ аз модараш бадтар буд, заррае парво накарда дод зад:

-Оча, дигар худатро ғам надеҳ, ман кайҳо бо муаллим мегардам ва мо зану шавҳари беникоҳ барин зиндагӣ мекардем. Ман аллакай дар батнам аз ӯ бача дорам, барои ҳамин ба ин ҷо омадем, ки никоҳи мусулмонӣ кунем, то ки фарзандамон ҳаромӣ нашавад. Акнун ҳамаашро фаҳмидӣ?!

-Вой, Худо зад, падарат фаҳмад, маро мекушад! Чаро мани кӯр инро пай набурдам-а?! Лаънат ба ман барои ҳамин духтари калонкардаам! Мусулмонон, маро лаънат кунед. Магар ҳамин духтар аз ман аст?-Ҳасратмоҳ девонавор мушт ба сар кӯфта, чунон гиряву нола мекард, ки гӯё ягон одами наздикаш мурда бошад. Рангаш мисли ранги деворҳои солҳо таъмирнадидаи хонаи мулло парида, донаҳои арақ аз пешониаш ба шоридан сар карданд. Ин ҳолати ӯро дида зани мулло -Анора косаи оби барои никоҳ овардаро аз замин бардошту ба лаби холадухтараш наздик бурд. Ҳасратмоҳ як-ду қулт об нӯшида худро сабуктар ҳис кард ва теғ кашида ба духтараш нигаристу гуфт:

-Акнун ба чашми падарат чӣ хел нигоҳ мекунӣ? Магар ӯ бо ҳамин умед духтар калон карда буд? Ба одамон чӣ мегуем? Мегӯем, ки духтари эркатулфори мо дигар одам наёфта домони як марди зандорро гирифт?

Бори аввал Шафоат дар чашмони модараш ашки ҳақиқиро дид ва эҳсос кард, ки кори ниҳоят бад кардааст, аммо аз карда пушаймон буданашро ба гардан гирифтан намехост. Табиати ин духтар чунин буд, вай ҳеҷ гоҳ мағлубиятро намепазируфт, зеро Худованд аз азал тору пудашро чунин сиришта буд... Дар чунин лаҳзаи душвор низ худро ба даст гирифта, Шафоат дар паҳлуи модараш нишаст ва даст ба китфи ӯ бурда гуфт:

-Очаҷон, ман на ту ва на падарамро шарманда карданӣ набудам ва нестам. Ин ҷавонро дӯст медорам ва медонам, ки танҳо бо вай хушбахт шуда метавонам, барои ҳамин ин корро кардам. ...

-Дар бораи зану фарзанди ин латта (ба Муртазо ишора намуд Ҳасратмоҳ) фикр накардӣ? Магар дар дунё марди безан кам буд? Чанд моҳи дигар тоқат карда, баъд ба ягон ҷавони талабгорат ба шавҳар бароӣ намешуд?

-Мешуд, аммо ман ӯро дӯст медорам. Мефаҳмӣ, дӯст медорам!-Дод зад Шафоат.

-Э марги чунин дӯстдорӣ... охир ту ҳам ин мардакро шарманда кардию ҳам моро..., мефаҳмӣ?

-Мефаҳмам, вале кори шуданӣ шуд ва ҳоло ман дар шикамам аз вай бача дораму мехоҳам Муртазо шавҳари қонуниам бошад. Барои ҳамин корро беҳуда кашол надода, зудтар никоҳ кардан лозим...

Дар вақти муколамаи модару духтар касе аз ҳозирон сухане ба лаб наовард, ҳама интизори оқибати баҳси онҳо буданд. Вақте ки Шафоат суханони охиринашро ба забон овард, мулло Тоҳир дасташро баланд карда, ҳамаро ба хомӯшӣ даъват намуд ва тавре ки аз минбари масҷид дар рӯзҳои ҷумъа амри маъруф мекард, овоз баланд намуд:

-Ҳама фаҳмидед, ки ин ҷо чӣ кор шудааст! Дигар чизеро ислоҳ карда намешавад, барои ҳамин мо бояд коре кунем, ки на сих сӯзаду на кабоб. Ягона роҳи халосӣ аз ин варта никоҳ кардани Муртазо ва Шафоат аст. Ин кор барои ман ҳамчун муллои деҳа хатарнок аст, аммо маҷбурам, ки ба хотири хешам инҳоро никоҳ кунам. Фақат як шарт, бояд забони ҳамаамон то ба балоғат расидани Шафоат ва аз занаш ба таври қонунӣ ҷудо шудани Муртазо баста бошад…

-Чӣ, шумо мехоҳед, ки Муртазо аз занаш ҷудо шавад ва ҳамон кӯдаки ширинаш, ҳа... номаш чӣ буд ...

-Иқбол, -луқма партофт Шафоат, гӯё ҳеҷ гап нашуда бошад.

-Ҳа, ҳамон Иқболи дӯстрӯяк бепадар монад?

-Вай аллакай ин корро карда, занашро талоқ дод,- оромона суханашро идома дод Шафоат.

-Ва ту инро чунон оромона мегӯӣ, ки гӯё гурбаи ширхӯрро аз модараш ҷудо карда бошанд? Медонам, ҳамааш айби ту, худозадаи шайтон аст! Сари ин мардаки латтаро гаранг карда, оқибат ӯро аз зану фарзандаш ҷудо кардӣ,-Ғазаби Ҳасратмоҳ ҳадду канор надошт,-Гумон мекунӣ, ки бо ҳамин роҳ хушбахт мешавӣ? Ту хушбахтиатро дар вайронаҳои бахти каси дигар сохтани ҳастӣ? Хестӣ, ки хобат! Ман дар бораи ин никоҳи нимишабию дуздона худам ба ҷои даркорӣ хабар медиҳам... Ҳарчи бодо бод, аллакай як бор шарманда шудам, бигзор то охир шарманда бошам,-инро гуфтаистода, Ҳасратмоҳ аз ҷояш бархост ва вазнин-вазнин қадам гузошта ба тарафи дар равон шуд.

Муртазое, ки то ин дам гӯё ба даҳонаш об гирифта бошад, хомӯш менишаст, барқвор аз ҷояш ҷаста хесту садди роҳи ӯ гашта бо ҳаяҷоне, ки ҳаргиз Ҳасратмоҳ онро дар касе мушоҳида накарда буд, гуфт:

-Холаҷон, илтимос, ин корро накунед! Ман худам баъдтар ба шумо сабаби ҳамаи ин ҳодисаҳоро мефаҳмонам. Ҳоло иҷозат диҳед, ки мо никоҳамонро гузаронем. Худатон фикр кунед, холаи Ҳасратмоҳ, шумо киро шарманда мекунед? Шавҳаратонро, духтаратонро, ҳамаи хешу ақрабо ва билохира худатонро, ки як зани намоёни деҳа ҳастед. Илтимос, худро таънасори ҳаққу ҳамсояҳо нагардонед…

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД