(Давомаш)
Ба дарвозаи даркорӣ наздик шуда буданд, ки якбора аз пеши роҳашон саги калони сиёҳе баромада монд. Занҳо ғайриихтиёр ба ҳамдигар ҷафс шуда аз роҳ бозистоданд. Писарак онҳоро ором карда гуфт:
-Натарсед, ин саги Шафоат-Алопар аст. Вай ба касе кор надорад, фақат вақтҳои охир дарвозаи муаллимро ҳам муҳофизат мекунад. Аз афташ медонад, ки ба ин ҷо Шафоат зуд-зуд меояд…
-Шафоат ҷӯраи Муртазо мӣ?- ин саволи Холбибӣ писаракро чунон ба ханда овард, ки дар ҷояш нишаста, шикамашро дошта қиқирросзанон хандидан гирифт. Занҳо ҳайрон монданд. Холбибӣ тоқат накарда пурсид:
-Магар ман ягон гапи хандаовар гуфтам? Танҳо пурсидам, ки Шафоату Муртазо бо ҳамдигар рафиқанд чӣ?
-Ман ҳам барои ҳамин механдам да… Ин Шафоат мардак не, хонандаи мактаби мо… Ҳамоне, ки дар район ҷои аввалро гирифт. Очаам мегӯяд, ки мумкин дар оянда ҷои Нигина Рауфро гирад…
-Толибаи мактаб бошад, дар ин ҷо чӣ кор мекунад?-Пурсид кампири Чамила бо оҳанги андаке нороҳатона.
-Ман аз куҷо донам, талабаҳо мегӯянд, ки хонаи муаллимро баъд аз рафтани зану бачааш рӯбучин мекардааст… Боз мегӯянд, ки вай …вай…
-Чӣ мегӯянд? –хавотиромез пурсид Холбибӣ
-Ба ҳеҷ кас намегӯед?-Ба онҳо бо чашми санҷиш нигарист писарак,-Агар нагӯед, мегӯям…
Ҳарду зан бо диққат ба Шариф нигаристанд…
-Мегӯянд, ки Шафоат ба муаллим ошиқ шудааст, барои ҳамин зуд-зуд ба хонаи ӯ меравад. Барои ҳамин ҳам занаш қаҳр карда, муаллимро партофта рафтааст…
Занҳо якбора дар ҷояшон шах шудагӣ барин дар нимароҳ бозистода монданд, баъди андаке Холбибӣ ба худ омада пурсид:
-Ин Шафоат дар синфи чандум мехонад?
-Гуфтам ку, синфи ёздаҳро ҳамин сол хатм мекунад. Имрӯз директор ба ӯ барои ҷои якумро гирифтанаш мукофот медиҳад. Ин саги ҳамон Шафоат…
Вай ба шумо кордор намешавад. Биёед дарвозаро кушоем, ман калиди хонаро овардагӣ…
Онҳо ба ҳавличаи хурдакак ворид шуданд. Даромадан замон кампирҳо ҳис карданд, ки дар ин ҳавлӣ дасти кадбонуи моҳире кор кардааст. Ҳавлӣ тоза рӯбучин карда шуда буд. Аён буд, ки касе ҳамин субҳ онро об зада рӯфтааст. То вақте, ки онҳо рӯйи ҳавлиро тамошо мекарданд, писарак калиди хонаро, ки аз дасти Муртазо гирифта буд, ба қулфи дар андохта, онро боз кард ва боодобона калидро ба Холбибӣ дароз карда истода гуфт:
-Хола, акнун ман рафтам, бо рафиқам ба мактаб рафтанам лозим, вагарна ӯро муаллимамон барои дер карданаш ҷазо медиҳад. Мегӯям, ки вай ҳамроҳи ман супориши муаллимро иҷро кард…
Холбибӣ дар дил ба ин ҳилаи Шариф, ки мехост рафиқашро халос кунад, завқ карда, табассум намуд ва калидро аз дасти бача гирифт. Қудоҳо пасу пеш вориди хона шуданд. Баръакси ҳавлӣ, хона ноғундошта буд. Дар як тараф сару либоси парешон ва дар тарафи дигари хона як ҷойгаҳи нобардоштаи дукаса мехобид. Дар болои кати яккаса осори хобидани касе дида намешуд. «Маълум, ки ду нафар дар болои фарш ҷойгаҳ андохта хобидаанд ва дар кат касе нахобидааст»,- аз дил гузаронд Ҷамила. Наход яке аз онҳо ҳамин Шафоати гуфтаи ин писарбача бошад?» Чунин андеша аз дили Холбибӣ ҳам гузашт. Онҳо андаке дар болои ҷойгаҳи холӣ чун дар назди марқади шаҳидон рост истоданд. Аввалин шуда Холбибӣ ба гап даромад:
-Ба фикрам, ҳамааш маълум. Биё Ҷамила дигар худамонро азоб надода ба шаҳр баргардем…
-Чӣ чизро ту маълум кардӣ? Як бачаи нодони мактабхон дар бораи ким кадом духтаре, ки номи мардона дорад, ким чиҳо гуфт. Магар мо ба хотири шунидани ҳамин гапҳо ба ин ҷо омада будем? Не, акнун, ки омадем, ҳама чизро аниқ карда, баъд меравем. Камтар сабр кун, худи Муртазо биёяд, ҳамроҳаш ҷиддӣ суҳбат карда, ҳамаашро фаҳмида мегирем…
Холбибӣ бо шунидани ин суханон аз дил гузаронд: « Модар дия, то ҳол гумон мекунад, ки писараш ягон гуноҳ накардааст. Хайр майлаш, акнун, ки ба ин ҷо омадем, бояд то охир истода маълум кунем, ки гап дар куҷост…» Кампиракон дар болои кат амонат нишаста, рӯзгори хоксоронаи хонаро аз назар гузаронидан гирифтанд. Якбора чашми модари Садоқат ба куртаи духтараш, ки дар мех овезон буд, афтид ва ҷаста аз ҷояш хесту онро аз сари мех гирифта аз дил гузаронд: «Аз афташ, аз хотираш баромадааст…» Чашмонаш якбора ҳавзи об шуданд ва кампир дигар тоқат карда натавониста инони гиряро сар дод. Вай чунон бо алам куртаро ба рӯяш зер карда мегирист, ки гӯё Садоқат мурда бошад. Ҷамила гумон надошт, ки қудои сахтгиру боиродааш ин қадар дили нарму зудранҷ дорад. Мехост чизе гуфта ӯро таскин диҳад, вале чӣ гуфтанашро надониста, сарашро бо кафи дастонаш дошта менишаст. Пас аз дилашро холӣ кардан Холбибӣ андаке ором шуд ва онҳо ҳарду гӯё бомаслиҳат хомӯшӣ ихтиёр карданд…
…Дари хона якбора кушода шуду аз он симои духтаре намоён гашт, ки чеҳрааш аз ғояти ҳаяҷон тафсида суп-сурх шуда буд. Бо дидани ду зани калонсол дар хона духтар якбора дар ҷояш шах шуда монд. Ин лаҳза чашми Холбибӣ ҳам ба духтар афтида, қариб буд аз ҷояш давида хеста «Садоқат!» гӯён, ӯро ба оғӯш кашад, аммо ба чеҳраи пурҳаяҷони духтар нигариста, худро нигоҳ дошт…
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)