arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 60)
16.03.2020
А. Ҳоҷӣ
2818

 

(Давомаш)

Пилки чашмони Муртазо зуд-зуд паридан гирифт. Ҳамшираи шафқате, ки дар сари болинаш нишаста вазъи саломатии ӯро назорат мекард, ин аҳволро дида, ба ҳуҷраи духтурон шитофт ва ба духтури навбатдор гуфт:

-Доктор, аҳволи бемор бад шуда истодагӣ барин. Набзаш аз меъёр хеле камтар мезанад, фишораш ҳам фаромада истодааст...

Духтури эҳёгар пиёлаи чояшро, ки нав рехта буд, зуд ба як тараф гузошта, аз паси миз бархосту ҳамроҳи ҳамшира ба палатаи эҳёгарӣ ворид шуд.

-Акаи Салим, -ин дафъа мисли як одами худӣ ба духтур муроҷиат намуд ҳамшираи ҷавон,-ман рентгени маҷруҳро дидам, дар ягон ҷои ин одам ободӣ намондааст, аз ҳаёти ӯ ягон умед ҳаст?

-Эҳ духтарҷон, намебинӣ, ки бо вуҷуди ин қадар захмҳо ӯ ҳоло ҷон дорад. Пирони қадим то реша дар об аст, умеди самаре ҳаст мегуфтанд, ин мардак ҳам ҷавон аст, шояд организмаш ба ин ҳама зарбу лат тоқат кунад. Зинда мондан ё намонданашро танҳо Худо медонад, вазифаи ману ту ҳар чиро, ки дар ин ҳолат илми тиб мефармояд, кардан асту халос. Ҳоло вобаста ба ҳолати ҳозирааш ду сӯзандору мегузаронем ва интизор мешавем, ки оқибаташ чӣ мешавад. Ту ҳолати ӯро назорат карда, ним соат пас дар бораи вазъи саломатиаш ба ман хабар дода меистӣ. Фаромӯш накун, ки ту табиб ҳастӣ ва бояд ба чунин ҳолатҳо одат кунӣ. Гапамро фаҳмидӣ, Ситора? Ман дар умрам он қадар беморони аз дами марг баргаштаро дидаам, ки... Баъзан чунин мешавад, ки одами ба назар сип- сиҳат якбора дар болои ана ҳамин кат ҷон медиҳад, барои ҳамин, касе, ҳатто табиби беҳтарин ҳам ояндаи беморро сад дар сад пешгӯӣ карда наметавонад...

-Охир дили кас месӯзад. Як модари пир доштааст, ки дар беруни дар нишастааст. Касе намедонад, ки барои чӣ ӯ ба ҷарӣ афтодааст. Мегӯянд, ки муаллим будаасту аз Сафедорон не, барои ҳамин роҳгум зада ба ҷарӣ афтодааст...

-Ману ту табибем, фарқ надорад, ки киву чикора аст, бояд ӯро аз марг наҷот диҳем,-инро гуфта доктор Салим ба нишондоди таҷҳизоти ба бадани Муртазо пайванд бори дигар нигоҳ карду супоришашро дар мавриди гузаронидани ду сӯзандоруи дигар такрор намуда, аз дари ҳуҷра берун шуд. Чашмаш ба тиреза афтод, аз тарафи шарқ нахустин нишонии рӯз маълум шуда, андак-андак сапедаи саҳарӣ медамид. Дар рӯйи хараки даҳлези бемористон ду пайкари ба ҳамдигар ҷафс интизори хабари хуше аз шуъбаи эҳёгарӣ буданд, аммо айни замон доктор ба онҳо ягон сухани тасаллибахш надошт...

***

Чашмони Шафоат аз гиря варамида буданд ва шаби дароз дуои ҷони дар рамақ будаи Муртазоро мекард. “Худовандо, агар ӯро зинда нигоҳ дорӣ, ман дигар заррае ба ӯ майл нахоҳам кард. Бигзор назди зану бачааш равад, фақат зиндаву саломат монад, бас аст.” Шояд бори ҳазорум чунин талабро назди Худованд мегузошт. Аз олами қудсӣ на садои “ҳа” ба гӯш мерасид ва на нидои “не” меомад, вале Шафоат талабашро гаштаю баргашта такрор карда, умедашро аз зинда мондани Муртазо кандан намехост. Аз афташ имшаб хоби Ҳасратмоҳ ҳам набурдааст, ки субҳ надамида садои ҷунбуҷӯлаш дар рӯйи ҳавлӣ ба гӯши Шафоат расида меистод. Вақте ки субҳ олами тираро андаке равшан кард ва тарҳи пардаи тиреза намоён гашт, духтар дигар дар зери кӯрпа будан нахоста, аз ҷояш бархост ва нимтанаи сабукашро пӯшида ба берун баромад.

-Ҳе дар мотами соҳибат монӣ, аз каллаи саҳар дари моро мепояде,-аз назди тавораи ҳавлӣ бузҳои ҳамсояро ба берун ронда истода, садо мекард Ҳасратмоҳ,-инҳо на ҳаққи ҳамсояро медонанду на молу ҳолашонро саришта мекунанд,-модараш ғоибона бо соҳибони бузҳо ҷанг мекард, вале баробари дидани Шафоат бузҳоро фаромӯш карда ба ӯ часпид:

-Хестӣ?! Рӯзи муаллиму зану бачаашро сиёҳ кардию акнун баҳузур хоб мекунӣ? Мардум аз ин корат огоҳ шаванд, шармандаи ин дунёю охират мешавем. Охир ту чӣ хел духтарӣ, ки фақат ба сари ман фалокат меорӣ? Магар он муллою занаш ва ё посбони мактаб, ки шоҳиди никоҳи шумо буд, баъд аз ин ҳодиса хомӯш мешинанд? Аллакай деҳа пури овоза будагист, барои ҳамин аз хона набаромада шин, бинем канӣ аз Худои карим чӣ меояд. Худо гуй, ки бо муаллим ягон кору ҳоле нашавад, он гоҳ... он гоҳ... рӯзат сиёҳ мешавад... Рӯзи тую рӯзи бачаи шикамат...

Шафоат то замони ошкор шудани қиссаи ишқаш бо Муртазо эркаи модар буд, вале акнун ба назари Ҳасратмоҳ мисли як махав менамуд ва ӯ ҳар сари қадам духтарашро наҳ зада, таънаю маломат менамуд. Шафоат дасту рӯяшро гурбашӯй карда, хеле вақт ба суханҳои тезу тунди модараш хомӯшона гӯш дод, баъд дигар тоқат накарда гуфт:

-Оча, таънаю пичингатро бас кун ё ман рафта мисли Муртазо худамро ба ҷарӣ мепартоям. Он гоҳ ту ҳам аз ман халос мешавию ман ҳам дигар гапҳои нешдори туро намешунавам...

-Ба куҷое меравӣ рав, ту аз он касоне нестӣ, ки худро ба ҷарӣ андозӣ. Ту худатро бисёр дуст медорӣ ва ин хел ҷуръат ҳам надорӣ...

Шафоат аз ин таънаи модараш бештар ба ғазаб омад ва попӯши сарипоияшро ба як тараф ҳаво дода, туфлиҳояшро пӯшиду даричаи хурди дарвозаро тараққосзанон пӯшида аз ҳавлӣ берун шуд...

***

Дили Ҷамила суст шуд ва ба Холбибӣ такякунон сараш ба як тараф ҳамоил гашт. Холбибӣ гумон кард, ки қудояшро хоб бурдааст ва нахост сари ӯро аз болои китфаш гирад, аммо ба сараш андешае омад, ки чӣ гуна метавонад хоби модар барад, вақте ки писараш дар дами марг аст. Барои он ки ба хоб будани Ҷамила боварӣ ҳосил кунад, Холбибӣ сари ӯро андаке бо китфаш ҷунбонд, вале кампир сарашро набардошт. Дубора ӯро хезонданӣ шуд, аммо боз ҳам сарашро набардошт. Холбибӣ мисли барқзадагон якбора парида аз ҷояш бархост ва сари Ҷамиларо дар болои дасташ нигоҳ дошта, зеҳн монда ба қудояш нигарист. Аз гӯшаи лабони пурожанги Ҷамила андаке кафк таровида, кампир нафас намекашид. Холбибӣ оҳиста сари Ҷамиларо ба рӯйи харак гузошта, осемасар ба сӯйи утоқи ҳамшираи шафқати навбатдор давид. Вақте ки онҳо дукаса бо як пиёла чой ба сари Ҷамила омада, хостанд сари ӯро бардоранду ба гулӯяш чанд қулт об резанд, ин кор ба онҳо даст надод. Лабҳои хушкидаи Ҷамила бо ҳам ҷафс буданду онҳоро кушодан намехост. Хоҳари шафқат ба ҳуҷраи духтурон рафта, доктор Салимро овард. Духтур бо ёрии Холбибӣ пешобағали куртаи Ҷамиларо боз намуда, стадиоскопро ба болои синаи харобу пурожангаш ниҳод ва андаке гӯш карду сипас сарашро бардошта, лаб газид ва маҳзунона ба Холбибӣ нигариста гуфт:

-Кампир ин дунёро тарк кард...

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД