(Давомаш)
Саг баландтар аккос зада, ба ҳар як ҳаракати онҳо бодиққат назорат мекард. Ҷавонмард оҳиста дастурхони тӯйро наздиктар кашида, аз дохили он як бурда нон гирифт ва бо дасти чапаш ба тарафи саг партофт, аммо саг ба ҷои он, ки нонро гирад, дандонҳояшро боз ҳам зиёдтар гиз карда, ба ӯ ҳуҷум карданӣ шуд. Ин лаҳза дар паси саг сояе пайдо шуд. Тарҳи соя наздиктар гашта суроби марде намоён шуд, ки дар даст асои дароз дошт. Ӯ ба ин ҷуфти мисли кабӯтарони рамида бо ҳам ҷафсшуда нигариста гуфт:
-Полвон аз дасти одами бегона нон намехурад. Шумо кистед ва дар ин ҷо чӣ кор мекунед?
Пас аз шунидани қиссаашон чӯпон зану шавҳари ҷавонро ба козаи чӯпониаш бурд ва онҳо либосҳои таршудаашонро дар он ҷо хушк карданд. Пас аз нӯшидани чои гарм ва ба худ омадани ин ҷуфти роҳгумзада марди чӯпон ба онҳо роҳро нишон дод ва Ҷамилаю шавҳараш рӯ ба водӣ оварданд. Офтоб пас аз борони шабона ба табиат гӯё ҷомаи нав пӯшонида буд ва онҳо ба ин манзараи дилошӯб назар дӯхта, на сухане ба забон оварда метавонистанду на маҷоли зуд ҳаракат кардан доштанд. То сари роҳи калон боз ду бори дигар дар лаби чашмаҳои кӯҳӣ истироҳат карданд. Табиати афсункор зану шавҳари ҷавонро чунон маст карда буд, ки намехостанд аз оғӯши ҳамдигар дур шаванд. Пас аз ҳамон рӯз дар батни Ҷамила Муртазо пайдо шуд, шояд сабаби ба деҳаю саҳро майл доштанаш ҳамин бошад…
-Ана ба Сафеддорон ҳам расидем,-ин садои кампири дар курсии қафо нишаста Ҷамиларо аз олами хотираҳо берун овард...
Микроавтобус дар майдончаи на он қадар калон як чарх заду истод ва мусофирон як-як чизу чораашонро гирифта аз он берун шуданд. Ҷамилаю Холбибӣ низ аз мошин фаромаданд ва дар атрофи худ куҳҳои сарбафалаккашидаро дида, бо ҳавас онҳоро тамошо кардан гирифтанд. Мардуми деҳотӣ бо ҳайрат ба ин ду кампири мусофир нигариста, синчакорона аз фарқи сар то нӯги пойи онҳоро аз назар мегузарониданд. Дар зеҳни аксарият як савол чарх мезад: "Инҳо меҳмони кӣ бошанд?" Кампирҳои шаҳрӣ пас аз хеле тамошо кардани манзараи зебои атроф ва хонаҳои деҳотиён андаке ба худ омаданд ва ба атрофашон нигариста пай бурданд, ки як гурӯҳ занону бачаҳои Сафеддорон ба онҳо бо шавқ нигоҳ доранд. Нигоҳҳои онҳо кампирҳоро андаке нороҳат кард ва Холбибӣ, ки забонаш нисбатан тезтар буд, аз рӯйи масали «духтар ба ту мегӯям, келин гӯш андоз» амал намуда, ба духтараки тахминан 14-15- солае, ки бо даҳони воз ба онҳо менигарист, рӯ оварда гуфт:
-Ҳа духтарам, дар рӯйи мо маҳ дидед чӣ?
Духтарак маънии суханони ӯро нафаҳмид. Кампири Холбибӣ ин дафъа мақсадашро содатар карда фаҳмонд:
-Мегӯям, ки шумо дар умратон одамро надидаед, магар?
Духтарак шарм дошта қафо рафт. Зане, ки дар дасташ сатили пуроб дошт, ин суханони Холбибиро ба таври худ фаҳмида гуфт:
-Мебахшед апа, инҳо одамро дидагию аммо ин хелашро не...
-Чӣ хелашро надидаанд?
-Шаҳриашро мегӯям-да! Ба деҳаи мо одами бегона кам меояд, барои ҳамин онҳо донистанианд, ки шумо меҳмони кӣ ҳастед.
-Ҳааа,-андаке аз гуфтаи худ пушаймон шуда мад кашида гуфт Холбибӣ,-Мо меҳмони мактаб, аниқтараш муаллими мактаб. Бемалол бошад роҳи мактабро нишон медодед хоҳарҷон...
-Ҳо ана мактаб,-баробар дасти худро ба самте, ки он ҷо аз дур суроби бинои сафеди мактаби деҳа менамуд, дароз карданд чанд духтару писарчаи он ҷо ҷамъшуда. Зани дар даст сатилдошта пас аз паст шудани овози бачаҳо ба меҳмонон рӯ оварда гуфт:
-Ҳамроҳи ман биёед, шумоёнро то он ҷо мебарам...
Зан пеш- пеш ва ду кампири шаҳрӣ аз пас ҷониби мактаб равон шуданд. Зани сафеддоронӣ ҳайрон буд, ки чаро ин ду меҳмон мисли дигарон дар даст дастурхонҳои калон надоранд ва чаро ба мактаб мераванд...
***
...Аз саҳар сари Муртазо дард мекард ва пас аз он, ки Шафоатро гусел кард, беҳавсала ба пӯшидани либосаш сар кард. Имрӯз бояд дар мактаб ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ғолиб омадани мактаби деҳа дар озмуни ноҳиявӣ баргузор мегашт. Албатта қаҳрамони асосии ин ҷамъомад ӯ ва хонандагони иштирокчии ин озмун буданд. "Дар танаффуси калон ҳамаро ба линейка даъват мекунем ва шумою хонандагони ғолибро табрик менамоем. Гӯед, хонандагон хуб тайёрӣ дида биёянд, шояд баъдтар ин консертро барои мардуми деҳа ҳам дар толори мактаб намоиш диҳем",- гуфта буд директори мактаб. Муртазо аз ин гуфтаҳо хурсанд шуда бошад ҳам, як гӯшаи дилаш хиҷил буд.
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)