(Давомаш)
Шафоат аз саволи директор як қад парида, чӣ гуфтанашро надониста монд. Директор бори дигар ба чеҳраи духтар назари озмоишкорона андохта гуфт:
-Ин коратро мону зуд ба хонаатон рав. Дер шуда бошад ҳам, ягон мошин ёфта ман ба ноҳия меравам ва аз аҳволи муаллим хабар мегирам.
Дар дили Шафоат ҳоло гӯё кундаалав месӯхт ва тобу тоқати дидани касеро надошт. Мехост директор зудтар баромада равад ва ӯ танҳо монда заҳри ғами фоҷиаи ба сараш омадаро дар танҳоӣ фурӯ барад. Духтарак ҷорӯбро гирифта гӯё барои дар об тар кардан аз дар баромад. Директор ҳам аз паси Шафоат баромад. Зоҳиран мехост чизе гӯяд, вале аз райъаш гашт ва даст афшонда баромада рафт. Аз паси куҳи сиёҳ танҳо шафақи офтоби кайҳо пинҳоншуда менамуд. Духтар як ба он нигоҳ карду ҷорӯбро ба як гӯшаи ҳавлӣ партофта аз дарвоза берун шуд. Раҳораҳ андеша мекард, ки вақте мурдаи ӯро меёбанд, мардум чӣ мегуфта бошанд…
***
Садоқат пас аз рӯбучини хона дари ҷевончаи модарашро боз карда, хост даруни онро бо латтаи тар тоза кунад. Ин дам Иқбол аз кӯча ҳарсосзанон давида омаду аз дур худро ба оғӯши модараш андохтанӣ шуд, вале пояш дар гилеми қатшуда дармонд ва дар рӯйи хона афтид. Садои гиряи писарчаашро шунида Садоқат латтаро партофт ва ҷонҳавл сӯйи фарзандаш давида, кӯдакро аз рӯйи гилем бардошт. Бинии Иқбол андак хун шуда буд, аммо ба назари модар чунин намуд, ки гӯё сару рӯйи писараш пури хун бошад. Садоқат бачаашро рӯйи даст бардошта ба берун, ба назди водопровод овард ва дасту рӯяшро оҳу воҳкунон шустан гирифт. Пас аз тоза шустани дасту рӯйи Иқбол маълум шуд, ки танҳо биниаш андаке лат хӯрда аз он хун шоридааст. Бинии Иқбол андаке варам карда буд. Модар бо итоб ба ӯ гуфт:
-Нагуфтам, ки телба нашав. Ҳамеша саросема мешавӣ. Ман ба ҳеҷ куҷо парида нарафтаам-ку, хонаро тоза карда истода будам. Дидӣ, саросемагӣ ба чӣ оварда мерасонад...
-Мағфират гуфт, ки дадоят туро партофтагӣ, очаат ҳам мепартояд. Барои ҳамин давидам, ки ту ҳам нарафта бошӣ. Бибиам ҳам рафт, барои ҳамин ман тарсидам, ки ту ҳам маро партофта меравӣ оча..
-Натарс бачаҷон, Мағфират номаъқул кардааст. Туро ҳеҷ кас напартофтааст,-ғоибона духтарчаи ҳамсояро ҷанг кард Садоқат,-Бибиат пагоҳ меояд. Медонӣ ку, вай ҳамроҳи бибии дигарат хонаамонро хабаргирӣ рафтагӣ...
-Дадоям ҳам меояд?
Садоқат музтар шуда монд, намедонист ба бачааш чӣ ҷавоб диҳад, барои ҳамин гапро ба дигар тараф бурданӣ шуда гуфт:
-Ин ҷо биё, аз дорудони бибиат ягон малҳам ёфта ба биниат молам, дардаш кам мешавад. Канӣ бачаҷон, ту исто, ман даруни қуттичаҳои бибиатро як бор бинам...
-Оча, дарди биниам монд, ту гӯй, ки дадоям ҳам меояд ё не?
Садоқат оҳи сард кашид ва сари бачаашро силакунон гуфт:
-Намедонам, Иқболҷон, агар туро дӯст дорад, меояд, агар не...
-Агар наояд, ягон дадаи дигар мегирем?–Сухани модарашро бурид Иқбол.
Ин саволи писарчааш якбора дили Садоқатро ба такопӯ андохт. Наход? Наход ҳамин тавр ҳам шавад? Э не-е... Ҳаргиз! Мурад ҳам вай ёди ягон марди дигар намекунад. Яктояшро дӯст дошта гирифт, ба куҷо расид, ки боз дар орзуи дигараш шавад... Не, инро ҳатто дар гӯшаи хаёлаш ҳам ҷой намедиҳад...
-Дадаи дигар ба ман даркор нест, дадаи худамро ёфта деҳ, оча...Худат гуфта будӣ, ки баъди чанд рӯз падарат ҳам меояд, наомад ку? Кай ба наздаш меравем?
Саволҳои пайдарҳами Иқбол дигар ба гӯши Садоқат намедаромаданд. Вай аспчаи дирӯз аз мағозаи бозичаҳо харидаашро, ки ҳанӯз ба дили Иқбол назада буд, ба бағали писарча тиққониду ба сӯи дар ишора карда гуфт:
-Рав, бачаҷон дар берун бозӣ кун. Аспчаат бе ту зиқ шудааст, рафта бозӣ кун, ҳам дарди биниат мемонаду ҳам аспчаат хурсанд мешавад...
Иқбол дид, ки модараш ба саволҳояш ҷавоб намедиҳад, ноилоҷ аспчаашро оғӯш карда аз дар баромад.
Садоқат латтаи тарро, ки баробари аз дар даромада, дар рӯйи хона афтодани Иқбол ба болои телевизор гузошта, ӯро аз замин бардошта буд, гирифта хост ба тоза кардани даруни ҷевончаи модараш идома диҳад. Шояд аз беэҳтиётӣ ва ё парешонхотирӣ бошад, ки аз даруни ҷевонча як сандуқчаи хурди гулкорӣ ба замин афтод. Ин сандуқчаро Садоқат аз хурдӣ дар ёд дошт. Баъд аз он, ки падарашон тарки дунё кард, модараш ҳуҷҷатҳо ва чанд ордену медали шавҳарашро дар он нигоҳ медошт. Модар онро хеле эҳтиёт мекард ва ҳамеша аз назари бачаҳо пинҳон нигоҳ медошт. Бародари Садоқат-Рашид, ки ҳоло ҳамроҳи зану бачаҳояш дар шаҳри дигар зиндагӣ мекард ва худи ӯ ҳарчанд “сандуқчаи сеҳрнок”-и модарашонро “шикор” мекарданд, аммо боре ҳам надидаанд, ки дар даруни он чист. Ҳоло бошад, ҳамин сандуқча дар рӯйи гилем афтода, сарпӯшаш кушода шуда буд ва аз дохили он чанд сурату варақҳои андаке зардшуда афтода, ба ҳар тараф парешон шуда буданд. Садоқат хост онҳоро ҷамъ карда, ба дохили сандуқча андозад ва онро ба ҷояш гузорад. Чашмаш ба суратҳо афтод ва дар яке аз аксҳо худашро, ки ҳамагӣ се-чорсола буд, ҳамроҳи бародараш Рашид ва падару модараш якҷо дида, дилаш ба ёди даврони бачагиаш гум зад. Садоқат дурудароз ба акс нигариста, баъд онро ба сандуқ андохта, хост коғаз ва медалҳои падарашро дубора ба болои он гузорад. Ҳамин дам чашмаш ба як коғази чорқатшудае афтод ва ғайриихтиёр онро боз намуда, дар сархаташ ин сатрҳоро хонд: ”Васиятнома ба модари бачаҳо”... “Падарам ба модарам чӣ васият карда бошад?” кунҷковона аз дил гузаронд Садоқат ва ба хондани коғаз сар кард. Васиятномаро то нисфаш хонда якбора ранги рӯйи Садоқат канд ва чашмонаш хира шуда, коғаз аз дасташ афтид…
(Давом дорад)
А. ҲОҶӢ