Formula novemver 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 51)
07.03.2020
А. ҲОҶӢ
3094

(Давомаш)

Аз пайдо шудани зане, ки аз шиддати ғазаб ё ҳаяҷон чеҳрааш мисли танӯри пуроташ даргирифта буд, ҳама ба ҳайрат афтоданд.

-Шин Муртазо! Ман дар умрам мардони бисёреро дидаам, вале ту барин латтаашро бори аввал мебинам. Ин Шафоати беақл дар ту чӣ дида ба бағалат даромадааст, ман ҳайронам! Наход одам ба ҳамин хел латтамард ошиқ шавад?! Ту гул барин духтари маро расвою радди маърака кардӣ, акнун очаю почаатро дида аз вай даст кашиданӣ мӣ?-Ҳасратмоҳ ба занҳое, ки мисли гурбаи дар об таркардашуда музтару ҳайрон дар гӯшаи хона менишастанд, нигариста дасташро бо ҳавои суханаш ҷунбонда истода идома дод,-Ин ба ном йигити шумоён аз ким-куҷо омада сари духтари ҳанӯз ба балоғат нарасидаи маро гаранг карда, ӯро ҳомиладор кардааст, акнун баъд аз он, ки бо ӯ никоҳи мусулмонӣ кард, мегӯяд, ки аз баҳраш мегузарам. Ана мардию...

Холбибӣ ва Ҷамила мисли он ки ях карда бошанд, аз даҳонашон лому мим набаромад. Муртазо дар байни арасот монда чӣ гуфтану чӣ карданашро надониста, мисли кунда дар як кунҷаки хона сарашро бо кафи дастонаш дошта, нишаста буд ва ягон садо намебаровард. Ҳасратмоҳ дид, ки ҳамлаи аввалаш натиҷа дод, боз дастафшон ба гап даромад:

-Ман намедонам кадоми шумо модари ин бача ва ё холааш мешавед, аммо ҳаминро донед, ки ман писаратонро барои таҷовуз ба номуси духтарам ба суд медиҳам, агар аз баҳри занаш гузашта, духтари маро бо тӯю тамошо ба занӣ нагирад.

Вақте, ки ин суханонро мегуфт, Ҳасратмоҳ дар умқи дилаш ноҳақ будани худро медонист, вале ба хотири бахти духтари бе ақлаш маҷбур буд бо туҳмат дасту пойи Муртазоро бандад. Хуб медонист, ки гунаҳкори асосӣ духтараш Шафоат аст, вале кор аз кор гузаштаю роҳи ягонаи аз беобрӯӣ наҷот ёфтан ҳамин буд…

Модарони хомӯш пас аз андаке паст шудани дами Ҳасратмоҳ ба ҳамдигар нигариста, ба ин шӯру мағал чӣ ҷавоб доданашонро намедонистанд. Ҷамила аз ҷумлаи занҳое буд, ки ба қавле дар сарашон санги осиёро гардон кунанд ҳам, хомӯш меистанд, аммо Холбибӣ андаке бадқаҳру бадҷаҳл буд, вале ҳоло ӯ ҳам чӣ гуфтанашро намедонист.

-Ман намедонам чӣ гӯям,-оқибат бо овози нарм ба сухан даромад модари Муртазо,-писари ман ба ҳамин роҳ рафта, зани нозанин ва писари дӯстрӯякашро бо духтари шумо иваз карда бошад, пас вай писари ман набудааст... Шояд ин ҷо боз ягон сабаби дигар бошад...

-Шумо гуфтаниед, ки духтари ман сари писари шуморо гаранг кардааст?! Охир вай ҳоло талабаи мактаб аст, чӣ хел сари як марди соҳиби зану бачаро гаранг мекунад? Не, дили писаратон духтари ҷавон хостааст!

Муртазо, ки то ин дам ҳатто садои нафаскашиашро касе намешунид, дигар тоқат накарда, мисли мурдае, ки аз таги гӯр овоз мебарорад, дод зад:

-Хола, туҳматро бас кунед! Беҳтараш аз худи духтаратон пурсед, ки чӣ ҳодиса шуд. Майлаш, ман дар назди ҳамаатон гунаҳгор, вале ақаллан гапи ростро занед...

-Кадом гапам дурӯғ? Ҳамоне, ки ман туро мусофир гӯён дилсӯзӣ кардаму духтарамро барои ёрӣ додан ба назди занат мефиристодам ва ту сари вайро гаранг карда, ба номусаш дастдарозӣ кардию аз тарси қонун як ҳафта пеш ба никоҳат даровардӣ? Не, ҳозир ман худи Шафоатро ба назди ин занҳо меорам, то рости гапро гӯяд,-аз дар баромаданӣ шуд Ҳасратмоҳ.

-Ин ҷо исто, ту худат кистӣ, ки ба сари мо дод мезанӣ?-Холбибӣ, ки то ин дам ин ҳамаро аз зери чашм хомӯшона мушоҳида мекард, давида аз ҷояш хест,-Ба назди мо на духтари қанчиқатро биёру на худат биё. Мо ин ҷо омадем, ки рост ё дурӯғ будани хабари зангирии ин ҷавонмарди ба қавли ту латтаро фаҳмем. Рост мегӯӣ, ки домоди ман латта аст, агар ҳамин тавр намебуд, як духтари тозаю озодаи шаҳриро, ки дар умраш таппаки говро надидааст, ба ин ҷо оварда, ба як деҳотии ношустаю бӯгирифта иваз намекард.

-Кӣ ношуста? Кӣ бӯгирифта? –Дастонашро шоф карда аз роҳаш баргашт Ҳасратмоҳ,-Ман ба ту шаҳрии зардобранг бӯйгирифтаро нишон медиҳам...

Дар як лаҳза ҳарду қад ба қад шуданд ва Холбибӣ чанг зада аз мӯи Ҳасратмоҳ гирифт. Модари Шафоат низ паст наомада, ба рӯйи Холбибӣ чангол зад. Ҳарду ба рӯю мӯйканӣ сар карданд...

Муртазо ва Ҷамила, ки то ба ин дараҷа расидани корро интизор набуданд, аз ҷояшон хеста ҳардуро ҷудо карданӣ шуданд, вале ин ба онҳо даст намедод. Оқибат Муртазо илоҷе карда панҷаҳои Ҳасратмоҳро аз мӯи Холбибӣ раҳо кард ва ӯро ба тарафи дар бурданӣ шуд, аммо Холбибӣ як мушт ба манаҳи Муртазо фароварду аз зеҳи дандонҳои ҷавон хун шорида даҳонаш шӯр шуд. Муртазо ӯро раҳо кард ва Холбибӣ аз фурсат истифода бурда, Ҷамилаи ҷисман харобро як тараф тела доду боз ба Ҳасратмоҳ часпид. Ҳарчанд ҳарду зани солхӯрда тақрибан қаду басти баробар доштанд, аммо Холбибӣ нисбатан чаққонтар буд ва чолокона рақиби худро ба замин афтонда, зери мушту лагад гирифт. Зӯри Ҷамила ба ҷудо кардани онҳо намерасид, ҳарчанд мехост Холбибиро аз болои Ҳасратмоҳ ба як сӯ кашида, онҳоро ҷудо кунад, ин ба ӯ даст намедод. Дар хона танҳо садои ҳашу фаши ду зани солхӯрда ба гӯш мерасид, ки чун ду паҳлавони майдон бо ҳам кашмакаш доштанд. Гоҳ- гоҳ Ҳасратмоҳ аз зери пои Холбибӣ истода канда-канда чизе мегуфт ва ба ҳар куҷои ӯ зарба заданӣ мешуд, аммо азбаски дар зер буд, зарбаҳояш чандон таъсир надоштанд. Холбибӣ бошад, ҳарифашро сахт ба замин зер карда, то метавонист ба паҳлуҳояш мушт мезад, гӯё тамоми алами бадбахтии духтарашро аз ин зан гирифтан мехост. Ҳасратмоҳ, ки то ин дам фишшосзанон бесадо муқобилият мекард, дигар тоқат карда натавониста бо нафаси гирифтаистода дод зад:

-Мардум, маро мекушанд, халос кунед!

Садои ҳазини ӯ то паси дар базӯр мерасид, вале ин овоз Муртазои дар байни обу оташ мондаро ҳушёр кард ва ӯ зуд ба назди онҳо омада, хуни кунҷи лабашро тозакунон Холбибиро аз болои Ҳасратмоҳ ба як тараф гирифтанӣ шуд, вале Холбибӣ мисли калтакалосе, ки ба девор сахт мечаспад, туъмаи худро раҳо карданӣ набуд. Часпу талоши ду зан дар байни хона ва кӯшиши онҳоро аз ҳам ҷудо кардани очаю бача манзараи дар як вақт ҳам хандаовару ҳам ҳузнангезеро эҷод карда буд. Занҳое, ки рӯ рӯйи хона ғел мезаданд, на парвои онро доштанд, ки куҷои баданашон урён мешаваду на ба дарки он мерасиданд, ки ин корашон то кай давом мекунад. Онҳо гоҳ аз синаи ҳамдигар мегирифтанду гоҳ даст ба мӯи парешони ҳам мезаданд. Ин ҳолат чанд дақиқа идома ёфт ва ҳарду ҳам хаста шуданд. Муртазо дид, ки онҳо дигар маҷоли мубориза бурдан надоранд, бо қувваи дучанд онҳоро аз ҳам ҷудо карданӣ шуд, вале ҳамин дам чашмаш ба дар афтид, ки дар погаҳаш ҷуссаи шиносе пайдо шуда буд...

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД