(Давомаш)
...Муртазо аз ҷояш бархоста, як ба осмони кабуд, ки дар он пора-пора абрҳои сафеди баҳорӣ шино мекарданд, назар андохт ва мисли одамони бадмасте, ки дурудароз дар сари мизи майкада нишаста, масти лояқил гаштаанд, калавида-калавида ба сӯи ҷарии баланде, ки он ҷо борҳо бо Шафоат нишаста буд, равон шуд. Дар сараш ба ҷуз андешаи он ки ин ҷари баланд охирин роҳи наҷоти ӯ аз гирудори зиндагист, дигар фикру хаёле набуд. Якбора дар пеши назараш симои писарчааш Иқбол, ки вақти ба кор рафтани ӯ дастчаҳояшро бо аломати "хайр" алвонҷ медод, намудор гашт. Муртазо хаёлолуду пакар "хайр, писарам" гӯён ба санге пешпо хӯрда, қариб афтода буд, вале бо як азоб мувозинати худро нигоҳ дошта, рост истод. Ин дам аз пешаш писарбачаи тахминан 10-12 солае баромад, ки гӯсолаеро пешандоз карда меовард. Писарак "салом, муаллим!" гуфт, вале аз ӯ ҷавобе нашунида ҳайрон монд. Вай аз паси муаллим, ки ба буттаҳои сари роҳ пешпохӯрон ба тарафи мавзеи «Ҷари баланд» мерафт, хеле нигоҳ карда монд. Бача ҳайрон буд, ки ба муаллим чӣ шудааст, "Аҷиб, карру гунг шуда бошад?" аз дил гузаронд ӯ, вале чун дид, ки гӯсолааш аз роҳгардӣ монда алафҳои сари роҳро канда истодааст, андешаи муаллимро аз сар берун намуда, бо химчаи дасташ мисли калонсолон "чу, ҷонвар" гӯсоларо якто фаровард ва роҳашро идома дод. Муртазо ба «Ҷарри баланд» расида, нуқтаи баландтарини онро интихоб намуд ва дар сари санге нишаста, дастонашро бо ҳамдигар пайвасту ба атроф нигарист. Ин мавзеъро бархе аз мардуми деҳа «Ҷари баланд», гурӯҳи дигар «Ҷари сагкуш» меномиданд. Мегӯянд, ки сагҳои девонаро аз ҳамин ҷарӣ ба поён меандохтаанд, то ки зарарашон ба касе нарасад. Ҳоло Муртазо низ худро дар қатори чунин сагҳои зараррасон меҳисобид...
Дар поён қитъаҳои замини мардум, ки зироати баъзеашон аллакай баромада буданду дигарашон нав ҷуфт шуда, интизори донаи деҳқон буданд, доман паҳн карда, мисли варақи дафтари талабагӣ метофтанд, ки дар баъзеашон хат навиштаю дигараш ҳанӯз нонавиштаанд. Поинтар дарёчаи кӯҳӣ, ки аз боло мисли мори дар ҳаракат метофт, ҷавлон мезад. Аз ҷои нишасти ӯ то дарёча тақрибан дусад-сесад метр баландӣ буд. "Аз ҳамин ҷо сарозер шавам, ба ягон чиз андармон нашуда, то дарёча мерасида бошам?. То он ҷо расам-ку хуб, вале дар болотар, дар ягон шоху бутта дармонам, гирифтани мурдаам бисёр душвортар мешавад" аз дил гузаронд Муртазо оромона, гӯё сухан дар бораи ягон чизи одӣ мерафта бошад. Худаш ҳам ҳайрон буд, ки дар лаҳзаҳои охирини умраш чунин ором аст. Ӯ ба тақдир тан дода буд ва мисли маҳбуси ба марг маҳкумшуда ҳамаи гуфтаҳои ҷаллодашро иҷро мекард. Ҷаллоди ӯ ин лаҳза худаш буд...
Ӯ вазнин аз ҷояш бархост ва бори охирин ба замину осмон, ба замбӯре, ки болои гули хорча нишаста шаҳд мегирифт, ба гунҷишке, ки чириққосзанон аз болои дарахти булут ба фазо парид, ба поён, ба заминҳои кишт, ба осмон, ба абрҳои сафеде, ки чун қувон дар кули кабуд шино мекарданд, нигарист. Мехост ҳамаи онҳоро бо худ бубарад, аммо медонист, ки наметавонад. Ӯ танҳо метавонад худро барад ва... аз шарраш наздиконашро халос кунаду худ аз шармандагӣ раҳоӣ ёбад...
Муртазо чашмонашро пӯшида, ҳамаи ин манзараҳоро аз девори дидааш берун гузошта ба лаби ҷарӣ наздиктар рафт. Хуб медонист, ки агар боз як қадами дигар гузорад, бо абадият мепайвандад. Ӯ ин қадамро бо дили пур гузошт ва ҷисмаш мисли санге, ки дар вақти заминларза аз кӯҳ мепарад, сарозер шуд...
***
...Дили Шафоат аз фалокате гувоҳӣ медод, барои ҳамин ба қафояш нигоҳ накарда, зуд ба хонаи Муртазо баргашту дид, ки дари хона чӣ тавре, ки боз монда рафта буд, ҳамон тавр кушода аст. “Шояд ба мактаб рафта бошад?” аз дил гузаронд духтар, аммо боз худаш ин андешаро рад намуд: “Не, ӯ дар ин ҳолат ба мактаб намеравад. Аҷиб, ба куҷо рафта бошад? Дар гусели модараш нест, дар хона нест…»
Шафоат ҳайрон монд, ки боз куҷоро кобад. Суханони охирини Муртазо ҳанӯз дар гӯшаш садо медоданд: “ Ман роҳи ҳалли масъаларо медонам. Коре мекунам, ки ҳама аз ман халос мешаванд...”. Ӯ чӣ кор карданӣ буд? Ё тамоман аз ин ҷо рафт?...
Бо ҳамин андешаҳо Шафоат аз дарвозачаи ҳавлӣ берун шуда дид, ки модари Муртазо ва аз паси ӯ хушдоманаш саросемавор ба ҳамин тараф меоянд. Ӯро дида модари Муртазо садо кард:
-Куҷо шуд он бачаи гапнодаро?
-Худам ҳам ӯро мекобам... Намедонам ба куҷо рафтааст...
Онҳо ҳайрон буданд, ки Муртазоро аз куҷо ҷӯянд. Ин дам аз хами кӯча писарбачае ресмон дар даст гӯсолаеро пешандоз карда омад. Баробари ба онҳо наздик шудан Шафоат аз ӯ пурсид:
-Қосим, муаллими биологияро дар ҳамон ҷо надидӣ?
-Дидам,-лоқайдона ҷавоб дод Қосим,-Муаллим шуда ақаллан ба саломи одам ҷавоб намедиҳад. Худашон дар мактаб моро одоб меомӯзонанд, ки ба калонсолон салом диҳед, аммо вақте, ки салом медиҳӣ, саломатро алек намегиранд...
-Дар куҷо дидӣ?
-Ба тарафи Ҷари калон мерафт. Ду бор салом додам, ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда гузашта рафтанд.
Шафоат бо шунидани калимаи “Ҷари калон” дигар ба қафояш нигоҳ накарда ба ҳамон тараф давид. Ҷамила ва Холбибӣ низ аз паси ӯ равон шуданд. Онҳо намедонистанд, ки Ҷари калон ягон гузари деҳа аст ё чизи дигар...
Шафоат баробари ба лаби ҷар расидан ба поён нигоҳ кард, аммо чашмонаш чизеро надиданд. Дар чуқурии қариб дусадметра ҳеҷ чиз намудор набуд. Вақте ки духтар аз чуқурӣ чашм канда ба атрофи ҷои истодааш назар андохт, чашмаш ба дафтарчаи кабуде афтод, ки дар рӯйи замин, байни алафзор мехобид. Хам шуда онро аз замин бардошт. Вай ин дафтарчаро чанд бор дар дасти Муртазо дида буд, муаллим гоҳ-гоҳ дар вақти дарс ҳам онро бароварда чизе менавишт. Шафоат дафтарчаро боз кард, аз қабаташ варақе афтид, ки аз ҳамин дафтарча канда буданд. Дубора хам шуда онро аз замин бардошт ва бо як назар навиштаҳои калон-калони рӯйи варақро хонд: “Аз ҳама бахшиш мепурсам. Ягона роҳи халос шудан аз ин варта худро ба варта андохтан аст”. Шафоат дар як лаҳза мазмуни ин гуфтаҳоро дарк кард ва бо тамоми овоз дод зад:
-Э вой, ман мураме... Муаллим худашро куштааст!
Ҷамилаю Холбибӣ, ки аз паси ӯ ҳарсосзанон меомаданд, баробари шунидани ин доди духтар дар ҷояшон лаҳзае шах шуда монданд, баъд пешпохӯрон ба лаби ҷарӣ наздик шуданд ва варақро аз дасти духтар гирифта фаҳмиданд, ки гап дар сари чист. Кампирҳо то тавонистанд ба лаби ҷарӣ наздик шуда ба поён нигоҳ андохтанд, аммо чизеро дида натавониста, ҳарду беҳолу бемадор ба замин нишаста монданд. Шафоат дубора ба ҷарӣ наздик шуд ва бо диққат ба умқи он назар андохт, вале ин дафъа ҳам чизе ба назараш нанамуд. Ин дам суроби Ҳасратмоҳ аз дур намоён шуд, ки шитобон ба назди онҳо меомад.
-Чаро овозат баланд баромад? Инҳо ба ту ҳуҷум карданд?-Ба Холбибию Ҷамила ишора намуда пурсид ӯ аз духтараш, аммо Шафоат дигар ёрои сухан гуфтан надошт.
Вай сарашро бо аломати инкор ҷунбонда бо чашмони ашкбор ба тарафи ҷарӣ ишорат намуд. Ҳасратмоҳ ба ҷарӣ наздик шуда ба поён нигоҳ кард, вале чизе нафаҳмида дубора ба духтараш назар андохт. Шафоат базӯр лабонашро ҷунбонда пичиррос зад:
-Муртазо худашро партофт...
Ҳасратмоҳ фаҳмид, ки фалокати ислоҳнопазире рух додааст ва бе истиҳола ба Шафоат гуфт:
-Ана оқибати корат, духтари шумрӯй!
Ба модари мӯйканону рӯйканони Муртазо нигариста, дилаш ба ҳоли ин зани фарзандгумкарда сӯхт ва бо эҳтиёт ба нуқтаи хатарноки ҷарӣ пой монда, ба поён нигоҳ кард, то ҷасади Муртазоро бинад, аммо ҳарчанд чашм андохт, дар поён ягон сиёҳии ба ҷасади одамӣ монандро надид. Баъд ба Шафоат нигоҳ карда, бо ситеза гуфт:
-Тезтар рав, амаки Мавлон дар хонааш буд. Ӯро ва Саттори Ҷабборро гӯй, ки ягон ресмони дарозро бо худ гирифта давида биёянд...
Шафоат мисли сарбозе, ки мунтазири амри қумандонаш аст, зуд оби чашмонашро тоза карда, ҷониби деҳа давид.
Дар як лаҳза симои Ҳасратмоҳ дигар шуда, аз зан дида бештар ба марди ҳукмфармое монанд шуда буд.
-Кори намешудагӣ шуд, акнун зуд одамонро хабар карда, ҷасади ин худкушро баровардан лозим. Шумо ҳам аз ҷоятон хезед ва аз пайи ба шаҳр бурдани мурдаи бачаатон шавед. Айби худатон, агар ба ин деҳа намеомадед, ин фалокат рӯй намедод... Хайр, зан гирифтааст гирифтааст- дия, осмон омада ба замин начаспида буд-ку! Мардҳои мо ҳам…
Ҳасратмоҳ варсоқӣ мехонду Ҷамилаю Холбибӣ мисли ду мурғи парканда дар талоши ҷонканӣ буданд. Ҷамила аз ҳуш рафта буд, Холбибии гирён аз борхалтааш ким-чихел атрро бароварда ба бинии ӯ мемолид. Кампири Ҷамила аз таъсири атр як лаҳза ба ҳуш меомад ва «Писаракам, Муртазоҷон, ҷону ҷигарам, маро бубахш, дуои бади ман туро гирифт...” гӯён нолиш мекард. Лаҳзае пас вай боз аз ҳуш мерафт. Холбибӣ қарси сафеди Ҷамиларо боз карда ӯро шамол медод…
...
Пас аз чанд дақиқа нисфи аҳолии деҳа дар лаби Ҷари калон ҷамъ шуданд. Баъзеҳо дар даст ресмон ва ҳатто белу каланд ҳам доштанд ва байни худ миш-миш карда мегуфтанд: “Муаллим Муртазо худро ба ҷарӣ андохтааст... Занаш аз хона қаҳр карда рафтааст, барои ҳамин...” Бархе Садоқатро гунаҳкор намуда мегуфтанд: «Муаллим барои он худкушӣ кардааст, ки занашро бо кадоме дида, аз хона пеш кардааст...”. Ин миш-мишҳо аз байни шӯру мағал ба гӯши Ҳасратмоҳ ҳам расиданд. Вай дар дил шукр мекард, ки ба ин моҷаро ҳамроҳ будани духтари ӯро алҳол касе пай набурдааст, аммо ӯ хато карда буд...
...Ин дам ба назди мардуме, ки аз боло ба поён нигоҳ мекарданду аммо дар таги ҷарӣ ягон чизи ба ҷасади одамӣ монандро намедиданд, раиси деҳа Баротбой омада расид. Ӯ сафи одамонро ба ду тараф ҷудо карда, ба назди ҷарӣ омад ва ба ҷамъомадагон супориш дод:
-Ҳама қафотар равед, дар фасли баҳор ҷару ҷӯ нам гирифта, мулоим мешавад. Боз ягон фалокати дигар нашавад. Ман ба милисаҳо телефон кардам, ҳозир расида меоянд.
Пас аз ин раиси маҳалла ба ҷавоне, ки ба дастаи бел такя карда меистод, нигариста гуфт:
-Сафарбек, наздиктар биё, ту бо куҳнавардҳо кор кардаӣ ва таҷриба дорӣ, ресмони аз ҳама дарозу бақувватро ба миёнат баста, як тарафашро ба ҳо ана ҳамон дарахт банду ба поёнтар фаро, шояд ҷасадро меёбӣ...
Сафарбек мунтазири даъвати дубора нашуда, ба миёнаш аввал ду қабат миёнбандро аз ҳамроҳонаш гирифта басту баъд ресмони аз пашми буз бофтаи ҳезумкаширо махкам баста, нӯги онро ба дарахти наздиктарини булут, ки як соат пеш дар зери он Муртазо нишаста буд, гиреҳ кард. Ҷавонмард пояшро ба лаби ҷар гузошт ва онҳое, ки ресмонро медоштанд, онро андаке суст карданду Сафарбек мисли куҳнавардон аз ҷарӣ поён шуд...
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)