(Давомаш)
Вақте ки Шафоат аз дар даромад, аввалин чизе, ки ба назараш намуд, ин ҷисми модараш буд, ки зани қоқинаандоме мисли себча ба ҳар тараф ғел занонда, сару рӯяшро бераҳмона ханҷол мезад. Бо дидани ин манзара хун ба сари духтар зад ва ӯ мисли модашери хашмгин ба ҳарифи модараш дарафтода, аз куртааш дошта ӯро ба гӯшае ҳаво дод. Ҳасратмоҳ аз зери пои Холбибӣ халос шуда бошад ҳам, ҳанӯз ба худ наомада буду ҳашт-ҳашткунон берабт нафас мекашид. Холбибии аз кашмакаши зиёд хасташуда низ пушт ба девор ниҳод, то як лаҳза нафаси осуда кашад. Оташи ғазаби духтар ҳанӯз паст нашуда буд ва мехост дубора ба ӯ ҳуҷум кунад, вале Муртазо садди роҳаш гашта, нагузошт, ки Шафоат Холбибиро зери мушту лагад гирад. Ҳама дар рӯйи гилему кӯрпачаҳои дар рӯйи хона ба ҳар тараф паҳну парешон нишастанд ва ҳамин лаҳза чашми Ҷамила ба банди пои Шафоат афтод, ки аз зону поинтар бараҳна гашта ва холи сиёҳе дошт. Кампир ҳайрон-ҳайрон гоҳ ба рӯй ва гоҳ ба холи банди пойи духтар менигарист, вале нигоҳи ҳайратбори ӯ аз чашми дигарон пинҳон монд, зеро ин лаҳза ҳар кадоме банди андешаҳои мағшуши худ буданд.
-Ҳе бар падари ту барин кампири...,-Дубора оташи ғазабаш аланга гирифта, Ҳасратмоҳро дашном дод Холбибӣ.
-Бар падари худат лаънат, аҷузкампири беимон,-фишшос зад дар ҷавоб Ҳасратмоҳ...
-Духтари ҷалабат шӯйи мардумро мегираду ту боз бо забони дароз гап мезанӣ-а?!- Ситеза намуд модари Садоқат.
Калимаи “духтари ҷалабат...” оташи ғазаби Ҳасратмою Шафоатро аланга дод ва ҳарду баробар аз ҷояшон хеста ба Холбибӣ ҳуҷум карданд, агар Ҷамилаю Муртазо онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намекарданд, хунрезии ҳақиқӣ мешуд. Косаи сабри Ҷамила лабрез гашта ба сари писараш дод зад:
-Ин чӣ кори кардагиат буд Муртазо?! Гуноҳро ту кардию ҳамаи мо дар бало гирифтор шудем. Бархез, барои киродорат мардона ҷавоб деҳ охир!
Муртазо ҳамаро дар ҷойҳояшон шинонда гуфт:
-Ман дар назди ҳамаатон гунаҳгорам, аммо роҳи ҳалли ин масъала ҳаст ва ман онро медонам. Бо ҳамдигар барои ман шуда сурху сафед нашавед, ман аллакай қарори худамро баровардам, вале онро баъдтар мегӯям. Моҷароро бас карда ҳар кадоматон аз пайи кору бори худатон шавед. Оча, шумо холаи Холбибиро гирифта ба шаҳр баргардед, Шумо ҳам бо Шафоат ба хонаатон равед, холаи Ҳасратмоҳ.
Занҳо ба ҳамдигар нигариста, ба ҷои он, ки моҷароро бас кунанд, ба таъназанӣ сар карданд:
-Шӯйи духтари маро кашида гирифтагӣ ана ҳамин сатанг будааст-дия! Куҷои ин ба ту маъқул шуд Муртазо? –Холбибӣ ба домодаш нигариста тамасхур кард.
-Ягон ҷояш ба писари ин зан (ба Ҷамила ишора намуд Ҳасратмоҳ) маъқул будааст, ки аз баҳри духтари ту баромад-дия,-Дар ҷавоб пичинг зад модари Шафоат,-Аз зани хуб шавҳар намегурезад,-Ҳасратмоҳ бо забон ин гапҳоро мегуфту дар дил боварии комил дошт, ки Садоқат зани бад набуд, вале шавҳараш номардӣ карда бо духтари вай ба ӯ хиёнат кард. Аз чӣ бошад, ки дили Ҳасратмоҳ намехост ҳатто дар ғоибаш нисбат ба Садоқат сухани бад гӯяд, вале аз алам ин гапҳоро ба забон меовард.
Ҷамила эҳсос кард, ки агар ба ин баҳсу бар хотима нагузорад, занҳо боз ба ҳамдигар часпида шармандагиро сар мекунанд. Вай оҳи сарде кашида аз ҷояш хест ва ба Муртазо рӯй оварда, бо алам гуфт:
-Ҳайфи шири додаам, Муртазо! Ман бо ин умед туро калон накарда будам. Ту ҳамаи орзуҳоямро ба хоки замин баробар кардӣ. Бо ту сухан гуфтану бо ин занҳо моҷаро кардан дигар фоида надорад. Хез, Холбибӣ, рафтем. Ман аз рӯйи ин бачаи аҳмақ дар назди ту шарманда шудам. Ҳайфи Иқболҷон,-Кампир бо нӯги қарси сафедаш рӯяшро пӯшонда ба гиря даромад. Муртазо, то ин дам аз наздик шудан ба модараш истиҳола мекард, дигар тоқат карда натавониста омада аз китфонаш Ҷамиларо ба оғӯш гирифтанӣ шуд, вале модар худро аз ӯ дур кашида аз дар баромад ва Холбибӣ низ аз паси ӯ хонаро тарк намуд. Муртазо аз он ки модараш нахост вай ӯро ба оғӯш бигирад, сахт дилшикаста шуда, бо нафрат ба Шафоат нигарист. Теғи нигоҳи вай дили духтарро шикоф карда гузашт ва Шафоат бори аввал гуноҳашро дарк намуда, нигоҳашро гурезонду сар ба замин афканд. Муртазо аз паси модару хушдоманаш баромаду дар хона Шафоату Ҳасратмоҳ танҳо монданд. Модар мӯю рӯйи дар кашокаш бо Холбибӣ парешоншудаашро ба тартиб дароварда истода, бо алам гуфт:
-Ана кори кардагиат, маро шармандаи ин дунёю охират кардӣ! Мемурдӣ, ранги духтарои мардум тоқат карда ба ягон ҷавони муҷаррад ба шавҳар бароӣ? Духтари хомкалла, магар дар рӯйи ин муаллим маҳ дидӣ, ки ин номаъқулиро карда, сари ҳамаро дар замин задӣ?! Зани вай як фаришта буд, вале бо касофатии ту аз шавҳараш ҷудо шуд. Дидӣ, ин кампирҳо аз шаҳр ба ин ҷо омаданд, то асли гапро фаҳманд. Ту хаёл мекунӣ, ки онҳо ба хонаҳояшон баргашта минбаъд хапакак мешинанд? Хобатро ба об гӯй духтар, онҳо ба суд, боз ба ким-куҷоҳои дигар рафта, ин шӯйи латтаи туро чунон ҷазои сазоворе медиҳанд, ки чашмонаш мош барин кушода шуда, худаш бале мегӯяд. Умед макун, ки ин гап дар ҳамин ҷо мемонад, акнун ҳама сирру асрорат фош мешавад ва падарат ҳам аз ин кори аблаҳонаи ту огоҳ шуда, сари ҳардуямонро аз танамон ҷудо мекунад…
Шафоат, ки дар дами дар зонуҳояшро ба оғӯш гирифта менишаст, бо шунидани номи падараш як сар боло карда ба модараш нигаристу оҳи сарде кашида, дубора сарашро болои зонувонаш гузошт ва нимғурма гуфт:
-Хез оча, ба хонамон рав, бе гапҳои талхи ту ҳам ҳолам бад аст, тоқати шунидани насиҳату андарз надорам. Дигар аз ин гапҳо ягон фоида нест, акнун ман медонаму Муртазо...
-Шунидӣ Муртазо чӣ гуфт? Маънои гапаш ҳамин, ки роҳи ҳалли ин моҷароро ёфтааст. Вай кадом роҳ аст, маълум. Дигар ба умеди ӯ нашуда бе ҷангу ҷангҷол гиребони Муртазоро раҳо кун. Сагро зӯран ба шикор бурда намешавад мегӯянд, ин мардак бо ту зиндагӣ кардан намехоҳад, барои чӣ кана барин ба вай часпида мегирӣ...
-Чӣ гуфтӣ оча? Аз баҳри Муртазо бароям? Баъд аз ҳамин қадар шармандагӣ ман аз баҳри Муртазо бароям?! Ба бачаи дар шикамам буда чӣ мегӯям?-Ба миёни гапи модараш лагад зад Шафоат,-Гӯям, ки дар вақташ бибиат маро аз падари ту ҷудо кард?
-Ҳисоби бачаи шикаматро ёфтан осон, маҷбурам, ки боз як хуни ноҳақро ба гардан бигирам, ҳамон тавре, ки духтари дигарамро дар коми аждаҳо монда омада будам...
-Охир он вақт ҷангу одамкушӣ буд, ҳоло бошад дар замони осоишта ту мехоҳӣ, ки бачаи маро дар шикамам кушӣ. Ин одамкушии ҳақиқӣ аст…
-Хайр, агар розӣ набошӣ, майлаш, таваллуд кун, вале бе шавҳар. Ҳамаи гуноҳу савобашро худам ба гардан мегирам, вале шӯи дигаронро соҳибӣ накун, ки Худо намебахшад...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)
А. ҲОҶӢ