Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 40)
25.02.2020
А. ҲОҶӢ
2987

(Давомаш)


-Духтарам, дарро кушо, дар ин бевақтӣ кӣ омада бошад?-Ба Садоқат, ки аллакай дарро мекушод, нигариста гуфт модараш.
Садоқат бо гӯшаи рӯймол ашки чашмонашро пок кард, то меҳмони нохонда гиря кардани ӯро нафаҳмад. Дарро кушода ҷавонзан лаҳзае дар ҷояш карахт шуда монд, дар рӯ ба рӯяш хушдоманаш меистод. Садоқат ҳайрон буд, ки дароед гӯяд ё дарро гашта пӯшад. Билохира меҳри ин зани фариштахислат, ки кайҳо дар дилаш ҷой шуда буд, дудилагии ҷавонзанро бартараф намуд ва Садоқат чизе нагуфта аз дами дар канортар истод, то хушдоманаш бемалол дарояд. Модари Муртазо ҳанӯз дар даромадгоҳ ранги паридаи келинашро мушоҳида карда, якбора инони гиряро сар дод. Як алами Садоқат сад алам гашт ва ӯ низ хушдоманашро ба оғӯш гирифта, бо тамоми овоз гиристан оғоз кард. Садои нолаи ду зан, ки гӯё дар мурдахона бошанд, бо сӯзу гудоз гиря мекарданд, кампири Холбибиро аз хонаи дарун ба даҳлез баровард. Баробари дидани қудояш вай худро бозпас кашиду гуфт:
-Ману ту на танҳо қудо, балки дугона ҳам будем, аммо писарат коре кард, ки аз ҳамдигар ҷудо шудем. Чаро дар ин нимашабӣ ба ин ҷо омада, захми дили ману духтарамро тоза мекунӣ? Беҳтар нест, ки дар хонаат шинию писари нохалафат ва зани нави ӯро интизор шавӣ?
-Холбибиҷон, ту медонӣ, ки ман як келин ва як набераю як писар доштам, аммо имрӯз бо айби ким-кадом духтари кӯчагӣ аз писарам ҷудо шудам. Мехоҳӣ, ки аз келину набераам ҳам ҷудо шавам? Не, ман ҳаргиз ба ин роҳ намедиҳам! Ҳазор бор аз дарат ронӣ ҳам, хотири келину набераам боз меоям. Ман он нохалафро калон карда ҳеҷ гумон надоштам, ки ба чунин кори паст даст мезанад, шояд амри тақдир чунин будааст, ки бачаи боақл ба чунин беақлӣ роҳ диҳад. Бовар кун қудоҷон, ҳанӯз боварам намеояд, ки ин корро писари ман кардааст. Дар дилам гуфта будам, ки то рӯ ба рӯ ҳамаашро аз даҳони худаш нашунавам, бовар намекунам, вале баъди телефон карданаш фаҳмидам, ки ҳамааш рост будааст ва Муртазо дигар он Муртазои пештара нест. Дугонаҷон, илтимос, маро аз охирин лаззати зиндагии индунёиям, аз дидори келину набераам маҳрум накун. Ман танҳо ба умеди инҳо зиндаам ва дар ҳузури шумоён мегӯм: Ман дигар Муртазо гуфтагӣ бача надорам! Акнун дар бисотам танҳо як набера дорам-Иқболҷон! Фаҳмидӣ, Холбибӣ?
Пас аз ин суханони аз байни сели гиря гуфтаи модари Муртазо Холбибӣ дигар чӣ гуфтану чӣ кор карданашро надонист ва роҳ дод, ки Садоқат хушдоманашро ба дарун дарорад.
-Писараки ба ҷон баробараки ман Иқболҷон канӣ?-Ба чор тарафи хона чашм давонд модари Муртазо ва набераашро надида, хавотиромез ба Садоқат нигарист.
-Хавотир нашавед оча, Иқбол дар хонаи дигар, ҳамин ҳоло хобаш бурд...
-Ҳамин хел гӯй духтарҷон, акнун ба келин гуфтан ҳам забонам намегардаде... Хайр, ту духтарам ҳастӣ ва модарат хоҳарам, ман барои шумоён шуда аз баҳри Муртазо гузаштам... Эй бачаи аҳмақ, охир ман аз ӯ ин хел корро ҳаргиз интизор набудам. Гумон мекардам, ки Муртазо зану фарзандашро аз ҷонаш ҳам бештар дӯст медорад... Ҳанӯз ҳам ин гапҳо ба назарам як хоби нохуш барин менамояд.
Онҳо ба хона даромаданду кампир ба болои кӯрпачаи дар як гӯшаи хона андохтаи Садоқат нишаст ва бо дасташ ба тарафи ӯ ишора намуда гуфт:
-Биё, ҳамаи ин корҳоятро як тараф мону ба паҳлӯям шин ва ҳарчи аз сарат гузашт, ба ман нақл кун. Канӣ фаҳмам, ки дар он ҷо чӣ гапу чӣ корҳо гузаштаасту ва кӣ сари писари нохалафи маро тоб дода аз зану фарзандаш ҷудо кардааст. Нақл кун духтарам, нақл кун, мани пир то ҳол ба чизе сарфаҳм нарафтаам, мехоҳам ҳамаашро донам.
-Чияшро нақл кунам оча, дар аввал ҳеҷ гап набуд, баъд як духтари хушрӯй, толибаи соли охири ҳамин мактаб ба писаратон маъқул шудааст, вале мани сода баъди кор аз кор гузаштан инро фаҳмидам. Муртазо мисли ҳамаи мардони булҳавас ба доми он духтар афтода, моро пушти по зад. Ҳамааш ҳамин...Дигар чӣ ҳам мешуд?
-Магар он духтар падару модар надорад? Наход ягон одами боақл набуд, ки пеши роҳи он духтарро бигирад? Магар ягон ҳамсоли худаш ба он духтар харидор нашуд, ки ба шӯи ту часпид?
-Не, он духтар падару модар дорад, бар замми ин, яккафарзанд ва эркаю азиз аст. Аз рӯйи шунидам, дар деҳа харидоронаш ҳам бисёр буданд, чунки дар ҳақиқат духтари хушрӯй аст. Намедонам бо он ҳусни оламсӯзаш вай дар Муртазо чиро дид, ки ба ӯ часпида монд. Дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарду ҳамеша ба хонаи мо рафту омад дошт, ҳатто дар корҳои хона ба ман ёрӣ мерасонд. Ба назар духтари баодоб менамуд, аз куҷо донам, ки ӯ дар дил нақшаи ба дом афтонидани шавҳари маро доштааст. Пештар ҳатто ҳис накарда будам, ки писаратон ба доми ҳамсоядухтар афтидааст, баъд як фестивал мӣ, конкурс мӣ, бало мӣ, ким чи шуду Муртазо он духтарро ҳамроҳи дигар талабаҳояш ба маркази ноҳия бурда овард. Аз ҳамон рӯз онҳо бо ҳамдигар ошиқи печон шудаанд...
-Беҳуда намегӯянд, ки пои рафтуомад г.. меорад. Ту як зани боақл аз аввал бояд ӯро ба хонаат роҳ намедодӣ...
Садоқат каме андеша карду гуфт:
-Эҳ, агар медонистам, ки кор ҳамин хел ранг мегирад, аз сад фарсах роҳ ин "ҳамсояи дилсӯзро" ба дари хонаам роҳ намедодам, охир аз куҷо донам, ки писаратон ин қадар сустирода будааст...
-Не, вай ин хел набуд, духтари шайтонсират бо кадом роҳе сарашро гаранг кардааст, шояд ҷоду поду ҳам карда бошад...
-Эҳ очаҷон, наход шумо ба ҳамин хел гапҳо бовар кунед? Одам худаш нахоҳад, ягон хел ҷоду поду ба ӯ таъсир намекунад. Ин ҷо айби худи дадаи Иқбол...
-Ва айби худи ту ҳам, ки шӯятро эҳтиёт карда натавонистӣ,-ба суханони духтараш ба таври худ илова намуд кампири Холбибӣ.
-Ман ба ин ҷо барои он омадам, ки ҳақиқатро аз даҳони худи ту шунавам Садоқат ва баъд ягон андеша кунам...
-Дигар чӣ ҳоҷати андеша кардан аст очаҷон, Муртазо аллакай роҳи худро интихоб кард, ману Иқбол ҳам. Мо шуморо аз худ дур карданӣ нестем, медонем, ки дар ин ҷо ягон гуноҳ надоред, балки мисли мо ҷабрдидаи ин заҳри каждум ҳастед. Барои ҳамин, дари хонаи модари ман ҳамеша ба рӯятон боз аст, аммо пешакӣ гӯям, ки қадами ман дигар ба ҳавлии шумо намерасад. Бо дидани он хонаю дар хотираҳои зиёде дар ман бедор мешавад. Ман тоқати аз сари нав ба ёд овардани онҳоро надорам,-бо қатъият изҳор намуд Садоқат.
-Ман инро медонам, духтарам. Мақсади ин ҷо омаданам танҳо ҳамин буд, ки аз забони худат дар бораи ин ҳодиса маълумоти аниқ бигирам, чунки ман пагоҳ ба ҳамон деҳа рафтанӣ...
-Шумо ба Сафеддорон рафтанӣ? Он ҷо чӣ кор мекунед? Келини навро диданӣ меравед-мӣ?


(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД