(Давомаш)
Калимаи "келини нав" ба модари Муртазо бад расид, кампир бо дилшикастагӣ ба Садоқат рӯй оварда гуфт:
-Э духтараме, ту маро масхара мекунӣ? Ё таъна зада истодаӣ? Ман як келину як писар доштам, ки яке аз баҳрам гузашту дигареро худам тарк кардам. Ба болои ин таъна шуниданам чӣ маънӣ дорад, кел... мебахшӣ, духтарҷон?
Ин суханонро ба забон оварда, кампир ба риққат омад ва беихтиёр ашки талх аз чашмонаш таровида, аз рухсораи пурожангаш шорид, мисли он, ки ҳар як ожанги рӯйи модар ҷӯйчае бошад, аз он ҷӯйчаҳо оби дида чун селобаи баҳорӣ ҷорӣ гашт. Дар муддати ду-се соле, ки Садоқат бо ин кампир зист, ҳаргиз хушдоманашро дар ин ҳолат надида буд. Садоқат ба ин зани дар зиндагӣ азиятҳои бисёре кашида сахт меҳр баста буду дилаш ба ҳоли модаршӯяш сӯхт. Пештар ягон одами бегона онҳоро бинад, ҳаргиз фикр намекард, ки келину хушдомананд. Аксарият онҳоро очаю духтар гумон мекарданд. Имрӯз модаршӯи аз модар меҳрубонтарашро дар ин ҳолат дида, дили Садоқат реш-реш гашт ва узрхоҳона гуфт:
-Мебахшед очаҷон, ман ҳаргиз дили шуморо ранҷонданӣ набудам!
Инро гуфта вай хушдоманашро ба оғӯш гирифт ва худро сафед карда гуфт:
-Маънии гапи ман ин буд, ки шумо рафта ҳамон духтарро диданӣ ҳастед? Хӯш, меравед, мебинед, баъд чӣ? Аз ин рафтану азоб кашиданатон чӣ мурод ҳосил мешавад?
-Як бор ба чашмонаш нигоҳ мекунаму ба рӯяш туф мекунам. Ӯ бояд донад, ки ман ҳаргиз чунин духтарро ҳамчун келин қабул нахоҳам кард. Мехоҳам дар рӯйи Муртазо бигӯям, ки ман аз баҳри чунин писар гузаштам, бигзор мурдаи маро ҳамсояҳо аз дарвоза бароварда ба қабристон баранд...
-Очаҷон, охир ин чӣ медиҳад? Интихоб аз Муртазо буд, на аз он духтар...
-Ту намедонӣ, дар дунё духтароне ҳастанд, ки ба сад гӯлах алав мемонанд. Он духтар ҳам аз ҳамон зумра будааст...
-Гапатон рост, вақте, ки ба хонаи мо меомад, вай худро ҳамчун хоҳар ба ман меҳрубон нишон медод. Худатон медонед, ки ман хоҳар надорам, бинобар ин, ӯро ҳамчун хоҳар қабул мекардам. Вақте, мегуфт, ки “янга, биёред костюми шавҳаратонро дурустакак дарзмол кунам, ки як китфаш андаке ғиҷим шудааст” гумон мекардам, ки аз рӯйи меҳрубонии хоҳарона ин корро мекунад. Афсӯс, дер фаҳмидам, ки духтари айёра ин корро барои он мекардааст, ки дили Муртазоро ба даст биёрад.
-Дар ҳақиқат каждуми зери бурё будааст, оҳиста-оҳиста чоҳ кандааст дия,-сар ҷунбонд кампир...
Садоқат дар дилаш андеша кард, ки ҳарчанд модари Муртазо фарзандашро барои ин бадбахтии ба сари оилааш оварда маломат кунад ҳам, дар умқи дилаш боварӣ дорад, ки писари ӯ бегуноҳ аст... "Феъли ҳамаи модарон як аст..." аз дил гузаронд ӯ ва дубора пиразанро ба болои мулоимкурсӣ шинонд. Ин дам кампири Холбибӣ, ки то ин лаҳза танҳо ба онҳо нигоҳ мекарду ба гапашон ҳамроҳ намешуд, якбора овоз баланд кард:
-Ҳой Садоқат, мон хушдоманат як бор раваду танбеҳи он номард ва он духтари ба оши тайёр бакавулро диҳад. Биё ҳамроҳ меравем, чӣ гуфтӣ? -Ба модари Муртазо нигариста афзуд модари Садоқат. Ман ҳам мехоҳам як бор ба рӯйи онҳо туф кунам ва бинам, ки он роҳзани сари роҳ кист ва чаро духтарамро бадбахт карду набераамро бепадар. Кай ба роҳ мебароем?
Садоқат, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, лаҳзае дар миёни хона ҳайкал барин шах шуда монд, баъди пичиррос зад:
-Роҳи он ҷо душвор аст. Дар як шабонарӯз танҳо як бор автобус меравад ва он ҳам соати шаши саҳар ба роҳ мебарояд...
***
Вақте ки ҳама кор ба охир расид ва аз рӯйи шариати ислом Шафоат зани қонунии Муртазо шуд, мулло Тоҳир ба занаш нигариста гуфт:
-Канӣ занак, ба ин муносибат ягон хӯрок пухтаӣ?
-Ҳо, заҳра пухтам! Ман намедонистам, ки ту дар ин ҷо тӯйи арӯсӣ ташкил карданӣ ҳастӣ. Тасодуфан фаҳмидам, ки хеши маро ба ин ҷавони ҳозиру нозир никоҳ карда истодаӣ... Агар пештар медонистам, шояд ба эҳтироми духтари холаам аз ҳисоби худам як-ду пиёла биринҷро ош карда ба мардум медодам, чунки аз ин тую аз ин домод ба фикрам тӯйи ҳақиқиро интизор шудан маънӣ надорад...
-Номаъқул кардӣ, Анор! Падараш, ки омаду Шафоат мактабро хатм кард, дар қишлоқ тӯйи калон карда медиҳем, шояд бузкашӣ ҳам шавад. Ту моро бо чашми кам набин, духтари хола!
Шафоат аз чунин тағйир ёфтани феъли модараш дар байни чанд дақиқа ҳайрон шуд, вале интизор буд, ки охири ин саховати ӯ чӣ хоҳад шуд. Аз ин рафтори модари "арӯс" Муртазо ҳам ба ҳайрат афтод ва бештар дар дил аз он ҳайрон буд, ки худаш нахоста калимаи "арӯсро" дар дохили нохунак пеши худ тасаввур кард. Магар то ҳол Шафоат арӯси ҳақиқии ӯ нашудааст? Ким чӣ хел дилаш ин чизро тасдиқ намекард...
-Майлаш, мо як ошхӯр, вале барои ин бояд камаш якуним моҳ ин асрор дар паси ҳамин остона монад, вагарна худатон медонед, ки оқибати ин никоҳ чӣ мешавад,-бори дигар ҳозиринро огоҳӣ дод мулло Тоҳир.
-Албатта ҳамин тавр мекунем. Мо то вақти зарурӣ мурда барин хомӯш меистем,-табассуми айёрона намуд посбони мактаб.
-Ин тавр, ки бошад, "Зери замин чист? Нахӯд. Ҳар кас ба хонаи худ..." гуфт мулло Тоҳир ва ҳама даст ба дуо бардошта, дубора ба арӯсу домоди ҷавон бахт хостанд. Ин дам аз берун садои уллоскашии Алопар баромад. Инро шунида, мулло зери лаб пичиррос зад: "уллоси саг хосият надорад..."
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)