(Идомааш)
Албина, ҳарчанд як сабаби ба биёбон, байни қабилаҳои кӯчӣ афтидани худро дар Гулрафтор медонист, аммо ӯро дӯст медошт ва дар муддате, ки якҷо буданд, ба ӯ сахт унс гирифта буд. Вай аҳволи дугонаашро мушоҳида карда, бо меҳрубоние, ки аз ин пеш ягон бор ба Гулрафтор лоиқ надида буд, ӯро оҳиста ба болои ҷогаҳ хобонд ва зуд аз паси Омина рафт. Вақте, ки Омина аз дари хайма даромад, Гулрафтор ба печутоб даромада буд ва сахт нолиш мекард.
-Канӣ ман як бинам,- Омина хам шуда шиками Гулрафторро даст-даст карду бо қатъият гуфт:
-Пас аз ягон соат таваллуд мекунад…
-Дар ин ҷо духтур нест, чӣ кор мекунем? - дар чашмини Албина қатраҳои ашк намудор шуданд
-Кадом духтур? Магар ман бачаҳоямро дар пеши духтур зоидам? Канӣ хез, ҳамроҳи ман рафтем. Тағора ва обдастаро биёрем. Ҳеҷ гап не, духтари бақувват аст, ҳамин замон мезояд. Сад афсӯс, ки падари кӯдакаш раҳматӣ шудааст…Ҳарчанд Гулрафтор аз дард печутоб мехӯрд, аммо суханони охирини Омина ба гӯшаш даромаданд ва беихтиёр ба забони модариаш гуфт: «Аз даҳонат шамол барад…» Акнун ӯро на Албина ва на Омина намефаҳмиданду гумон доштанд, ки аз дард ҳарза мегӯяд…
…Албина, ки бо ин қадар шаттоҳӣ ҳоло мисли як мусичаи парканда ба ҳар ҳарфи Омина гӯш мекард, аз худи ӯ пештар аз дари хайма берун шуд…
Пас аз соате садои гиряи тифли навзод дар торикшаби биёбони араб то дуриҳо паҳн шуд. Мокон дар паси дари хайма дурудароз аккос зад. Уштури пири ибни Шамс шиҳа кашид. Гӯё ин садо дар як дам ҷаҳони ин биёбони аксаран хомӯшро ба такон андохт. Ибни Шамс устухонҳои пиронаашро бо азобе аз болои ҷойгаҳаш ҷамъ карда аз ҷой хесту беихтиёр даст ба милтиқаш бурд ва аз хайма берун шуд. Ҷойгаҳи кампираш холӣ буду мӯйсафед гумон кард, ки ба рамаи бузҳояш шағолони биёбон ҳуҷум кардаанд. Аммо дар берун аллакай оромӣ ҳукмфармо шуда буд ва танҳо садои дизели барқзо ба гӯш мерасид. Ибни Шамс баргашта ба хайма даромаданӣ шуда буд, ки боз садои тифл ба гӯшаш расид. Ин дафъа ӯ овоз бароварда, ба сӯи хаймае, ки дар он ҷо чор моҳ боз духтарони аз зери қуми биёбон баровардааш зиндагӣ мекарданд, равон шуд. Овози ӯро шунида аз дохили хайма кампираш баромад ва бо чеҳраи хандон ба шавҳараш гуфт:
-Ба осмон тир холӣ карда аз тифли навзод дар хаймаамон хабар деҳ.
Арабҳо расме доштанд, ки зодани тифли навро бо ҳамин усул ба ҳамқавмони худ мефаҳмонданд.
-Ту чиҳо мегӯӣ, мардум чӣ мегӯянд? Онҳо гумон мекунанд, ки худи ту зоидаӣ…
-Онҳо чӣ мегӯянд, ман кор надорам. Дар хаймаи мо тифли нав ба дунё омад.
Дар умри худ бори аввал ибни Шамс ба занаш итоат кард ва мили автоматашро ба ҳаво бардошта як навбат тир кушод. Дар баробари ларзиши яроқ дар дастони камқуввату пиронаи ӯ баданаш ҳам меларзид. Ӯ он вақт хабар надошт, ки бо ин садои шодиёнааш дар китоби умри худашу фарзандонаш саҳифаи наверо боз намуда истодааст…
-Ачаб писари зебо,-тифли навзодро аз даруни тағора гирифта, бо меҳр ба чеҳраи кӯдак нигарист Омина,- айнан Форуқи худам барин. Форуқ худи ҳамин барин буд, вале бачаи ту сафедрӯйтар. Ба модараш рафтааст…
Албина, ки баъди Гулрафторро дарди зодан гирифтан мисли толибаи мактаб гапгиру хушлафз шуда буд, бо шавқ ба тифли гирён менигаристу намедонист, ки гуфтаҳои Оминаро тасдиқ кунад ё рад намояд. Зеро Форуқро дар умраш надида буд, аммо воқеан ҳам симои тифл бо абрувони каме пайваста ва рухсораҳои бо манаҳаш мувофиқ афтода ба Гулрафтор монанд буд..
... Гӯшҳои Гулрафтор ғуввос мезананд, аммо аз паси ин парда садои гиряи аввалини тифлро шунид ва «писар!» гуфтани Омина ҳам ба гӯшаш даромад. Баъд якбора ба олами дигар ғӯта зад, пеши назараш чашмасорони деҳаашон омад, ки дар канори он беғамона алаф медаравид. Баногоҳ аз пеши досаш гули зебое баромаду духтар бозистода онро бӯй кашид. Гул чунон бӯи хуше дошт, ки сарашро гаранг кард. Хост онро канда ба паси гӯшаш гузорад. Аммо ҳамин вақт сояи касе болои сараш офтобро панаҳ кард. Сар бардошта Салимро дид, ки бо табассум ба ӯ менигарист. Аз қафои ӯ модаркалонаш меистоду дар сар қарси сафед ва дар тан пироҳане дошт, ки онро якумр ба хотири шавҳараш дар сандуқ пинҳон мекард. Модаркалон дар лаб табассум ба Салим нигоҳ карда гуфт:
-Ба ӯ гӯй гулро наканад…
-Не, худаш мефаҳмад ва онро об медиҳаду калон мекунад. Ин гулро ман ба ӯ тӯҳфа намуда будам…
Гулрафтор тозон лаби чашма рафт ва як каф об оварда ба бехи гул рехт…Аз сардии оби чашма ба худ омад… ва дид, ки Оминаю Албина дасту пои ӯро дар тағора шуста истодаанду тифли парпечшуда дар паҳлуяш мехобад.
-Ана акнун ба худ омадӣ. Ҳоло ман бароят шири буз пухта меорам, онро хӯрда сиппа сиҳат мешавию бачаатро мемаконӣ...
Омина аз дари хайма берун рафт ва Албина ба ҷойгаҳи Гулрафтор наздик шуда, маъюсона гуфт:
-Фарзанд чизи хуб аст, аммо агар қасру кӯшк дошта бошӣ. Дар байни ин регистон ӯ сарбории зиёдатист… Чаро пешгирӣ накардию зоидӣ? Мегӯӣ, ки фарзандат аз ким кадом шайх аст. Инро ба кӣ исбот мекунӣ? Агар ман ҳам мисли ту дар ҳар як хобиданам мемондам, ки шикамамро дам кунонанд, аллакай нисфи Арабистон бачаҳои ман мебуд. Эҳ нодонаки гӯл…
Гулрафтор чизе нагуфта бо гӯшаи чашм ба тифли навзод нигаристу якбора аз ҷояш нимхез шуда ба оринҷҳояш такя намуд. Вай мисли он, ки афсун шуда бошад, бо чашмони калон-калон гаштааш ба кӯдак нигоҳ мекард. Албина аз ин рафтори дугонааш дар ҳайрат шуда, бодиққат ба навзод нигоҳ кард. Ҳеҷ чизи аҷиберо надиду ба Гулрафтор гуфт:
-Чӣ магар аз ин пеш тифли навзодро надида будӣ? Кӯдакат мисли бачаҳои дигар, дасту пояш бутун. Худаш ба тахмини ман, аз се кило зиёдтар. Хулоса, тифли муқаррарӣ…
Аммо Гулрафтор боз ҳам чашмашро аз тифл наканда бо дасти бемадораш ба ӯ ишоракунон оқибат калимаи даркориро аз забони русӣ дарёфта гуфт:
-Родинка…
-Какая родинка?
-Ана, нигоҳ кун, дар рухсорааш, поёнтар аз гӯши чапаш…
-Хайр чӣ, магар бачаҳои холдор каманд?
-Ин холи Салим, холе, ки дар зери гӯши чапаш, айнан дар ҳамин ҷои рухсорааш буд…
-Ҳа, ана ту чиро дар назар дорӣ…Да, это весомый аргумент. Аммо канӣ худи ҳамон Салим? Магар ӯ иқрор мешавад, ки зани саҳроӣ дорад?
