Arzon march 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми4)
06.12.2019
А. Ҳоҷӣ
3453

(Идомааш)
-Гулрафторҷон, додарам гуфт, ки метавонӣ аллакай худро донишҷӯ ҳисоб кунӣ. 4-5 рӯз пас бо билети донишҷӯӣ ба хонаатон гусел мекунам. Барои он, ки зиқ нашавӣ, ба ту як дугона овардам. Ӯро ҳам ба институт дохил кардан даркор. Афсӯс ҳуҷҷатҳояшро гум кардааст. Ман таку дав карда онҳоро аз сари нав барқарор кунам. Баъд, ӯро ҳам дохил мекунам.

Аз байн панҷ рӯз гузашт. Ҷамила ҳар субҳ баромада мерафту бегоҳ бармегашт ва мегуфт, ки рӯзи дигар корҳо хуб мешаванд. Дар ин байн Гулрафтор бо Саида-духтараки конибодомӣ унс гирифт.

Ӯ ҳам ба Хуҷанд барои дохилшавӣ омада будааст. Аммо дар роҳи донишгоҳ ким кадом ҷавонон аз сумкааш ҳуҷҷатҳояшро дуздидаанд ва ӯ ба донишгоҳ дохил шуда натавонистааст. Ҷамила ба ӯ ваъда кардааст, ки ҳуҷҷатҳояшро ёфта ӯро дохил мекунонад.

 - Рӯзи шашуми истиқомат дар Хуҷанд, бегоҳирӯзӣ Ҷамила бо қошу қавоқи овезон ба ҳавлӣ баргашта, дар рӯи кати зери дарахти тут бехушона «ӯф» гӯён, нишасту аз чойник барои худ чой рехт. Духтарон ин аҳволи ӯро дида ба наздаш давиданд.

-Додарамро аз кор гирифтанд. Ба ким кадом одам «через» шудааст…

Духтарон, ки бо умеди дохилшавӣ ин ҷо чанд рӯзро сипарӣ намуда буданд, гӯё латтаашон ба об афтода бошад пурсиданд:

-Акнун мо чӣ кор мекунем?

-Ҳоло истед, ягон чиз ба сарам намеояд. Пагоҳ мебинем чӣ мешавад.

Ҳамон шаб ду духтар то рӯз гиря карда баромаданд. Саҳар Ҷамила онҳоро ба сари дастурхон даъват карда бо қатъият гуфт:

-Кори шудагӣ шуд. Алҳол аз дасти ман ягон кор намеояд. Биёед, як маслиҳат. Ман барои шумоён ҷои кори нағз ёфтам. Ҳамроҳ ба он ҷо рафта, то тобистони оянда кор мекунед. Соҳиби пули калон шуда, ки баргаштед, ана баъд бе ягон душворӣ ба кадом донишгоҳе, ки мехоҳед дохил шудан мегиред…

-Не, ман бояд ба хона равам. Падарам маро кофта истодагистанд, гап сар кард Гулрафтор, ки аз гиряи бисёр қавоқҳояш варамида буданд,-Майлаш, шарманда шуда бошам, ҳам бармегардам…

-Аввал ин, ки ман ба холаат занг зада гуфта будам, ки Гулрафторро накобанд. Ӯ аҳд кардааст, ки то ба ягон донишгоҳ дохил нашавад, барнамегардад. Холаат ба падарат ин гапро расондааст ва онҳо дигар туро намекобанд. Дигар ин, ки бо кадом пул бармегардӣ?

Якбора ба хотири Гулрафтор расид, ки он чанд сомониаш ҳанӯз дар Душанбе тамом шуда буду то ҳол аз ҳисоби пули Ҷамила зиндагӣ мекард.

-Боз пули тайёра ва харҷи чанд рӯзи зиндагиатро аз куҷо ёфта медиҳӣ? Охир, ман муассисаи хайрия нестам-ку. Онҳоро баргардонданат лозим. Ту ҳам Саида, аллакай аз рӯи ҳисоби ман қариб 800 сомонӣ қарздор шудӣ…

Духтарон аз ин суханон лол монда, чӣ гуфтанашонро намедонистанд…

Гулрафтор ва Саида ҳайрон буданд, ки чаро «холаи ғамхорашон» нисбати онҳо дилсард шудааст ва ҳатто рӯирост ҳаққи хизмат талаб мекунад. Охир, худи ӯ Гулрафторро аз Душанбею Саидаро аз кӯча ба ин ҷо оварда буд- ку. Пас, чаро ба ҷои он, ки ваъдаашро иҷро кунад, ба онҳо рӯи хуш надода истодааст? Ба болои ин ба ким куҷо ба кор бурданист.

-Духтарҳо, дар ҳамин ҷо маро интизор шуда истед, ман як рафта илтиҷо кунам канӣ, соҳиби фирма шумоёнро ба кор мегирад ё не. Агар коратон омад кунаду ӯ розӣ шавад, кордатон болои равған мешавад.

Ин суханони Ҷамила онҳоро ба олами ҳастӣ баргардонд ва аз паси ӯ дарвозаро пӯшида истода духтарон ба хамдигар маънидорона нигаристанд. Бо ақли худ дарёфтанд, ки «холаи меҳрубон» то «ҳаққи хизматаш»-ро аз онҳо наситонад, онҳоро раҳо нахоҳад кард. Болои кат паҳлуи ҳам нишастанду маслиҳат карданд:

-Дилам гувоҳӣ дода истодааст, ки дасти холаи Ҷамила дигар коре намеояд. Биё Саида, акнун, ки бахт ба мо мададгор нашуду ба ягон ҷо дохил шуда натавонистем, бо сари хам бошад ҳам, ба хонаҳоямон бармегардем. Агар насиб бошад, соли оянда кӯшиш мекунем, - гиряолуд гуфт Гулрафтор.

-Ҳа, дигар дар ин ҷо чӣ кор мекунем, телефони маро дуздиданд ва наметавонам ба хона телефон кунам. Падару бародарам маро кайҳо кофта истодагистанд…

Дугонаҳо маслиҳат карданд, ки худи ҳамин соат аз ҳавлии Ҷамила баромада раванд.

-Хонаравӣ барои ман он қадар душвор нест, ба ягон ҳамшаҳриам вохӯрам, то хона бепул мебарад. Аммо ту чӣ кор мекунӣ Гулрафтор? Барои чиптаи тайёра шиноснома ва пули бисёр даркор. Оё ту онро дорӣ? -пурсид Саида

Якбора ба хотири Гулрафтор расид, ки шиносномааш дар дасти Ҷамила аст ва дар кисса як тин ҳам надорад. Ӯ рӯҳафтода шуда, дубора болои кат нишаст…

Ҳамин вақт гӯё кӯзаи зар ёфта бошад, Ҷамила аз дарвоза хандон даромада омад. Чашмонаш медурахшиданд.

-Духтарон, шодиёна диҳед, шуморо ба кор қабул карданд. Ба болои ин ман барои ҳар сеямон то ҷои кор чипта харидам. Ана, акнун зиндагии ҳақиқиро мебинед…

Духтарҳо чизе нафаҳмида ҳайрон ба ӯ менигаристанд:

-Чӣ ба ман мисли харгӯшҳо аз паси бутта нигоҳ мекунед. Дастурхон оро диҳед, пагоҳ парвоз мекунем,-оҳанги омиронаи Ҷамила ҷои рад надошт.

-Ба Душанбе мепарем, апа?-беҷуръатона пурсид Гулрафтор

-Душанбеи ту ба кӣ даркор, ба ҷое мепарем, ки ҷаннати рӯи замин аст. Он ҷо ҳам кор мекунию ҳам истироҳат. Моҳона дар як моҳ 1000 доллар. Дар як сол бо пули ҷамъшуда даҳто ректори донишгоҳро мехарӣ Гулрафторҷон,-бо меҳрубонӣ нӯги бинничаи зебои Гулрафторро пахш намуд Ҷамила.

-Ин шиносномаҳои мо аст?-ба шиносномаҳои кабудранги наппа нави дасти Ҷамила нигариста пурсид Саида

-Бале, барои гирифтани шиносномаҳои хориҷии шумо анча пул сарф шуд. Вагарна дар ду моҳ ҳам онро гирифта наметавонистем.


Қариб зери чархи мошин монда буд. Ронанда сарашро аз тиреза бароварда ба тарафаш дод зад: «Эй олуфта, ба пешат нигоҳ карда қадам мон, ин ҷо барои ту дискотека не…»

 


-Охир, шиносномаи дохилии маро дуздида буданд- ку. Шумо чӣ тавр бе он хориҷиашро гирифтед?

-Ба кордон кор осон. Он тарафашро напурсу хез як оши конибодомӣ паз. Ин шаби охиринро дар ин кишвари ҷулҳундиҳо рӯз кунем, пагоҳ ба макони париён мерасем…

Саида намедонист, ки баъд аз як соати рабуда шудани ҳуҷҷатҳояш аллакай онҳо дар дасти Ҷамила буданд ва ӯ тавонист бо истифода аз «одамони даркорӣ» барои ваю Гулрафтор ва чанд бахтбаргаштаи дигар шиносномаҳои хориҷӣ ва визаи Аморати Муттаҳидаи Арабро ба даст орад…

…Гулрафтор намедонист чӣ кор кунад. Ҳайрон ҳайрон ба одамони хушлибосе, ки дар саҳни майдони ҳавоӣ ин тарафу он тараф равуо доштанд, менигаристу андеша мекард, ки акнун чӣ мешавад. Тақдираш дар дасти худаш набуд. Ӯро ва чанд духтари тақрибан ҳамсолашро зане идора мекард ки гӯё хайрхоҳашон буд. Аммо аз бозе, ки аз Душанбе ба ин ҷо омадаанд, оҳанги гапаш дигар шуда, бештар дар бораи пул ва хароҷоте, ки барои онҳо кардааст, гап мезанад. Ин саҳар ҳам гуфт:

-Ана, имшаб ба як давлати бой меравем ва он ҷо зиндагии биҳиштосо бароятон сар мешавад. Ҳар кадоми шумо каму беш аз ман барои хизматҳоям қарздор шудед. Як -ду моҳи аввал кор карда, қарзҳои маро меканеду баъд барои худатон кор мекунед. Натарсед, як ҳазору ду ҳазор барои онҳо пул нест…

-Апаҷон он ҷо чӣ кор мекунем?-пурсид Саида

-Росташ худам ҳам намедонам. Ба фикрам дар тарабхонаҳо косаю табақ мешӯед…,-маккорона табассум намуд Ҷамила,-Калони фирма ҳамин хел гуфт…

Духтарон ҳайрон шуданд. Наход барои косашӯӣ ҳамин қадар пули калон диҳанд? Ҳамин вақт овози диктори майдон баланд шуд:

-Мусофироне, ки ба самти Дубай парвоз мекунанд, аз даромадгоҳи рақами ду ба толори регистратсионӣ дохил шаванд…

Ҷамила зуд «духтаронаш»-ро, ҷамъ карда, бо як даста шиноснома ва чипта ба он самт равон шуд. Дар сафархати онҳо навишта шуда буд, ки гӯё гурӯҳи духтарон аз ҷониби ким- кадом фирма барои омӯзиши шашмоҳа дар курсҳои компютерӣ сафар мекунанд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро Ҷамила бо кадом роҳ тайёр карда буд, ба ҷуз худашу ҳамроҳонаш, дигар касе намедонист. Пулу мол ӯро то андозае ҳарис намуда буд, ки тайёр буд на танҳо ҳамватанони соддаю бетаҷрибаи худро, балки наздиконашонро ҳам бо роҳи фиреб ба коми бало андозад. Аммо Гулрафтор аз ин ҳама бехабар, азоби виҷдон мекашид, ки падару модарашро аз сафари ногаҳонӣ огоҳ накардааст. Мехост дар давоми як сол пули бисёре кор кунаду омада ба мактаби олӣ дохил шавад ва бо сари баланд ба деҳа баргардад. Аммо ӯ ҳанӯз намефаҳмид, ки ба коми чӣ гуна аждаҳое афтодааст ва роҳи халосӣ аз он нест. Ҷамила шиносномаи Гулрафторро ба зани бақайдгиранда дароз карда истода, бори дигар ба чеҳраи зебои ин гули навшукуфта нигаристу аз дил гузаронд: «Ана ҳаминаш аз ҳама қиммат меравад…» Зани либоси расмидоштаи фурӯдгоҳ бошад, ба ҳусни расои Гулрафтор нигариста, аз дил гузаронд: «Ҳайфи чунин ҳусну ҷамол. Худо медонад, ҳолат дар он ҷо чӣ мешавад…» Аммо ӯ ҳақ надошт бо овози баланд чизе гӯяд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои «духтарони Ҷамила» ба таври қонунӣ пур карда шуда буданд…

Тайёра дар болои шаҳри чароғон як чарх заду ба самти танҳо ба худаш маълум роҳ пеш гирифт. Гулрафтор аввал ба ситораҳои осмон, ки аз инҷо боз ҳам равшантар менамуданд, дида дӯхту баъд ба замини торафт дуршудаистода нигариста андеша кард. Шояд рӯзе ӯ ҳам ба мисли ҳамин ситораҳои осмон бозпас ба назди ситораҳои замин-чароғҳои хирасӯз баргардад. Аммо ӯ намедонист, ки ин сафар барои ӯ панҷ сол идома хоҳад ёфт. Панҷ соле, ки ҷавониашро, иффаташро бо худ хоҳад бурд… Панҷ соле, ки ӯро ҳамчун латтапораи зери дар ҳар рӯз поймол мекунанду ба гӯшае ҳаво медиҳанд…

…Ҳавои гарми майдони ҳавоии Шарҷа, ки аз шаҳри Дубай дар масофаи 80 километр ҷойгир буд, баробари аз салони тайёра берун шудан ба машом бӯи ношиносеро мерасонд. Бӯе, ки дар умри кӯтоҳи худ бори аввал Гулрафтор эҳсос мекард. Овози омиронаи Ҷамила ӯро ба худ овард:

-Зуд бошед, ҳо ана ба он мошини сафед савор шавед. То Дубай ҳоло хеле роҳ аст.

Як араби сиёҳҷурдае, ки дар сараш рӯймоли катакчадор дошт, дар сари чанбари микроавтобуси сафед нишаста, бо ишораи даст онҳоро ба сӯи мошин мехонд. Гулрафтору Саида, ки чунин тарзи либоспӯширо бори аввал медиданд, беихтиёр хандиданд.

-Чӣ, гӯсола барин механдед, зуд ба мошин дароед, арабро надидаед? Аз ин пас онҳо амаку тағоятон мешаванд,-ин амри Ҷамила онҳоро ба худ оварду ба дохили мошин шаш духтар паси ҳам дохил шуданд ва сабукрав бо роҳи чун кафи даст ҳамвор ба пеш тохт…

…Дар курсии ақиб боз як араби сип сиёҳе нишаста буд, ки дандонҳои сафеди каҷ каҷаш дар нимторикӣ ҷило медоданд. Ӯ пириққосзанон хандида, ба ронанда бо забони арабӣ чизе гуфт ва ҳарду баробар бо овози баланд хандиданд. Араби дохили салон аз ҷояш хеста ба миёнароҳрави мошин баромад ва бо забони шикастаи русӣ канда- канда гуфт:

-Аз ҳамин соат ҳамаи шумо дар ихтиёри ман. Чизе, ки ман мегӯям, барои шумо қонун аст. Фаҳмидед?-ӯ боз бо забони худ чизи дигаре ҳам гуфт, ки ронанда аз пештара дида, баландтар хандид ва бо дасти росташ рони Ҷамиларо қапид…

Ҷамила хам шуда ба гӯши ӯ чизе гуфт, ки ба араб нафорид ва ӯ рӯй турш намуда ба ҳамроҳи худ норозиёна нигоҳ карда монд…    

…Ин гуна шаҳри бузургро Гулрафтор ва ҳамсафаронаш дар умри худ бори аввал медиданд. Биноҳои осмонхарош, кӯчаҳои пур аз гулу ялаққосӣ, ҳазорон навиштаҷот ба ҳуруфи арабию англисӣ, ки мардумро ба харидани ину он ва дохил шудан ба супермаркетҳо даъват мекарданд ва … ҳазорон одамони ба тарзи гуногун либоспӯшида. Духтарон аз дохили микроавтобус ба манзараи берун менигаристанду аз ҳайрат даҳон воз менамуданд. Ин дунё барои онҳо тамоман ношинос ва як андоза ваҳмангез менамуд. Танҳо Ҷамила на ба берун эътибор медоду на ба ҳайрати духтарон. Ӯ аз сумкааш шиносномаҳои онҳоро бароварда аз дохилашон чиптаи тайёраҳоро ба як сӯ ҷамъ мекард ва ба арабе, ки бо забони шикастаи русӣ гап мезад, мефаҳмонд:

-Ана ин пуле, ки бояд ба иловаи он чи мо гапзанон кардем, ба ман бояд диҳед.

-Ҳа, Аш-Шамур ба ин розӣ мешавад. Ин дафъа моли арзанда овардаӣ,- хусусан ана инаш,-Шукрӣ (ӯро Ҷамила ҳамин тавр ном мебурд) ба рони Гулрафтор даст расонд ва ҳамон замон ба рӯяш шапотии сахте хӯрд. Духтар, ки дар умраш касе ба ӯ чунин рафтор накарда буд, аз ин кирдори араб ба хашм омада, худро нигоҳ дошта натавонист. Ронанда бо овози баланд хандид. Араби шаттахӯрда ба ғазаб омада, хост ба ин зарба ҷавоб диҳад, вале Ҷамила дасти ӯро нигоҳ дошта ба гӯшаш чизе гуфт ва Шукрӣ табассум карда, нобоварона бо забони худ «Ло…» гуфт, аммо дигар ба Гулрафтор кордор нашуд…

…Духтаронро ба як бинои ба меҳмонхона монанд оварда ба утоқе, ки ҳашт ҷои хоб дошт, дароварданд. Ҳама хастаҳолона худро ба болои ҷойгаҳ партофтанд.Ҷамила, ки дар назди оинаи барқад истода, худро орою торо медод ба ҳама шунавонида гуфт:

-Ҳоло рафта ҳурок мехӯрем, баъд ҳамаатон худро ба шакли одам дароред. Ба ин ҷо ҷаноби Аш-Шамур-роҳбари корхонае, ки дар он ҷо бояд кор кунед, меояд. Ӯ духтарони безебу шонанодидаро дӯст намедорад. Кӯшиш кунед, ки ба ӯ маъқул шавед, зеро тақдиратон дар дасти ӯст…

Ҷаноби Аш-Шамур араби баландқомате буд, ки риши майдаи сиёҳ дошту либоси сап-сафед. Ин гуна суратро духтарон бештар дар барномаҳои ахбори телевизион дида буданд. Чеҳрааш гирифта ва симояш хеле ҷиддӣ буд, гӯё падарашро кушта бошанд. Ҷамила бо сари хам дар як гӯша истода аз зери чашм авзоъи ӯро наззора мекард. Аш-Шамур духтарони сафкашидаро бо диққат аз сар то по менигарист. Баъд аз он, ки як нафарро пурра бо чашмони худ «ламс» карда қаноат ҳосил менамуд, ба назди духтари навбатӣ мерасид ва ҳамин кори худро аз сар оғоз мекард. Араб гӯё дар бозори мол ҳар як гӯсфандро интихоб карда, ба таври худ баҳои онро муайян менамуд. Вақте, ки навбати Гулрафтор расид, Аш-Шамур мисли сайёде, ки дар рӯ ба рӯяш якбора шер пайдо шудааст, шах шуда монд. Чашмони калон- калони арабии ӯ боз ҳам калонтар шуданд. Ӯ гаштаю баргашта аз нӯги нохун то тори сари Гулрафтор наззора мекард ва гӯё боз ягон ҷои дигараш аз назар пинҳон монда бошад, бо дастонаш ӯро ба паҳлӯ ва чапу рост гардонда, хуб назар менамуд. Араб гӯё қаноат ҳосил карда бошад, ба сӯи Ҷамила ишора намуда, чилликҳояшро бо аломатӣ «аъло» ҳалқа карду ба забони арабӣ чизе гуфт. «Тарҷимон» Шукрӣ гуфтаҳои ӯро тарҷима кард:

-«Атлично», барои ин боз мукофоти иловагӣ мегирӣ…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД