(Давомаш)
Мошин дар роҳи кӯҳӣ мисли гаҳвора аз як тараф ба тарафи дигар меҷунбиду мусофиронаш низ баробараш ҷастухез мекарданд. Ронанда, ки ҷавони таҷрибанок буд ва ҳар рӯз бо ҳамин роҳ равуо дошт, ҳар як чуқурию пастии онро хуб медонисту кӯшиш мекард, ки мошинашро беозор ронад, вале роҳ гоҳ фарозу гоҳ нишеб ва пур аз гардишҳои бепоён буд, ки ба равиши якмароми микроавтобус халал мерасонд. Тани нимҷони Муртазо дар байни роҳрави мошин, дар болои кӯрпа гузошта шуда буд. Дар курсии болои сари ӯ кампири Ҷамила нишаста буд ва ҳар замон хам шуда ба нафаскашии фарзандаш гӯш доданӣ мешуд, вале садои ғурроси мошин имкон намедод, ки ин корро кунад. Як дасти бемор дар дасти духтури деҳа Усмони ҳандалак буд ва ӯ гоҳ-гоҳ ба соати дастиаш нигоҳ карда, набзи беморро месанҷид. Мошин дар яке гардишҳо андаке бо суръати баландтар гузашт ва шояд чархаш аз болои санге парид, ки такони сахттар дод ва ин такон аз афташ захмҳои зиёди Муртазоро ба дард оварданд, ки бо овози ҳазин нолиш кард. Модар ҷаста аз ҷояш бархост ва “дар овозакат садқа, бачаҷонам...” гӯён, ба болои сари ӯ хам шуд. Аҷибанд модарон, ҳамагӣ ду соат пеш Ҷамила барои рафтори беақлонаи писараш, ки ба хотири ким-кадом духтар аз баҳри зану фарзандаш гузашта буд, тайёр буд ӯро зери мушту лагад гирад, вале ҳоло мехост ӯро дар мағзи ҷонаш ҷой карда, аз марг пинҳон намояд. Модар бо як гӯшаи қарси сафедаш дасту рӯйи писарашро аз гарду чанги набуда тозакунон “Бачаҷонам...” мегуфту селоби ашк рухсори пурожангашро мешуст. Духтур аз китфи модар гирифта ӯро дубора беозор ба курсиаш шинонд ва бо овози баланд дилпурона гуфт:
-Ором шавед, оча, бачаатон намемурад! Ба фикрам фақат чанд ҷои устухонҳояш шикастаасту халос. Кадом кори некатон ба Худо хуш омада будааст, ки ӯ то охири ҷарӣ наафтода дар миёна, дар шах дармондааст, вагарна аз сад ҷонаш як ҷонаш ҳам халос намехӯрд. Барои чӣ муаллим ба лаби ҷарӣ омадааст, намефаҳмам...
Ду ҷавоне, ки барои кӯмак ба ҷабрдида ҳамроҳи онҳо омада буданд, гапи Усмони ҳандалакро қувват доданд:
-Магар ҷои ҳамвор қаҳт зада буд, ки муаллим аз лаби ҷарӣ роҳ рафтааст?
-Вай муаллими биология аст, шояд барои ҷустани ягон намуди алаф ба ин ҷо омада бошад... Боз Худо медонад...
Ҷамилаю Холбибӣ, ки сабаби аслии ба лаби Ҷари калон омадани Муртазоро медонистанд, лаб газида худоро зорӣ мекарданд, ки ба ҷони ҷавони ӯ раҳм намуда, дубора шифо бубахшадаш…
***
...Шафоат хеле гиря кард ва пас аз он, ки дилашро андаке холӣ намуд, худро сабуктар ҳис карда, ба хонаи дараш то ҳол бози Муртазо даромад. Ҳама чиз титу парешон буд. Пас аз моҷарою кашмакаши модараш бо он ду зани шаҳрӣ, кӯрпаю кӯрпача ва болишту китобҳои Муртазо дар ҳар тарафи хона паҳну парешон мехобиданд. Духтар аз чӣ сар карданашро надониста лаҳзае ба ашёҳои паҳну парешонхобида назар андохт, баъд худро ба даст гирифта, як-як ба ҷамъ кардани рӯйи хона сар кард. «Аздусар ин корро бояд ягон кас кунад, беҳтараш худам ҳамаашро ҷамъ карда мемонам» аз дил гузаронд Шафоат ва аввал кӯрпачаҳоро дар тахмон тахт зада, баъдан китобу дафтарҳои Муртазоро ҷамъ карда ба болои миз гузошт. Аз қабати китобҳо сурате ба замин афтид. Духтар хам шуда онро аз замин бардошт. Дар акси ранга Муртазо ҳамроҳи Садоқат тасвир ёфта буданд, ки дар назди ҳайкали марди салладоре акс бардоштаанд. Шафоат аввал ба ҳайкал зеҳн монда зери лаб гуфт: “Рӯдакӣ”, баъд ба чеҳраҳои хандони ин ҷуфти дар он лаҳзаҳо хеле хушбахт назар андохт. Ин ҷуфти бехабар аз тақдири ояндаи худ дар пояи ҳайкал мисли рамзи хушбахтӣ шах шуда монда буданд. “Аҷиб, кас гумон намекунад, ки одам ин қадар хушбахт мешавад. Инро бин, аз чеҳраашон нур меборад, гӯё дар рӯйи дунё танҳо ҳардуяшон бошанд...”
Бо вуҷуди ин қадар ҳодисаҳои пуртаҳлука дар дили Шафоат нисбати ин ду нафаре, ки аз қиссаи ишқашон танҳо ҳамин як пора сурат боқӣ монда буд, рашк ҳамлавар гашт, вале духтар худро бо азоб ба даст гирифта, суратро дубора ба қабати китоб гузошта ба болои миз монд. Вақте, ки болишти охиринро аз рӯйи намад бардошт, аз зери он боз як сурати дар чорчӯбаи хурд гузошташудаи Муртазою Садоқат намоён гашт, ки чорчӯбааш шикаста буд. Акнун дар ин акс се нафар буданд ва Иқболи хурдакак дар сари дасти падару модараш даҳони бо ду дандон “ороёфтааш”-ро «намоиш» дода механдид. Баробари дидани ин сурат ба бадани Шафоат рашъа дамид ва ғайри ихтиёр чорчӯбаи шикастаро ба тарафи дар ҳаво дод. Сурат ба паҳлударӣ бархӯрда пора-пора шуд ва шишаҳои боқимондаи чӯбчаҳои шикастааш ба рӯйи хона пош хӯрданд.
-Ҳа, ин чӣ буд?-Ин садои ногаҳонӣ Шафоатро якбора ба худ овард ва духтар бо нигоҳи пуртаҳлука ҷониби дар нигарист. Дар дами дари даромад директори мактаб меистод, ки дар тан либоси хонагӣ дошт...
-Ин ҷо чӣ гап? Муаллим канӣ? Мегӯянд, ки аз ҷарӣ афтидааст, мани бемор ин хабари шумро фаҳмида аз ҷойгаҳам хеста омадам...
Шафоат як лаҳза худро гум кард, аммо зуд ба худ омада, аз рӯйи намад пораҳои шишаи шикастаро ғункунон бо садои ларзон гуфт:
-Рост мегӯянд, муаллим аз Ҷари калон ба поён афтодааст, ҳозир ӯро ба беморхона бурданд. Маро модарам фиристод, ки хонаашро рӯбучин кунам...
Директор синчакорона ба чеҳраи гиряолуди Шафоат нигариста гуфт:
-Ман бегоҳӣ худро бад ҳис карда ба хона рафтам. Ба фикрам, шамол хӯрдаам. Хостам андак дам гирам. Нав дору хурда ба ҷогаҳ даромада будам, ки хабари ба ҷарӣ афтодани муаллимро расонданд, то хеста ба ин ҷо омадам, ки вақти бисёре гузашт. Модарҳояш куҷо рафтанд? Онҳо дар ҳамин ҷо бояд мешуданд-ку?
-Мегӯянд, ки онҳо ҳам ҳамроҳи муаллим ба бемористон рафтанд.
-Намедонам ин фалокат аз куҷо сар шуд, гумон доштам, ки Муртазо ҳоло ҳамроҳи модару хушдоманаш дар ин ҷо нишаста суҳбат дорад,-директор бори дигар синчакорона ба духтар ва сурати шикастаи дар болои миз хобидаи Муртазою зану писараш нигариста пурсид:
-Ту дар ин бевақтӣ дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Наход модарат гуфта бошад, ки дар ҳамин торикӣ рафта хонаи муаллимро рӯбучин кун?
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед)