arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 45)
01.03.2020
А. ҲОҶӢ
2760


(Идомааш)

Шафоат ӯро дӯст медорад ва инро Муртазо барои худ аниқ кардааст, аммо дилаш аз он хиҷил аст, ки муҳаббати Садоқатро пушти по зад. Занеро, ки ба хотири ӯ аз зиндагии хуби шаҳрӣ гузар карда ба ин куҳистони дур омада буд, фиреб дод ва мубталои дарду ғам гардонд. Чизи дигаре, ки дили Муртазоро фишор медод, зиндаятим намудани фарзандаш буд. Вай писарчааш Иқболро сахт дӯст медошт ва аллакай ӯро ёд карда буд. Ҳар гоҳ, ки лафзи кӯдаконаи ӯро ба ёд меовард, дилаш гум мезад. "Дадаҷон, ай кол омадӣ? Очаам мало нажадааст...",- садо медоданд дар гӯши Муртазо суханони ширини Иқболҷон.


Саҳни ҳавлии мактаб пур аз муаллимону хонандагон буд. Бачаҳои калонтар машғули бозии волейбол буданду дигарон тӯда-тӯда ҳар куҷо машғули суҳбат. Дар мактаб анъана шуда буд, ки қабл аз оғози дарс ҳама қатор шуда, бо навбат ба синфҳояшон медаромаданд ва баъд аз се дарс танаффуси калони нимсоата мешуд. Вақте ки соати 8 ҳама дар даромадгоҳ саф бастанд, директори мактаб эълон кард:

-Имрӯз дар вақти танаффуси калон маросими супоридани мукофотҳои шуъбаи маориф ва мактаб ба хонандагони дар озмуни фарҳангӣ ширкаткарда баргузор мегардад. Садои зангро, ки шунидед, зуд аз синфхонаҳо баромада қатор шавед...

Ҳар роҳбари синф дар назди қатори синфи худ истода, баъд ҳамроҳи хонандагони худ вориди даҳлези мактаб мегаштанд, Муртазо низ аз паси хонандагони синфаш аз дари даромадгоҳ дохил шуда истода буд, ки дар паҳлуяш мисли он, ки аз зери замин бошад, Шафоат пайдо шуд ва оҳиста ба дигарон нашунавонида гуфт:

-Бегоҳ ба хона гӯшт бар, ман ба хонаи модарам бурда хӯрок мепазам...

Муртазоро гӯё мор газида бошад, як қад парида ба атроф нигарист, ки мабодо ин суханони Шафоатро касе нашунида бошад. Вай худро ба карӣ андохта, барои гирифтани журнали синф ба тарафи хонаи муаллимон рафт.

Муртазо ва Шафоат аллакай чанд рӯз боз якҷоя зиндагӣ мекарданд, вале ин танҳо зиндагии шабона буд. Шафоат баъд аз фаромадани торикӣ ба назди Муртазо меомад ва субҳ, пеш аз дамидани субҳ ба хонаи худашон мерафт. Аз рӯзе, ки ин ҳодиса рӯй дод, Шафоату модараш мисли гургу гӯсфанд буданд ва бо ҳамдигар то зарурате пеш наояд, гап намезаданд. Ҳасратмоҳ то андозае хароб шуда буд, ки ҳамсояҳо мегуфтанд: " Чаро ин қадар пули шавҳаратро ҷамъ мекунӣ? Як бор ба шаҳр рафта худатро ба духтур нишон деҳ. Бачаю кача ба гӯрат намедароянд. Бин, мисли скелет хушк шудаӣ, аниқ, ки ягон дард дорӣ..." Дар ҷавоб Ҳасратмоҳ "хуб" гӯяд ҳам, аз рӯйи маслиҳати ҳамдеҳагонаш амал намекард, зеро дардашро худаш аз беҳтарин табибони шаҳрӣ медонист.

***

Кампирҳо ба дарвозаи мактаб расиданду зани ҳамроҳи онҳо гуфт:

-Ана ин мактаби қишлоқи мо. Намедонам ба шумо кӣ даркор, аммо агар аз дари калон дароед, идораи директорамон дар дасти чап. Пурсед, нишон медиҳанд...

-Раҳмат, аммо ба мо директор лозим не...

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД