Formula novemver 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми11)
12.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3261

(Идомааш)

Шайх Салим ба ин гуфтаҳои Талал розӣ шуд ва бо даъвати онҳо сардорони хадамоти бехатарии ду ширкати бузурги нафтрасон «Соиб Ойл» ва «Талал Ойл», ки аллакай дар паси дар ҳозир буданд, ба утоқи корӣ дохил шуданд…

…Субҳи дигар дар рӯ ба рӯи Шайхи Тиллоӣ, ки аз бехобӣ чашмонаш варамида буданд ва Шайх Талал Шукрӣ меистод ва дар бораи он, ки чи тавр Шайх Абдулло ва Шайх Саид ба ивази пули калон ба ӯ ва ду нафар одамдуздони касбӣ дуздидану ба баҳр ғарқ намудани зани Шайхи Тиллоӣ супориш дода буданд, нақл мекард. Зери чашми Шукрӣ сип- сиёҳ шуда буд ва худаш ба зӯр ба по рост меистод. Маълум буд, ки одамони Салим ва Талал бо кадом роҳ «забони ӯро кушода буданд»

-Аммо ману ҳамроҳонам ӯро ғарқ накардем ва хостем ба ивазаш боз пул кор кунем. Барои ҳамин он занро бо маслиҳати пешакӣ ба аҳли як қабилаи саҳроӣ фурӯхтем…

Шайх Салим бо шунидани ин суханон аз ҷой бархоста, ба Шукрӣ наздик шуд ва аз зери манаҳи ӯ бардошта бо шиддат пурсид:

-Ин қабила дар куҷост ва он харидорон киҳо буданд?

-Мо фақат ба воситаи телефон бо онҳо тамос гирифта будем, ман онҳоро намешиносам. Духтарро дар минтақаи Бурҷ-ас Саид ба дасти онҳо супоридем,-сар то пои Шукрӣ меларзид, медонист, ки дар ҳолати дурӯғ гуфтан ӯро чӣ интизор аст.

-Бурҷ ас-Саид аз ин ҷо хеле роҳ аст ва дар канори Биёбони Бузург қарор дорад, оё рақами телефоне, ки бо он тамос гирифта будӣ, дар ёдат ҳаст?-ин саволро ба Шукрӣ Шайх Талал медод.

-Намедонам, агар дар телефонам боқӣ монда бошад…

Зуд як тан аз кормандони хадамоти амниятии Шайх Талал телефони дастии ӯро гирифта санаи рабуда шудани Гулрафторро ёфт ва ба Шукрӣ дароз карду пурсид:

-Канӣ бин, кадоме аз ин рақамҳо?

Шукрӣ яке аз он рақамҳоро нишон дод ва ходим ба он занг заду ҳама интизори ҷавоб шуданд. Аммо пас аз каме хомӯшӣ аз гӯшӣ ба забони англисӣ ҷавоб омад, ки рақами мазкур дигар фаъол нест ва ба он занг назананд…

-Инро гирифта ду ҳамроҳи дигарашро низ пайдо кунед ва ба он ҷое, ки онҳо зани Шайх Салимро ба саҳроиҳо фурӯхта буданд, равед. Агар ягон изе аз онҳо пайдо кардед, зуд ба ман хабар диҳед. Баъд инҳоро ба дасти пулис супоред. Агар зинда ба дасти пулис расанд, бахташон, агар не, ҷаҳон аз ин касифон пок мешавад…-ба одамони худ супориш дод Шайх Талал. Ин супориш чӣ маънӣ дошт, танҳо хадамоти амниятии ӯ медонист…

…Салим дар як ҷо ором истода наметавонист ва ба ҳар сӯи дафтари кории васеъи Шайх Талал қадам мезаду зери лаб такрор мекард: «Лаънатиҳо…Ман ба шумо чӣ зарар расонидам? Айби худатон, ки нафти шуморо камтар мехаранду аз моро зиёдтар. Магар барои рақобати бозор шуда зани як мусулмонро рабудану куштан мусулмонист? Ин ба шумо чӣ медиҳад?»

Шайх Талал, ки рӯдаи қалён дар даҳон ба рафтору гуфтори писари дӯсташ назорат мекард, билохира гуфт:

-Шайх Абдулло бисёр маккор аст. Шайх Саид аз ӯ камӣ надорад. Онҳо муҳаббати беандозаи туро ба ин зан пай бурда буданд. Ҳадаф он духтари афғон не, балки ту будӣ…

-Духтари тоҷик,-боз ӯро ислоҳ кард Салим…

-Фарқ надорад, онҳо мехоҳанд бо ҳамин роҳ ба қалби ту ханҷар зада, «аз давра берун кунанд». Ҳоло мебинам, ки Абдуллоҳу Саид ба ҳадаф наздиканд…

-Шумо, шайхи мӯҳтарам, намедонед, ки ин зан барои ман чӣ қадар арзиш дошт…

-Ман ку медонам, аммо онҳо аз ман ҳам пештар ин ҳақиқатро дарк кардаанд…Барои ҳамин ту набояд он чизеро кунӣ, ки онҳо аз ту умедворанд, яъне набояд маъюсу навмед шуда, аз сари кор дур шавӣ. Онҳо интизори ҳаминанд. Беҳтар мебуд, агар ману ту якҷо шавем ва ба муқобили ин ҳарду дар бозори Аврупо рақобат кунем. Бо маслиҳат нархро якбора як муддат паст мекунем ва ҳамаи ширкатҳоеро, ки аз ин ду шайх нафти хом мехариданд, бо имтиёзи калон ба харидани нафти худ тарғиб менамоем. Боварӣ дорам, ки дар се – чор моҳ ин ҳарду муфлис мешаванд…

Шайх Салим, ки донишу фаҳмиши ирсӣ дар масъалаи тиҷорат дошт, дарк намуд, ки Талал дуруст мегӯяд. Набояд аз рӯи нақшаи ин ду рафтор карда, ширкатро бесоҳибу бероҳбар монд. Балки бояд аз онҳо қасос гирифт. Қасосе, ки то охири умрашон фаромӯш накунанд. Гулрафтор ба ин меарзад…

Салим сар боло карда гуфт:

-Ман ба андешаи Шумо розӣ ҳастам. Аммо пеш аз ҳама бояд Гулрафторро пайдо кунам…

Ин вақт телефони дастии Талал садо кард ва ӯ бо аломати «як дақиқа» ба Салим ишора намуд ва онро ба гӯш бурд. Оромона ба сухани ҳамсӯҳбати худ чанд лаҳза гӯш доду сипас пурсид:

-Оё имкони пайгирӣ намудан нест?

Аз афташ ҷавоби рад шунид, ки боз пурсид:

-Он се нафарро чӣ кор кардед?

Баъд аз гирифтани посух телефонро хомӯш карда ба Шайхи Тиллоӣ рӯ овард:

-Дар Бурҷ-ас Саид изи ғуломхарон гум шудааст. Шабона шамоли биёбон ҳамаи изҳоро аз байн бурдааст ва ба кадом сӯ рафтани онҳо маълум нест. Худат медонӣ, ки ин биёбон ҳазорон километр аст. Дар кадом гӯшаи он зани худро меҷӯӣ? Ин ҷустуҷӯи сӯзан дар ғарами коҳро мемонад. Беҳтараш интизор бояд шуд. Дуздон бошанд,-Талал муғамбирона ба сӯи Салим табассум кард,-дуздони кирояи Абдулло ва Саид дар роҳи ба маҳкама бурдан ба садамаи автомобилӣ дучор шуда ҷо ба ҷо мурдаанд…

Агар ин хабар ба ин шайхҳо расад, ба эзорашон кайк медарояд. Яъне мефаҳманд, ки мо кӣ будани фармоишгаронро медонем…

Шайхи Тиллоӣ маъюсона сарашро хам кард. Аммо баъд қатъӣ аз ҷояш бархосту ба Шайх Талал гуфт:

-Ман ба Аврупо меравам. Аз паи кор шудан лозим….

…Дар хаймаи нимторик, дар як гӯша чанд кӯрпаи бетартиб гузошташуда болоиҳам мехобид. Дар гӯшаи дигари хайма матоъи ба дастурхон монанде паҳн шуда буд ва аз он дуртар суроби одами дароз хобидае намудор буд. Баробари бардошта шудани гӯшаи латтаи даромадгоҳи хайма ва пайдо шудани рӯшноӣ норозиёна ғурунгос заду рӯи худро ба тарафи дигар гардонда паҳлӯ гашт. Дар назди даромадгоҳ бошад, ду- се бузғолаи навтаваллудшуда бо ҳам ҷафс шуда мехобиданд. Фарши хайма бо пӯсти уштур, ки ҳамчун гилем хизмат мекард, пӯшонида шуда буд. Вақте, ки чашмони Гулрафтор ба нимторикӣ одат карданд, пай бурд, ки шахси дароз кашида хобида зан аст ва мисли ӯ либоси сиёҳи арабӣ дар бар дорад. Духтар дар байни ин хаймаи пур аз бӯи ҳайвон ва ким чӣ хел бӯйҳои ғализи дигар рост истода, ҳайрон буд, ки чӣ кор кунад. Ҷасади хобида як ҷунбиду сарашро бардошта ба забони арабӣ чизе гуфт. Гулрафтор, ки алҳол танҳо ба ин забон калимаҳои алоҳидаро мефаҳмиду халос, чӣ хостани ӯро дарк накард ва ҳамин тавр рост истодан гирифт. Ин дафъа ҷисми хобида дар сари ҷойгаҳаш рост нишаст ва чашми духтар ба зане афтод, ки хеле ҷавон ва ситорагарм буд. Чашмони кабудаш дар нимторикӣ бо дидани Гулрафтор мисли чашмони гурбачаи ба тарс афтода дурахшиданд…Аз ҷояш хеста ба назди духтар омад ва гирди ӯ чарх зада, мисли он, ки маводи осорхонаро тамошо мекарда бошад, сар то пои ӯро аз назар гузаронидан гирифт. Баъд бо як ҳаракати даст гӯшаи ҳиҷоби Гулрафторро, ки аз манаҳ то чашмонашро пӯшонида буд, поин карда, бо забони арабӣ нидо кард:

-Джамилун…

Гулрафтор аз симои сафед, чашмони кабуд ва лаҳҷааш дарёфт, ки ин зан араб нест. Ӯ бо забони русӣ пурсид?

-Кто вы такая?

Бо шунидани ин савол зан қафонокӣ рафта, ба болои ғарами кӯрпаҳои берабт партофташуда афтид ва аз он ҷо нидои ҳайрат ва хурсандӣ якҷоя баромад:

-Боже мой… Землячка…

Ӯ бо азоб ду дасташро   ба қафо партофта аз ҷояш хест ва чашмони барқпоши осмониашро калон- калон кушода, ба Гулрафтор наздик шуду ӯро ба оғӯш гирифт. Ҳарчанд қаду басташ аз Гулрафтор пасттар буд, аммо   оғӯшгириаш чунон сахт буд, ки қариб ӯро нафастанг кунад. Аз чашмони кабудаш беист ашк мешорид ва пайваста такрор мекард:

-Землячка ты моя…Родная ты моя… Впервые за три года встречаю родное лицо…(Бори аввал дар се соли охир ҳамшаҳриамро мебинам…)

…Гулрафтори аз ин вохӯрӣ дар хаймаи танги араби бодиянишин ба ҳайратафтода худро базӯр аз оғӯши зан ҷудо карда, ба замин, ба болои кӯрпаи пӯсти уштурӣ нишаст ва бо ишораи даст ӯро ҳам ба паҳлӯяш даъват намуд. Зан ашки чашмонашро бо нӯги ҳиҷобаш тоза кардаистода, зонуҳояшро қад карду ба Гулрафтор ҷафс шуда, ба забони русӣ гуфт:

-Биё шинос шаваем. Номи ман Албина, аз Молдавия. Ба фикрам, ту аз Осиёи Миёна, ҳамин тавр не?

Албина баъд аз гузаштани тӯфони вохӯрӣ бо ҳамватани худ (бигзор ҳамватани собиқ ҳам бошад, ҳарду ҳамдигарро мефаҳманд ку…) худро хеле ба даст гирифта буд.

-Ҳа, ман аз Тоҷикистон…

-Кай боз дар ин ҷоӣ?

-Намедонам, аз омаданам ду-се моҳ гузаштагист…

-Ман бошам, се сол мешавад, ки дар ин мулкам. Ба умеди ёфтани пули калон ба Дубай омадаму оқибат ба дасти ин қабилаи нимваҳшӣ афтодам. Ду соли аввал хуб буд, дар Дубай, дар як тарабхона кор мекардам, даромади калон мегирифтам. Бо шахсони пулдор ҳамхоба мешудам ва хеле дороӣ ҳам ҷамъ карда будам. Ана ҳамин дороиям ба сарам бало шуд. Дугонаи наздикам барои соҳиб шудан ба пулҳоям маро фурӯхт…

Албина дар бораи зиндагии гузаштаи худ ва ҳамхобаҳои «бонуфузаш» чунон ҳарф мезад, ки гӯё сухан дар бораи чизҳои оддитарин мерафта бошад.

-Бале, дугонае, ки ҳамаи асрорамро ба ӯ мегуфтам, маро фурӯхт. Вақти фаҳмид, ки ман аллакай аз 100 ҳазор зиёдтар ҷамъ кардаам, бо як сутенёр (миёнарави байни фоҳиша ва муштарӣ) забон як карда, шиносномаи маро дуздид ва онҳо бо фиреб дар канори Дубай маро ба қабилаҳои биёбонгард фурӯхтанд…Мехостам баъд аз як - ду моҳи дигар ба ватанам баргардаму бо ин пул барои худаму модарам хона харам, шавҳар кунам ва мисли дигарон бача зояму калон кунам. Дар насибам набудааст, ба ин ҷо афтодам. Қариб як сол мешавад, ки дар байни ин қабилаи саҳрогард аз як ҷо ба ҷои дигар мегардам ва ҳар марде, ки занаш ба дилаш задааст, аз ман истифода мебарад…

Ашк дар чашмони Албина ҳалқа зад…

-Хӯш, ман- ку пулкобӣ омада будам, ту магар бо ин ҳусну ҷамол дар ватанат касеро наёфтӣ, ки туро зан карда гирад ва хӯронаду пӯшонад?

Гулрафтор, ки аз нақли Албина ҳам ба ҳайрат афтода буду ҳам ба воҳима, бо дили нохоҳам қиссаи чи тавр ба макри Ҷамила афтоданаш ва арӯси шайхи бой шуданашро гуфта дод. Духтари молдавиягӣ пас аз шунидани саргузашти кӯтоҳ, вале ҳайратовари Гулрафтор нидо кард:

-Чӣ тавр ба ту Худо дода будааст… Афсӯс, ки онро нигоҳ дошта натавонистӣ… Акнун тақдири ту ҳам ба мисли ман мешавад. Агар дар мусобиқаи уштурдавоние, ки пешвои қабила Аш-Шаҳиқ барои гузаронидан тӯи арӯсии писараш баъд аз ду рӯз баргузор мекунад, ба дасти ягон нафар аз қабилаи дигар наафтӣ, ману ту якҷо хоҳем буд. Шаҳиқ одами бад нест. Як моҳ пеш вақте, ки як шаб маро ба хаймааш бурд, супориш дод, ду рӯз ба ман хӯрокҳои нағз доданд. Аз афташ хизматам маъқул шудааст…Доимо хӯрдани ҷурғоти аз шири шутур тайёршуда ва нони тарошамонандашон ба дилам задааст,- ӯ бо даст ба сӯи дастурхоне, ки дар болояш ба хурма монад зарфе гузошта шуда буду дар атрофаш ду се пора нони сиёҳ ба назар мерасид, ишора намуда талх хандида гуфт:

-Замоне буд, ки ман бо доротарин мардони ин кишвар сари як дастурхон менишастам…


-Ба гумонам, дар ёфтани онҳое, ки арӯсатро дуздидаанд танҳо хадамоти махсуси ширкатҳоямон метавонанд коре кунанд. Биё ба онҳо супориш медиҳем, аз паи кор шаванд ва то пагоҳ ҳамаи маълумотҳоро ба даст оранд.

 


Ҳасрати Албина беихтиёр хаёли Гулрафторро ба зиндагии чанд рӯз аз ин пеш бурд, ки ӯ дар соҳили баҳр, дар Италия, бо шахси дӯстдоштаи худ аз беҳтарин хӯрданию нӯшиданиҳои рӯи олам баҳравар буд. Он вақт ба гӯшаи хаёлаш ҳам наомада буд, ки дар ким- кадом гӯшаи дунё чунин одамон ҳастанду фахр аз он мекунанд, ки барои як шаб «хизмати хуб» кардан як-ду рӯз хӯроки беҳтаре насибашон мегардад…

Аз дари хайма зани дар сар ҳиҷоб ва дар даст табақ ворид гардида, онро болои дастурхон гузошт ва бо забони арабӣ ба Албина чизе гуфт. Албина рӯй турш намуд ва дар ҷавоб ким-чӣ гуфт. Аз ҷавобаш зани ҳиҷобпӯш магар ба ваҷд омад, ки бо ханда ҷавоб гардонд.

Зан як тарафи рӯяшро боз намуда, Гулрафторро баҳузур аз ҳар тарафаш тамошо карду дар вақти баромадан ду бузғолаи дами дарбударо бағал карда баромад.

-Ана дидӣ, ману ту аққалан қадри ҳамин ду бузғоларо ҳам надорем. Инҳоро бағал карда ба назди модаронашон барои хӯрокхӯрӣ мебаранд, аммо то моро бағал нагиранд, бароямон хӯроки хуб намедиҳанд,-ин суханонро бо алам гуфта Албина бо овози баланд хандид. Касе, агар аз беруни хайма ин садоро мешунид, гумон мекард, ки беғамтарин одами дунё хандида истодааст. Аммо дар асл Албинаи дунёдида хуни дил мехӯрд ва хандаҳояш барои рӯпӯш кардани ғами дилаш буданд, ки инро Гулрафтор зуд ҳис намуд. Ӯ аз Албина кӣ будани ин зан ва чӣ гуфтани ӯро пурсид.

-Ин занро Забарҷад мегӯянд,-калимаи «забарҷад»-ро бо дж талаффуз карда истода гуфт Албина,-Аввал ӯ боз ҳамон хӯроки дилбазанро ба наздамон монда ба хӯрдан таклиф кард. Чун дид, ки ман норозиям гуфт, ки агар ба ҳамин ҳам ношукрӣ кунам, ана ин духтари зебочеҳраи навомада бо Аш-Шаҳиқ зуд-зуд ҳамхоба ва ҳамаро соҳиб мешаваду аз ҳамин ҳам мемонам…Э бало ба паси ҳамаашон… Безор шудаам…

Гулрафтор чизе нагуфта сари худро хам карду зонуҳояшро оғӯш намуда, ғарқи андешаҳои пурандӯҳи худ шуд…

…Забарҷад баъд аз соате баргашта, бузғолачаҳои шикамашон сершударо ба ҷои пештараашон гузошт ва ба Албина фаҳмонд, ки барвақттар хоб кунанд, пагоҳ ба назди онҳо ороишгар меояд. Баъд ба назди Гулрафтор омада, ӯро хеле синча карду ба Албина нигариста гуфт:

-Сад ҳайфи чунин духтар. Ӯ лоиқи шоҳзодагон аст…

-Ӯ як бор аллакай зани шоҳзода буд, аммо саришта карда натавонист,-ҷавоб гардонд Албина ва баъд қиссаи кӯтоҳи зиндагии Гулрафторро бо калимаҳои шикастаи арабӣ ба Забарҷад нақл кард. Дар байни нақли худ ӯ боз истода, аз Гулрафтор ба забони русӣ пурсид:

-Номи шавҳарат чӣ буд?

-Шайх Салим. Шайхи Тиллоӣ ҳам мегуфтанд…

Баробари шунидани номи Шайх Салим авзои Забарҷад комилан дигар шуд. Чашмонаш калон- калон шуданду ба Гулрафтор наздиктар омада, бо дастонаш гӯё барои боварӣ ҳосил кардан, ки дар ҳақиқат бо зани Шайх Салим рӯ ба рӯ истодааст, рӯи ӯро палмосидан гирифт. Маълум буд, ки ӯ дар бораи ин шайхи доро шунидааст. Забарҷад баъд аз он, ки рӯю мӯи Гулрафторро хеле ламс кард, ба Албина рӯ оварда гуфт:

-Ба вай гӯй, ки ин номро дар назди ягон кас ба забон наорад, ки ба сари худаш бадбахтӣ меорад …

-Барои чӣ? Охир ин номи шавҳари ӯ будааст…Чӣ шудааст, як араб дия…Ман сад хелашро дидагӣ…

-Шояд ту сад хелашро дида бошӣ. Аммо Шайх Салим касе нест, ки зани ӯро дуздида фурӯшанд. Агар ин тавр мешуд, ӯ ин биёбонро чаппагардон мекард. Ҳанӯз овозаи бобою бобокалонҳои ӯ дар сар то сари биёбон чарх мезанаду қабилаҳои кӯчӣ бо шунидани ин ном ба ларза меафтанд. Ту инро аз куҷо медонӣ, ки як аврупоии …фурӯш ҳастӣ. Барои ҳамин ба ин духтар гӯй, ки дигар номи Шайхи Бузургро ба забон наорад…

Албина аз ин гуфтугузори Забарҷад ба ҳайрат афтода, то аз хайма берун рафтани ӯ дигар чизе нагуфт. Баъд ба тарафи Гулрафтор гашту ӯро ба замин шинонда пурсид:

-Оё ҳар он чизе, ки ба ман гуфтӣ рост буд?

-Ба Худо қасам мехӯрам, ки рост аст. Шайх Салим шавҳари шариатию қонунии ман буд…

Баробари аз даҳон берун овардани ин ном Албина давида аз ҷояш хесту бо кафи дасташ даҳони Гулрафторро баст…

-Ту минбаъд дар куҷое набошад, дигар ин номро ба забон наор. Ман Забарҷадро қариб як сол аст, ки мешиносам. Ӯ ягон гапи беҳуда намегӯяд. Агар ин ном барои ману ту фалокатбор намешуд, ӯ ин тавр намегуфт ва ин қадар наметарсид. Биё, фикр кунем, ки чӣ кор кунем…

Ин гуфтору рафтори Албина ба Гулрафтор он қадар таъсир набахшид, зеро намефаҳмид, ки ин арабу ин зани танфурӯш аз чӣ метарсанд. Барои ҳамин пурсид:

-Албина, ту ба ман бигӯй, ки забони инҳоро чӣ хел омӯхтӣ?

Албина, ки интизори ин савол набуд ва гумон дошт, ки Гулрафтор дар бораи шавҳараш фикр карда истодааст, камтар сокит истоду баъд гуфт:

-Ҳоло ту ҳам маҷбур мешавӣ, ки на танҳо забон, балки лаҳҷаи ҳар як қабилаи ин ғулҳои биёбониро ёд гирӣ. Биё, беҳтараш камтар хоб кунем, ки шаб даромаду пагоҳ Забрҷади худозада вақти намози бомдодаш моро зада мехезонад. Ҳарчанд ӯ занаки бад нест, лекин эҳтиёт шудан лозим. Ҳар гапу коре, ки мешавад, зуд ба хӯҷаинаш хабар мебарад. Охир вазифааш ҳамин.

Ҳамин вақт аз берун садои сулфаи мардона баромад ва дар паси дари хайма, дар зери шуъои нурҳои прожектори болои хаймаи пешвои қабила суроби шахсе намудор шуд.

-Ана, посбони мо ҳам ба кори худ сар кард,-аз зери ҷогаҳи худ садо баровард, Албина,- То дами субҳ чун дар оғӯши Исо хоб кардан гир, ба ту касе кордор намешавад. Инҳо ба фикрам то гузаштани тӯи писари сардор ба ману ту ниёз надоранд. Ҳама дар ташвиши тӯй. Посбон бошад, ҳар шаб ин ҷо меистад, то ки касе бе иҷозати сардори қабила ба ғуломон наздикӣ накунад. То ба наздикӣ дар хайма боз як писарбача ҳам буд. Намедонам аз Ҳиндустон ё Бангладеш буд. Баъд ӯро ба кадом як қабилаи дигар фурӯхтанд ё ба чизе иваз намуданд…Бечораро ҳар шаб азоб медоданд…

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД