Formula novemver 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми6)
08.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3509

(Идомааш)

…Баландии утоқе, ки Гулрафтор дар он ҷо буд, аз замин тақрибан чор- панҷ метр меомад. Гулрафтор бори охирин ба уфуқ нигаристу бо зиндагӣ, бо ҳамаи ақрабо ва дӯстону дугонаҳояш хаёлан видоъ гуфта, ба лаби тиреза баромад ва доманашро болотар бардошта, худро сарозер андохт, аммо…

Лабони Гулрафтор ин лаҳза ғунчаи гулеро мемонд, ки майли бозшавӣ дорад. Дар ким -куҷои майнаи сараш чизе ба ҳаракат даромада, садои пасте аз дурии дуриҳо меомад: «Духтарам, эҳтиёт шав…., эҳтиёт шав…, эҳтиёт шав….» Аммо садо торафт пасттар ва ношунаво мегардид.

Дар ин лаҳзаҳо гӯё дар як пайкар ду Гулрафтор ҷой шуда буд. Яке мехост ҳарчи зудтар ба ҷисми рӯ ба рӯ зарбае зада гурезад ва то ҷон дорад аз ин утоқи нақшину пурҳашамат фирор кунад. Дигаре мехост ба он наздик шавад ва ҳарчи бодо бод…Муборизаи ин ду Гулрафтор танҳо чанд лаҳза идома ёфт. Роҳи ҳалли ин муноқишаро боз ҳамон пайкари рӯ ба рӯи духтар истода ёфт. Салим ба духтар наздик шуда, Гулрафторро ба оғӯш гирифт. Ҷавоб ба ин амал дар лаҳзаи аввал як ҳаракати базӯр эҳсосшаванде буд, ки аз ҷониби духтар сурат гирифт. Аммо баъд… Аммо баъд гӯё вулқон бедор шуд…Вулқоне, ки дар оташи он ҳам тар месӯзаду ҳам хушк. Дигар ҳама чиз аз пеши назарҳо дур шуд.

Шайх бо як ҳаракати зебои варзишгарона тани зебою ширмонанди духтарро аз замин боло кард   ва дар равшании пасти қандили миёни хона ронҳои басо зебоеро, ки танҳо дар ким- кадом мусаввараи рассоми аврупоӣ дида буд, бо як эҳсоси тасаввурнопазир тамошо карда истода, бори қимматбаҳои худро қариб дубора ба замин афтонда буд. Аммо худро ба даст гирифт ва ин дастоварди ҳоло барояш аз ҳама чизи дунё арзишноктаринро боэҳтиёт ба болои болини пурнақш гузошт. Лаҳзае ба ин зебоӣ нигаристу андеша кард: «Оё дар дунё аз пайкари зани зебо ва тамошои он лаҳзаи гуворотарин ҳам бошад?» ва худ ба худ ҷавоб дод: «Не, ҳаргиз не…Ин зебоиро худованд барои санҷиши бандагони худ офаридааст…Кори хубе кардааст. Аммо ман аз санҷиш нагузаштам…» Шайхи Тиллоӣ бо ин андешаи охирин худро ба паҳлӯи ин зебоӣ гирифт.

…Вақте, ки Гулрафтор аз болин сар бардошт, дар паҳлӯяш касе набуд. Дар ҷисми худ як сабукие эҳсос намуда, хост аз ҷояш парида хезад. Аммо якбора ҳодисаҳое, ки шабона ӯро думболгирӣ карданд, паиҳам ба ёдаш омадан гирифтанд. «Ман чӣ кор кардам? Ӯ кӣ буду бо ман чӣ кард? Ҳоло куҷост?» Паи ҳам саволҳои беҷавоб дар майнааш чарх мезаданду посухе намеёфт. Аз байни ин ҳама худпурсиҳо танҳо ба як саволаш ҷавоб пайдо кард: ӯ дигар духтар набуд…

Дари калони дутабақи нақшин нимроғ шуду касе аз он ба дарун нигарист. Гулрафтор сарашро ба ҳамон тараф гардонд, аммо дар боз пӯшида шуд. Баъд аз лаҳзае аз паси дар садои мусиқии барояш андаке шинос баланд шуд. «Мусиқии арабӣ…» хулоса кард ӯ ва ҳанӯз фурсати идомаи андеша накарда, якбора ду табақаи дари бузург во шуд ва як даста мусиқачиён бо наю таблак ва боз чанд асбоби дигар, ки онҳоро Гулрафтор дар умри худ бори аввал медид, вориди утоқ гардиданд. Мусиқачиён дар атрофи рахти хоб ҳалқа зада менавохтанд. Мусиқиеро менавохтанд, ки ба назар ҳам таскинбахш буду ҳам, ким чи хел даъваткунанда. Аз паси дастаи мусиқачиён чор нафар зане, ки либосҳои миллӣ дар бар доштанд ва ҳамаашон чун нусхаи якдигар ба ҳам монанд, вале хеле зебо буданд, дар болои даст як дастаи либос омада, дар паҳлӯи ҷои хоби Гулрафтор саф кашиданду чизеро интизор шуданд. Аз ҳамаи ин ҳаракати онҳо духтар чизе намефаҳмид ва кӯшиш мекард, ки мӯи парешони худро ҷамъ кунаду худро андаке ба тартиб дарорад, аммо ҳанӯз дар зери болопӯши нақшин буд ва чӣ тавр аз ҷо бархостанашро намедонист. Ин лаҳза аз дар ду нафар ворид гардиданд ва дар симои яке аз онҳо Гулрафтор ҷавонмардеро шинохт, ки шабро бо ӯ гузаронида буд. Аммо ҳоло дар тани ӯ либосҳои дигар буданд. Либосҳои аҷиби пурнақш ва дар сараш салла ё ба рӯймол монанд чизе аз матое, ки ба тахтаи шоҳмот шабоҳат дошт. Аз лабони Шайхи Тиллоӣ табассум гӯё мешорид. Чеҳрааш мисли кӯдаконе, ки ба онҳо ҳамин ҳоло шириние дода бошанд, қаноатманд буд. Ӯ ба сари рахти хоб омада, табассумкунон ба Гулрафтор бо инглисӣ чизе гуфт ва марди ҳампаҳлӯяш, ки либосҳои аврупоӣ дошт, бо лаҳни ба афғонҳо монанд тарҷума кард:

-Субҳат ба хайр, хонуми беназири ман.

Пас аз ин ӯ хам шуда, аз рухсораи Гулрафтор бӯсаи мулоиме кард. Ба атрофиён чизе фармоиш доду ба тарҷумон нигариста, чанд ҷумлаи дароз гуфт. Баъдан мунтазири тарҷума нашуда, ба сари духтар хам шуд ва бори дигар аз пешониаш бӯсида, бо қадамҳои устувор ба сӯи баромадгоҳ равона шуд. Тарҷумон гуфтаҳои Шайхи Тиллоиро ба духтар бозгӯӣ кард:

-Шумо имшаб сари маро ба осмон расонидед. Ҳеҷ гумон надоштам, ки чунин олиҳаи ҳусн ҳанӯз бокира бошад. Ман шуморо бо хоҳиши дӯстам ҳамчун як зани кӯчагӣ ба хонаам барои як шаб оварда, соҳиби чунин ганҷи бебаҳо гаштам. Акнун аз ин ганҷина даст кашиданӣ нестам. Ин либосҳоро интихоб карда ба бар намоед. Пас аз як соат ба маросими тӯй тайёр шавед. Мулло шуморо ба ман никоҳ мекунад ва яке аз се тан хонум мешавед. Хонуми аз ҳама дӯстдоштатарин ва зеботарини ман…

Гулрафтор ба гӯшҳои худ бовар намекард. Бовар намекард, ки дар ин гӯшаи дунё ӯ ба шавҳар мебарояд. Магар ӯ ҳеҷ гоҳ дар гӯшаи хаёлаш ҳам чунин андешаро ҷой дода метавонист, ки шаби аввалини худро бо мард дур аз ёру диёр ва бе «ёр, ёр» дар ин ғарибиҳо мегузаронад ва қимматтарин дороияшро ба каси дигар дар ҳамин ҳолат месупорад? Аммо ҳақиқат ва воқеият чунин сурат гирифт…

Гулрафтор бо шунидани ин суханон дар лаҳзаи аввал чӣ кор кардану чӣ гуфтанашро надонист. Яке аз он чор духтаре, ки барои ӯ либос оварда буданд, ба Гулрафтор наздик шуда, аз китфаш гирифту ба сӯи оинаи бузурге, ки дар рӯ ба рӯяш мизи пур аз ороишоти занона ва рангу хушбӯиҳои зиёде истода буд, овард. Духтарони дигар, ки рӯи дасташон либосҳои нақшин ва шояд бо мӯди охирин дӯхташударо медоштанд, аз паси ӯ омада, андак дуртар рост истоданд. Хонуми аввала, ки аз афташ роҳбари ин гурӯҳ буд, бо забони арабию англисии омехта чизе гуфту Гулрафторро ба рӯи курсии назди оина шинонд ва чолокона ба пардоздиҳии мӯяш сар кард. Арабдухтари машшота мӯи дарозу мавҷноки Гулрафторро болои дастонаш гирифта, бо забони худ ба духтарони ҳамроҳаш чизе мегуфт ва бо шонаи аҷибе онро пардоз медод. Аз чеҳраашон маълум буд, ки машшотаҳо аз рӯю мӯи ин духтари аз кадом гӯшаи фаромӯшшудаи Осиё ба ин ҷо афтода ба ваҷд омадаанд ва зебогии табии духтарак ба ҳеҷ гуна пардозу андоз ниёз надорад. Аммо онҳо супориш гирифта буданд, ки ин духтарро аз рӯи таомули арабӣ ба тӯи арӯсӣ тайёр кунанд…

…Пас аз соате кас ба симою қаду басти Гулрафтор нигариста аз ҳайрат даҳон воз мекард. Ба ҳусни табии ӯ, ки қалби яке аз бойтарин мардони ин минтақаро тасхир намуда буд, даҳҳо ҳусни дигар зам шуда, бинандаро волаю шайдо месохт. Дар миёни утоқи бузург гӯё олиҳаи ҳусни ҳамаи давру замонҳо бо ҳазорон ранг ҷило медод. Чеҳраи сафеди як андоза маҳзун, қаду басти мисли санавбари диёраш мавзун ва чашму абрӯи қирвор сиёҳи Гулрафтор, ки бо панҷараи мижгонҳои дароз худованд оро дода буд, ба пайкари мӯйсафеди садсола ҳам рашъа медамонд.

-Худоё, чӣ сурату чӣ симо…,-беихтиёр ба забони модариаш садо баровард сардори духтарони ороишдеҳ. Дигарон низ моту мабҳути ин ҷамоли беназир гардида буданд. Ин лаҳза аз дар Шайхи тиллоӣ ва тарҷумони форсаш дохили утоқ гардиданд. Шайх арӯсро дида, мисли шахсе, ки барқ задааст, дар даромадгоҳ шах шуда монд. Гулрафтор бо дидани нафаре, ки шаби аввали худро бо ӯ гузаронида, иффати духтаронаашро қурбони ӯ карда буд, сарашро поин андохт. Мижгонҳои дарозаш гоҳ болою гоҳ поён шуда, ба мағзи ҷигари араб ханҷар мезаданд. Шайх Салим бо пойҳои аз ҳаяҷон чун латта гаштааш калавида-калавида ба Гулрафтор наздик шуду дузону зад ва бо дастони ларзон дасти ӯро аз байни пироҳани ҳарираш пайдо карда, девонавор ба бӯсидан сар кард. Гулрафтор ба замин хам шуда, шайхро аз ду китфаш дошта боло бардошт ва дар рӯ ба рӯи худ қарор дод. Ҳарчи ҳам набошад, ин шайх аввалин марде буд, ки бо ӯ ҳамхоба гардид.

Орзӯи духтарии Гулрафтор дигар буд- мехост, ки мисли духтарони ҳамдеҳааш ӯро дар аспи сафед савор кунанду гирди деҳа гардонанд ва баъд домод ӯро аз болои асп рӯи даст гирифта ба хонаи хоб дарорад. Аммо дигар ин орзӯи ӯ ҳаргиз рӯи амалро намебинад.

Гулрафтор ҳазорон шукр мекард, ки қурбони мардони кӯчагарду дайдуҳои пулдор нашуд ва тақдир шаби аввали ӯро ба марди бофаҳме насиб гардонд. Акнун ин мард мехоҳад ӯро ба никоҳи расмии худ дарорад…

Аз чашмони шайх ашк мерехт. Ӯ бори аввал ба чунин ҳолат афтода, то ин дам ҳеҷ гоҳ касе ӯро гирён надида буд. Салим ҳатто аз будани одамон дар утоқ шарм накарда ашк мерехт. Ин ашки ӯ аз чӣ буд, худаш ҳам намефаҳмид.

Гулрафтор беихтиёр бо домани пироҳанаш ашки Шайхи тиллоиро пок кард ва бо меҳри гарми занона аз пешонааш бӯсид…

Бо ишораи Шайх дари дутабақаи пур аз нақшу нигор боз шуд ва як гурӯҳ занони либоси маҳаллӣ дар бар бо шӯру мағал дасти худро зуд-зуд ба даҳон бурда, овози аҷибе бароварда атрофи Шайхи тиллоӣ ва Гулрафторро ҳалқавор печониданд. Яке аз онҳо ба фаранҷӣ монанд чизеро оварда, ба сари арӯс пӯшонд. Тарҷумони Шайх ба арӯс наздик шуда, гуфт:

-Ҳоло шуморо ба саҳни боғ, ба маросими ақди никоҳ мебаранд.

-Ман чӣ кор кунаму чӣ гӯям?-пурсид духтар

-Ҳеҷ чиз, фақат ҳамроҳи домод ба он ҷо мераведу мешинед, бонуи ман. Минбаъд агар чизе лозим шаваду сухане гуфтанӣ шавед, ба ман як ишора мекунед, ҳозир мешавам. Маро ба хизмати Шумо гузоштаанд…

…Дастаи занон домоду арӯсро ба ҳалқа гирифта, аз дари утоқ бо ҳамон шӯру валвала ва зери садоҳои аҷибе, ки аз даҳони ин занҳо мебаромад, баромаданд. Дуртар аз бӯстонсаро зери дарахтони нахлу хурмо, ки аз ин пеш Гулрафтор танҳо акси онҳоро дида буд, мизҳои дарозе гузошта шуда буданд ва дар паси онҳо мардуми либоси арабӣ дар бар бо як карру фар такя ба пуштмонаки курсиҳои зарҳалин дода, аз мусиқӣ ва «рақси шикам»-и раққосагони саҳна лаззат мебурданд. Раққосаҳои нимбараҳна пайкари худро бо ҳазорон намуд тоб дода, бештар миёни худро ба ларза медароварданд ва агар ин амалро яке аз онҳо бо ҳунари бештаре иҷро мекард, боиси валвалаю шӯри нишастагон мешуд. «Ҳамаи инро дар байни чанд соате, ки бо ман набуд, шайх аз куҷо ташкил карда бошад…»-ҳайрон мешуд Гулрафтор. Ӯ намедонист, ки ин ҳама кару фар ва шаҳоматро Шайхи тиллоӣ танҳо бо як супориши телефонии кӯтоҳ, ки мазмуни он «ман дар соати ёздаҳ дар бӯстонсарои фалонам дар соҳили Баҳри Сурх тӯй дорам» буд, муҳайё кардааст. Сухани ин шахс аз баъзе роҳбарони давлатҳо дида, бурротару гузарандатар буд.

Тӯй дар авҷ буд ва Гулрафтор аз зери пардаи ҳарир ба атроф нигариста, аз дил мегузаронд: «Ҳанӯз ҳафтае пеш ин чизҳо дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд. Ин хоб аст ё бедорӣ? Ин мардум кистанду ман ба куҷо афтодам. Оҳ бибиҷон, ту дар куҷоӣ, ки ба ман ҳамаи инро фаҳмонӣ…»    

Аммо аз дуриҳои дур дигар садои «Эҳтиёт шав, духтарам…» шунида намешуд…

…Дар як гӯшаи ин тӯи пурҳашамат ду нафар нишаста, сарҳои худро бо ҳам хеле наздик оварда, бо овози паст ба ин ҳамҳамаю валвала   диққат надода, сӯҳбат доштанд. Инҳо Шайх Саид ва Шайх Абдуллоҳ буданд, ки дар тиҷорати нафт бо Шайх Салим рақобат доштанд. Шайх Саид хам шуда ба гӯши Абдуллоҳ мегуфт:

-Шунидед, Салим бо як ширкати шведӣ бо нархи арзонтар нафт мефурӯшад. Ин ширкат баъд аз ин эълони Салим шартномааашро бо ширкати ман барканд.

-Ду ширкати итолиёӣ ҳам аз арзонфурӯшии Салим огоҳ гардида, ба ҷои ширкатҳои ман бо ширкатҳои ӯ муоҳида бастаанд. Ин ҷои гап нест. Биёед баъд аз чанд рӯз вохӯрда, ин масъаларо муҳокима мекунем. Шайх Салим аз ҳад гузаронида истодааст…

-Ман розӣ. Ҳоло, ки моро ба тӯи арӯсии худ даъват кардааст, биёед камтар истироҳат кунему бубинем, ки аз ин арӯсӣ ӯ чиро интизор аст. Шояд боз ба ягон духтари аврупоии доро арӯсӣ мекунаду бо ҳамин роҳ боз ҳам дили аврупоиҳоро ба даст оварданист…

-Не, аз рӯи маълумоти ман арӯси нави ӯ аз афғонҳо ё форсҳост ва аслу насабаш ҳам маълум нест. Шояд ошиқ шуда издивоҷ карда бошад…

Ҳарду баробар хандиданду ҷуммаки офтобаи заррини қалёнро ба даҳон гирифтанд.

Дар паси пардаи ҳарири арӯсӣ Гулрафтор дар гӯшаи хаёлаш ҳам оварда наметавонист, ки ин ду шайхи араб дар оянда тақдиршикани ӯ мешаванд ва сари пурмоҷарои ӯро ба моҷароҳои нав мекашанд. Шайхи аз хушбахтӣ сару калобаашро гумкарда- Салим низ гумон надошт, ки ин хушбахтии ӯ дер намепояд ва ҳамин ду рақиби тиҷорат мурғи бахти ӯро бо тире аз паногоҳ ба ҳалокат мерасонанд… Амммо ҳоло тӯй давом дошт ва раққосаю ҳофизон барои ба меҳмонону мизбонон бештар маъқул гардидан аз таҳти дил ҳунари худро нишон медоданд. Ба ин раққосаҳои миёнашон бараҳнаи думбаҷунбон нигоҳ карда, гоҳ хандаи Гулрафтор меомаду гоҳ ҳайрон мешуд, ки чаро дар ватани ӯ бараҳна кардани миёну ноф айб асту дар ин кишвари мусулмонӣ дар чунин ҳолат мерақсанд. Ба ин саволи худ ҷавобе наёфта дар дил гуфт: «Хайр, расмашон ҳамин будааст…». Боз Гулрафтор ба чеҳраи шайхи дар паҳлӯяш ҳузурдошта нигоҳ карда, ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки Салим чаро ӯро ба занӣ гирифта истодааст. Охир, онҳо на забони якдигарро мефаҳмиданду на расму оини ҳамдигарро ва дороии ягонаи ин духтари аз ватанаш дурафтода танҳо номуси духтариаш буд, ки онро ҳам аз даст дод. То ҳол фаҳмида наметавонист, ки ин корро ӯ ихтиёрӣ кард ва ё дар зери фишору зӯрӣ. Аммо як чиз аз шаб то ҳоло барояш аён гашта буд, ки дар қалби ӯ нисбат ба ин марди дар паҳлӯяш ҳузурдошта як муҳаббат ё ба ҳамин монанд меҳре пайдо шудааст, ки ӯро ба ҷониби худ мехонад. Баъд аз соате ин шӯру валвала ба дили духтар зад ва худро дар болои саҳнае, ки он ҷо ӯ ва Шайх Салимро шинонда буданд, ноҳинҷор ҳис кард. Ин ҳиссиёти ӯро Салим дарк намуд ва ба яке аз хизматгорон ишора намуда чизе гуфт. Пас аз лаҳзае ду зан омада, ӯро аз китфонаш гирифта аз саҳна ба зери дарахти нахл бурданд ва дар болои нимкате, ки бо кӯрпаю болиштҳои зарҳалин оро дода шуда буданд ва дар атрофаш парда кашида шуда буд, шинонданд. Дар наздаш анвои хӯрока ва нӯшокиҳои гуногун фароҳам буд, аммо аз гулӯи Гулрафтор чизе намегузашт. Намедонист, ки аз ҳаяҷон, аз тарс ва ё аз хастагӣ ҳеҷ чиз хӯрдан намехост. Мехост ин лаҳзаҳо дар сари чашмаи деҳа нишаста бошаду худро лаҳзае аз ин гирудорҳо дур бинад. Бо модаркалон ғоибона сӯҳбат кунад. Нақшаи ояндаи зиндагиро кашад. Аммо чӣ нақша? Тақдири ӯ дар дасти дигарон аст ва онҳо чизе хоҳанд, ҳамон мешавад…
(Идомаашро фрдо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД