(Давомаш)
...Шафоат на аз дар даромаданашро медонисту на баромаданашро. Ҳайрон буд, ки ин ду кампир дар хонаи Муртазо чӣ кор мекунанд. Ифтихорномаашро гирифта Шафоат тозон ба хонаи Муртазо омада буд, то як зиёфатча орояду ҳарду ваъдаи директорро дар бораи бо квота ӯро ба Донишкадаи санъат дохил намудан «шӯянд», вале аз куҷое ин кампирҳо пайдо шуда, нақшаи ӯро дар як дам барбод доданд. Духтар худашро гум карда базӯр ғурунгосзанон пурсид:
-Салом, шумоён кистед?
-Мо меҳмони Муртазо, худи ту кистӣ?-аз ин саволи духтар андаке ба ғазаб омад кампири Холбибӣ.
-Ман...ман...талабаи ҳамин муаллим.
-Муаллим-ку ҳоло дар ин ҷо нест, ту барои чӣ омадӣ? Магар ҳоло вақти дарс нест?
Аз ин саволи кампири шаттоҳ Шафоат худро гум карда, дар ҷавоб чӣ гуфтанашро надониста монд. Ҷамила ба чеҳраи духтар диққат дода, дар он чанд аломати монандӣ ба Садоқатро пайдо карда, ҳайрон шуд. Холи зери манаҳи ин духтари ношинос мисли ду қатра об ба холи Садоқат монанд буд. Дар ҷавоби саволи Холбибӣ лол мондани духтаракро дида, Ҷамила дар боли кӯрпача андаке лағжида, ба Шафоат гуфт:
-Духтарам, биё ин ҷо шин, баъд гап мезанем...
Шафоат пешомади шумеро дар умқи дилаш ҳис карда намедонист чӣ кор кунад, даъвати ин занро қабул карда ҳамроҳи кампирҳо чақ-чақ карда шинад ё баҳонае пеш оварда, зудтар рӯ ба гурез биёрад. Ниҳоят ӯ худро ба даст гирифт ва ба қароре омада гуфт:
-Ман баъдтар, вақте ки муаллим омаданд, меоям...
Шафоат осемасар аз дар берун шуд. Рафтори аҷиби духтарро дида кампирҳо маънидорона ба ҳамдигар нигоҳ карда монданд...
***
Муртазо дар зери пояш заминро ҳис намекард. “Акнун чӣ мешавад? Акнун чӣ мешавад?” Ин саволро ӯ даҳҳо маротиба дар дилаш такрор кард, вале ҷавобе пайдо карда наметавонист. Вақте ки дар ҷамъомади тантанавӣ директори мактаб номи ӯро гирифту дар бораи корҳои кардааш сухан гуфт, вай он қадар пакар буд, ки ҳатто маънии гапҳои ӯро нафаҳмид, танҳо вақте, ки номи Шафоатро гирифтанд, каме ба худ омада, чашм ба саҳна дӯхт. Директор тантанавор эълон кард:
-Ана акнун навбат ба мукофотонидани беҳтарин сарояндаи ин деҳа, не балки сарояндаи беҳтарини ин ноҳия ва шояд дар оянда сарояндаи номдори ҷумҳурӣ Шафоат Саидзода расид. Ин ҷо баро, духтарҷон... Духтарам, ту номи мактабу деҳаамонро баланд кардӣ. Ман ҳамчун роҳбари мактаб аввал аз номи худам ва сипас аз номи ҳамаи сокинони ин деҳа ба ту миннатдорӣ баён мекунам. Дар кашфи истеъдоди ту хизмати муаллимат Муртазо Сафаров калон аст, аммо худат ҳам кӯшиш кардӣ... Мудири маориф ваъда кард, ки пас аз хатми мактаб туро бо квота ба Донишгоҳи санъат мефиристад. Ана акнун иҷозат диҳед, ин ифтихорнома ва маблағи пулиро барои ишғол намудани ҷои аввал дар озмуни ноҳиявии санъаткорони ҷавон ба Шафоат супорам...
Директор ба дасти духтар ифтихорнома ва як конвертро супорида истода, гуфт:
-Акнун дилам пур, ки номи мактаби мо ҳамеша дар қатори беҳтаринҳо хоҳад буд!
Шафоат мисли ангишти болои сандони оҳангар сурх шуда дар пешонааш донаҳои арақ намоён шуданд. Ӯ пас аз гирифтани мукофоти худ зуд аз саҳна поён шуд ва бо ишораи чашм ба Муртазо чизе гуфту дигар ба назди ҳамсинфонаш нарафта, саросема аз толори маҷлис баромад.
Баробари аз дар баромаданаш ба рӯяш насими сарду фораме расид ва духтар аз он лаззат бурда аз дилаш гузаронд: “Ман беҳад хушбахт ҳастам ва Муртазоро ҳам хушбахт хоҳам кард”. Шафоат бехабар буд, ки тақдир барои ӯ “хушбахтии” дигареро ҳам омода кардааст...
***
Муртазо аз мактаб берун шуда писаракеро вохӯрд, ки кампирҳоро ба хонаи ӯ бурда буд. Писарак ботантана гуфт:
-Муаллим, ман он занҳоро бурда мондам. Ҳозир Шафоати талабаатон ҳам ба он ҷо рафт, ба меҳмонҳоятон хизмат мекунад...
-Шафоат? Барои чӣ?
-Охир ӯ хонаи шуморо мерӯбад ку?
Муртазо дигар ба суханони писарак гӯш надода суръати ҳаракаташро ба тарафи хона зиёд намуд. “Акнун чӣ мешавад?” саволеро, ки аз саҳар боз дар майнааш мисли занбӯри бадмур чарх мезад, шояд бори садум такрор карда аз дил гузаронд: “Чӣ мешуд, албатта шармандагӣ мешавад. Тамоми мардуми деҳа дар атрофи хонаи ӯ ҷамъ мешаванд, баъд бо толибааш ишқварзӣ кардани ӯро фаҳмида ба рӯяш туф мекунанду шармандавор аз деҳа меронанд. Ана оқибати беиродагӣ ва аз паи нафс рафтан чист... Ё шояд ҳоло худро аз ин ҷарӣ ба поён андозаму аз шармандагӣ раҳо шавам?” Тарс аз шармандагӣ аз рӯзи бо Шафоат ҳамхоба шуданаш дар дили Муртазоро ҷо шуда, ҳеҷ ӯро тарк намекард. Вай мехост самти ҳаракаташро дигар карда, ба тарафи ҷарии баланде, ки баъзан сагҳои девонаро аз он ҷо ба поён андохта мекуштанд, равон шавад, аммо ин дам чашмаш ба куртаи атласи Шафоат афтид, ки ҷилвакунон аз кӯчабоғи онҳо баромада, ба ҳамин тараф меомад. Муртазо қадамҳояшро тезонида, ҳарчи зудтар ба ӯ расидан мехост, Шафоат низ бо дидани Муртазо суръати ҳаракаташро тезонд ва ба вай наздик шуда бо овози пур аз ҳаяҷон пурсид:
-Ин занҳо кистанд? Онҳо дар хонаи ту чӣ кор мекунанд? Ман хостам ба хотири ғалабаамон дар озмун як зиёфатча ороям, вале ба хона омада онҳоро дидаму тарбуз аз бағалам афтид…
-Ин кампирҳо модари ман ва модари Садоқатанд. Онҳо ба ҷустуҷӯи ман омадаанд. Ҳозир рафта худамро ба ҷарӣ ба поён мепартоям, то ки аз ҳамаатон халос шавам...
Шафоат бо зӯрӣ Муртазоро аз роҳ ба зери дарахте кашида гуфт:
-Ҳаргиз ин корро накун, ман роҳи халосиро медонам...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)