Formula novemver 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 56)
12.03.2020
А. ҲОҶӢ
2829

(Давомаш...)

Бо шунидани нидои “Ӯ ҳанӯз зинда...” пеш аз ҳама духтури деҳа Усмони ҳандалак (шояд аз сабаби мисли ҳандалак кулӯла будани сараш мардум ӯро чунин лақаб гузошта бошанд) давида ба сари Муртазо омад ва дубора хам шуда, қалби ӯро бо гӯшмонакаш гӯш карду бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва бо овози хиррӣ садо кард:

-Зуд як мошин ёфта, ӯро ба касалхона бурдан лозим. Аз афташ чанд ҷои устухонҳояш шикастагӣ...

Одамон ба ду тараф ҷудо шуда, ба кампири Ҷамила роҳ кушоданд ва ӯ сари сафеди бе рӯймолашро дошта ба Муртазои дар рӯйи сабзаи навдамида хуфта наздик шуд.

-Оҳ писарам, ту чӣ кор кардӣ?-Нолиш кард модар ва хам шуда чеҳраи хоколуду харошёфтаи писари беҳушу бе ёдашро бо дастони ларзон тоза кардан гирифт. Чеҳраи Муртазо коҳида ба назар чунин мерасид, ки дар рӯяш як қатра ҳам хун намондааст. Модар ба ин симои аз овони таваллуд барояш азизу шинос менигаристу дар сараш фикре ба ба ҷуз он ки писараш зинда мемонда бошад ё не, чарх намезад. Модари бечора гӯшашро ба даҳони писараш наздик бурда садои нафаскашии ӯро шунидан мехост.

-Хавотир нашавед оча, писаратон зинда аст, вале ӯро ҳарчи зудтар ба бемористон бурдан лозим,-Инро гуфта, Баротбой кампири Ҷамиларо аз болои сари Муртазо эҳтиёткорона хезонд ва ба дасти Холбибӣ, ки қарси сафеди афтидаи Ҷамила дар даст аз паси ӯ омада буд, супорид. Баъд чор-панҷ ҷавон бо супориши раиси маҳалла Муртазоро ба болои кампале, ки касе аз сокинони деҳа оварда буд, хобонда ба “Старекс”-и яке аз ҷавонмардони Сафедорон бор карданӣ шуданд. Ҷавонон тани афгори Муртазоро дар ду нишастгоҳ гузоштан мехостанд, вале бо ишораи дасташ онҳоро боздошта ба кӯрпачаи ронанда, ки дар қафои мошин лӯнда карда монда буд, ишора намуда гуфт:

-Ҳо ана он кӯрпачаро дар роҳрави байни курсиҳо партоеду баъд ба болояш беморро хобонед, вагарна то бемористон устухонҳои майдашудааш ба дарди сахт тоб наоварда мурданаш мумкин аст. Ҷавонон зуд ин супоришро иҷро намуданд ва тани беҳуши Муртазо дар роҳрави байни курсиҳои мошин дароз хобонида шуд.

“Худоё, гӯё мурдаро бурда истодаанд...”,- аз дил гузаронд Шафоат, ки дар сафи духтарон истода бо сари хам аз зери чашм ин манзараро медид. Ин лаҳзаҳо дар майнаи ӯ танҳо як фикр чарх мезад: “Кошкӣ Муртазо зинда монад...” Духтар бори аввал бо тамоми вуҷудаш эҳсос намуд, ки ин марди ҳоло ниммурдаю нимзинда хобидаро аз ҳама чизи дунё бештар дӯст медорад, вале ишқу муҳаббати ӯ ба муҳаббати мори афъӣ, ки луқмаи худро дар оғӯшаш сахт пахш карда мекушад, монанд буд. Ӯ ба ин ҷавонмарди хушлибоси шаҳрӣ аввал мисли духтароне, ки ҳаваси ҷавони озодаю зебо мекунанд, ошиқ шуда буд ва чунин ҳолатро аксари духтарони нав ба балоғат расида эҳсос мекунанд, аммо баъд аз он ки аз беэҳтиётии худ ва бесабрии ҷавон бо Муртазо хеле наздик шуд, фаҳмид, ки ишқи наврасии ӯ ба ишқи ҳақиқӣ мубаддал гаштааст. Акнун Шафоат Муртазоро аз таҳти дил дӯст медошт, аммо шарму ҳаё побандаш карда имкон намедод, ки ба ҷисми нимҷони ӯ наздик шуда, Муртазоро бибӯсад ва бӯй кашад. Шафоат худро аз Муртазо дур бигирад ҳам, аз чашмонаш ғӯла-ғӯла об мечакид ва китфонаш дар зери рӯймоли калони модараш беихтиёр меларзиданд. Ин ҳолати духтарро танҳо Ҳасратмоҳ эҳсос менамуд ва аз он тарафи давраи мардону занони деҳа аз зери чашм ба Шафоат нигариста дилаш ба ҳоли вай месӯхт. “Эҳ духтари беақл, дидӣ, чӣ кор кардӣ? Ҳам худатрою ҳам маро абгор намудӣ ва ин мардаки бечораро ба дами марг расондӣ. Ба ту чӣ гӯям, ки ҳамаи суханонам беҳуда аст. Худо накарда бо Муртазо ягон ҳодиса шавад, ту бо он тифли шикамат чӣ кор мекунӣ? Арӯсаки бе тӯю тамошо ва беҷиҳозу бе пояндозаме...” Ашки чашмони Ҳасратмоҳ беихтиёр ба рӯйи дидагонаш шорид ва барои он ки нигоҳаш дубора ба Шафоат афтида аламаш бештар нашавад, аз ҷои истодааш андаке дуртар шуд. Сухани ҳамсоязанро, ки зери лаб “Берузӣ...” гуфта сар меҷунбонд, тасдиқ карда истода ӯ ҳам ин гапро такрор кард, аммо худаш намедонист киро дар назар дорад...  

-Акнун бачаҳо ягон кас бо ронанда ва бемор ба маркази ноҳия раваду   ба ин модарон ёрӣ расонад,-амр кард раиси маҳалла, баъд ба ронанда рӯ оварда афзуд,-Камол, инҳоро то бемористон расон, баргашта, ки омадӣ, маблағи сӯзишвориатро ман медиҳам...Ту бошӣ Усмон,- ба Усмони ҳандалак нигариста идома дод раис,-Ҳамроҳи бемор ба касалхона меравӣ ва аз аҳволаш то он ҷо огоҳ мешавӣ...

-Раис, ин хел нагӯед, барои одам кори савоб ҳам лозим. Муаллим ба фарзандони ман ҳам дарс медиҳад-ку,- гуфт ронанда ва ба паси чамбараки мошинаш нишаст.

Усмон чизе нагуфта сумкаашро ҷамъ карду ба мошин нишаст, баъд бо кӯмаки ҷамъомадагон Ҷамила ва Холбибӣ ҳам ба мошин савор шуданду ду ҷавони дигар аз паси онҳо дохили «Старекс» гаштанд ва мошин бо оҳистагӣ аз бероҳа ба кӯчаи калони деҳа баромада, суръаташро баландтар кард...

...

Шафоат ҳамроҳи дугонаҳояш аз лаби Ҷари калон пойҳояшро кашолакунон аз байни буттаю хор ва гулҳои ёбоӣ қадам зада, ба хонаашон наздик шуд ва дар қарибии ҳавлӣ аз роҳ боз истод.

-Тезтар роҳ гард Шафоат, чаро истодаӣ? -Ҳамроҳи духтар андаке интизор шуд ва чун дид, ки ӯ кунда барин шах шуда истодаасту садояш намебарояд, ба роҳаш идома дод.

Шафоат самти ҳаракаташро дигар карда ба тарафи хонаи Муртазо роҳ пеш гирифт. Вақте ба он ҷо расид, дид, ки дарвозачаи ҳавлӣ кушодаю Алопар дар саҳни ҳавлӣ ҳалқа зада хобидааст. Баробари дидани духтар саг аз ҷояш хеста, думашро ликконда ба вай наздик шуд ва пойҳояшро бӯй кашидан гирифт. Шафоат дарвозаро пӯшид ва дигар худро дошта натавониста, гардани сагро оғӯшкунон зор-зор ба гиристан сар кард...

(ДАВРМАШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД