arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 59)
15.03.2020
А.ҲОҶӢ
2809

 

(Давом дорад)

   Иқбол “Оча, попӯшам тар шуд” гӯён, аз дар даромад ва дид, ки модараш дар рӯйи фарш дароз хобидаасту дар атрофаш ордену медалҳои ялаққосӣ парешонанд. Бача ба модари дарозкашидааш эътибор надода, ба бозӣ кардани медалҳо машғул шуд. Дар рӯйи гилеми хона паи пойафзоли тараш аз погаҳи дар то ҷое, ки Садоқат хобида буд, омад мерасид. Садоқат чанд лаҳза беёд буд, худаш ҳам намедонист, вақте ки ба худ омад, дид, ки писарчааш бо мукофотҳои ҷангии бобояш бозӣ дорад, вале ба кӯдак аҳамият надода, зуд коғазро аз рӯйи гилем бардошт ва ба хондани васиятномаи падараш идома дод: «Занак, бори дигар хотиррасон мекунам, ки Садоқатро ба ману ту Худо фиристодааст, бояд фарзанди мардумро эҳтиёт кунем. Ман мемирам ва калон шудани ӯро намебинам, аммо ту бояд дар ҳаққи вай ғамхор бошӣ. Вақте ки ман ӯро дар зери садои тиру туфанг аз таваллудхона мебаровардам, дар гирди сараш як шерозаи чоргула дошт ва баъдтар ту онро дар гаҳворааш бастӣ. Онро эҳтиёт кун, шояд ягон вақт аз рӯйи ҳамон шероза падару модари аслиашро меёбад. Фарзанди мардум барои ману ту фарзанд мешавад, вале хуне, ки дар рагҳои ӯ ҷорист, ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҳамхунаш хоҳад буд. Худованд, агар хоҳад, рӯзе ӯро ба соҳибонаш бармегардонад. Худат медонӣ, ки ман Садоқатро аз Рашид ҳам бештар дӯст медорам, ӯро эҳтиёт кун. Дар вақташ ман падару модари аслии ӯро хеле кофтам, вале наёфтам. Як посбони ҳамон таваллудхона гуфта буд, ки гӯё марде ҳамон рӯзи ҷанг аз тарафи Норак занашро ба таваллудхона оварда будааст, вале аз кадом қишлоқ буданашро намедонист. Кӣ медонад, шояд духтари мо ҳам аз ҳамон тарафҳо бошад, вале падару модари аслиаш ягон рӯз пайдо мешаванд ё не, инро танҳо Худо медонад. Занакҷон, Садоқатро ҳамчун духтари худат калон кун. Вай ба ту монанд аст ва ба ғайр аз ману ту, касе намедонад, ки ӯ духтари мо нест. Умедворам, ки ин сир пинҳон мемонад ва Садоқат ба мо бегона буданашро ҳеҷ гоҳ пай намебарад. Боқӣ, Садоқату Рашидро ба ту ва туро ба Худо месупорам. Дар зиндагии якҷояамон ҳар баду неке, ки аз ман гузашта бошад, бубахш...”

Садоқат бори дигар коғази андаке рангпаридаро аз сар то по хонда баромад ва ба Иқболи дар рӯйи гилем бо пойҳои лойолуд хобида эътибор надода ба назди тиреза рафта, аз паси парда ба берун назар афканд. Ҳаво аллакай каме тира гашта, пардаи торикӣ мефаромад. Садоқат оҳи сарде кашида, тугмачаи чароғи барқиро пахш намуд. Хона якбора равшан шуд. Ҷавонзан зери лаб худ ба худ чизе гуфта истода, хам шуда, ордену медалҳои парешонро аз рӯйи хона ҷамъ кард ва аз дасти Иқбол низ чандтояшро гирифта дубора ба сандуқча андохту ба норозигии писарчааш нигоҳ накарда онро ба ҷевон гузошт. Ҳамаи ин корҳоро ӯ беҳушона мекард ва дар майнааш танҳо як фикр чарх мезад: “Падару модари ман дигар касон будаанд. Модарам модари ман набудааст...” Дилаш ҳаргиз ба ин бовар кардан намехост. “Наход? Наход, модари ман модари худам набошанд? Не, шояд ин ҷо ғалате рафта бошад ва ин васиятнома аз падари ман нест? Пас, чаро номи ману Рашидро навиштааст? Не, ҳаргиз набояд ин тавр бошад. Хайр, худи модарам аз деҳа баргарданд, ҳақиқати ҳолро мепурсам...” Тасмими охиринаш дили Садоқатро андаке таскин дод ва ҷавонзан писарчаашро аз рӯйи гилем бардошта ба даҳлез бароварду аз пояш попӯши таршудаашро кашид…

***

Навбатдори беморхонаи ноҳиявӣ баробари аз мошин фаровардани маҷруҳ аробакати беморбариро бо кӯмаки ду нафар аз ҳамроҳони ронанда оварда, Муртазоро бо эҳтиёт ба болои он хобонд ва ҷониби даромадгоҳ равон шуд.

-Ӯ дар садама маҷруҳ шуд? –раҳораҳ пурсид духтур.

-Не, аз ҷарӣ ба поён афтидааст?

-Чӯпон аст?    

-Не, муаллим,-духтур чизеро нафаҳмида бошад ҳам, идомаи ин суҳбатро ба дигар вақт мавқуф гузошта, маҷруҳро ба тарафи ҳуҷраи эҳёгарӣ бурд.

Ҷамила ва Холбибӣ аз паси аробача то даромадгоҳи ҳуҷраи эҳёгарӣ рафтанд, вале онҳоро ба дарун даромадан намонданд.

-Холаҳои азиз, ба ин ҷо даромадани шумо мумкин нест. Ана ҷой барои онҳое, ки беморонашон дар ҳуҷраи эҳёгарианд. Иншооллоҳ, беморатон нағз мешаванд. Духтурон мебинанд, ки куҷояш осеб дидааст ё лат хӯрдааст, баъд ба наздатон баромада натиҷаи ташхисашонро мегӯянд. Шумо ана дар ҳамин ҷо интизор шавед,-ба харакҳо ишора намуд ҳамшираи шафқат.

Ин даъвати ҳамшираро духтури деҳа Усмони ҳандалак ҳам, ки бо онҳо омада буд, такрор карда гуфт:

-Ин ҷо духтурҳои зӯр дорад, Худо хоҳад, худашон ҳамаашро ҷо ба ҷо мекунанд...

Холбибию Ҷамила ноилоҷ ба болои харакҳое, ки дар назди даромадгоҳ монда буданд, хастаҳолона нишастанд. Пас аз он, ки беморро ба шуъба дароварда ҷо ба ҷо карданд, ҷавонони аз Сафедорон омада ба назди занҳо омаданд ва яке аз онҳо гуфт:

-Ҳоло ҳам беҳуш аст, духтур мегӯяд, ки чанд ҷои дасту пояш шикастагӣ. Ба духтури шикастабанд телефон карданд, ҳозир омада шикастабандӣ мекунад... Дигар дар ин ҷо нишаста интизор шудан маънӣ надорад, биёед мо шуморо ба меҳмонхона мебарем, шабро дар ҳамон ҷо рӯз мекунед...

Холбибӣ ҳанӯз сухане ба забон наоварда, Ҷамила сар ҷунбонида гуфт:

-Раҳмат, писарам, аммо мо ба ҳеҷ куҷо намеравем. Дар ҳамин ҷо интизор шуда мешинем, Худо ҳарчи хоҳад, ҳамон мешавад...

-Очаҷон, охир шумоён то кай дар ин ҷо мешинед, раис ба мо супориш дод, ки ба шумо ҷои хобу хӯрок ёфта диҳем...

-Раҳмат писарам, мо ҳамин ҷо меистем,-сухани Ҷамиларо тақвият дод Холбибӣ.

Ҷавонон диданд,, ки намешавад, бо онҳо худоҳофизӣ карда, аз дар баромаданд, аммо пас аз чанд лаҳза яке аз онҳо дар селофан ду нон ва чанд дона тухми ҷӯшондашуда оварда доду гуфт:

-Дар ин бевақтӣ дар ошхона ягон хӯроки гарм набудааст, то саҳар ҳаминро тановул кунед, пагоҳ ягон кас хӯрок меорад...

Модарон ҳарчанд нею нестон карданд, аммо ҷавон бастаи овардаашро дар паҳлуи онҳо гузошту ҳамроҳи Усмони ҳандалак баромада рафт.

“Чӣ қадар мардуми ғамхору меҳрубон...” аз дил гузаронд Холбибӣ, ки то ин дам ҳамаи сафедоракиҳоро ба хотири он, ки домодашро аз духтари ӯ “рабуда буданд” бад медид….

Ҷамила дар паҳлӯи Холбибӣ нишаста бошад ҳам, ҳушу хаёлаш дар ҷои дигар, аниқтараш дар рӯйи мизи ҷарроҳии табибон буд, ки оқибаташ чӣ мешуда бошад, зеро ин лаҳзаҳо дар пушти ана ҳамин дари баста масъалаи ҳаёту мамоти писараш ҳал мешуд….

Ин дам ба даҳлези беморхона марди босалобате ворид гашта, роҳравон аз дасти ҳамшира хилъати сафедро гирифт ва пӯшида истода ҳамшираро саволборон кард:

-Ӯро мошин задааст ё ...?

-Не, мегӯянд, ки аз ҷарӣ афтодааст.

-Магар куҳнавард аст?

-Не, муаллим будааст.

-Беморро аз куҷо оварданд?

-Аз Сафедорон...

Духтур ба занҳои нишаста эътибор надода аз дари шуъбаи эҳёгарӣ даромадан мехост, вале Ҷамила садди роҳаш гашт:

-Илоҳӣ хока гиред, зар шавад, духтурҷон. Бачаамро наҷот диҳед...

Духтур ба чашмони Ҷамила чанд лаҳза нигаристу оромона гуфт:

-Оча, ман духтури шикастабанд. Духтури эҳёгар ҳоло дар назди писаратон. Худо хоҳад, писаратон сиҳат мешавад, ором бошед.

Ҳамшира аз китфони Ҷамила гирифта, ӯро дубора дар назди Холбибӣ шинонд ва бо меҳрубонии ба касбаш хос гуфт:

-Шинед, модарҷон, ҳозир ман як чой дам мекунам, ҳамроҳ менӯшем... Фурсате нагузашта, духтури шикастабанд аз дари ҳуҷраи эҳёгарӣ баромад ва бо сари хам гуфт:

-Панҷ -шаш ҷои дасту пой ва қабурғаи писаратон шикастааст, алҳол, то ба худ омадани ӯ духтури эҳёгар ба шикастабандӣ иҷозат надод. Пагоҳ, агар вазъи саломатиаш беҳтар шавад, аз паи шикастабандиаш мешавем...

Духтур хилъатро аз танаш кашида ба болои мизи ҳамшираи навбатдор гузошт ва дигар чизе нагуфта ба сӯи баромадгоҳ равон шуд. Бе шарҳу эзоҳ занҳо фаҳмиданд, ки аҳволи Муртазо бад аст...

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД