(Давомаш)
...Муртазо мисли як ҳайкали беҷон ба духтар муқобилият карда натавониста, бо амри ӯ ба зери дарахти садаи садсола, ки дар сари роҳ рӯида буд, гузашт. Шафоат бо вуҷуди он, ки ҳаяҷони ботиниаш эҳсос мешуд, худро ба даст гирифта буд. Муртазо ҳайрон буд, ки чӣ тавр ин духтари 17- сола эҳсосоташро беҳтар аз вай нигоҳ дошта метавонад.
-Рафта ба он кампирҳо мегӯӣ, ки духтари нав ба хона омада як шогирдат аст, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунад ва аз рӯйи инсоф гоҳ-гоҳ омада хонаи туро рӯбучин мекунад. Дигар ҳеҷ чиз нагӯй, фаҳмидӣ?!
-Онҳо аллакай фаҳмидагӣ, ки ман як духтарро дар ин ҷо ба занӣ гирифтаам. Барои ҳамин ба ин ҷо омадаанд, ки худашон бо чашми худ ҳамаашро дида, боварӣ ҳосил намоянд. Ту онҳоро дидӣ-ку!
-Нафаҳмидам, ки кампирҳо дар хонаи ту ҳастанд, вагарна қадамамро ба он ҷо намегузоштам. Мукофотамонро якҷоя қайд кунем гуфта пештар аз ту ба хонаат рафтам, то ки ягон хӯроки бомаза пазам, вале аз дар даромадан баробар онҳоро дидаму дар ҷоям шах шуда мондам,-Лаб газида гуфт Шафоат.
-Фарз кардем, ман гуфтам, ки он духтар шогирдам, як хонандаи мактаб буд, баъд онҳо занамро пурсанд, чӣ гӯям?
Шафоат аз ин саволи кӯдаконаи Муртазо ба танг омада, бо ғазаб, сахт карда гуфт:
-Ман туро марди ҷасур гуфта ба ту дил дода будам, аммо мисли латта рафтор карда истодаӣ! Худам ҳам метавонистам гӯям, ки “аз ин ҷо баромада равед, ин мардак шавҳари ман аст”, вале худат медонӣ, ки барои ба балоғат расидани ман ду моҳи дигар лозим, то он вақт ман ҳаққи гуфтани ин суханонро надорам. Пас аз ду моҳ, худам нағз медонам, ки чӣ кор кунам. Ҳоло бошад, кушанд ҳам иқрор нашав, ки зани ту маҳз ман ҳастам. Рав, ҳарчи хоҳӣ гуй, аммо номи маро ба забон нагир!
-Ин чӣ хел мешавад?-Ҳайрон монд Муртазо,-Пас зане, ки ман Садоқатро бо ӯ иваз кардам, канӣ?
-Инаш мушкили ту, фикр карда ягон илоҷашро ёб! Метавонӣ бигӯӣ, ки ба шаҳр рафтаасту як ҳафта пас меояд. Хайр, ман рафтам, ту мард ҳастӣ, чораи коратро худат ёфта, ягон чиз гуфта онҳоро гусел кун,- Шафоат тез-тез қадам зада аз Муртазо дур шуд.
Ҷавон чун симчӯби сари роҳ як муддат шах шуда монд.
…..
Баъди андаке ба худ омадан Муртазо баргашта ба тарафи хонааш, ки он ҷо ду зани солхӯрда ӯро интизор буданд, бо сари хам равон шуд. Вай мисли саге, ки дар гарданаш занҷир баста базӯр ба шикор мебаранд, ҳар қадамашро бо азоб мебардошт ва андеша мекард, ки ба модару хушдомани собиқаш чӣ гуфта ҷонашро халос кунад, аммо ягон фикри аҷиб ба сараш намезад. Ҳар қадар ба хона наздиктар мешуд, ҳамон қадар пойҳояш ба қавле “вазнинтар мешуданд”, дилаш намехост бо меҳмонҳояш рӯ ба рӯ шавад, вале илоҷ надошт, бояд ба назди онҳо рафта барои кори кардааш ҷавоб мегуфт...
***
Вақте ки Муртазо вориди хона шуд, ду кампир дар ду кунҷи хона хомӯш нишаста омадани ӯро интизорӣ мекашиданд. Баробари аз дар даромадани ӯ кампирҳо андаке аз ҷояшон ҷунбиданд, вале ягонтоашон барнахест. Муртазо хомӯшона ба кунҷе гузашту бо сари хам дар рӯйи кӯрпачаи рангпарида нишаст ва чашмаш ба модари Шафоат афтид, ки куртаи духтарашро бо дастонаш мепалмосид. Лаҳзае дар фазои хона чунон хомӯшии ғамангезе ҳукмфармо гашт, гӯё дар ин хона касе мурда буд. Ин хомӯшии риққатовар дили Холбибиро ба тазъиқ овард ва кампир дигар тоқат карда натавониста гуфт:
-Духтари нав ба хона омада зани нават буд, Муртазо? Садоқатро ба ҳамин иваз кардӣ? Кори Худоро бин, ки хеле монанд...
Муртазо “насиҳат”-и Шафоатро ба ёд оварда зери лаб гуфт:
-Не, ин духтар шогирдам аст, баъд аз рафтани Садоқат вай гоҳ- гоҳ омада хонаи маро рӯбучин мекунад...
-Писарам, рости гапро гӯй, наход ту занатро талоқ дода бошӣ? Садоқат чӣ гуноҳ кард, ки аз баҳраш гузаштӣ? Магар раҳмат ба писарчаат наомад?-Вақте, ки ин суханонро ба забон меовард, дар чашмони атрофаш пурожанги ӯ ашк падид омад ва оби дидааш мисли селобаи баҳорон аз ҷӯйчаҳои чеҳраи пиронааш шорид. Дили Муртазо сахт фишурда шуд, вай дар умри 27 солааш ягон бор модарашро дар ин ҳолат надида буд. Хост ӯро ба оғӯш гирифта бо тамоми овоз фарёд занад: “Тавба кардам очаҷон, дигар намекунам!” Аммо даврони бачагиаш набуд, ки гуноҳе кунаду баъд аз он тавба намояд ва модараш ҳам ин тавбаи ӯро қабул кунад. Ҳазор тавба кунад ҳам, дигар ин доғро шуста наметавонад, гуноҳи ӯ авфношуданист. Пас, чӣ кор кунад, ки дили модар ин қадар ранҷур нагардад? “Бало занад ҳамин саволҳои беҷавобро. Худо ҳамин лаҳза ҷонамро гирад, розиям»,- бо ду даст сарашро дошта андеша мекард Муртазо.
-Оча, ман ягон гуноҳ надорам. Садоқат беҳуда рашк карда маро бо он муттаҳам намуд, ки гӯё бо як духтар мегардам ва Иқболро гирифта рафӣ,-маҷбур ба дурӯғгӯӣ сар кард Муртазо.
-Охир бо телефон ҷавобашро додаӣ-ку! Магар ин ҳам дурӯғ аст?
-Не, ин ҳодиса баъд аз он, ки ӯ рафт, рух дод ва ман маҷбур шудам, ки ба ӯ ҳамин хел гӯям...
-Яъне, ба гуфти ту ҳоло зан-пан надорӣ ва барои он, ки Садоқат ба ту туҳмат карду рафт, талоқи ӯро додӣ?-Ба гап ҳамроҳ шуд Холбибӣ.
Дар ҷавоб Муртазо хомӯшӣ ихтиёр кард. Холбибӣ аз ин рафтори ҷавон ба таври худ маънӣ бардошта афзуд-Муртазо, мо кӯдак нестем, ки ба ин гапҳои дарҳам барҳами ту бовар кунем. Медонем, ки ту беҳуда Садоқатро талоқ надодаӣ, биё рости гапро гӯё мон, дар ин деҳа чӣ гап шуд ва чаро ту, ки ба қавли худат, занатро дӯст медоштӣ, ин корро кардӣ?
Муртазо гӯё ба як кундаи беҷон табдил ёфта, ягон ҳаракате аз худ нишон намедод. Боз дар фазои хона хомӯшӣ ҳукмфармо гашт. Хомӯшии ҳузнангезро танҳо садои фиқ-фиқ гиристани Ҷамила халалдор мекард. Гиряи модараш санги болои дили Муртазоро боз ҳам вазнинтар карда, қалбашро ба кафидан наздик менамуд. Ҷавон дигар тоқат карда натавониста гуфт:
-Бас! Ман дигар тоқат надорам. Ҳарчи бодо бод, ҳамаашро мегӯям. Очаҷон, холаҷон, ман гуноҳи сахт кардам, илтимос, маро бубахшед! Садоқат ҳам бахшад. Ман дигар ин хел зиндагӣ карда наметавонам! Аз баҳри Шафоат гузаштам...
Аз ин фарёди ногаҳонии ӯ ҳар ду зан як қад парида аз ҷояшон хестанд. Онҳо ҳанӯз ба маънии ин суханони Муртазо сарфаҳм нарафта, балои якбора аз зери замин баромадагӣ барин дар дами дар Ҳасратмоҳ пайдо шуд ва бо ду дасташ ду тарафи дарро дошта бо оҳанги омирона гуфт:
-Не, ту аллакай дер кардӣ! Канӣ дар ҷоят шин...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)