(Давомаш)
Вақте, ки ҳамаи хонандагон ба синфҳои худ даромаданд, директор хотирҷамъ ба кабинеташ ворид гардида, ба девори паси курсиаш нигаристу ба омӯхтани ҷадвали дарсҳо машғул шуд. Ӯ,ки худаш ҳам чанд соат дарс дошт, мехост донад,ки мудири қисми таълимӣ дарсҳояшро дар кадом соат гузоштааст. Ин дам "Мумкин мӣ?" гӯён навбатдори онрӯзаи мактаб дарро кушод ва аз даромадгоҳ истода гуфт:
-Устод, ин ҷо шуморо ду нафар зан суроғ мекунанд...
-Гӯй, ки баъд аз дарсҳо биёянд, ман банд. Худат медонӣ ку онҳо бачаҳояшонро ё барои рафтан ба подабонӣ агар навбати подаашон омада бошад, ё ягон кори дигар ҷавоб гирифтанӣ...
-Не, инҳо аз ин ҷо не, ба фикрам аз шаҳр омадагӣ...
Директор ба қафо нигоҳ карда пурсид:
-Аз шаҳр, ягон комиссия мӣ?, Ба ман касе чизе нагуфтааст..
-Не, инҳо ду кампир. Гӯям дароянд?
-Ҳа майлаш, канӣ бинем онҳо кистанду чӣ мехоҳанд...
Аз дар аввал Холбибӣ ва баъд Ҷамила вориди утоқи директор шуданд. Директор,ки чунин корафтодагонро мунтазир набуд, андаке бо ҳайрат ба онҳо нигаристу баъд курсиҳои дар назди мизи дароз қатор мондаро нишон дода гуфт:
-Марҳамат очаҳои меҳрубон, аз ин ҷо гузашат нишинед...
Баъд аз он,ки кампирҳо дар курсӣ нишастанд, директор аз чойники дар болои миз гузошташуда ба як пиёла чой рехту ба тарафи Холбибӣ,ки ба ӯ наздиктар нишаста буд, дароз кард. Кампир чойро "раҳмат" гӯён гирифт ва мунтазир истод.ки директор пиёлаи дигарро ба Ҷамила дароз кунад. Онҳо як қултӣ чой нӯшиданд ва дар ин муддат директор бо диққат ба онҳо нигариста дарёфтанӣ буд, ки ин кампирҳои тозаю озода аз ӯ чӣ мехоҳанд. Баъд аз андаке сукути ба миёномада директор бо аломати савол ба онҳо нигариста истод,ки онҳо чӣ мегӯянд. Кампирҳо ба ҳамдигар нигариста, аз чӣ сар карданашонро намедонистанд. Баъд Холбибӣ сар кард. Ӯ ба тарафи Ҷамила бо даст ишора намуда гуфт:
-Ин кас модари муаллими шумо ҳастанд...
-Кадом муаллими мо?
-Муртазо Сафаров...
Директор дубора аз ҷояш хеста ба тарафи Ҷамила нимтаъзим карду гуфт:
-Бори дигар салом. Раҳмат барои чунин писар. Баъд аз омадани писари шумо ба мактаби мо корҳо анча хуб шуданд. Лекин ман ҳар вақт таъкид мекардам, ки зуд зуд ҳану бачаатро гирифта рафта моларатро бин. Ана дидед, боз ҳам гапамро нагирифтаасту шумо овора шуда аз ҳамин қадар роҳи дур омадаед. Ба фикрам, зану бачаашро фиристода буд ку?
Кампирҳо чӣ гуфтанашонро надониста ба ҳамдигар нигаристанд. Аммо Холбибӣ,ки аз Ҷамила "бо лабу даҳонтар"
буд, худро гум накарда гуфт:
-Бале, ҳоло онҳо дар шаҳранд,-кампирҳо зуд дарк карданд, ки директор дар бораи он,ки Муртазо занашро сар дода ба ким кадом духтар хонадор шуданист, чизе намедонад. Бинобар ин, бори дигар онҳо ба ҳамдигар нигоҳи рамуздор карда, ба қарори пинҳонӣ омаданд,ки алҳол дар ин бора ба вай чизе нагӯянд ва баҳонаи дигаре барои ба ин ҷо омаданашон ҷӯё шаванд. Холбибӣ боз ҳам лаҷоми суханро ба даст гирифта, ба директор гуфт:
-Ҳа, ин ҳамин тавр аст. Аммо мо аз сабаби он, ки Садоқату писарчааш ба шаҳр рафтанду хонаамон соҳибдор шуд, хостем як ба деҳае.ки дар он ҷо Муртазо кору зиндагӣ мекунад, сафар карда, аз аҳволаш хабар гирему ҳам тамошо кунем.
-Саломат бошед, нури дида тоҷи сар...Бале Муртазо бисёр ҷавони қобил аст. Номи мактаби моро имсол дар ноҳия машҳур кард. Мо дигар ӯро аз ин ҷо ҷавоб доданӣ нестем. Худо хоҳад дар оянда замин мегирему барояш як хона месозем. Сафедоронӣ мешаваду меравад. Чӣ гуфтед?
-Майлашу лекин ҳоли мо кампирҳо дарт шаҳ чӣ мешавад? Ӯ ягона писари Ҷамила асту домоди ман...,-гуфт Холбибӣ
-Ҳеҷ гап не, шумоёнро ҳам кучонда мерем да...,-хандид директор. Аммо ҳис кард,ки занҳо ҳамту барои кашери сухан ин гапҳоро гуфта истодаанд. Директор чойники чойро ба назди онҳо гузошту гуфт:
-Шумо чой нӯшида истед, ҳоло ман рафта худи Муртазоро аз синфаш биёрам...
Вақте,и директор ҳуҷраро тарк кард, кампирҳо ба ҳамдигар нигаристанд ва Ҷамила ба қудояш бо зорӣ нигоҳ карда гуфт:
-Холбибиҷон, аз афташ ин мардак дар бораи моҷарои Муртазо чизе намедонад. Биё, алҳол дар ҳамин мавзӯъ гап назанем, бинем канӣ, таги гап чист. Шояд ҳамаи ин гапҳо нодуруст бошанд...
Холбибӣ як ба симои сар то по илтиҷои Ҷамла нигариста раҳмаш ба ҳоли ӯ омад ва сарашро хам карду гуфт:
-Эҳ модаре, хайр майлаш, аввал худи ӯро бинему фаҳмем,ки чӣ гап шудааст. Баъд он тарафашро фикр мекунем...
Ҷамила бо аломати миннатдорӣ дасташро ба китфи қудояш гузошт. Пас аз лаҳзае дар даҳлез садои помонӣ ва гуфтугӯи ду нафар шунида шуд. Аз дари ҳуҷраи директор аввал худи ӯ ва пас аз он Муртазо намоён шуданд
-Ана "сюрприз" барои ту,- бо ду дасташ ба тарафи кампирҳо ишора намуд гуфт директор.
Баробари дидани ин "сюрприз" Муртазо қариб аз ҳуш рафта буд. Ӯ ба чашмони худ бовар намекард. Пойҳояш мисли он, ки аз латта бошанд, суст шуданд ва барои он, ки наафтад, аз паҳлударии даромадгоҳи ҳуҷраи директор сахт қапид...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)