Formula novemver 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 42)
27.02.2020
А. ҲОҶӢ
3421

(Давомаш)

Вақте ки ҳама пасу пеш аз дарвозаи Мулло Тоҳир берун баромаданд, Ҳасратмоҳ бо ҷаҳл ба тарафи хешбачааш нигариста гуфт:

-Кори мекардагиатро кардӣ, мулло, лекин агар ягон гап шавад, аввал чормағз дар сари ту мешиканад, инро медонӣ?

-Медонам, вале ин корро ман ба хотири шарманда нашудани тую духтарат кардам. Нахостам, ки ӯ фарзанди ҳаромӣ ба дунё орад...

-Акнун ин фарзанд ҳалолӣ мешавад магар? Вай то никоҳ пайдо шудагӣ, барои ҳамин ин кори ту бефоида аст. Хайр, ҳар чи набошад, барои ғамхориат раҳмат, лекин гуй, ки ин шоҳидонат забонашонро байни дандон гирифта гарданд, вагарна рӯйи ҳамаамон сиёҳ мешавад...

-Ҳоҷат ба такрор нест, ҳамаашон шунида истодаанд ку,-гуфт норозиёна Мулло Тоҳир ва бо даст ба занаш ишора намуд, ки ба хона дарояд то вай дарвозаро пӯшад.

Ҳасратмоҳ бо шиддат аз китфи Шафоат кашида пурсид:

-Хӯш, арӯсак, акнун шумо ба куҷо меравед? Ба хонаи шавҳаратон ё ба хонаи очаи балозадаатон?

Ба ҷои Шафоат дигар духтар мешуд, сарашро хам карда, чӣ ҷавоб доданашро намедонист, аммо ин шаттоҳдухтар бо итоб китфашро кашида гуфт:

-Оча, ман дигар духтарчаи хурд нестам, ки тарафи ман шиддат кунӣ. Ба куҷое, ки хоҳам, рафтан меравам! Ҳозир ман ҳамроҳи шавҳарам меравам, агар хоҳӣ, ки шарманда нашавӣ, ба ман дигар дар ин мавзуъ ягон гап назан, фаҳмидӣ?

Хомӯшии тӯлоние ба миён омад. Муртазо ва қаровули мактаб аз ин рафтори Шафоат ба ҳайрат афтоданд. Мӯйсафед гиребони тавба дошта, худро ба канори дигари кӯча гирифт ва дар торикӣ ғайб зад. Дар байни кӯчаи нимторик, ки моҳи навбаромада онро андаке равшан мекард, танҳо се нафар: Ҳасратмоҳ, Шафоат ва Муртазо монданд. Алопар сари дупо нишаста, оқибати ин моҷароро интизор буд. Пас аз рафтани шоҳиди никоҳ ва ба ҳавлӣ даромадани Мулло Тоҳиру Анор акнун онҳо мисли бандҳои дар саҳро мондаи гандуми навдарав ҳар кадоме ба ҳоли худ буданд. Шафоат бо нӯги кафшаш дар рӯйи замин   хат мекашид. Касе ёрои сухан гуфтан надошт. Ниҳоят, Муртазо ба Ҳасратмоҳ нигариста гуфт:

-Хола, маро мебахшед, ки чунин шуд. Ман худамро сафед карданӣ нестам, аммо худатон дида истодаед, ки ин ҷо айби ман нест...

-Ин узри ту бадтар аз гуноҳ аст. Беҳтар мебуд, ки ин духтарро зудтар аз назди ман гирифта мебурдӣ... Маро ба ҳоли худам монед. Сарҳисоби корамро гум кардаам, пагоҳ ман ба падари ин духтари беақл чӣ мегӯям, ба зану кӯдаки ту чӣ мегӯям, ба мардум чӣ мегӯям... Кошки як рӯз пеш аз ин ҳодиса мемурдаму чашмам ин шармандагиро намедид! Бо ҳазор орзую ҳавас духтар калон кунию оқибат ба чунин рӯзи сиёҳ гирифтор шавӣ-а!

-Кори шудагӣ шуд хола, дигар аз гиряву нола суде нест,-сархам ҷавоб дод Муртазо.

-Ба хона рафтанӣ бошӣ, биё, агар не, ҳамроҳи шавҳарат, эй Худо ба гуфтани ин калима забонам намегардаде... ба куҷое, ки мехоҳӣ рав, лекин субҳ надамида дар хона шав, ки ҳамсояҳо чизеро пай набаранд... То омадани табар кунда меосояд, мегӯянд, то ба охир расидани мактабат ин сирро пинҳон кунем, баъд чизе, ки Худо хоҳад, ҳамон мешавад....

Ҳасратмоҳ пас аз ба забон овардани ин суханон ба тарафи нишебие, ки он ҷо хонаашон буд, бо қадамҳои майда равон шуд. Алопар ҳайрон буд, ки аз паси ӯ равад ё Шафоату Муртазоро мунтазир шавад...

***

Субҳи шаҳр дар оғози моҳи апрел андаке салқин бошад ҳам, вале бо бӯи хуши гулҳои навшукуфта муаттар буд. Кампири Холбибӣ ва кампири Ҷамила дар даст яктогӣ халтаи селофанӣ дар истгоҳи Сафедорон интизори мошин буданд. Дуртар аз онҳо ду зани дигар, ки аз симо ва сару либосашон деҳотӣ буданашон маълум буд, мисли онҳо интизор нишаста буданд.

-Саидаҳмад расо соати 6 меояд, боре ҳам нашудааст, ки дер монад,-ба ҳамроҳаш, ки зуд-зуд ба соати дастиаш нигоҳ мекард, нигариста гуфт зани солманд.

Ҳамроҳи нисбатан ҷавонтараш бо оҳанги тасдиқ сар ҷунбонда гуфт:

-Медонам, ки дер намемонад, вале метарсам, ки мабодо аз ҷамъомади мактабии писарам дер накунам... Дар мактабашон имрӯз соати нуҳ маҷлис будааст, бисёр хоҳиш кард, ки иштирок кунам. Барои иштирокаш дар конкурси ноҳиявӣ мукофот медодаанд. Мо то он вақт Худо хоҳад, рафта мерасидагистам...

-Худат медонӣ, ки аз ин ҷо то Сафедорон дусоата роҳ. Худо хоҳад, мерасем, боз вақти зиёдатӣ ҳам мемонад... Ана Саидаҳмад омад,-ба сӯи автобуси хурдакаке, ки ба истгоҳ наздик мешуд, ишора намуд зани аввала...

Аввалин шуда ба автобус чор нафар зан, ки ду нафарашон Холбибию Ҷамила буданд, савор шуданд ва дар ду курсии қафо нишастанд. Оҳиста- оҳиста автобус пур шудан гирифт. Аксарияти мусофирон аҳли деҳаи Сафедорон буданд ва ҳамдигарро хуб мешинохтанд. Ду зане, ки дар курсии паси Ҷамилаю Холбибӣ менишастанд, суҳбати худро беистиҳола идома доданд. Суханони онҳоро мусофирони дигар бемалол мешуниданд. Одатан деҳотиён парвои онро надоранд, ки гапашонро каси дигар гӯш мекунад ё не.

-Дирӯз хабар ёфтам, ки хоҳарам таваллуд кардааст. Медонӣ ку, чанд сол боз дар шаҳр зиндагӣ мекунад. Ба отаи бачаҳо гуфтам, ки як сари қадам рафта ӯро хабар гирифта биёям, розӣ шуд. Барои ҳамин бегоҳ ба шаҳр омада будам,-гуфт зани ҷавонтар, ки аз дер монданаш дар ҷамъомади мактабӣ хавотир буд.

-Хуш, чӣ хел будааст?

-Хуб аст. Шавҳараш бачаи шаҳрӣ бошад ҳам, одами хуб аст. Фарзанди аввалинашон писар шуд...Чунон хурсанд аст, ки...

-Худо бахташон диҳад...

Кампирҳои шаҳрӣ, ки хомӯш ба суханони онҳо гӯш мекарданд, ҳар кадоме машғули андешаи худ буданд. "Писари ман барин будааст" аз дил гузаронд кампири Ҷамила. "Домоди ман ҳам дар аввал бачаи хуб метофт",- андеша мекард кампири Холбибӣ...

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Тавсия медиҳем:
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 20)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 21)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 22)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 23)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 24)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 25)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 26)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 27)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 28)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 29)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 30)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 31)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 32)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 34)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми 33)
САРНАВИШТ Каждум дар бағал (қисми 35)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 36)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 37)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 38)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 39)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 39)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 40)
САРНАВИШТ КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 41)