(Давомаш...)
Мардуми ҷамъомада кӯшиш мекарданд, ки ҳарчи наздиктар рафта ба қаъри ҷарӣ бингаранд, то фаҳманд, ки тақдири муаллими биология чӣ шуда бошад, аммо на Холбибӣ ва на Ҷамиларо ёрои он набуд, ки ба варта наздик шаванд. Як зани раҳмдили деҳотӣ дар даст косаи ҷурғот бо навбат ба онҳо муроот мекард, ки хуранду андаке ба худ оянд, аммо танҳо Холбибӣ як қулт нӯшиду Ҷамила косаро ҳатто ба лабаш наздик набурд. Ин дам аз поёни ҷарӣ, ки Сафарбекро бо ресмон ба он ҷо нишеб карда буданд, овози “ёфтам!” баромад ва ҳарду зан баробар аз ҷояшон давида хестанд. Мардум ҳар кадоме бо садои баланд ба ӯ маслиҳат медоданд, ки чӣ тавр ҷасадро ба боло барорад. Баротбой мардумро ба ду тараф ҷудо карда, аз байнашон гузашт ва то ҳадди имкон наздик рафта бо Сафарбек ба гуфтугӯ сар кард:
-Ресмонро аз миёнаш банд ва худат дар ҳамон ҷо бош. Мо аввал ӯро кашида барорем, баъд туро бо ҳамин ресмон мебарорем.
Дар ҷавоб садои Сафарбек базӯр шунида шуд:
-Ӯ дар кундаи дарахт дармондааст, гирифтанаш душвор. Барои худам ҳам ҷои истодан нест. Боз як каси дигар даркор аст, ки ба ман кӯмак расонад…
Мардҳо байни ҳамдигар маслиҳат карда, боз ду–се ресмони пурқувватро бо ҳамдигар гиреҳ карданд ва Комилро, ки бачаи бақуввати нав аз Русия баргашта буд, бо ҳамон ресмон аз паси Сафарбек ба ҷарӣ нишеб намуданд. Пас аз чанд дақиқа овози ӯ аз поёни ҷарӣ баланд шуд:
-Ман бо Сафарбек баробар шудам, дигар ресмонро хам накунед! Мурдаро ҳам дида истодаам, дар камари шах, дар кундаи дарахт дармондааст. Ҳозир барои поям ҷой ёбам, ресмонро аз миёнам кушода ба миёнаш мебандам, баъд кашед…
Баробари шунидани калимаи “мурда” ҷон аз дасту пои Шафоат баромад ва дар ҳузури духтарони дар он ҷо ҷамъшуда ба замин афтод. Акнун косаи ҷурғоте, ки барои занҳои шаҳрӣ оварда буданд, дар дасти як ҳамсинфи Шафоат буд ва ӯ онро ба лабони Шафоат наздик бурда, кӯшиш мекард, ки ақаллан чанд қатраашро ба дугонааш нӯшонад, то духтар каме ба худ биёяд. Ниҳоят туршии ҷурғот ба забони духтар таъсир кард ва чашмонашро дубора боз намуд…
...
Аксари мардону ҷавонони дар лаби ҷар ҳозир машғули доштани ду банде буданд, ки дар нӯги дигари он ду ҷавонмард дар қаъри ҷарӣ овезон барои баровардани ҷасади Муртазо кӯшиш менамуданд. Касе дар ин лаҳзаи ҳассос дар бораи сабаби ба ҷарӣ афтодани муаллим ва чаро маҳз баъд аз омадани модару хушдоманаш рӯй додани ин ҳодиса фикр намекард, ҳама мехостанд қарзи инсонии худро иҷро намуда ҷасадро бароранд. Ҳушу ёди тамоми ҷамъомадагон танҳо ба ҳамин кор равона шуда буд. Баротбой ҳарчанд онҳоро набинад ҳам, аз боло истода ҷавонони дар қаъри ҷарӣ бударо роҳнамоӣ мекард.
-Комил, ту коре карда ресмонро ба миёни маит банд, баъд ҳамроҳи Сафарбек бо ҳамон ресмони вай худатро нигоҳ дошта исто, мо ҷасадро, ки берун баровардем, бандро дубора барои ту мепартоем...
-Эҳтиёт шав Комил, бачам,-Ин дам аз байни занҳои ҷамъшуда овози зане баланд шуд,-нав аз мусофират омадӣ, ҳанӯз аз дидорат сер нашудаам-а! Аслан ба ту кӣ ин корро фармуду…
-Ҳеҷ гап не, бачаат бачаи бақуввату нотарс аст, мон ба кори савоб ёрӣ расонад,-Баротбой занро ором кард,-Шукр кун, ки имрӯз бачаат мард шуда, дар хизмати мардум аст, Соро!
Соро, ки аз таърифи раиси маҳалла андаке дилаш бардошта шуда буд, зери лаб гуфт: “Майлашу... лекин эҳтиёт шавад-да...”
Ниҳоят пас аз чанд дақиқа, ки ба назари мардуми интизор баробари соат намуд, аз умқи ҷарӣ овози Сафарбек баланд шуд;
-Кашед!
Ҷавонон бо қувваи дучанд ба кашидани ресмон сар карданд. Онҳо ин корро бо эҳтиёт анҷом медоданд ва пас аз ҳар панҷ-шаш бор баробар “ҳу...” гуфта, боло кашидани ресмон, андаке дам мегирифтанд. Ниҳоят, пас аз чандин бор “ҳу... “ гӯиҳои ҷавонмардони деҳаи Сафеддорон аз гӯшаи ҷарӣ сиёҳии ҷасади Муртазо намоён шуд. Баротбой ва чанд марди дигари солхӯрда ба лаби ҷарӣ омада, ҷасадро аз ресмон озод карданд ва рӯйи сабзаҳои навдамида хобонданд. Ҷамила баробари шунидани он, ки ҷасади писарашро берун оварданд, пешпохӯрон ба тарафи ҷар давид. Рӯймоли сафедаш аввал мисли байрақ аз пасаш кашол шуда баъд ба замин афтид ва мӯйҳои сафеди пахтамонандаш ба ҳар тараф парешон шуданд, аммо ӯ парво надошт, чашмонаш танҳо ба як нуқта, ҷое, ки ҷасади писараш мехобид, менигаристанд. Чанд зани деҳотӣ садди роҳи ин модари ҷигарсӯхта гашта гуфтанд:
-Апаҷон, монед ӯро ба ҷойи бехавфтар биёранд, баъд мебинед…
Ҷамила тан додан намехост, вале занҳо аз тарси он ки вай худашро аз ҷарӣ мепартояд, аз китфонаш маҳкам дошта, ӯро боздоштанд.
Баротбой ресмони миёни Муртазоро боз карда чашмаш ба чеҳраи коҳидаи ҷавон афтид, ки аз хору сангҳо чанд ҷояш харош ёфта буд. “Ҳайфи умри ҷавон...” аз дил гузаронд раис, вале ҳамин дам ба назараш чунин намуд, ки пилки чашмони Муртазо ҳаракат дорад. Осемасар хам шуда, курта ва костюми хасу хоколудро кашид ва сари дилашро боз намуда сарашро ба рӯйи синаи Муртазо ниҳод, то фаҳмад, ки қалбаш дар ҳақиқат метапад ё не. Тоқии чоргули раис аз сараш лағжида афтид. Марде тоқиро аз замин бардошта гуфт:
-Беҳуда вақт сарф накунед, раис, аз чунин баландӣ афтида зинда мондан мумкин нест...
Баротбой ба ин суханон диққат надода, гӯшашро ба қафаси синаи Муртазо боз ҳам ҷафстар кард ва бо як ангушташ ростистодагонро ба хомӯшӣ даъват кард ва якбора аз ҷояш давида хеста, ба маънии хомӯш бошед ишорат намуд. Пас аз лаҳзае вай шодона нидо кард:
-Зинда аст!!
(Давом дорад)