Аммо ин гапҳо дигар ба гӯши Гулрафтор намедаромаданд. Ӯ ба тифли навзодаш бо муҳаббати беандоза менигарист. Ҳайрон буд, ки чаро то ҳол вақте, ки дар бораи меҳри модарӣ суханеро дар ҷое мехонд, ба он бо тамасхур нигоҳ мекард. Зеро худи ӯ дар назди виҷдонаш борҳо иқрор карда буд, ки аз модараш дида, бибии меҳрубонашро бештар дӯст медорад. Ана акнун тайёр буд барои ин тифле, ки чашмони варамидаашро бо ҳам сахт ҷафс карда мехобид, дунёро чаппа кунад.
Шояд сабаби ин беандоза ба Салим монанд будани бача бошад? Якбора чизи дигаре ба ёди Гулрафтор расиду ба Албина гуфт:
-Албинаҷон, як бор бадани ҳамин бачаро кушо, ман бинам…
-Эй духтар, ту магар девона шудӣ? Мехоҳӣ, ки хуни маро Омина дар ҳамин биёбон резад? Таъкид карда рафт, ки то омадани ӯ на ба ту ва на ба тифл даст нарасонам.
«Номашро гиру гӯшашро каш» гуфтагӣ барин Омина аз дари хайма табақ ва дастурхон дар даст ворид шуда роҳравон гуфт:
-Канӣ хез, Олбина, дастурхонро дуруст кун. Ману ту Гулрафторро сер кунему ӯ тифлашро…,- Омина аз рӯзи аввал номи Албинаро ба тарзи арабӣ зада дар охир ва алиф дар аввал талаффуз мекард.
-Ана ин аз қурути буз тайёр карда шудааст. Вақте, ки ман мезоидам, раҳматии хушдоманам, модари ана ҳамин ибни Шамс, пас аз як соати таваллуд карданам як табақ аз ҳамин қурутоб медоду ба бузчаронӣ равон мекард…
-Э, воҳима накунед…,- лабашро бурма кард Албина,- Дар мо духтурҳо намемонанд, ки се рӯз аз ҷоят ҷунбӣ…
-Духтурҳои шумо беақл, зани зоидагӣ бояд зуд ба ҳаракат дарояд. Он гоҳ дар синааш зуд шир пайдо мешавад. Канӣ, духтарам сари ҷойгаҳ шину аввал инро хур, баъд бачаатро макон. Сағираҳо гушначашм мешаванд, худо медонад шират мерасад ё не. Хайр, бузҳои ширдеҳамон бисёр ку… Нарасад аз шири ҳамонҳо медиҳем. Ман ҳам Форуқро баъд аз яксола шуданаш бо шири буз калон карда будам.
Аз зоидани Гулрафтор аз ҳама бештар Омина хурсанд буд. Ӯ, ки солҳои тӯлонӣ бе кӯдак дар хайма танҳо бо бузу уштур «сӯҳбаткунон» умр мегузаронд, пазмони бачаи майда шуда буд. Фарзандони шаҳрияш, хусусан Форуқи соҳиби зану бача дер- дер меомад. Форуқ ҳатто ягон бор бачаҳояшро ҳам наоварда буд. Бинобар ин, кампири бечора пазмони тифл буд. Ӯ табақи қурутобро ба болои ҷойгаҳи Гулрафтор гузошта, чумчаро ба дасташ дод:
-Канӣ, як сар карда бин. Маъқул нашавад, дигар хелашро пухта меорам.
Аммо қурутоб чунон фораму гуворо буд, ки дар як лаҳза ҷисму ҷони хастаи Гулрафторро ҳаловати беандоза фаро гирифт. Ӯ ҳарисона чанд чумча қурутобро бо нони тунуки арабӣ хӯрду худро хеле бардам ҳис кард… Ҳанӯз хӯрданро ба охир нарасонда, овози тифли навзод хаймаро фаро гирифт.
-Овозашро бин, чӣ қадар баланд…
-Филипп Киркоров барин…,- луқма дод Албина
-Ӯ кист?
-Як шайхи овозбаланди мо. Занаш аз худаш панҷ баробар калон…
-Аз афташ шайхи хуб будааст… Агар зани арзанда бошад, чӣ ҷои айб дорад?
-Чунон арзанда, ки ба чанд миллион меарзаду аз он ҳам зиёдтар дорад…
Аз ин баҳси «ду кар» боз ҳам дар лабони Гулрафтор табассуми хастаҳолона пайдо шуд ва ӯ тифли навзодро аз дасти Омина гирифта ба бағал кашид. Ба баданаш рашъаи гуворо дамид ва бори аввал нӯги пистонро ба даҳони тифл гузошт…
Гулрафтор ҳарчанд мекард, пистони худро ба даҳони тифл гузошта наметавонист. Дастони одатнакардааш онро гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тарафи даҳони тифл мебурданд, аммо на кӯдаки «ноӯҳдабаро» ва на модари аз ӯ ҳам «ҳунармандтар» аз ӯҳдаи ин кори дар назари аввал осон баромада наметавонистанд. Албина ва Омина ба ин рафтори модару писар назора карда, табассум менамуданд. Абрӯвони пайвастаю мижгонҳои зебои духтар бо чеҳраи андак коҳидааш «ҷанг карда», дар ин лазаҳо ӯро ба назар боз ҳам зеботар ҷилва медоданд. Албина беихтиёр сурати машҳури Бибӣ Марям ва тифлии Ҳазрати Исоро ба ёд овард, ки дар он модари пайғамбар тифли навзоди худро сина мемаконд. «Исо ҳам бепадар ба дунё омада буд…» аз дил гузаронд ӯ…
Омина қиссаи модари пайғамбари исломро, ки аз китобҳо барояш ибни Шамс хонда буд, ба хотир овард, ки баъд аз таваллуди Он Ҳазрат тифлашро ба хотири тарбия ба занони деҳотӣ барои макондану тарбия намудан супорида буд. Ӯ ба чеҳраи беандоза зебои ин духтари аҷнабӣ нигоҳ мекарду аз дил мегузаронд: «Ту, ки ин тифли сағирмондаро ба дунё овардӣ, оё медонӣ, ки чӣ азобҳое туро дар пешанд? Беҳтар нест, ки онро ба ман супорӣ, то ғамхору саробонаш бошам?» Аммо боз андешид, ки алҳол дар ин бора ба Гулрафтор сухане гуфтан лозим нест, ки ба дилаш сахт мерасад. Ва ғайр аз ин, магар ибни Шамс ба ин кор розӣ мешавад?
Омина ва Албина, ки ҳарду аллакай лаззати модар буданро чашида буданд, боз камтари дигар ба чеҳраи аз кӯшишҳои беҳуда хасташудаи
Гулрафтор нигоҳ карданд, баъд Омина ба сари ҷойгаҳи модари навзод омада, мисли он, ки бузро меҷӯшида бошад, бо як чолокӣ аз нӯги пистони ҷавонзан дошта кашид. Дар як лаҳза лабу даҳони тифл олудаи шири модараш шуд ва ӯ бо саъйи тамом ба ҷустуҷӯи ин манбаи лаззат даромад. Модару фарзанд ба мақсад расиданду навзод чалап-чулупкунон ба макидан сар кард.
-Аҷаб писари чаққону пуртоқат мешавад, аз ҳаракатҳояш маълум. Бин, то ба даҳон гирифтани пистон гиря накарда онро ҷустуҷӯ кард …
-Да, такие свою долю не кому не дают…(Бале, ин баринҳо ҳаққи худро ба касе намедиҳанд…),- гуфт ба идомаи сухани Омина Албина…
-Бо забони одамӣ гап зан, чӣ мегӯӣ?
-Мегӯям, ки гапатон рост, агар падараш мебуд, хеле хурсанд мешуд…,-ин суханони Албина, ки бе ягон андешаи бад гуфта шуда буд, ба захми Гулрафтор намак пошид. Аммо ӯ лаб зери дандон гирифта, кӯшиш мекард, ки аз ҳаяҷони ботиниаш чизе пай набаранд.
-Худо барои сағираҳо ҳам ризқашонро ҷудо кардааст. Ғам нахӯр, ки падари ӯ фавтидааст, ҳудо худаш халқ мекунаду боз ризқашро ҳам медиҳад…
«Шумо аз куҷо медонед, ризқи писаракам, агар тақдир карда бошад, аз ҳамаи авлоду аҷдоди шумо ҳам бештар аст. Падари ӯ яке аз сарватмандтарин шахсони ин дашту биёбон аст. Аммо ҳоло ӯ дар куҷост? Дар куҷост, ки ин писари ба худаш мисли як себи дукафон монандро бинаду хурсандӣ кунад? Оё ӯ фарзандаш будани ин тифли бегуноҳро иқрор мешаваду ба гардан мегирад? Ё ҳамаи ин як хобу хаёле буду мегӯяд, ки фарзанди ким - кадом араби бенишон аст? Инро ба ҷуз Худованд дигар касе намедонад…» - Гулрафтор ғарқи ин андешаҳо дигар ба сӯҳбати Оминаю Албина гӯш ҳам намедод.
Аз беруни хайма овози сулфаи ибни Шамс баланд шуд.Омина зуд ба берун баромаду байни зану шавҳар гуфтугузоре сурат гирифт:
-Худаш кадом номеро ихтиёр кунад…
-Ҳоло, ки дар хонаи ман аст, чизе, ки ман мегӯям, ҳамонро мекунад. Ним сол боз нони маро мехӯраду гапамро намегирад?
-Намедонам, як бор аз худаш пурсам чӣ…
Омина дубора ба хайма баргашта ба Гулрафтор наздик шуд ва бо овози нарми модарона гуфт:
-Духтарам, қабилаи мо расме дорад, ки дар рӯзи аввали таваллуди писар ба ӯ ном мегузоранд. Номи духтарро баъд аз серӯзагиаш мемонанд. Тифли ту, ки писар аст, бояд имрӯз номгузорӣ шавад. Оё ту ягон номро барои ӯ интихоб кардаӣ?
Гулрафтор, ки интизори чунин савол набуд, ҳайрон ба Албина нигоҳ карда монд. Албина дар навбати худ ба Омина нигоҳ карда гуфт:
-Модари ин бача тоҷик аст. Шумо ин қабиларо намедонед, вале номҳояшон ба номҳои шумо монанданд. Аммо падараш аз қавми шумост. Магар мӯйсафедатон ягон номро барои ӯ интихоб кардааст, ки дар берун ин қадар моҷаро кардед?
-Эҳ, ин мӯйсафеди ман…Ҳарчанд дар ҷавонӣ чанги ин биёбонро ба осмон бардошта бошад ҳам, ҳоло ақлашро хӯрдааст. Мегӯяд, ки як номи рустӣ дорад, ҳамонро ба тифли ту монданист…
-Чӣ хел ном будааст?
-Мегӯяд, ки дар овони ҷавониаш як марди доро, як шайхи бузург барои дар пойгаи уштурон ғолиб омаданаш ба ӯ як ҷуфт уштурбача тӯҳфа карда буд. Боигарии мо асосан аз ҳисоби ҳамон ду уштурбачаи ӯст. Ин қиссаро ӯ борҳо ба ман нақл карда буд. Он шайх пойгаро ба муносибати ба дунё омадани писараш дар наздикии шаҳри Рос-ал Хайма дода будааст…
-Хӯш номаш чӣ будааст?
-Замир- ас- Соиб… мегӯянд, ки ҳоло писари ҳамон шайх бисёр шахси мӯътабар ва доро аст. Мӯйсафеди ақлгумкардаи ман ҳам мехоҳад, ки писари ту мисли ҳамон шайх обрӯманду доро шавад…
-Хайр бигзор шавад, мо зид нестем, ҳамту не Гулрафтор?
Гулрафтор, ки пас аз шунидани номи Замир –ас Соиб як андоза худро гум карда буд, фикр мекард, ки ин номро дар куҷое шунида буд ва ҳоло ҳеҷ ба хотир оварда наметавонист, ки дар куҷо.
-Бигзор ҳарчи монанд, мондан гиранд. Сиҳату саломат бошад, шуд,-бо овози хаста гуфт Гулрафтор.
-Ин тавр бошад, аз ҳамин дақиқа сар карда номи писарат Замир ибни…номи падараш чӣ буд…
Гулрафтор худро якбора гум карда монд. Агар гӯяд, ки падари ӯ зинда асту номаш Шайх Салим, касе аз ин ду араби солхӯрда бовар намекунанд. Агар нагӯяд, писараш магар бепадар аст? Як лаҳза дар миёни обу оташ чӣ кор карданашро надонист ва ниҳоят гуфт:
-Падари ӯро Салим мегуфтанд. Ҳамту Салим, ягон унвону мартаба надошт…
-Ин тавр бошад, ин писарбача аз ҳоло Замир ибни Салим аст. Худо умрашро дароз кунад…,- Омина давида ба берун баромад, ки хабари хуши розӣ шудани модари кӯдакро ба номи гузоштаи ибни Шамс ба ӯ расонад.
-Ман фаҳмидам, беҳуда ҳою ҳӯй накун. Иншооллоҳ, ин писар ба Шайхи Бузург монанд мешавад…
Калимаи «Шайх ал Акбар» (Шайхи бузург)-ро шунида, мисли он, ки барқ зада бошадаш Гулрафтор шах шуда монд. Охир ин ибораро нисбати падари Салим атрофиёнаш истифода мебурданд –ку! Ана чаро номи Замир ас-Соиб барои ӯ шинос намуд, падари Салим чунин ном дошт.
(Давом дорад)